“Парчами миллӣбарои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣбуда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ вобаста ба вазъу ҳолатҳои мухталиф ва печида барои ифодаи ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ рамзҳои мухталифро эҷод намудааст. Парчами миллӣ низ барои ҳар як давлату миллат, яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон таърихи пайдоиши худро дорад. Имрӯз ҳеҷ як давлатро бе парчами миллиаш тасаввур ва фарқ карда наметавонем. Зеро парчам ҳамчун рамзи гӯёи истиқлол ва мустақилу пойдор будани давлатро ифода менамояд.
Дар ибтидои пайдоиши худ парчам пештару бештар ҳамчун рамзи нерую қудрат ва тавоноию шуҷоат, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Таърихи инсоният исбот кардааст, ки дар вақти ба вуқуъ пайвастани ҷангу низоъҳо ҳар як лашкар парчами афрохтаи худро доштааст. Бо мақсади дар сафи пеши майдони набард ва ҳарбу зарб қарор доштани ҷанговарон сипоҳии далеру шуҷоъ ва ё худ неруманде ба ҳайси пешвои асосӣ, парчамбардор ё худ парчамдор номида мешуд.
Аз нигоҳи дигар, зарурати таърихӣ кулли инсонҳои рӯйи оламро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкори мондагори худ ҳатман рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
Бояд қайд кард, ки мазмуни рангҳои Парчами миллии мо тоҷикон аслан гирем аз китоби муқаддаси “Авесто” сарчашма мегирад. Ранги сурхи парчам рамзи офтоб, ғалаба ва музаффарият, ранги сафед рамзи покии маънавии мардум, барф ва кӯҳҳои сарбаланди кишвар аст, ки 93 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил менамояд. Ҳамзамон ранги сабз нишонаи Наврӯзи оламафрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд.
Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо Фармони худ аз санаи 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24-уми ноябрро ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуда буданд, ки аз он вақт инҷониб ҳамасола ин рӯз ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ифтихору сарбаландӣ аз доштани чунин Парчами миллӣ ботантана таҷлил мегардад.
Хулоса, дар бораи пайдоиши парчаму парчамдорӣ суханҳои зиёде мавҷуданд. Муҳиммаш он аст, ки меҳру муҳаббат ва арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус ҳамеша ва ҷовидона маъво дошта бошад ва ҳамзамон ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва инчунин ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ бояд ҳамчун рисолати таърихӣ, қарзи фарзандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим гуфтааст:
Дирафши Коваи оҳангарӣ, эй Парчами миллӣ,
Намои эътиқоду боварӣ, эй Парчами миллӣ!
Файзали ҲАКИМОВ, - ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи АМИТ
ИФТИТОҲИ ҲУҶРАИ КОРИИ АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ФАНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории аввалин Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби бузурги илму фарҳанг, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва аҳли адабу фарҳанг иштирок намуданд. Таваҷҷуҳ ба шахсияти устод Айнӣ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва хидмат ба илму маърифат зикр гардида, қайд карда шуд, ки фаъолияти илмӣ-адабии ӯ заминагузори давраи навин дар адабиёт ва худогоҳии миллии тоҷикон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки устод Садриддин Айнӣ ба унвони нахустин академик фаъолияти кории худро соли 1951 дар ҳамин ҳуҷра оғоз кардааст. Ба ин муносибат ҳуҷраи кории устод бозсозӣ шуда, лавҳи ёдгорӣ ва мизу курсии кории ӯ бо намунаи осор ва аксҳои хотиравӣ барқарор гардид.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи ҳуҷраи кории ӯ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои бузурги устод ва арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули илм дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки ин иқдом барои ташаккули муҳити таърихӣ-фарҳангӣ дар Академия, боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ дар миёни насли ҷавон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси устод Айнӣ аҳамияти вижа дорад.
Дар ҷараёни маросим инчунин таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба мутафаккирони миллӣ ва эҳёи мероси адабӣ баҳри бозсозӣ ва муаррифии чунин гӯшаҳои таърихӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки ҳуҷраи корӣ ҳамчун маркази омӯзишӣ ва илмӣ таҳқиқотӣ барои магистрантон, муҳаққиқон ва меҳмонон фаъолият намояд ва маводи таърихӣ, нусхаҳои дастнавис, аксҳо ва ёдгориҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ мунтазам ғанӣ гардонда шаванд.
Имрӯз, 3 ноябр дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва мероси адабии тоҷику форс машварати корӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш зикр доштанд, ки ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ, нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси ғании адабии тоҷику форс яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академия ба ҳисоб меравад. Таъкид шуд, ки бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир барои рушди илм, таҳқиқи таъриху адабиёти классикӣ ва муосир, таҳияи нашрияҳои илмӣ ва омӯзиши забони давлативу забонҳои бостон имкониятҳои фаровон муҳайё гардидаанд.
Инчунин, қайд гардид, ки олимону муҳаққиқон вазифадоранд дар баробари омӯзиши илмии мероси адабӣ, дар ҷомеа ҳисси миллӣ, худшиносиву ифтихор аз фарҳанги ниёгонро тақвият бахшанд ва бо корҳои илмӣ-амалӣ саҳми худро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузоранд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои марбут ба омодасозии нашрияҳои илмӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ, таҳияи пажӯҳишҳои вобаста ба забон ва адабиёт, инчунин роҳандозии барномаҳои тарғиботии оммафаҳм баррасӣ шуданд.
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
![]()
2 ҶОЙИ ЯКУМ: ҒОЛИБИЯТИ ЯК НАФАР МАГИСТРАНТ ВА ЯК НАФАР ДОКТОРАНТИ PhD - И АМИТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур як нафар магистрант ва як нафар докторанти PhD - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.
ҒОЛИБОН:
Ҳусайнов Шоҳрух - докторанти курси якуми Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи математика ғолиби ҷойи аввал гардид.
Муродова Макнуна - магистри курси дуввуми Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз номинатсияи Физика - астрономия сазовори ҷойи якум гардид.
ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ
Имрӯз, 1 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, инчунин ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супориданд.
Имрӯз, 1 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандон ва олимони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғози чорабинии идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону кормандон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои назди Академия, инчунин дастовардҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳаи кишоварзӣ боздид намуданд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар тамоми олимони кишварро ба фарорасии ҷашни Меҳргон табрик намуда, таъкид кард, ки ин иди бостонӣ ифодагари фарҳанги куҳан, меҳнатдӯстӣ, фаровонӣ ва эҳтиром ба заҳмати деҳқон мебошад. Таъкид гардид, ки дастовардҳои илмии олимони кишвар, бахусус дар самти инноватсияҳои кишоварзӣ, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки ҷашни Меҳргон на танҳо рамзи фаровонӣ ва ҳосили пурбаракат аст, балки ҳамчун ҷузъи муҳими тамаддуни ориёӣ ҷойгоҳи хоса дар фарҳанги миллӣ дорад. Таъкид гардид, ки арзишҳои Меҳргон, аз қабили меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба табиат, фазилати накӯкорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқонон, дар шароити муосир низ аҳамияти хоса доранд ва барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Дар идома барои болидарӯҳии кормандон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он сарояндагони ҷавон бо суруду навозишҳои миллӣ фазои идона ва рӯҳбаландро фароҳам оварданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ "ПУЛИ СОМОНӢ - РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ" ДАР БОНКИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 30 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пули сомонӣ — рукни давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як қатор иқтисодчиёни маъруфу олимони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории ҳамоиш зикр карда шуд, ки пули миллӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими иқтисод, баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба низоми молиявӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ нақши калидӣ дорад. Қайд гардид, ки солҳои охир сиёсати пулию қарзӣ ва ислоҳоти низоми бонкии кишвар бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, рушди бозори молиявӣ ва устувории сомонӣ мусоидат намудааст.
Ҳамчунин иштирокчиён зарурати таҳкими низоми мукаммали молиявӣ, боло бурдани фарҳанги иқтисодии ҷомеа, тавсеаи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва ворид кардани технологияҳои муосирро дар фаъолияти бонкӣ таъкид карданд.
Дар анҷом, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи иқтисод қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Имрӯз, 30 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло бахшида шуд.
Дар ҷараёни маҳфил иштирокдорон оид ба саҳми арзандаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар рушди илми иқтисодиёт, таҳқиқоти муҳими ӯ дар самти сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти молиявӣ ва роҳҳои баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ андеша баён намуданд.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид. Зикр кард, ки маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”, ки бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳандозӣ гардидааст, яке аз иқдомҳои муҳим барои муаррифӣ ва қадршиносии хизматҳои олимони кишвар мебошад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дараҷаи рушди илми муосир дар кишвар ба фаъолияти шахсиятҳои илмпарвар ва олимони соҳибтаҷриба вобастагии ногусастанӣ дорад. Ӯ таъкид намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамеша ба дастгирӣ ва қадрдонии олимони босалоҳият ва ҳавасмандсозии насли нави муҳаққиқон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаб ва босуръати ҷаҳони муосир, масъалаҳои рушди иқтисодӣ ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии тадқиқоти илмӣ табдил ёфтаанд. Имрӯз иқтисод на танҳо соҳаи истеҳсол ва тақсимоти неъматҳои моддӣ аст, балки як низоми мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва зеҳнӣ мебошад, ки бо тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа алоқаманд аст.
Гуфта шуд, ки ҷаҳони имрӯза дар давраи нави инқилоби илмӣ ва технологӣ қарор дорад. Иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳои молиявӣ ва иқтисоди сабз, ҳамаи ин падидаҳо иқтисоди муосирро дигаргун сохтаанд. Аз ин рӯ, таҳлили консепсияҳои асосӣ, баррасии вазъи кунунӣ ва муайян намудани дурнамои рушди иқтисод барои ҳар як кишвар, бахусус барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои охир бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, татбиқи барномаҳои стратегӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Дар натиҷа, зина ба зина заминаҳои қавии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодаанд.
Зикр гардид, ки ин ҳамоиши илмӣ минбари муҳимест, ки барои мубодилаи таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои ҳамкории байни олимони дохиливу хориҷӣ, ки барои рушди илми иқтисод дар Тоҷикистон ва берун аз он аҳамияти бузург дорад, дар фаъолияти пурсамари узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор, устоди муҳтарами мо Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дид.
Дар идомаи маҳфил олимону муҳаққиқони соҳаи иқтисод профессор Шариф Раҳимзода, профессор Сафаров Б.Г, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ, профессор Мирбобоев Р.М, дотсент Солеҳзода А.А, профессор Мирсаидов А.Б, д.и.и. Бобозода К.О доир ба ҳаёти илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ ва хизматҳои арзандаи профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва таҳкими мактаби иқтисодшиносии кишвар андеша баён намуданд. Баромадкунандагон бо таъкид аз он изҳор доштанд, ки таҳқиқоти илмии ӯ дар самти сиёсати иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ, рушди бозорҳои молиявӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дастовардҳои назарраси илмиро фароҳам овардааст.
Ҳамзамон қайд шуд, ки профессор Саидмуродзода дар тӯли солҳои зиёд ҳамчун муҳаққиқ, устод ва роҳбар ба тарбияи насли нави олимон ва иқтисодшиносони ҷавон саҳми босазо гузошта, бо ҷаҳонбинии васеъ ва маданияти баланди илмии худ мактаби хоси илмиро ташаккул додааст. Иштирокчиён таъкид карданд, ки идомаи пажӯҳишҳои илмӣ, нашри асарҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои таҳқиқотии ӯ метавонанд ба таҳкими амнияти иқтисодии кишвар, боло бурдани сатҳи таҳлилҳои иқтисодӣ ва рушди фанҳои иқтисодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат намоянд.
Имрӯз 30.10.2025 сол дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни илмӣ-маърифатии “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар озмун магистрантон, докторантон ва унвонҷӯёни Институт фаъолона иштирок намуда, дониши худро нисбат ба меъёрҳо ва арзишҳои конститутсионии давлат муаррифӣ намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои конститутсионӣ ва таҳким бахшидани эҳтиром ба Қонуни асосии кишвар миёни магистрантон, докторантон ва унвонҷӯён роҳандозӣ гардид.
Иштирокчиён дар рафти озмун донишу малакаи худро доир ба муҳтавои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи қабул ва нақши он дар рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ баён намуданд.
