Skip to main content
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт.

Қобили қайд аст, ки заминаи ҳуқуқииироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3 моддаи 55 ва сархати 1 қисми 1 моддаи 69 Конститутсия) сарчашма мегирад.[1]

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» имрӯзҳо ҳамчун як барномаи мукаммали як ва якчандсолаи ҳаёт ва фаъолияти минбаъда аз Сарвари давлат, кормандони тамоми мақомоти давлатӣ ва механизми давлат, инчунин ташкилоту муассисаҳо, то ба шаҳрвандон ва кӯдакони хурдсолро муайян менамояд, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва ошкоро тамоми самтҳои ҳаракати ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои дигар, тадбирҳо ва пешниҳодҳоро баҳри ба давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва аз лиҳози иқтисодӣпешрафта мубаддал кардани мамлакат нишон медиҳанд.

Ҳамасола онро ҳар як сокини мамлакат дар қатори хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастуру супоришҳои қайдшударо сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун дастури рӯимизӣ онро дар давоми сол мавриди истифода қарор медиҳанд.

Пешвои миллат дар Паёми мазкур таъкид намуданд, ки “Соли 2024 мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣнамудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем[2]”.

Бо назардошти ҳолати номбурда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд”.

Таъкид карда шуд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ миллиард ба 150 миллиард сомонӣ расид. Аз ҷумла соли 2024 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин карда шуд.

Сарвари давлат такроран махсус зикр намуданд, ки “Дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”.

Инчунин таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Дар робита ба суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли соли 2021[3] ва 23 декабри соли 2022[4]иброз намудаанд: «Рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз манбаи бонкӣ вобаста мебошад, вале то ҳанӯз дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии манбаи бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣмемонад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба манбаи бонкӣ тадбирҳои қатъӣандешида шаванд».

Гузашта аз ин, дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат нақшаи мукаммали расидан ба ин ҳадафро пешниҳод карданд. Аз он ҷумла, таъкид карда шуд, ки “Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот. Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот. Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ[5].

Дар заминаи ин, бо назардошти расидан ба ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо муваззаф карда шуданд, ки асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ фароҳам созанд, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.

Илова ба ин, пешниҳод карда шуд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.

Қобили қайд аст, ки бо аз муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли2025 ба марҳилаи нави таърихии худ, рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, пешбурди иқтисоди рақамӣ, дар маҷмуъ ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, онро то моҳи майи соли 2027 ба анҷом хоҳад расонид.

Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо Сарвари давлат махсус таъкид доштанд, “Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад. Инчунин қайд карда шуд, ки имтиёзҳои андози аз оғози фаъолияти истеҳсолии корхона оғоз карда шавад[6]”.

Маҳз ба шарофати ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, гузариш аз иқтисодиёти нақшавӣ ба иқтисодиёти бозорӣ, зарурати пурра ва ё қисман тағйир додани қонунгузорӣ ва низоми идоракунии иқтисоди бозориро ба миён овард. Аз ҷумла, яке аз санади меъёрии ҳуқуқии муҳимтарин дар соҳаи иқтисодиёти бозорӣ ин Кодекси гражданӣ мебошад, ки қисми якуми он бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли1999 қабул қарда шуда, он аз 1 январи соли 2000 мавриди амал қарор дода шуд. Дар кодекси мазкур институти замонат ҳамчун навъи тарзи таъмини иҷрои уҳдадорӣ дар моддаҳои 390 – 396, зербоби 5, боби 22, зерфасли 1, фасли сеюм муқаррар карда шудааст . Ҳамчунин қобили қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шуда, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, дар он низ бо тағйиротҳо ҷузъӣ институти замонат дар фасли 4, зерфасли 1, боби 28 тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ параграфи 5 моддаи 418 – 424 танзими худро ёфтааст. Аз ин рӯ, қобили зикр аст, ки замонат ва кафолати бонкӣ дар замони муосир яке аз элементҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ буда, тибқи қисми 2, м. 390 КГ ҶТ ва қисми 2, м.418 КМ ҶТ «Шартномаи замонат инчунин ҷиҳати таъмини уҳдадорие, ки дар оянда ба вуҷуд меояд, баста мешавад» мебошад[7].

Ғайз аз ин, таъкид карда шуд, ки аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад. Ин яке аз пешравӣ ва расидан ба давраи дигари таърихии давлат буда, метавонад дар оянда барои ҷалби сармоя ва пешравии ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат намояд. Зеро айни замон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои нақлиёти энергетикӣ ва насби таҷҳизотҳои барқӣ барои нақлиётҳои мазкур дар ҷойҳои махсус барои қувва додани онҳо дида шуда, мардуми шарафманди тоҷик ба эраи нави ҷаҳонӣ, яъне энергияи сабз дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ қадамҳои устувор гузошта истода, дар ин замина албатта истиқлоли комили энергетикӣ зарур аст.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон[8] тасдиқ шудааст, ки ҳадафи Консепсияи мазкур мақсад ва афзалияти инкишофи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмуҳлат, стратегияи амалиётро ҳангоми иҷро кардани дурнамоҳо ва барномаҳо муайян мекунад.

Консепсияи мазкур барои дигар соҳаҳои давлатӣ ва электронӣ кунии онҳо мусоидат намуда, дар заминаи он Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимия давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон[9] аз 10 июли соли 2017, № 344 тасдиқ шудааст, Қоидаҳои муомилоти маҳсулоти нафту газ ва талабот нисбат ба низоми компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои электронии онҳо[10], ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 82 тасдиқ шудааст, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон[11], ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642 тасдиқ карда шудааст, Қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо[12], ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, № 409 тасдиқ шудааст, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042[13], ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, № 439 тасдиқ шудааст, Қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи электронии молу мулки давлатӣ[14], ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2023, № № 525 тасдиқшудааст, Қоидаҳои реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ[15], ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, № 798 тасдиқ шудааст қабул карда шуда, айни замон мавриди амал қарор доранд.

Мувофиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642 тасдиқ карда шудааст, ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои пешқадам бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рушди рақобатнокии байналмилалии кишвар гардад. Рақамикунонии иқтисодиёт барои таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, такон додан ба табодули намудҳои мавҷуда ва рушди намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими тамоюли содиротӣ ва ҳамзамон қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ бо роҳи воридотивазкунӣимконият фароҳам меорад.

Қобили зикр аст, ки амалисозии иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, даромади буҷет, шаффофият, содагардонии расмиёт, омода кардани мутахассисони лаёқатноки соҳаҳои гуногун, ҷалби технологияҳои муосир ва дар маҷмуъ сатҳи зиндагии аҳолии кишвар беҳтар гардад.

Зикр намудан зарур аст, ки айни замон раванди рақамигардонии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ идома дошта, идомаи мантиқии онро қабули Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, № 439 тасдиқ шудааст, шаҳодат дода метавонад. Консепсияи мазкур дар марҳилаи ҷаҳонишавии босуръати замони муосир барои рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хизмат намуда, дар он рушди ҷомеа ва навсозии низоми ҷаҳони таҳсилот, арзишҳои миллию умумибашарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳуввият ва анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмию техникӣ ба инобат гирифта шудааст. Консепсия тамоюли рушди низоми таҳсилоти рақамиро дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва ташаккули фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, бо назардошти рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ амалӣ гардонидан мусоидат менамояд.

Гузашта аз ин, тибқи банди 45 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028[16], ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, № 798 тасдиқ карда шудааст, барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, мувофиқи мақсадшуморида шудааст, ки рушди инфрасохтори инноватсионӣ - шабакаи интиқоли технологияҳо, миёнаравҳои технологӣ, системаҳои экспертизаҳо, сертификатсия, стандартизатсия ва аккредитатсия; инчунин бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои бақайдгирии электронии соҳибкорон, гирифтани иҷозатномаҳо, сертификатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ тариқи электронӣ, супоридани ҳисоботҳои электронӣ ба мақомоти андоз, омор ва дигар сохторҳои марбута, фаъол намудани истифодабарии имзои электронӣ, рушди идоракунии электронии корпоративӣ, рушди савдои электронӣ ва ғайраҳо.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар Паёмашон барои соли 2023 пешниҳод намуда буданд, ки бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Гузашта аз ин, то имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудаанд.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат – муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд”.

Гузашта аз ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паймашон вобаста ба рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт ва дар маҷмуъ соҳаҳои соҳибкорӣ Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд. Аз ин лиҳоз дар ин самт, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шуд.

Дар маҷмуъ, ҳамаи пешниҳодҳо вобаста ба мусоидат ба рушди бахши молиявӣ ва рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт вазъи иқтисодии мамлакатро метавонад, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошта, барои ба зинаи дигари рушд расидани мамлакат мусоидат менамоянд. Дар ин замина гуфтан мумкин аст, ки рушди бахши молиявӣ ва рақамигардонии иқтисодиёт он қисми низоми мураккаби ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони муосир дар шароити таҳдиду хатарҳо мебошад, ки унсурҳои он ба ҳам дар алоқамандии зич қарор дорад. Вазъи кунунӣ ва муосир, инкишоф ва рушди он ҳама вақт ба рушду пешравии давлат бевосита таъсиргузор буда, фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиётро ба таври ошкоро нишон медиҳад. Ҷиҳати гузариш ба марҳилаи нави иқтисодиёт ва рушди бахши молиявӣ моро зарур аст, ки раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиётро суръат бахшида ва дар ин радиф хизматрасониҳои давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шаванд, ки ҳамаи ин дар якҷоягӣ дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд.

Ҳамин тавр, ҳамаи ин пешниҳодҳо ва ташаббусҳои андешидаи наҷибонае, ки дар Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, ба сарсабзии диёри аҷдодӣ ва пешрафту некӯаҳволии рӯзгори мардуми тоҷик мусоидат менамоянд. Дар ин замина, Паёмҳои Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ чун дастури рӯйимизии ҳар хизматчии давлатӣ, дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон фурӯзон намуда, ба кас эътимоду боварӣмебахшад, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.

Буризода Эмомалӣ Бозор – д.и.ҳ., профессор,

Эмомализода Навруз Эмомалӣ - номзади илми ҳуқуқ, судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд