Skip to main content
Истиқлолият падидаи муҳими конститутсионӣ-ҳуқуқӣ буда, маҳз ба туфайли он соҳибихтиёрии миллӣ эълон гашта, шакли идораи давлатӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ муайян карда мешавад.

Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 онро ба даст овард, давраи нави ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллро асос бахшид. Ин давраи сифатан нави инкишофи қонунгузории ватанӣ буда, аз ҷумла, бо пойдор намудани падидаҳои нави судии кишвар, ки дар заминаи ҳокимияти судӣ адолатварзиро касб кардаанд, тобиши фарқкунанда дорад.

Дар бораи сифати давлатдории муосир андеша ронда, набояд фаромуш кард, ки он бо ҳокимияти судӣ дар робитаи мустаҳками ташкилӣ ва функсионалӣ қарор дорад. Қонунҳои давлатиро қабул намуда, мақомоти қонунгузор тартиботи ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар субъектонро ҷорӣ менамояд. Мақомоти иҷроия баҳри иҷроиши қонунҳо воқеан онҳоро амалӣ менамояд. Ҳокимияти судӣ вазифаи ҳифз намудани ин ҳуқуқҳоро тавассути назорат бурдан, ҷорӣ намудани қонуният, ҳал намудани баҳсҳо ва баровардани адолати судӣ иҷро менамояд. Дар натиҷа ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамеша барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат кушиш ба харҷ медиҳанд.

Маълум мегардад, ки ҳокимияти судӣ дар таъмин намудани адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад. Инро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали соҳибистиқлол гаштанаш рӯй ба такмили низоми судии кишвар оварда, то имрӯз алакай чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии кишварро қабул ва амалӣ гардонида истодааст.

Аҳамияти ин Барномаҳо дар он аст, ки барои такмил додани низоми судӣ ва ҷорӣ намудани падидаҳои нави он заминаҳои моддӣ, мурофиавӣ ва воқеъиро пойдор менамоянд. Масалан тибқи Нақшаи амалигардонии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2011, дар сохтори судҳои умумии ВМКБ, вилоятҳо, суди ш.Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани мушовараҳои судии махсусгардонидашудаи маъмурӣ ва оилавӣ дар назар дошта шуда буд ва он тибқи Нақшаи номбурда бо Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳо» соли 2010 амалӣ гардонида шуд. Ҳамин тариқ дар Тоҷикистон падидаҳои нави судӣ, яъне судҳои маъмурӣ ва судҳои оилавӣ ташкил карда шуд, ки ин низоми судии кишварро такмил дод.

Мақсад ва мароми таъсис додани падидаҳои номбурдаи судӣ аз такмил ва тақвият додани ҳокимияти судӣ, махсусгардонии онҳо ба намуд ва шакли мурофиавии пешбурди парвандаҳои ҳамном ва ба онҳо мувофиқ гардонидани баровардани адолати судиро дар назар дорад. Мутаассифона баррасии парвандаҳо дар судҳо аз асосҳои илмию назариявии амалияи эътирофшудаи қонунгузорӣ чанде дур рафтааст. Масалан, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии судҳои ВМКБ, судҳои вилоятӣ, ва ш.Душанбе бо баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаи дуюми судӣ, гузаронидани ҷамъбастиҳои судӣ бо чунин парвандаҳо машғул мебошад, ки ба таъиноти консептуалии судҳои маъмурӣ мувофиқ нест. Зеро аз ҷиҳати илмӣ бо тариқи докториналӣ асоснок карда шудааст, ки воҳидҳои судии махсусгардонидашуда, аз ҷумла судҳои маъмурӣ бояд парвандаҳоеро баррасӣ намоянд, ки баҳсҳо вобаста ба онҳо зимни муносибатҳои ҳуқуқи оммавӣ ба вуҷуд омадаанд. Баҳсҳои ҳуқуқи оммавӣ ин баҳсҳое мебошад, ки дар мавриди шикоят овардан аз санад, амал (беамалӣ)-и мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ ба миён омада ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро вайрон ё маҳдуд намудаанд. Асоси моддии ин намуди баҳсҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» (1996с), мод. 13 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шудааст. Тартиби мурофиавии баррасии ин парвандаҳо, хусусиятҳои мурофиавии хос доштани онҳо дар меъёрҳои зерфасли 3, бобҳои 22-23 КМГ ҶТ, фасли 3 боби 23 КМИ ҶТ ва дар боби 6-и КРМ ҶТ ҷой доранд.

Ногуфта намонад, ки дар давлатҳои Аврупо (Фаронса, Олмон ва ғ.) ва инчунин дар Қазоқистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун зерфасли ҳуқуқи ҷиноӣ (ҷазоӣ) баррасӣ карда мешавад ва ба тартиби баррасии баҳсҳои оммавӣ-ҳуқуқӣ ягон алоқамандие надорад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои ин намуди мурофиаи судӣ Кодекси махсуси рафтори ношоистаи маъмурӣ (административные проступки) қабул карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли 2013 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия ва қабул карда шудааст. Лекин ин кодекс тавассути қолаби замони шуравӣ тарҳрезӣ шуда, саҳван баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бештар ба мурофиаи гражданӣ шабоҳат додааст, ки ин ба андешаи мо начандон дуруст аст. Зеро мӯҳтавои ин қонун аз ҷазо додан (новобаста аз намудаи ҷазо: ҷарима ё ҳабси маъмурӣ) иборат мебошад, аз ҳамин лиҳоз вай бинобар хусусияти ҷазоӣ доштанаш бо тартиби пушбурди мурофиавии гражданӣ ҳеҷ алоқамандие надорад.

Падидаи тозабунёди судии замони истиқлолият адлияи ювеналӣ мебошад, ки бо ташаббусӣ Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд то соли 2017 дар кишварамон таъсис дода шавад.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо фармони Президенти кишвар аз 5 январи соли 2015 таҳти рақами №32 тасдиқ гардидааст, қайд карада шудааст, ки дар асоси тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин банди 13 Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015 таъсиси судҳои ювеналӣ пешбинӣ карда шудааст. Пайваста ба ин банди 11-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия ва Вазорати корҳои дохилии кишварро вазифадор намудааст, ки то соли 2017 масъалаҳои ташкил ва таъсиси судҳои ювеналиро мавриди омӯзиш қарор дода, дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

Аз ҷиҳати фаҳмиши умумибашарӣ дар зери мафҳуми адлияи ювеналӣ системаи муассиса ва ташкилотҳо фаҳмида мешаванд, ки барои пиёда намудани адолати судӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ҳиссагузоранд. Яъне ин ташкилоту муассисаҳо судӣ ва ғайрисудӣ-квазисудӣ шуда метавонанд, ки ба зиммаи онҳо тибқи қонун пешгири кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии ноболиғон, омода намудани парвандаҳои маъмурӣ,баррасии ин парвандаҳо, иҷроиши санад ва қарорҳо оидба ин парвандаҳо, ислоҳ намудан ва аз нав тарбия кардани ноболиғон гузошта шудааст.

Аз ҷиҳати луғавӣ адлияи ювеналӣ аз калимаи лотинӣ гирифта шуда juvenālis-наврасона, нболиғонаjūstitia-баровардани адолати судро ифода менамояд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ мафҳуми “адлияи ювеналӣ” ҳам бо мазмуни васеъ ва ҳам бо мазмуни маҳдуд пешниҳод карда мешавад. Масалан, тибқи ақидаи И.И.Мартинович адлияи ювеналиро дар замони муосир низоми муассисаҳо ва ташкилотҳои судӣ, полис (милитсия), прокуратура, адвокатураи ювеналӣ, айбдоркунандагони ҷамъиятӣ, хизмати равоншиносони касбӣ ва низоми муассисаҳои ислоҳӣ бояд ташкил диҳанд, ки бо ноболиғони ҳуқуқ-вайроннамуда ё ҷиноят содир карда дар асоси қонунгузориҳо, аз ҷумла қонунгузориҳои мурофиавӣ бо фаъолияти тарбиявию ислоҳкунӣ машғуланд.

Муаллифони лоиҳаи қонун “Дар бораи судҳои ювеналии Федератсияи Руссия” Э.Б.Мелникова ва Г.Н. Ветрова бар он ақида мебошанд, ки системаи адлияи ювеналӣ аз низоми мақомотҳои давлатӣ иборат мебошад, ки ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғонро таъмин менамоянд.

Гурӯҳи муаллифон бо сарварии В.Д.Ермаков, ки соли 1999 лоиҳаи қонун “Дар бораи асосҳои қонунгузории адлияи ювеналӣ дар Федератсияи Руссия”-ро таҳия намуда буданд, тасдиқ менамоянд, ки адлияи ювеналӣ аз маҷмӯи механизмҳои ҳуқуқии тиббӣ-иҷтимоӣ, равоншиносӣ-педогогӣ, ислоҳкунандагӣ (реабилитатсионӣ) ва дигар расмиётҳо ва барномаҳое, ки барои пурра таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон, инчунин шахсоне, ки ба тарбияи ноболиғ масъуланд ва тавассути мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ амалӣ менамоянд, иборат мебошанд.

Дар лоиҳаи номбурда ба падидаи адлияи ювеналӣ ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, судҳои ювеналӣ бо сохторҳои ёрирасон (маслиҳатхонаҳои ҳуқуқи кӯдак – адвокатҳо бо корҳои ноболиғон, таҳқиқ ва тафтишоти ювеналӣ), кормандони ҳифзи иҷтимоӣ (комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти васӣ ва парасторӣ, телефонҳои боварӣ, оилаҳои кӯдакро қабул намуда, муассисаҳои ҳуқуқҳимоякунии ҷамъиятӣ ва дигарҳо) ворид карда шудаанд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки мавқеи марказиро дар низоми муасисаҳои ювеналӣ судҳои ювеналӣ ташкил медиҳанд, онҳо дар доираи салоҳиятҳояшон парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва гражданиро, ки яке аз тарафҳои онро ноболиғон ташкил медиҳанд, баррасӣ менамоянд. Вазифаҳои асосии ин муассиса ва ташкилотҳо, аз ҷумла суди ювеналӣ, аз ҳимоя намудани ҳуқуқи наврасон, ноболиғон ва ислоҳ намудани онҳо иборат мебошад.

Бояд тазакур дод, ки дар қонунгузории имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми адлияи ювеналӣ дода нашудааст, ҳамчунин қонуни махсус дар бораи адлияи ювенали коркард ва қабул нагаштааст. Иқдоми аввалин дар кори таъсис додани адлияи ювеналӣ дар Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқии дар боло номбурда оварада шудаст.Муҳимияти адлияи ювеналиро ба назар гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кори таъсиси ин падидаи ҳуқуқӣ нисбат ба дигар давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, чанд қадам пеш гузошт ва бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсисдода шавад.

Асосҳои ташкилию-ҳуқуқии адлияи ювеналӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузориҳои дигар, аз ҷумла дар Кодекси оилаи ҶТ, Кодекси ҷиноятии ҶТ, Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶТ, Кодекси иҷрои ҷазои ҶТ, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи сисёсати ҷавонон”, “Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзими худро ёфтаанд.

Дар моддаи 2 и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” аз 18 марти соли 2015, №1196 қайд карда шудааст, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати таъмин ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои кӯдаконро пеш гирифта, аз ҷумла баҳри таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон чораҳои роҳ надодан ба поймолкуниионҳо, таҳкими кафолатҳои асосии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, барқарор кардани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳоро андешида, ташаккули асосҳои ҳуқуқии манфиатҳои қонунии кӯдаконро кафолат медиҳад.(м.3)

Баҳри амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак самтҳои афзалиятнок муқарар карда шудааст, ки аз ҷумла инҳо мебошанд: муқаррар намудани ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; дастгирии давлатии оила бо мақсади тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдак, ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ, омода намудани кӯдакба зиндагии шоиста дар ҷомеа; эътирофи афзалияти ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, бо мақсади таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо; роҳ надодан ба табъизи кӯдакон, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, динӣ, забонӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва молумулкӣ, вазъи саломатӣ ва дигар аломатҳо; дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдаконро ҳифз менамоянд.

Барномаи ислоҳоти судӣ ҳуқуқии кишвар барои солҳои 2015-2017 дар Тоҷикистон таъсис додани судҳои ювеналиро ба нақша гирифтааст, ҳамзамон дар ин раванд, бо мақсади таъмини адолат нисбати ноболиғон, ҳаматарафа таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, дар рафти таҳқиқ ва тафтишфароҳам овардани муҳити солим ба ноболиғон, инчунин баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар суд, муайян намудани судяҳои баррасикунандаи парвандаҳо оид ба хуқуқвайронкунии ноболиғон дар ҳайати судҳои амалкунанда ва такмили қонунгузорӣ, аз ҷумла такмил додани қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад ҳисобида шудааст.

Доир ба ин иқдоми нек ибрози назар намуда, дар он андешаем, ки баҳри таъсис додани системаи мустақили адлияи ювеналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, хусусан аз натиҷаҳои таҷрибаи вилоятҳои Ростов, Саратов, Маскав, Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия истифода намуда, ба сифати намуна дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ судҳои ноболиғон таъсис дода вобаста аз натиҷаҳои ба даст овардаи фаъолияти дусолаи ин судҳо дар кори ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таъсиси системаи мустақили судҳои ноболиғон ё дар сохтори судҳои умумӣ таъсисдодани воҳидҳои судӣ оид ба корҳои ноболиғон ба мақсад мувофиқтар аст. Ҳамчунин баҳри ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқ намудани шакл ва сифати судҳои ноболиғон омӯхтани таҷрибаи давлатҳои Украина, Гурҷистон, Қазоқистон, Эрон ва Туркия барои аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани ин падида аз манфиат холӣ намебошад.

Иброҳимов С.И. – сарходими илмии шуъбаи Ҳуқуқи давлатии

ИФСҲ АМИТ, доктори илмоҳи ҳуқуқшиносӣ, профессор