Skip to main content
Яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти давлатии Тоҷикистон парчами миллӣ буда, ифодагари ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчамаш муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегардад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси мо миллати тоҷик мебошад. Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст.

Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат буда дар ҷаҳон ончунон мавқеи худро устувор кардааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлати соҳиб истиқлолро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд. Маҳз парчам аст, ки ҳар як давлату миллатро дар арсаи ҷаҳони муаррифи менамояд. Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад. Давоми солҳои охир даҳҳо ва садҳо нафар ҷавонону варзишгарони тоҷик, чун Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров, Абдусалом Ҳасановҳо, Асрор Воҳидов, Беҳруз Хоҷазода ва дигарон дар чемпионатҳои бонуфузи байналмилалӣ, Осиё ва Осиёи Марказӣ ғолибият ба даст оварда, дар ин мусобиқаҳо ба ифтихори ин ғолибон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, ва парчами ватани азизамон Тоҷикистон боло бардошта мешавад.

Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст. Дирафши Ковиёнӣ парчами шоҳони қадими ориёӣ, махсусан шоҳони Сосонӣ, номбардори Ориёи бузург будаанд, мебошад, ки дар садҳо сарчашмаҳои таърихиву фарҳангӣ муҳаққиқон аз он ёдоварӣ кардаанд. Мутобиқи ахбори сарчашмаҳои мӯътамади бостонӣ, ин парчам аз пӯсти шер ва ё паланг бо ниориши рамзи Ориёи бузург тиллокорӣ карда шуда, дар набардҳои кишваркушоӣ ва дифои марзу буми шоҳони Сосонӣ бо дасти сипоҳсолори кишвар дода шуда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ баъд аз ҳар пирӯзӣ баланд афрохта мешуд.

Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ «Дирафши Ковиёнӣ»-ро дар шеър чунин тасвир намудааст.

Фурӯҳишт аз ӯ зарду сурху бунафш,

Ҳамехондаш Ковиёни дирафш.

В-аз он пас ҳар он кас, ки бигирифт гоҳ,

Ба шоҳи ба сар бинҳодӣ кулоҳ.

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмоявупарниён,

Бар он гуна гашт ахтар Ковиён.

Ки андар шаби тира хуршед буд,

Ҷаҳонро аз ӯ дил пурумед буд.

Парчами Тоҷикистон ин матои росткунҷаест, ки дорои се ранги сурх сафед ва сабз мебошад. Ранги сурх – Ин нишонаи муборизаҳои халқи тоҷик барои соҳиб шудан ба истиқлолият аст; Ранги сафед – Нишонаи саодатмандӣ ва хушбахтии халқи тоҷик аст, ки соҳиби таърихи тӯлонӣ, ниёгони бой ва фарҳанги барҷаста доранд; Ранги сабз – маънои табиати зебои Тоҷикистон аст, ки пур аз сарсабзӣ, баҳорони шукуфон, хуррамиву сарбаландии куҳсори сабзазордор ва абадияти мулки тоҷикон мебошад. Дар мобайни парчам нақши «Тоҷ» ва «Ҳафт ахтарон» – ситораҳо ҷойгир шудаанд, ки он оиди зери шоҳидии ҷирмҳои осмонӣ мавҷуд будани мулкдории тоҷикон ва соҳибистиқлолии Тоҷикистонро иникос менамояд. Рамзи «Тоҷ» аз тоҷдории халқи тоҷик ва аз номи халқи тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 1992-ум тибқи Низомнома дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори рақами 892-ум дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин (баъди парчами Арабистони Саудӣ) дар ҷаҳон аст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебоии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд.
Хулоса, дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт.

Саидзода Хатича - ходими илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”