Skip to main content
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри 2024 ироа гардид ва ҳамчун санади муҳими расмӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян кард. Ин паём на танҳо чун дастури барномавӣ, балки ҳамчун таҷассуми асосҳои ҳуқуқӣ ва стратегияи рушди ҷомеаи соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аҳамияти калидӣ дорад.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 55 ва 69), ин паём заминаи ҳуқуқӣ дошта, самтҳои асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дар марҳилаи муайяни инкишоф ифода мекунад. Таҳлили дастовардҳо, ташхиси мушкилот ва пешниҳоди ҳадафҳои нави стратегӣ дар он бо асоснокии илмӣ баён шудаанд.

Дар оғози паёми соли ҷорӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди худ қарор дошта, тавассути татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин замина, таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ҳамчун ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат муайян гардиданд.

Самтҳои афзалиятнок дар паём:

1. Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Пешвои миллат зикр намуданд, ки маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар панҷ соли охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Аз 1 сентябри соли 2025, музди меҳнат, нафаќа ва стипендияњои донишљўён тибқи супориши Президент ба андозаҳои муаяйншуда зиёд хоҳанд шуд. Ин тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат менамоянд.

2. Тақвияти соҳаи маориф

Ҳукумати кишвар ба рушди маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддатро татбиқ мекунад. Аз ҷумла, Пешвои миллат ба ислоҳоти соҳа, рақамикунонии таълим ва тарбияи ватандӯстонаи насли наврас таъкид намуданд.

3. Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия

Бо мақсади рушди инноватсия ва рақамикунонии иқтисодиёт, солҳои 2025–2030 ҳамчун "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон гардид. Ҳамзамон, таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Кӯлоб тасдиқ шуд.

4. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ

Дар паём иброз гардид, ки то соли 2027 бо пурра ба истифода додани неругоҳи "Роғун" ва дигар неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар бартараф гардида, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад.

5. Дастгирии соҳибкорӣ

Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, то 1 январи соли 2027 ба ҳама гуна санҷишҳо (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) моратория эълон карда шуд. Ин иқдом барои рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармоя муҳим арзёбӣ мегардад.

Хулоса, Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва барномавӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои таҳкими рушди устувор ва амнияти миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар паём баён мешаванд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳнамоии амалӣ мебошанд.

Шералиев Б. Р. – докторанти PhD-и Шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ