Skip to main content

Ҳамватанони азиз!

Мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз ҳамаи Шуморо ба фарорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният хонда, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, саломатӣ, ризқи фароз, сулҳу амонӣ ва осудагии комилро таманно менамоям. Воқеан ҳам имсол Иди саиди Қурбон дар остонаи 27- умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ рост омада, фазои кишвари азизамон аз руҳияи идона саршор гардидааст.

Иди саиди Қурбон, саршор аз арзишҳои маънавӣ, мардумнавозӣ инсонпарвариву дӯстии байни мардумон аст, ки онро дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию расидан ба зиндагии шоиста таҷлил менамоянд. Ин ҷашнҳо ҳамчун арзишҳои маънавии тамоми мусалмонони ҷаҳон ҳастанд, ки то замони мо ҳифз ва эҳё гардидаанд.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияшон ба муносибати Иди саиди Қурбон иброз доштанд: “Фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат ба Худованд буда, маънӣ ва фалсафаи он ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар муҳаббату дӯстӣ варзидан, аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ кардан, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ва махсусан падару модарон, шукронаи умр ва неъматҳои зиндагӣ, аз ҷумла оромиву субот мебошад.”

Дар арафаи Иди саиди Қурбон хайру саховат намудан ба ниёзмандону дармондагон яке аз хусусиятҳои хоси инсонӣ аст. Мо мардуми мусалмон бояд дар арафаи Иди саиди Қурбон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳем.

Иди саиди Қурбон муборак ҳамдиёрони азиз!