Роғун- сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди тоҷику Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!
Эмомалӣ Раҳмон
Бо овардани чунин сухани пурҷилою таъсиркунанда ба руҳияи ҳар як фарди тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Роғун гуфта шудааст, бе муҳҳобо рисолати шаҳрвандии моро боз ҳам зиёда мегардонад. Ҳамин аст, ки мо як ҳайати кормандони АМИТ тасмим гирифтем то аз ин иншооти азими аср, кохи нур ва болотар аз ҳама як муҷизаи дили кӯҳ дидан намоем.
Дар ин сафар моро хотиротҳои хеле аҷиб ва ба ваҷдоварданда зиёд буд. Ҳайати моро яке аз кормандони кордону бо таҷрибаи ин иншоот ҳамроҳи намуда, аз мавзеъҳои асосӣ ва қисмати зиёди сохтмон дидан намудем. Аз роҳбарияти НОБ-и Роғунминнатпазир ҳастем, ки моро хуб қабул намуда, аз бисёр воқеиятҳо ва қиссаҳои Роғун моро огаҳ намуданд. Айни замон ба иттилои масъулони НБО-и Роғун зиёда аз 17 ҳазор нафар дар иншооти аср кору фаъолият доранд, ки 96 фисади кормандони асосии онро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекунанд.
Новобаста аз мушкилотҳои садироҳии сохтани НОБ-и Роғун дар минтақа ва ҷаҳон бо талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ, ҳамзамон тавлиди энергияи сабзи аз ҷихати экологӣ тоза дар минтақа, сохтмони НБО-и Роғун оғоз гардида, ду агрегати он дар як мудати кам ба кор дароварда шуд, ки қаддамҳои устуворро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат замина мегузорад. Таъкид намудан ба маврид аст, ки маҳз бунёди НБО-и «Роғун» метавонад дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат нақши калидиро ишғол намуда, сохтмони корхонаҳои азими саноатиро суръат бахшад, ҷойҳои нави кориро таъсис дода, ба беҳтаргардии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таъсири мусбӣ расонад, ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тақвияти мавқеи он дар сатҳи байналмиллалӣ мусоидат намояд.
Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз нигоҳи ба хеш хос Роғунро тавсиф, баҳогузорӣ ва ҳадафмандона медонад. Роғун васфнашаванда аст, зеро ҳамсоли ин иншоот дар дили кӯҳ будани қисматҳои асосии иншоот гувоҳи аз он медиҳад. Агар муҷизаҳоро дар рӯи замин ба ҳисоб гиранд, пас Роғун муҷизаи дили кӯҳ нотакрор аст.
Бузургиву шаҳомати НБО-и Роғун дар он аст, ки дилҳоро ба ваҷд меорад ва ору нанги милливу худшиносии моро тақвият мебахшад. Чунон, чи устод Аламхон Кӯчарзода мегуяд:
Дар синаи кӯҳ санг чу гавҳар гардад,
Хок аз ҳунари марди ҳунар зар гардад.
Аз хандаи барқи НОБ-и Роғун Ватанам
Рахшон шаваду ҷаҳон мунаввар гардад.
**********
Роғун, ба масал тоҷи сари мардонӣ,
Ҳам рамзи вафову ваҳдату паймонӣ.
Дар боби ватанхоҳию давлатдорӣ,
Ту дарди ҳазорсоларо дармонӣ.
Хулоса, бунёди НБО-и Роғун меваи даврони истиқлолият буда, ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кории неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона барои кишвари соҳибистиқлоли мо, инчунин ба рушди босуръати иқтисодӣ расидани Тоҷикистони азиз заҳмат кашида истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меоварад ва ҳамаи моро мебояд дар зери сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери шиори “Тоҷикистон ба пеш!” мутаҳид бошем.
Асомуддини Рамазони Каримзода корманди Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ
Маросими расмии супоридани таҷҳизоти муосири рентгени рақамӣ ба Маркази ҷумҳуриявии илмии Саратоншиносӣ
19 феврали соли 2025 дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии тақдими дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) баргузор гардид. Ин дастгоҳ бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсозии миллии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон мебошад, пешниҳод карда шуд.
Дар маросими тантанавӣ, муовини директор - Матин Ахмедов ва Олимҷон Азизов - мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба ҳайси ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллии АБНА, инчунин Акбарҷон Муродзода - сардухтури Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии Саратоншиносӣ" ва кормандони марказ ширкат варзиданд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ - Акбарҷон Муродзода, зимни тақдими таҷҳизот чунин изҳор дошт: «Солҳои охир бо мусоидати бевоситаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсозии миллии АБНА дар Тоҷикистон мебошад, ба Марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дастгоҳҳои замонавӣ тақдим гардида истодааст, ки онҳо ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, имкон медиҳад, ки ташхисро дар марҳилаи аввал муйаян намуда, ба табобати саривақтии беморони гирифтори саратон шуруъ намоем. Ҳамзамон он барои дар амал татбиқ намудани Барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди бемориҳои саратон саҳми назаррасро гузошта истодааст".
Илова бар ин, мутахассиси Марказ - Абубакр Насруллоев, ҷиҳати баланд бардоштани донишу малака давоми як сол дар Маркази миллии саратоншиносии шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба таҷрибаомӯзӣ рафта, айни замон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ фаъолияти худро дар самти ташхиси дақиқ ва саривақтии бемориҳои саратоншиносӣ ба роҳ мондааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бештари лоиҳаҳои АБНА ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани шарту шароити табобатӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисоси касбӣ ва талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани Марказҳои саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
Имрӯз (18.02.2025) Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеи ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд.
Дар мулоқот аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пешниҳод гардид, ки мо дар доираи ҳамкориҳо бо дастгирии Сафир метавонем дар пояи муассисаҳои олии Арабистони Саудӣ нимпайкараи яке аз шоирони форсу тоҷикро гузорем. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар оянда рӯйхати як зумра олимони муассисаҳои илмии Арабистони Саудӣ ба Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд то онҳо ба аъзои хориҷии академия ворид карда шаванд.
Дар идома ҷонибҳо барои амали сохтани як қатор корҳои муҳим, ки дар доираи созишномаҳо ба роҳ монда шудаанд ба мувоффиқа омаданд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки мо бояд ҳамкориҳои муштаракро миёни олимони муассисаҳои илмии ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, бо иштироки олимони тарафайн конфронс, симпозиюм ва мизҳои мудаввари сатҳи байналмилалӣ баргузор намоем.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки ҳоло ҷомеаи мо дар асри технологӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, бо дастгирии Сафир мо метавонем дар пояи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои омӯзиш ва таҳқиқоти ҳуши маснӯӣ як парки технологӣ бо истифода аз талаботҳои замонро таъсиси диҳем. Ҳамчунин зикр гардид, ки барои омӯзиши забони арабӣ дар пояи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Шуъбаи Шарқи миёна ва наздик фаъолият менамояд. Дар доираи ин мо метавонем барои ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба омӯзиши забони арабӣ корҳои муҳимро ба сомон расонем.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки бо дастгири сафир мо метавонем дар оянда асарҳои арзишманди шоирону мутафаккирони барҷастаи ду кишваро ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ тарҷума намоем.
Ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва маълумоти ҷолиб изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуд.
Таъкид дошт, ки имрӯз сатҳи муносибатҳо байни ду кишвар албатта зери сиёсати дӯстонаи роҳбарони олии ду кишвар бисёр дар сатҳи хуб қарор доранд. Албатта пешниҳодҳое, ки дар инҷо қайд гардиданд умедворем дар оянда барои беҳбудӣ ва густариши муносибатҳо мусоидат намуда, дар якҷоягӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем гашт.
Сипас, ҷаноби Сафир роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро таъкид дошта, қайд намуд, ки мо бояд барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳо созишномаҳоро ҳарчи зуддтар ба тавсиб расонида, тибқи он амал намоем. Зеро ягона маҳаки асосие, ки ба густариши ҳамкориҳо мусоидат менамояд ин имзои созишномаҳо мебошад.
Ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон қайд намуд, албатта шумо, ки як кохи илмии бузург ҳастед мо ҳамеша барои густариш додани ҳамкориҳои илмӣ умед ба Шумо мебандем ва барои ҳама гуна ҳамкориҳо омода ҳастем.
Дар доираи мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як дастгоҳи замонавӣ аз ширкати CISCO – NETWORK барои баргузор намудани конфронсу мулоқотҳо тариқи маҷозӣ тақдим карда шуд, ки рӯзҳои наздик дастрас гардонида шуда, аз ҷониби мутахассисони ширкати CISCO – NETWORK насб карда мешавад.
Имрӯз (18.02.2025) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Ба кори маҷлис президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз бахшид. Сипас, муовини директори Институти демография дар бораи омӯзиш, тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳизбҳои сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар рушду нумуъи тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мавқеи назаррасро соҳиб мебошад. Таъкид гардид, ки дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ интихобот аст ва мо олимон бояд дар тариғибу ташвиқи ин маъракаи муҳим саҳми арзишманд гузорем.
Таъкид гардид, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳайати худ корпуси олимони кишварро муттаҳид намудааст. Дар соли ҳисоботӣ кумита дар асоси сарчашмаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи сохтори ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монд.
Фаъолияти кумита дар доираи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», наи Оиннома ва Низомномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари муаззами хизб мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаласаҳои Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Точикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур роҳандозӣ шуда, як катор чорабиниҳоро дар амал татбиқ намуд.
Дар ин давра раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии зертобеъ дар якчанд самтҳо фаъолияти самарноку назаррасро ба роҳ монд, ки натиҷаи хуб ба бор овард. Дар доираи сиёсати маорифпарварона ва иҷтимоии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди маоши кормандони АМИТ 20 фоиз баланд бардошта шуд.
Ҳамчунин, дар арафаи иду ҷашнҳои милливу анъанавӣ аз ҷониби Раёсати КИИ "Хирадмандон" ба зиёда аз 300 нафар мандон кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои устувории мақоми ҳизб дар ҷомеа ва ҳамовозӣ пайдо кардани он аз шумораи аъзоёнаш бармеояд. Имрӯз аъзои Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон нисбатан зиёд буда, дар раванди афзоиш қарор дорад. Натиҷаи таҳлилҳои охирини оморӣ нишон медиҳад, ки дар айни замон Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» 420 нафар аъзо дора, аз ин шумора 200 нафар зан (47% аз шумораи умумии занон) мебошанд. Дар талабот натиҷаи фаъол гардидани масъулини ҳизбии кумита, махсусан тарғибу ташвиқи барнома ва оинномаи ҳизб ва ҳамчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон шумораи аъзои хизб дар афзоиш аст.
Дар давраи хисоботӣ нисбат ба масъалаи аъзо намудани кормандон сафи ҳизб бештар мароқ зоҳир гардид. Ҳамин буд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ 80 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб кабул карда шуд. Имрӯз дар маркази сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба тамоми қишрҳои ҷомеа қарор дорад. Махсусан, сиёсати гендерии Сарвари давлат имкон дод, ки нақши занон дар рушди босуботи ҷомеа афзояд. Дар партави ҳамин сиёсат раёсати КИИ "Хирадмандон" ҷиҳати боло бурдани мақоми зан-модар чораҳои мунтаззам ва таъсирбахшро дар амал татбиқ намуда истодааст.
17 феврали соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ Иксанов Тахир Гаделзянович мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналхалқии маданӣ Швидкой Михаил Ефимович, ҷонишини директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ Элвира Рафиқовна Доля ва дигарон иштирок доштанд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ (МФГС) изҳори андеша намуд.
Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти илмҳои гуманитарӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ мебошад. Ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои муштарак ҷонибҳо барои баргузор намудани Форуми XVIII зиёиёни эҷодкори давлатҳои узви ИДМ санаи 13-14 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба мувоффиқа расиданд.
Зикр гардид, ки форуми мазкур ба муносибати 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва инчунин бо мақсади Соли нахустини ҳифзи саломатӣ дар ИДМ, ки соли 2026 эълон мегардад ба нақша гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки дар доираи эълон гардидани Соли нахустини ҳифзи саломатӣ дар ИДМ соли 2026 ба табодули таҷриба, муҳокима ва банақшагирии ташаббусҳои муштараки бисёрҷониба дар соҳаи тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Маросими расмии супоридани дастгоҳи замонавии рентгени рақамӣ ба Маркази саратоншиносии вилояти Суғд
Ҳафтаи сипаригардида (15 феврали соли 2025) дар Маркази саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими расмии супоридани дастгоҳи замонавии ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) баргузор гардид. Дастгоҳ мазкур бо дастгирии бевоситаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳамоҳангсозии миллии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон аст, тақдим гардид.
Дар маросими тантанавӣ, академики АМИТ, Улмас Мирсаидов, муовини директор, Матин Ахмедов ва Олимҷон Азизов, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба ҳайси ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллии АБНА, инчунин Бахтиёр Орифов, сардухтур ва дигар мутахассисони касбии маркази саратоншиносӣ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Дастгохи рентгении замонавии такдимгардида имконият медихад, ки ташхиси саривақти ва дақиқи бемориро амалӣ созад. Истифодаи ин дастгоҳ дар Марказ ба беморон шароит фароҳам меоварад, ки ташхисро дар марҳилаҳои аввал муайян намуда ва табобати саривақти онро таъмин намояд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки мутахассиси ин Марказ - Муҳаммадҷон Юсупов ба мӯҳлати як сол дар Марказӣ миллии саратоншиносии шаҳри Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон таҷрибаомӯзӣ намуда, саҳми назарраси худро дар самти ташхиси дақиқи саривақтии бемориҳои саратоншиносӣ татбиқ намуда истодааст.
Бояд зикр намуд, ки бештари лоиҳаҳои АБНА ба рушди иқтидории хизматрасониҳои марказҳои саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
ИФТИТОҲИ УТОҚҲОИ ДАРСИИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САМАРҚАНД БА НОМИ ШАРОФ РАШИДОВ
14 феврали соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ду утоқи дарсии забон ва адабиёти тоҷик мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ин пас донишҷӯён метавонанд аз ин утоқҳои дарсӣ, ки бо шумораи зиёди китобҳои илмию бадеии бо забони тоҷикӣ нигошташуда, истифода намоянд. Ҳамзамон толибилмон имкон доранд, ки тавассути филмҳои ҳуҷҷатию таърихӣ оид ба тамаддун, фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ, либоси миллӣ ва ашёҳои рузгордории тоҷикон шинос шаванд.
Дар ороиш ва муҷаҳҳазгардонии утоқҳои болозикр, мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон саҳмгузор буда, аз фонди ёрирасони муассиса ба миқдори 27 адад ашёҳои таърихӣ, аз қабили китобҳои қадимаи дастнавису чопи сангӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ, мисгарӣ, кулолгарӣ, гулдузӣ ва зарфҳои армуғонӣ ба ин даргоҳ тариқи бебозгашт тақдим карда шуданд.
ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САМАРҚАНД БА НОМИ ШАРОФ РАШИДОВ
Дар доираи сафари корӣ меҳмонон ва иштирокчиёни Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "То тавони дӯстонро гум макун" аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ташриф оварданд.
Меҳмононро бо расму оини миллии суннатӣ ректори донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон қабул намуданд. Зимни суханрониҳо ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, профессори ДДС Ҷумъа Ҳамро оид ба равобити дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек, ифтитоҳи утоқҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик дар донишгоҳи мазкур аҳамият, дурнамо ва масъалаҳои ороиши илмию бадеии ин утоқҳо суханронӣ намуданд.
Таъкид гашт, ки иҷрои ин амал дар доираи сиёсати фарҳангии сарони ду давлатҳои дӯсту бародар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев беназир ҳастанд.
МАҲФИЛИ ФАРҲАНГИИ "ГАНҶИ СУХАН" БО ИШТИРОКИ ШОИРОНУ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД
Дар доираи сафари корӣ аҳли зиёи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳфили фарҳангии "Ганҷи сухан" иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти маҳфил аз ҷониби олимону шоирони тоҷику ӯзбек шеърҳо дар васфи Ватан, Модар, дӯстӣ, бародарӣ ва муҳаббат бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ қироат карда шуданд. Маҳфили "Ганҷи сухан" аз соли 2004 ин ҷониб баргузор гардида, нишасти 225-уми он бо ширкати муштараки шоирону нависандагони тоҷику ӯзбек дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид.
