Skip to main content
Вазъияти шаҳрвандӣ таъкид бар он дорад, ки новобаста аз масъалаҳо ва пойгоҳҳои қавмиву нажодӣ ва эътиқодӣ кулли мардум аз арзишҳои моддиву маънавии як ҷомеа баробар баҳраманд шаванд ва зиндагии худро дар доираи ҳамоҳангӣ пеш бубаранд. Агар ин вазъият ороста бошад, ваҳдати миллӣ дар дилхоҳ ҷомеа таъмин аст. Яъне гап дар бораи якрангии гурӯҳҳову қавмҳо намеравад, балки таъкиди мо бар ин аст, ки ҳамаи қавмҳои як сарзамин ба гунае мусолиматомез, новобаста аз тафовутҳои қавмиву нажодиву забониву мазҳабии ҳамдигар, дар канори ҳам зиндагӣ намуда, ба тафовутҳои шаҳрвандӣ арҷ мегузоранд.

Пас, муҳимтарин рукн дар таъмини ваҳдати миллӣ маҳз поймол нагаштани ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва арҷ гузоштани давлат ба ҳаққу ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд будааст. Чун дар давлатҳои мутараққӣ манзалати шаҳрванд ва мақоми шаҳрвандӣ арзишмандтар асту сохти конститутсионии демократӣ пойдортар, тафовутҳои рангиву қавмиву мазҳабиву забонӣ аз мақоми арзиш фуромадаанд ва ваҳдат ба маънои томаш дар он давлатҳо ҳукм меронад. Шояд ба ин хотир бошад, ки дар чунин кишварҳо мафҳуми ваҳдати миллӣ кайҳо аз забонҳову килкҳо фаромӯш шудааст ва ба он андозае, ки дар давлатҳои рӯбатараққӣ аз он ёду бо он фарёд мекашанд, ба он таваҷҷуҳ надоранд ва даргири он ҳам нестанд. Масалан, барои амрикоиҳо сарзамини Америка ҳувияти миллиашонро дар давоми асрҳо ташкил додааст ва дигар ҳисси бартарихоҳиву фузунталабӣ дар миёни шаҳрвандонашон дида намешавад ва дигар ҷаҳонбиниашон бар асоси рангу бӯйи қавмиву таборӣ устувор нест. Нобаробарии адолат, мавҷудияти зердасту забардаст, қавмияти асилу ноасил, мазҳаби ҳаққу ноҳақ, халқияти муқимиву омада ва амсоли ин мавзуъҳо барномаҳои зиёдеро тарҳрезӣ мекунанд ва бо ин роҳҳо дардҳои гурӯҳҳову қавмҳои алоҳида мудово мегардад ва агар дар ҷомеаҳое, ки ин нишонаҳо боқӣ хоҳанд монд, бӯйи ваҳдати миллӣ ба машоми кулли маскунони он ҷомеа даҳсолаҳо мобаъд низ нахоҳад расид.

Шояд Тоҷикистони азиз яке аз маҳдудкишварҳои ҷаҳон бошад, ки аз мафҳуми «ваҳдати миллӣ» барои баҳамориву сарҷамъкунии мардум ва наҷот аз сардаргумӣ бисёр оқилонаву огоҳона истифода намуд ва имрӯз ҳам дарахте, ки ба номи Ваҳдати миллӣ вирди забонҳо аст, решаи он об аз дуои кулли тоҷикистониён мехӯрад. Албатта, ин аз чанд омил вобастагӣ дошт.

Аввалан, интиқоли паёми иттиҳоду ваҳдат аз ҷониби манбаъҳои огоҳӣ, аз ҷумла зиёиён, уламои дин, омӯзгорон, расонаҳо ва роҳбарони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бояд ҳамчун як рисолати миллӣ ва масъулияти ахлоқӣ ба ҳисоб равад. Иҷрои содиқона ва боҳушмандонаи ин рисолат на танҳо нишони сарбаландии фикрӣ ва фарҳангии онҳо аст, балки асоси бедории иҷтимоӣ ва ҳамбастагии миллӣ мебошад. Он гоҳ ки овози ваҳдат аз забони афроди боэътимод ва манбаъҳои огоҳ бармеояд, дар ҷомеа таъсири амиқ мегузорад ва метавонад пеши роҳи ихтилоф, шубҳа ва тафриқаро бигирад.

Пешвои миллат баъд аз интихоб шудан ба ҳайси Сарвари давлат бо такя ба зеҳни худододиву андешаи солим, рафтори оқилонаву гуфтори ҳакимона рисолати пешвоӣ ва ҳадафи инсонии худро ба ҳадде иҷро намуд, ки ҷаҳониён ва сарварони давлатҳои абадқудратро шефта гардонда буд. Ва бар касе имрӯз пинҳон намемонад, ки таваллуди ин шахсияти бузурги таърихӣ як амре тасодуфӣ набуда, бар асоси назму ҳадафу ғояе будааст, ки истеъдоди бартариро касб намуда, бо наҷоти як миллат ва сохтани як давлат муҳимтарин минтақаи ноамнро бо файзи амонӣ баҳраманд гардонд. Бо истифода аз лаёқату қобилияту шоистагӣ мардумро бовар кунонид, ки сарвариро ба хотири озодии миллату давлат қабул хоҳад кард ва лаҷоми мустақиливу соҳибихтиёриро ба дасти онҳо хоҳад супурд.

Туро расад ба ҷаҳон сарварӣ ба истеҳқоқ,
Туро расад ба ҷаҳон хоҷагӣ ба истиқлол.

Ин байти шоири маҳбуби миллат Убайди Зоконӣ даъво дорад, ки лаёқат бояд дошт то сарварӣ кард ва истиқлол бояд дошт, то роҳбарӣ кард. Яъне лаёқати Роҳбари давлат сароғози даъват ба истиқлол ва роҳбарии кишвари соҳибистиқлол. Дар ин ҷо агар ҷаҳон ба маънии давлат фаҳмем, лаёқати пешвоӣ лозим аст, то ба давлат расид ва соҳибистиқлолии давлатро ба даст овард, то хоҷагӣ кард. Пас, лаёқату қобилияту шоистагии шахсият чи қадар муҳим будаст дар давлатдорӣ.

Дувум, мардуми таъриху фарҳангдошта, ки биёбоннишинон аз он пора-пора ғундошта, дар ҳошияти замини таърихиву фарҳангии он бегонагон донаи давлатдорӣ кошта, номи сохтаи худро ба осмонҳо бардоштаанд, бо дарёфти фурсати муғтанам ба гирди Роҳбари муҳтарам даст ба дасти ҳам зада, пеши гуноҳи ҳамдигар сар хам оварда, баҳри якдилии мардуму якпорчагии сарзамин аввалин қадамҳо ниҳоданду сарбозиҳо намуданд. Шоистақавлии Роҳбари ҷавон дар он замони пур аз дудилагиву гумон гули муродро ба боғи умеди мардум шукуфонд. Фитнаамалону фитнасанҷон саранҷом ба шикасти худ даст доданд, муллоҳои риёкору донишбезор бо ваъдаҳои сараспакии худ лоилоҷ пеши фармонгузорони худ шитофтанду барои амалисозии нақшаҳои ихтилоливу ихтилофӣ дигар мулкҳоро кофтанд. Нахустин дарси хештаншиносиро мардум аз пиндору гуфтору рафтори Сарвари давлат, ки бо огоҳдиливу ошноӣ бо таъриху фарҳанги аҷдодӣ таҷассумгари тоҷики асилу тоҷикият буду ба қавли Мавлоно «панди феълӣ халқро ҷаззобтар», омӯхтанд. Фарҳахтагию фарҳехтагӣ ва фарҳангии ӯ ниҳоят дӯсту душманро ба худ кашид ва синаи кибру ғуруру қаҳру ғазабро дарид. Ҳатто душманони дохилӣ ҳам пеши ин ҷавонмардӣ сар фуруд оварданду сари ин ҳимматбаландӣ дасти адаб бар сина ниҳоданд.

Севум, тоҷикони таърихан тамаддунофару фарҳанггустар дигар тахрибкорони дохиливу беруниро фурсати амал надоданд. Огоҳдилони раҳнамо мардумро огоҳонидаанд, то омилҳои тафриқаро ҳар чи бояд кам карду мардумро сарҷамъ намуд. Ихтилофҳо, албатта, дар қобилияту назарҳову равишҳо вуҷуд доштанд, аммо ба ҷабҳагирӣ ба муқобили ҳамдигар дигар наанҷомид, баръакс рӯҳияи ҳамдилӣ ва ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд.

Аз ин ҷиҳат аст, бо таъкид ба забону таъриху фарҳанг ва орзӯю ормонҳои миллӣ метавон заминаи ваҳдати устувори миллиро фароҳам овард. Ҳар вақте ки нерӯҳои бо рукнҳои фавқуззикр фаъолиятбурда манофеи миллатро аз фоидаҳои маҳдуди худ болотар қарор диҳанд, ба таҳкиму тақвияти ваҳдат мусоидат хоҳанд намуд.

Талоши душманон ва ситезакорон барои ноамнсозӣ ва эҷоди бесуботӣ дар кишвар, асосан тавассути барангехтани ихтилоф ва фаъолсозии гусастагиҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ сурат мегирад. Онҳо мекӯшанд, ки бо таҳрики эҳсосоти мазҳабӣ, қавмӣ ва маҳаллӣ дар ҷомеа нифоқ эҷод кунанд ва бо ин васила заминаи ноамнӣ ва бесуботиро фароҳам созанд. Ин гуна амалҳо на танҳо ба якпорчагии миллӣ зарба мезананд, балки боиси заъфи суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мешаванд. Аз ин рӯ, бедории сиёсӣ ва ҳушёрии шаҳрвандон, инчунин нақши муассир ва пешгирикунандаи ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандӣ дар ин раванд басо муҳим аст.

Ин роҳ на танҳо пешгирии ҷудоӣ ва низоъро осон мекунад, балки ҷомеаро ба сӯи ҳамфикрӣ, сабру таҳаммул ва ҳамкорӣ мебарад. Дар натиҷа, як ҷомеаи муттаҳид метавонад дар баробари хатарҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо қувваттар муқовимат кунад.

Ин маҷмӯи нерӯҳо - аз зиёиён, муҳаққиқон, журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ то омӯзгорону фарҳангиён, ҳар кадом ба ҳайси элитаи фикрӣ мухотабони хоси худро доранд, ки метавонанд онҳоро нисбат ба аҳаммияти ваҳдати миллӣ, сабаби аслии субот ва рушд ва хатароти эҳтимолии ихтилофу тафриқа огоҳ, ҳушдор ва ё қонеъ намоянд.

Ташкили заминаҳои барномавии муколама, таблиғи таҷрибаҳои муваффақ ва ҳамоҳангии нерӯҳои фикрӣ замоне, ки самти марказии сиёсати ҷамъиятӣ ва фарҳангии кишварро ташкил доданд ва нухбагони фикрӣ тавассути барномаҳои тарбиявӣ, расонаӣ, фарҳангӣ ва маърифати сиёсӣ сатҳи шуур ва ҳушёрии ҷамъиятиро боло бурда, мардум дарк намуд, ки ваҳдати миллӣ танҳо шиор нест, балки шарти зинда мондан ва рушд кардани ҳар миллат аст, пойдории ваҳдат то ба ҳазорсолаҳо ҳифз хоҳад шуд.

Қаландариён Ҳоким Сафар - директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ