Skip to main content

9 декабр – Рӯзи геологияи тоҷик

32Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи апрел дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рузи геологон таҷлил мегардид. Ҳануз соли 1966 геологони Шӯравӣ дар қисмати паси Байкал дар натиҷаи пешбурди корҳои геологӣ-иктишофӣ пармачоҳи аз захираи нафт бойро ошкор намуданд. Ин пармачоҳ нахустин коне буд, ки захираи бениҳоят зиёди “тиллои сиёҳ”- ро дошт. Ва маҳз, ин хизмати геологонро ба инобат гирифта, як гурӯҳ геологони варзидаи соҳа бо сарварии академик А.Л. Яншин ба унвонии собиқ Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС муроҷиате манзур доштанд, ки хизматҳои геологонро қадрдонӣ намуда, як рӯзро чун рӯзи касбии геологон қабул доранд. Ва хизматҳои бузургу шоёни геологони шӯравиро дар самти бунёди базаи минералӣ-ашёи ба инобат гирифта, Президиуми Шӯрои онвақтаи ИҶШС фармонеро аз 31 уми марти соли 1966 ба тавсиб расонид, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи апрел чун Иди касбии геологон қайд карда шавад.

Бояд зикр кард, ки беҳудамаҳз дар ин мавсими сол таҷлили намудани Рӯзи геологон ба миён наомадааст. Зеро, ин вақт оғози корҳои саҳроӣ баҳри геологон шурӯъ мегардад...

Дар кишвари мо ибтидо аз соли 2011 бо фармони махсуси Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон9-уми декабр ҳамасола Иди касбии геологон таҷлил карда мешавад. Ва дар ин мавсим низ таҷлил намудани Рӯзи геологон беҳуда нест. Зеро, маҳз ин мавсими сол хотимаёбии корҳои саҳроиву экспедитсионӣ барои геологон аст, ки эшон иҷроиши корҳои саҳроӣ, дастовардҳову комёбиҳо ва навгониҳои худро ҷамъбаст менамоянд. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Э. Раҳмон боназардошти фаъолияти пурсамари геологон таъкид низ карданд, ки бигзор геологон дар як сол ду рӯз Ид дошта бошанд.

Аз ин иқдому дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Э.Раҳмон геологони тоҷик илҳому неруи нав гирифта, кӯшишу заҳмат мекашанд, ки дар ошкор ва дарёфти конҳои нав ба нави канданиҳои фоиданок дар сарзамини кишвар пурмаҳсул ва содиқона заҳмат кашанд.

Дар ин самт кормандони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар партави иқдому дастгириҳои Сарвари давлатамон тамоми малакаву дониш ва кӯшишу ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки дар пешбурди соҳаи геология ва ғанӣ сохтани иқтисоди кишвар саҳми беандозаи худро гузоранд. Ва ба ин васила, дар соҳибистиқлолии соҳаи геология тоҷик ва иқтисоди кишвар саҳмгузор гарданд.

Ходимони илмии Институт дар ҳамкорӣ бо бо чандин корхонаву муассисаҳоисоҳавии кишвардар омӯзишу ошкор ва кашфи як зумра зуҳуроту конҳои кандании фоиданок саҳми худро гузошта истодаанд.

Геологони Экспедитсияи геологӣ-иктишофии сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар ҳамкорӣ бо ИГСЗТС АМИТ низ ба ин иқдомҳои некхоҳонаи Сарвари давлат, муҳтарам Э. Раҳмон дар канор наистода, дар пиёда намудани стратегияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геология барои солҳои 2016-2026, Барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиш ва баҳодиҳии захираҳои металлҳои нодиру камёфт барои солҳои2021-2030, Барномаи давлатии тараққиёти илм, технология ва инноватсия барои солҳои солҳои 2021-2030 гомҳои устувор мегузоранд.

Боис ба зикр аст, ки ҳамасола геологони тоҷик иди касбии хешро бо дастоварду натоиҷи назаррас истиқбол мегиранд. Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ тайи соли сипаригашта ба дастовардҳои беҳтарин ноил гардиданд. Олимони ҷавони ин даргоҳи илм бо дастгирии бевоситаи директори Институт, номзади илмҳои техникӣ Аминзода Пулод ба корҳои саҳроӣ сафарбар карда шуданд, ки натиҷаҳои хубтареро ба даст оварданд. Дар омӯзишичандин махзанҳои нафту газдори кишвар иштирок намуда, дар ошкор намудани як қатор зуҳуроти нави канданиҳои фоиданок бевосита иштирок ва саҳми хешро гузоштанд. Маҳз бо дастгирии бевоситаи директори Институт Аминзода Пулод соли ҷорӣ ҳайати кормандони илмии ин даргоҳи илм дар ҳамкорӣ бо олимони хориҷ ба мавзеъҳои гуногуни кишвар сафар намуда, дар омӯзиши сохти геологии онманотиқ ширкат варзиданд.

Месазад зикр намуд, ки имрӯзҳо Сарвари хирадманди мо Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи геологияитоҷик назари нек доштаву доим диққати махсус зоҳир менамоянд. Соҳаи геологияро яке аз соҳаҳои пешрафта ва созгори иқтисоди кишвар медонанд. Ҳамасола баҳри иҷроиши корҳои саҳроӣ ба соҳаи геология маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд, ки ин баҳри мо геологон дар гузаронидаи корҳои саҳроӣ ва дар омӯзишу ошкор ва иктишофи конҳои гуногуни канданиҳои фоиданок хело зарур ва муҳим аст.

Боиси зикр аст, ки дар ин самт ошкор ва дақиқ намудани зуҳуроти нави аметист дар мавзеъи Таги Камари ноҳияи Ғарм (қаторкӯҳи ҷанубии Қаротегин), зуҳуроти спфири Бағуши Боло (қаторкӯҳи Ишкошим) як дастоварди наву ҷолиби кормандони илмии Институт бо ҳамдастии геологони Экспедитсияи геологӣ-иктишофии сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ва бо ибтикори бевоситаи сарвари Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин зуҳуроти нави аметист ба муносибати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон “Истиқлол” номгузорӣ гашт.

Имрӯзҳо паёмҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Э. Раҳмонро кулли геологони кишвар сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки дар омӯзишу ошкор ва коркарди канданиҳои фоиданоки кишвар саҳми хешро гузоранад.

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки хизматҳову заҳматҳои геологони кишварро хуб дарк намуда, як зумра шоирону эҷодкорон дар васфи геологон суруду тарона эҷод кардаанд. Хоса,дар ин самт шоир ва муҳаққиқи тавонои миллат Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ хело хуб ва ҷолиб фармудаанд:

Роҳи мо аз байни кӯҳу дашту саҳро бигзарад,

Аз раҳу бероҳаҳо чун шӯхдарё бигзарад.

Дӯстам бар чашми кам бар роҳи мо манмо назар,

Роҳи мо ҳар як нафас бар нафъи фардо бигзарад..

Алӣ Муҳамадии Хуросонӣ дар ҷое мефармоянд:

...Оҳуи кӯҳӣ бубин, аз пайраҳи мо бигзарад...

Воҷеан, ҳам дуруст ва бо маврид қайд кардааст, шоир, ки он пайроҳае, ки геологон тай мекунанд, он ҷо ҳатто пойи оҳувон нарасидаст ва оҳувон аз пайи геологон пайроҳаҷӯйӣ мекунанд.

Дар фароварди нигоштаҳои худ мо кулли геологони кишварро бо ин иди касбиашон Рӯзи геологон табрик намуда, баҳри эшон бурдбориву комгорӣ хоста, дастовардҳои назаррасро таманно дорем.

Ф.Г.Ғафуров - мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси ИГСЗТС АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ