Skip to main content

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун натиҷаи сиёсати хирадмандона, дурандешона ва масъулиятшиноси Сарвари давлат, нақш ва саҳми ҳалкунандаи ӯро дар рушди устувори иқтисоди миллӣ, низоми молиявию бонкӣ ва соҳаҳои воқеии иқтисод инъикос намуда, самтҳои асосии пешрафти мамлакатро дар марҳалаи нави рушд муайян менамояд. Дар ин Паём дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ, молияи давлатӣ ва бахши бонкӣ бо далелу рақамҳои мушаххас таҳлил гардида, вазифаҳои аввалиндараҷа барои таъмини пешрафти минбаъдаи мамлакат баён шудаанд.

— Иқтибосҳои пешниҳодшуда аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ равшан нишон медиҳанд, ки дар даҳсолаи охир Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисоди воқеӣ ва молияи давлатӣ ноил гардидааст. Афзоиши чандинкаратаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими пойгоҳи даромадии буҷети давлатӣ ва васеъ гардидани имконияти сармоягузорӣ далели татбиқи сиёсати мутавозин ва самараноки иқтисодӣ мебошанд. Ҳамзамон рушди устувори бахши хусусӣ, афзоиши ҳиссаи он дар истеҳсол ва шуғли аҳолӣ, инчунин густариши қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятнок нақши низоми бонкӣ ва молиявиро дар пешбурди иқтисоди миллӣ боз ҳам тақвият бахшидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисод, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани шаффофият дар муносибатҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ аҳаммияти махсус дода шудааст. Ин равандҳо барои коҳиш додани таъсири омили инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими интизоми молиявӣ заминаи устувор фароҳам меоранд. Ҳамчунин, рушди иқтисоди «сабз», бозори сармоя, ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз», такмили механизмҳои қарздиҳии дарозмуддат ва таъсиси Фонди кафолати қарзҳо ҳамчун омили муҳими дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди воқеии иқтисод арзёбӣ мегарданд.

Мазмуни иқтибосҳо ҳамчунин нишон медиҳад, ки сиёсати молиявию бонкӣ бо ҳадафҳои иҷтимоӣ пайванди устувор дорад. Баланд бардоштани маош, нафақа ва стипендияҳо, афзоиши маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ гувоҳи он аст, ки рушди иқтисодӣ пеш аз ҳама ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст.

Ин маҷмуаи иқтибосҳо ҳамчун манбаи муҳими таҳлилӣ барои омӯзиши сиёсати иқтисодӣ, бонкӣ ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, таҷассумгари нақш ва саҳми барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул, таҳким ва рушди ҳамаи ин соҳаҳо буда, барои таҳияи барномаҳо, стратегияҳо ва тадқиқоти илмии минбаъда дар соҳаи иқтисоди миллӣ ва низоми молиявӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад:

Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба соҳаҳои иқтисодӣ воқеӣ ва молияи давлатӣ:

-Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.

-Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.

-Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.

-Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.

-Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.

-Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.

-Дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.

-Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.

-Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.

Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.

-Ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

-Ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

-Ҳамчунин ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки корро ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт тақвият бахшанд.

-Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

-Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.

-Дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли равон талафот 13 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7 банди фоизӣ кам мебошад.

-Дар моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи талафот дар шаҳри Душанбе то 5,1 фоиз аз 15,1 фоизи октябри соли 2024, яъне 10 банди фоизӣ кам карда шуд.

-Талафоти неруи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 миллиард киловатт – соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт – соат кам шудааст.

-Дар ин муддат беш аз 100 ҳазор муштариёни нав ба қайд гирифта шуда, ба низоми энергетикӣ якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

-Талафот дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз 20 ба 13 фоиз ва дар моҳи октябр то 5 фоиз кам шудааст.

— Ҳоло дар мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст.

— Вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон чораҳои иловагӣ андешанд.

— Дар соли 2025 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

— Ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз» ва ташкили бозори такрории фаъолу шаффофи онҳо яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт мебошад ва бояд Стратегияи рушди бозори сармоя таҳия ва қабул карда шавад.

— Дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст. Вале ҳамагӣ 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест.

— Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзиро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

— Барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.

Инчунин барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имкониятҳои дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ зарур аст, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.

Рушди саноат

Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он, яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла, соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.

Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.

Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод.

Ба идомаи ин раванд Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд.

Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.

Энергетика

Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.

Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.

Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.

Танҳо дар 7 соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст.

Илова бар ин, тавре, ки дар боло гуфта шуд, талафоти неруи барқ ҳоло ҳам зиёд буда, беш аз 3 миллиардро ташкил медиҳад.

Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома медиҳад.

Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад.

Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар неругоҳ соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд ва то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳукумати мамлакат, тамоми роҳбарону масъулин ва сохтмончиёни ин иншооти бузург вазифадоранд, ки сохтмони неругоҳро бо масъулияти баланд ва босифат вусъат бахшида, иҷрои супориши додашударо ҷиҳати дар моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми неругоҳ, яъне расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намоянд.

Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад.

Дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад.

Мо тасмим гирифтаем, ки дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор диҳем.

Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо неруи барқи «сабз» ва оби хунук таъмин созад.

Ба мақсади истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата – сентрҳо) чораҷӯйӣ намояд.

Кишоварзӣ

Бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд.

Ҳамчунин сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.

Дар соли 2024 шумораи одамони дар сатҳи гуруснагии доимӣ қарордошта то 670 миллион нафар афзоиш ёфт.

Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030-ро таҳия ва амалӣ созад.

Нақлиёт

Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.

Роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд.

Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Роҳҳои Ваҳдат – Обигарм 70 километр, Гулистон – Кӯлоб 33 километр, Хоруғ – Роштқалъа 39 километр, Мурғоб – Кулма 67 километр, Балҷувон – Сари Хосор 55 километр, Хистеварз – Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қобили зикр аст, ки дар се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.

Дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла:

Ҳиссаҷудокунии молиявӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 ба маблағи 20,9 миллиард сомонӣ таъмин гардида бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2026 дар ҳаҷми 29,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоиз зиёд мебошад.

Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Тибқи таҳлилҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад.

Илм

Ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш дода мешавад, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.

Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки барои дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва ҳамчунин бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Академияи миллии илмҳо, дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи марказҳои зикршударо дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Фарҳанг

Мо ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру навсозӣ кардем.

Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.

Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳамчунин бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Тандурустӣ

Дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонида шуд.

Яъне буҷети соҳа дар ин давра беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Шуғли аҳолӣ

Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо вазифадоранд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кор ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.

Бо назардошти имконияти имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1 сентябри соли 2026:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.

Ҳамаи ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд.

Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.

То рӯзҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст.

Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.

Таҳияи Аъламхон НАИМӢ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон