Дар шароити муосир иқтидори энергетикӣ ва истеҳсоли қувваи барқ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва омили асосии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, бинобар ин, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор мебошад ва дорои захираҳои бисёри энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» (НОБ-и Роғун) яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Тавре, ки мо медонем корҳои барқароркунии сохтмонӣ дар НБО «Роғун» аз соли 2009 оғоз гардида буд. Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар кишвар ҳанӯз охири солҳои 70-уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан Роғун ном гирифтани ин нерӯгоҳ аз номи деҳае бо номи Роғун сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст.
НБО-и «Роғун» дорои иқтидори тавлидоти 13,5 миллиард киловатт-соат энергия дар як сол аст, ки ин рақами хеле бузург барои минтақа ва ҳатто барои тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад. Бо бунёди комили ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон метавонад ба як кишвари қудрати барқии мустақил табдил ёбад. Сарбанди НБО-и «Роғун», ки бо баландии 335 метр дар ҷаҳон ба баландтарин сарбанд табдил шудааст, як нишонаи аҷиб ва рамзи бузурги мақсад ва тавоноии кишвар мебошад.Чархаи аввали неругоҳ нахуст бо иқтидори 115 мегават ва дар охир то 600 МВт қувваи барқ истеҳсол мекунад. Дар сохтмони ин неругоҳ беш аз 50 ширкати маҳаллию хориҷӣ аз ҷумла ширкатҳои фаронсавӣ, русӣ ва эронӣ кор мекунанд. Дастгоҳҳои интиқоли барқ бо харҷи 79 млн. доллар сохта шудаанд.
Мо баъди ифтитоҳи чархаи дуюми НБО-и «Роғун» ба чунин натиҷа расидем, ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ, ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуданд, азм карданд то иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шавад. Чархаи дуюми НБО «Роғун» бо ҳузури Пешвои миллат ва меҳмонони олиқадр ба истифода дода шуд. Мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ҷиҳати дар фурсати кутоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат мекашанд.
Азму разми тоҷикона мо ба майдон мекунем,
Чархи “Роғун”-ро ба дасти хеш гардон мекунем.
Мерасад нуру зиёи он ба ҳар як хонадон,
Тоҷикистонро саросар ахтаристон мекунем.
Хулоса, фардои дурахшони Точикистон аз бунёди НБО-и «Роғун» вобаста аст. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» корнамоии навбатии ахолии кишвар ва мактаби вахдату бародарӣ, мехнатпарастию бунёдкорист. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёти иқтисодиёт мерасонад.

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
16 декабри соли ҷорӣ дар бинои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида истодааст. Паёми сарнавиштсоз ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, амният, ҳифзи муҳити зист ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимро фаро мегирад.
Бо мақсади шиносоии амиқ бо муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ, кормандон, олимон, муҳаққиқон ва ҳайати маъмурии тамоми муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Паёми мазкурро тариқи оинаи нилгун ба таври дастаҷамъона тамошо намуда истодаанд.
МУШОҲИДАИ КОМЕТАИ 3I/ATLAS – МЕҲМОНИ НАВИ БАЙНИСИТОРАГИИ НИЗОМИ ОФТОБӢ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Боз як кашфиёти нодирро дар соли 2025 ҳаводорони астрономия ва мутахассисони ин соҳа таҷлил карданд. Ин ҳам бошад пайдоиши як ҷирми берун аз Низоми офтобӣ, ки аз фазои байниситорагӣ ба мо ворид шудааст. Номи ин ҷирм кометаи 3I/ATLAS буда, пас аз 1I/ʻOumuamua (2017) ва 2I/Borisov (2019) – сеюмин объекти байниситорагии аз ҷониби инсоният мушоҳида шуда мебошад.
Аммо тибқи баъзе маълумотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма баҳсу ҳангома ба миён оварданд, гӯё як зонди берунизаминӣ ба фазои наздизаминӣ ворид шудааст. Вале таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин хабарҳо асоси илмӣ надоранд. Ҷирми мушоҳидашуда дар асл як объекти нодири байниситорагӣ – кометаи 3I/ATLAS мебошад, ки ягон хатаре барои Замин эҷод намекунад.
Санаҳои 11–14 ноябри соли 2025 аз ҷониби муҳаққиқони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз телескопи Сейсс 1000 (1 метра) - и Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох мушоҳидаи ин ҷирми нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS, гузаронида шуд.
Кометаи 3I/ATLAS санаи 1 июли соли 2025 тавассути системаи автоматии ATLAS (Asteroid Terrestrial-impact Last Alert System), ки дар Чили фаъолият дорад, ошкор гардид.
Натиҷаҳои аввалини мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мадори ҷирм гиперболӣ буда, эксентриситети он аз 6 зиёд аст. Ин маънои онро дорад, ки ҷирм ба таври ҷозибавӣ аз Офтоб вобаста набуда, пас аз он, боз ба фазои байниситорагӣ бармегардад. Пас аз коркарди аксҳои гирифташудаи ин объект маълум гардид, ки он доро кома аст ва чунин хусусият ба кометаҳо хос мебошад.
Комета бо суръати тақрибан 68 километр дар як сония вориди минтақаи дохилии Низоми офтобӣ шуда, масофаи наздиктарини он ба Офтоб дар нимаи моҳи сентябри соли 2025 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи таҳқиқоти аввалия бо телескопҳои заминӣ ва кайҳонӣ (аз ҷумла James Webb Space Telescope), дар комаи кометаи 3I/ATLAS миқдори зиёди диоксиди карбон (CO₂) ва оксиди карбон (CO) ошкор шудааст. Ин нишон медиҳад, ки таркиби он аз бисёр кометаҳои дохилии Низоми офтобӣ фарқ мекунад.
Пайдоиши ҷирмҳои байниситорагӣ барои мутахассисони соҳаи астрономия аҳамияти бузург дорад. Онҳо ба олимон имкон медиҳанд, ки модда ва ташкилаи ибтидоии ситораҳо ва сайёраҳои дигарро омӯзанд. Ин гуна ҷирмҳо шояд пораҳои боқимонда аз системаҳое бошанд, ки дар онҳо ташаккули сайёраҳо ба таври дигар сурат гирифтааст.
Кометаи 3I/ATLAS яке аз навтарин ва ҷолибтарин кашфиётҳои астрономӣ дар даҳсолаи охир мебошад. Он ба монанди фиристодае аз олами дури ситораҳо буда, дар хусуси он ки кайҳон то чӣ андоза гуногун ва васеъ аст, ба мо маълумот меорад.
Имрӯз, 12 декабр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ “Куллиёт”- и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода, кӣ ба тозагӣ аз чоп баромад рӯнамоӣ гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ба саҳифаҳои таърихи адабиёти муосири тоҷик дар тули қариб 100 сол адибони варзидае ворид гардиданд, кионҳо аксаран дар мактабҳои адабӣ ва эҷодии устодони каломи бадеъ Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба камол расидаанд.
Таъкид гардид, ки яке аз чунин адибони варзида ва суханвари бузурги миллати тоҷик устод Мирзо Турсунзода аст, ки бо ашъори волои ватандӯстонаву инсонпарварона ва фаъолиятҳои ҷамъиятию давлатии худ дар рушди адабиёт ва ҷомеаи замони худ нақши барҷастае гузоштааст.
Зикр гардид, ки устод Мирзо Турсунзода ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо, узви Кумитаи шӯравии сулҳ ва садорату котиботи Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ ва раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ буда, барои хидматҳои бузургаш бо ордену медалҳои давлатӣ ва байналмилалӣ сарфароз гардидааст.
Гуфта шуд, ки ҳоло аз баракати соҳибистиқлолии мамлакат, тавсияву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси гиромидошти бузургони илму ва кӯшишу заҳмати ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Куллиёт”-и шашҷилдаи устод Мирзо Турсунзода таҳия, нашр ва дар дастраси хонандагон қарор хоҳад гирифт.
Қайд гардид, ки нашри “Куллиёт”-и шашҷилдаи ходими давлатӣ ва сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ба воқеияти фарҳангиву адабии кишвари мо саҳми арзишманд мегузорад. Ин маҷмӯа мутолиа ва таҳқиқи мероси пурғановати адабӣ ва фикрии устодро осон мегардонад ва барои хонандагон, донишҷӯён, олимон ва муҳаққиқон манбаи боэътимод маҳсуб меёбад.
Дар идомаи маҳфил, дигар аз олимону муҳаққиқон, инчунин устодон ва коршиносон доир ба нақши устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти миллӣ, таърихи сиёсат ва ташаккули фарҳанги Тоҷикистон сухан гуфтанд. Ҳозирин ба натиҷаҳои азими илмӣ ва эҷодӣ, ки дар “Куллиёт” ҷамъбаст шудаанд, баҳои баланд доданд ва таъкид карданд, ки ин маҷмӯа барои наслҳои оянда манбаи илҳоми созанда хоҳад буд. Дар поёни маҳфил ҳунармандон ашъори устод Мирзо Турсунзодаро бо овози суруду тарона ба мардум тақдим намуда, фазои маҳфилро бо илҳоми фарҳангӣ ва эҷодии ӯ зинда гардониданд.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шуроиолимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 11.12.2025 соати 15:00 дар толори маҷлисгоҳи Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ курси навбатии Сарварони сиёсӣ бо иштироки Шарофзода Фарух Сафолбек, ки ба рӯйхати TOP 2 олимони ҷаҳон ворид гардидааст баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.ф. Зиёев Субҳиддин оид ба дастовардҳои олими шинохтаи сатҳи ҷавҳонӣ сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Шарофзода Фарух Сафолбек роҷеъ ба дастовардҳои илмиаш ва дар сатҳи ҷаҳон шинохта шудани он ба олимони ҷавон гузориши муфассал ироа намуд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ МУШТАРАКИ МУҲИТИ ЭКОЛОГӢ ВА ИСТИФОДАИ КАЛОНИ ДОДАҲО
Имрӯз, 10 декабр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати экология ва муҳити зисти Чин, ширкати Hebei Sailhero Environmental Protection озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ва истифодаи калони додаҳо муҷҷаҳаз бо технологияҳои муосир ба истифода дода шуд.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизотҳои замонавии воридгардида ба озмоишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои муштарак ва бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати экология ва муҳити зисти Чин ва ширкати Hebei Sailhero Environmental Protection татбиқ гардида, барои мониторинги муҳити зист, таҳлили сифат ва самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ хизмат мекунанд.
Ин озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки олимони Тоҷикистону Чин ҳамкории илмӣ ва таҳқиқоти муштаракро дар бахшҳои экологӣ ва энергетикӣ густариш диҳанд, донишу таҷрибаи худро мубодила намоянд ва тадқиқоти илмиро бо истифодаи технологияҳои пешрафта ба сатҳи байналмилалӣ бароранд.
Ифтитоҳи озмоишгоҳи муштарак яке аз иқдомҳои муҳими таҳкими ҳамкории илмӣ ва технологӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба ҳисоб меравад ва дурнамоҳои васеи минбаъдаро барои рушди устувори муҳити зист ва рушди илмии ҳар ду кишвар фароҳам меорад. Бояд гуфт, ки таҷҳизотҳои мазкур бори аввал ба Тоҷикистон ворид гардида, барои татбиқи тадқиқоти пешрафтаи экологӣ ва истифодаи калони додаҳо имкониятҳои навро фароҳам меоваранд.
Озмоишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосир ва пешрафта муҷаҳҳаз гардидааст, ки дар онҳо таҳлилгари бисёрпараметрии сифати об, озмоишгари сайёри бисёрпараметрии сифати об P-MP1000, ва асбоби шабакавӣ барои назорати сифати ҳаво XHAQSN-822 дохил мешаванд. Ин таҷҳизотҳо барои мониторинги муҳити зист, ҷамъоварии маълумоти экологӣ ва татбиқи тадқиқоти муштараки илмӣ ва технологӣ истифода мешаванд.
МАРОСИМИ МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ МАРҲАЛАИ АВВАЛИНИ ҲАМКОРИИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ИЛМӢ ВА ТЕХНОЛОГӢ БАЙНИ ЧИН ВА ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 10 декабр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати экология ва муҳити зисти Чин, ширкати Hebei Sailhero Environmental Protection маросими муаррифии дастовардҳои марҳалаи аввалини ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ байни Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш ташрифи меҳмононро ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки зиёда аз се даҳсола мешавад, ки пас аз барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ, робитаҳои дӯстона ва ҳамкории созандаи кишварҳои мо пайваста рушд меёбанд. Имрӯз ин ҳамкорӣ соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, маориф, илм ва технологияро фаро гирифта, ба марҳалаи сифатан нав ворид шудааст.
Таъкид гардид, ки ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ яке аз самтҳои калидии муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад. Ин ҳамкории созанда бо такя ба механизмҳои расмии ҳамкорӣ амалӣ шуда, ба рушди ҳамгироии илмӣ, густариши технологияҳои муосир ва таҳкими имкониятҳои илмии Тоҷикистону Чин мусоидат менамояд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар шароити тағйироти зудтаъсири иқлим, рақобати глобалӣ ва таҳдидҳо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, кишварҳое, ки метавонанд донишу инноватсияҳоро самаранок татбиқ кунанд, ба афзалияти стратегӣ мерасанд. Барои Тоҷикистон ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ бо Чин як воситаи қавӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо мебошад.
Ин ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки иқтидори илмӣ-техникии кишвар баланд бардошта шавад, дастрасӣ ба технологияҳои пешрафта ва инфрасохтори лабораторӣ таъмин гардад, малака ва захираҳои кадрии илмӣ таҳким ёбанд, қобилияти давлат барои посух ба таҳдидҳо ва тағйироти иқлим ва табиӣ қавитар гардад ва соҳаҳои стратегӣ, аз ҷумла захираҳои об, муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика ва биёрӯзгории табиат дастгирӣ ва ҳимоя шаванд. Ҳамаи ин ҳамкорӣ на танҳо муфид, балки барои рушди устувори кишварамон зарур мебошад.
Дар идома намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати экология ва муҳити зисти Чин баромад намуда, ҷузъиёти марҳалаи аввалини ҳамкориро ба таври муфассал муаррифӣ карданд. Онҳо натиҷаҳои амалӣ ва дастовардҳои марҳалаи аввалро, аз ҷумла таъсиси лабораторияҳои нав, татбиқи технологияҳои пешрафта, густариши инфрасохторҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нав дар соҳаҳои экологӣ ва гидроэнергетикӣ баён намуданд.
Ҳамзамон, имкониятҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои илмӣ ва технологӣ, аз ҷумла рушди захираҳои кадрӣ, тақвияти малакаҳои илмӣ, ҷорӣ намудани таҷҳизоти инноватсионӣ ва густариши таҳқиқоти муштарак барои рушди устувори иқтисод ва муҳити зист ба таври муфассал пешниҳод гардид.
ИШТИРОКИ МУШОВИРИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕХНОЛОГИЯҲО ВА ТАҶҲИЗОТИ ТОЗАКУНИИ ОБ – ЧИН (СИАН) 2025
Дар доираи сафари мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қодирзода Фарҳод Анвар, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳри Сиан, вохӯрӣ бо директори генералии Гуруҳи рушди хоҷагии оби музофоти Шэньсӣ баргузор гардид. Сафар бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар самти захираҳои об ва иштирок дар “Намоишгоҳи байналмилалии технологияҳо ва таҷҳизоти тозакунии об – Чин (Сиан) 2025” ба роҳ монда шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи тақвияти ҳамкорӣ миёни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва сохторҳои марбутаи Чин мубодилаи назар намуда, омодагии худро барои таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ иброз доштанд. Дар ҷараёни суҳбат инчунин масъалаҳои амалигардонии барномаҳои муштарак ва истифодаи таҷрибаи пешқадами чинӣ дар соҳаи тозакунии об баррасӣ гардиданд.



