Skip to main content

(Ба ифтихори зодрӯзи узви вобастаи АМИТ, профессор шодравон Очилбой Усмонов)

Ҳар инсон бо андешаву гуфтор ва кирдори хоси худ як олами беҳудуду нотакрорест. Дар маънавиёт ва фарҳанги миллии мо аз қадимулаём эттироф шуда, ки бунёди инсонҳои фозилу соҳибхирад пиндору гуфтор ва кирдори нек аст.

Маҳз аз рӯи ҳамин меъёрҳои шинохти инсон ба рӯзғори олими донишманд, яке аз ҳуқуқшиносони машҳури тоҷик, узви вобастаи Академияи Улуми Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумхурӣ, собиқ мудири кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллӣ, профессор Очилбой Усмонович Усмонов назар афканем, бегумон он касро ба зумраи шахсиятҳое метавон дохил кард, ки ба куллаи камолот расидаанд, сазовори бахти баланди олимиву инсонӣ гардида, муҳимтар аз ҳама қарзи шаҳрвандии хешро дар ҷомеа адо кардаанд. Аз 76 соли умри пурбаракати Очилбой Усмонов 56 солаш сарфи омӯзишу таҳқиқ ва тарбияи шогирдони ҳуқуқшинос шудааст. Натиҷааш ин аст, ки ҳазорҳо нафар хатмкунандагони факултети ҳуқуқ, ки имрӯзҳо паи коранд, бо меҳру ифтихор аз устод ном мебаранд. Дар соҳаи тадқиқоти илмӣ он қадар заҳматҳое кашидаст, ки имрӯз хамчун яке аз поягузорони илми ҳуқуқи мадании Точикистон эьтироф мекунанд. Паҳлӯи дигари зиндагии олимонаи устод-эҷоди қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ, таҳлилу муоинаи онҳо, ҳамкорӣ бо муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ, тарғибу ташвиқи қонун ба аҳолист. Китоби зиндагии устоди арчманд Очилбой Усмонов пуропур аз саҳифаҳои ибратбахшу рангин аст. Он кас 31 августи соли 1930 дар деҳаи Кистақӯзи ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд чашм ба олами равшан кушодаанд. Волидонаш аз мардуми деҳқон буда, орзуи он доштанд, ки фарзандонашон соҳиби хату саводи баланд бошанд. Очилбойи наврас аз хурдсолӣ ба донишомӯзиву мутолиа ва афкору таҳлили мустақилона, ба дидаҳову шунидаҳо рағбату шавқ дошт. Ба омӯзиши улуми иҷтимой таваҷуҳи зиедтаре мепарварид ва ҳамин гуна завқ ӯро соли 1950 ба остонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе овард. Ҳамин тавр, аз соли 1950 то соли 1955 Очилбой Усмонов машғули дарс ва ҳамзамон омӯзишу таҳиқ буд. Натиҷаи бо ҷидду чаҳд ва саьйю кӯшишҳои ибратбахш тахил карданаш ҳамин шуд, ки ба ӯ дипломи аълоро сазовор дониста, барои минбаъд дар факултет ҳамчун муаллим монданаш таклиф намуданд.

Дар ибтидо ӯро ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва протсес пазируфтанд, ки он айём кафедраи мазкур баъд аз кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ (нахустин сарвараш В. Г. Гранберг) дуввумин кафедра ба ҳисоб мерафт ва соли дуюми мавҷудияташро аз сар мегузаронид. Аз ин ҷиҳат, агар устод Усмонов яке аз поягузорони кафедра ва бунёдгузорони илми ҳуқуқи граждании ватани эътироф кунем, саҳве нахоҳад шуд. Устод фатолияти илмии хешро зери роҳбарии мудири ҳамонвақтаи кафедра, ходими шоистаи илии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор Виталий Ильич Коретский оғоз карда буданд.

Очилбой Усмонов дар мавзӯи «Шартномаи хариду фуруши чакана дар системаи савдои давлатӣ (аз руи маводи ҶШС Тоҷикистон)» таҳти сарварии профессор В. И. Коретский рисолаи номзадӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми ҳуқуқ ҳимоя мекунад. Бади як соли ҳимояи рисолаи номзадӣ китоби худро таҳти унвони «Шартномаи хариду фуруши чакана ва умуман» ба табь мерасонад. Даҳ соли баьди химоя бар он О. У. Усмонов солҳои имтиҳони ҷиддӣ барои гузаштан ба шаҳроҳи илм ва пайдо кардани макоми ҷиддӣ миёни олимони варзидаи соҳа ба шумор мерафт, ки он кас аз чунин имтиҳон бо сари баланд тавассути заҳмати пайваста, кушишҳои мунтазам ва ҷаҳду талошҳои самимона гузаштанд. Ҳамин гуна оботкориҳояш буд, ки соли 1972 (баъд аз В. И. Коретский ва Е. М. Яковлева) роҳбарии кафедраи ҳуқуқи гражданиро ба ӯҳдаи ӯ гузоштанд.

Аз моҳи сентябри соли 1975 то сентябри соли 1981 Очилбой Усмонович факултети ҳуқуқро сарварӣ кардаанд. Давраи роҳбарии ин марди пуркор ба давраи эҳёи илмии факултет ва оғози дигаргуниҳои сохторӣ ва сифатӣ рост омад. Аз як тараф, инкишофи босуръати илми ҳуқуқи гражданӣ, афоиши доираи тадқиқот ва проблематикаи он аз суи дигар ба камол расидани як зумра олимони соҳаи мазкур боиси он шуд, ки дар охири солҳои 70-ум кафедраи ҳуқуқи граждани ва протсес ба ду тахассусгоҳи мустақил - ҳуқуқи гражданӣ ва ҳуқуқи меҳнатию қонунгузории хоҷагӣ тақсим гардид. Дар ин марҳила таваҷҷӯҳи роҳбари факултет ба густариши робитаҳои илмӣ бо марказҳои бонуфузи илмии Маскаву Ленинград, Тошканду Алм-Ато, Томск ва хориҷ аз марзи кишвар равона буд. Устод хеле хуб дарк, мекарданд, ки бе устувор сохтани пояи илмии факултет, ташкили фанҳои нави таълимӣ ва ҷалб намудани ихтисосмандони соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ истиқлоли воқеии факултетро ҳамчун маркази илму таълими ҳуқуқ таъмин кардан ғайриимкон аст. Бо вуҷуди пуркорӣ дар соҳаи идоракунии факултет, ҳаллу фасли масалаҳои ташкиливу идоравӣ ва муносибат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Очилбой Усмонов муаллифи асарҳои илмию тадқиқотӣ, мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ буданд. Маҳз дар давраи роҳбари факултети ҳуқуқ буданашон (1975-1981) маҳсули қалами он касро 35 номгӯйи корҳои илмиву тадқиқоти ташкил медиҳад, ки миёни онҳо рисолаҳои пурмӯҳтавои «Таърихи пайдоиш ва инкишофи қонунгузории граждани дар Тоҷикистон дар давраи сохтмони сотсиализм», «Конститутсияи СССР оид ба ҳуқуқи конститутсионии гражданинҳо ба манзил», «Роли ҳуқуқи оилавии советӣ дар мустаҳкам гардонидани муносибатҳои оилавӣ» мавқеи муҳим доранд.

Гуфтан чоиз аст, ки устод бо олимони машҳури Русия, Қазоқистон, ИМА, Ӯзбекистон, Украина, Белорусия, Англия робитаҳои илмӣ дошта, пайваста ҳамкорӣ менамуданд. Олимони намоёни ҳуқуқи гражданӣ - профессорон Халфина Р. О., Рясентсев В. А., Мозолин В. П., Суханов Е. М., Кабалкин Г., Масевич М. Г., Толстой Ю., С. Калмыков Х., Басин. Г., Рахмонкулов Х. Р., Зокиров И. Б., Ойгензихт В. А. ва даҳҳо дигарон бо устод Усмонов ҳамкории илмӣ дошта, ӯро ҳамчун муҳаққиқи намоёни илми ҳуқуқи гражданӣ этироф намудаанд.

Як зумраи дигари таълифоти илмии ҳамин давра ба таҳлили Кодекси гражданӣ, лоиҳаи Конститутсияи нав, такмили қонунгузории манзилӣ, мулоҳизаҳо дар атрофи лоиҳаи қонун оид ба коллективи меҳнатӣ, шартномаи иҷораи манзил, як силсилаи мақолаҳо ба ҷилди ҷашни Энсиклопедияи тоҷик (оид ба Кодексҳои гражданӣ, оилаву никоҳ, оид ба меҳнат, оид ба манзил) бахшида шудаанд. Солҳои 70-ум Очилбой Усмонович ба омӯзиши таҳқиқи таърихи пайдоиш ва ташаккули институтҳои асосии ҳуқуқи граждани дар Тоҷикистон машғул шуда, алоқамандона бо натиҷаҳои тадқиқот як силсилаи мақолаҳои илмӣ оид ба хусусиятҳои Кодекси гражданӣ ва заминаҳой бавуҷудоии он таълиф кардааст. Мавзуи мазкур аз мавзуьҳои марказии эҷодиёти илмии мавсуф ба шумор меравад. Нахустин мақолаи дар ин мавзӯъ навиштаи устод «Баъзе мулоҳизаҳо оид ба лоиҳаи Кодекси граждании ЧШС Тоҷикистон» унвон дошта, дар таърихи 13 июни соли 1959 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба табь расидааст.

Талифоти баъдинаи ӯ «Кодекси нави гражданӣ ва мурофиавии граждании ҶШС Тоҷикистон», «Оид ба масъалаҳои ҳуқуқи граждании Тоҷикистон», «Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи граждании Тоҷикистони то инқилобӣ», «Оид ба масъалаҳои инкишофи институти ҳуқукқи моликият дар Тоҷикистони Шимолӣ», рисолаи илмии «Пайдоиши ҳуқуқи граждании советӣ дар Тоҷикистон» (Ирфон, 1973), рисолаи илмии «Хусусиятҳои пайдоиш ва инкишофи институтҳои асосии ҳуқуқи граждании советӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, 1974), хулоса, беш аз 14 мақолаи илмӣ ва ду рисолаи алоҳида (тули солҳой 1959-1974) ҳамчун заминаи боэьтимоди маҷмуи ақидаҳои илман устуворшуда бар он ҳимояи рисолаи илмии доктори илми ҳуқуқ хизмат кардаанд. Диссертатсияи доктории устод таҳти унвони «Таърихи пайдоиш ва инкишофи қонунгузории гражданӣ дар ҶШС Тоҷикистон» ҳанӯз соли 1975 таълиф гардида, бавди ду сол бомуваффақият ҳимоя карда шуд. Соли 1979 дотсент Очилбой Усмоновро бо унвони илмии профессори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ мушарраф донистанд. Вокеан, аз миёни профессорони ҳуқуқи ҷумҳурӣ у пуртаҷрибатарин шахсиятест, ки 24 сол дар вазифаи пурмасъул мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ идои вазифа карданд. Таҳти роҳбарии устод Усмонов кафедраи мазкур хеле тараққи ёфта, пояи илмиву таълимии он устувор шудааст. Дарвоқеъ, Очилбой Усмонович ба аҳли кафедра ҳаққи устодии бевосита доранд, муҳити озоду пурмасьулияти кору эчодро фароҳам оварда; барои ҷалб кардани қувваҳои тозаи илмӣ ғамхориҳо зоҳхир менамуданд. Доктори илми ҳуқуқ, профессор М. Менглиев, доктори илми ҳуқук, профессор Тағойназаров Ш. Т., дотсент Чабборов Р. Ч. аз машварату маслиҳатҳои устод О. У. Усмонов баҳраманд шуда, ба унвонҳои баланди илмӣ мушарраф гардидаанд.

Боиси ифтихори устод аст, ки дар радифи шогирдони собик Л. Ш. Махмудова, С. Р. Рахмонов, Муртазоқулов низ таҳти роҳбарии устод ба дифои рисолаи номзадӣ ноил шуданд ва ассистентони дигар Н. Бахриева, Б. Шомахмадов низ рисолаи илмии худро дифоъ намуданд. Бо ифтихор мебояд арз кунам, ки банда низ таҳти роҳбарии ин олими маруф рисолаи номзадии худро ҳимоя намудам бо машварату маслиҳат ва накӯкориҳои наҷибонаи устод соли 1998 ба дифоӣ рисолаи докторӣ ноил шудам. Ва аз ин шахсияти бузург ва олими нотакрор ҳамеша сипосгузорам. Эҷодиёти илмии солҳои 80-90-уми Очилбой Усмоновро давраи камолоти илмии у номем, хатое нахоҳад шуд. Дар ин ду даҳсола қудрати олимии устод дубора таҷдид ёфта, баракати тадқиқоташ ду баробар афзоиш дидааст. Зиёда аз ин, ӯ дар ин марҳила ба воситаи масъалагузориҳо самтҳои нави ҷустуҷӯҳои илмиро ба муҳаққиқон намудор мекунад, паи ҳам ба навиштани мақолаҳои илмӣ мепардозад, рисолаҳо менависад. Тули ду даҳсола маҳсули қалами Очилбой Усмоновро 87-номгуйи асарҳои илмӣ, илми-оммавӣ ва маколаҳои публисистӣ ташкил додаанд. Дар ин марҳила самти асосии фаволияти илмии устод масьалаҳои назариву амалии таҳкими қонунгузорӣ оид ба манзил аст. Дар ин мавзуь 12 номгуй асарҳои олӣ офаридааст, ки 5-тои он аз китобҳои алоҳида иборатанд, чунончӣ, рисолаҳои «Ҳуқуқи конститутсионии гражданинҳо ба манзил», «Сохтмони хонаҳои кооперативӣ дар ҶШС Тоҷикистон» (бо ҳамқаламии С. Р. Раҳмонов), «Саволу ҷавоб оид ба ҳуқуқи манзилии шаҳрвандон» (бо ҳамқаламии О. О. Усмонов, Н. Х. Хувайдуллосв), «Ҳуқуқи манзилии шаҳрвандон» ва ғайра.

Самти дигари таҳлифоти илмии Очилбой Усмоновро дар ин марҳила масъалаҳои хукукии оилаву никоҳ, баррасии амиқи қонунгузорӣ оид ба оилаву никоҳ аст. Дар ии ҷода рисолаҳои ӯ «Роли ҳуқуқи оила дар мустаҳкам гардонидани муносибатҳои оилавӣ», «Ба ҷавонон дар бораи ҳуқуқи оилавии советӣ» (бо ҳамдастии Т. Азизова), «Оила дар паноҳи давлат», «Никоҳ, оила, ахлоқ ва қонун» дар рушду такомули ҳуқуқи оилавӣ ва масоили ҳуқуқии оилаву никоҳ аҳамияти ҷиддӣ доранд. Самараи ҷустуҷӯҳои устод дар бобати ҳуқуқи оилави тавлифи китоби дарсии ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1994) буд, ки дар эҷоди он ба ифтихор ҳаммуаллифи ин китобро доштам. Бояд таъкид кард, ки китоби дарсӣ аз нахустии воситаҳои таълим барои донишҷӯёни бахши ҳуқуқ бо забони давлати ба шумор меравад. Як бахши навиштаҳои илмии О. У. Усмонов ба масъалаҳои умумии назарияи ҳуқуқ таалук дошта, бештари онҳо дар маҷаллаҳои марказии Маскаву Ленинград, Таллину Свердловск ва Тошканд ба табь расидаанд.

Яке аз онҳо рисолаи «От феодализма к социализму» ном дошта, дар чопхонаи «Прогресс» соли 1986 нашр шудааст.

Бо мақсади таблиғи дониши ҳуқуқи, ба хонандаи умум, аз ҷумла ба донишҷӯен пешниҳод кардани маводи дарсӣ роҳбарияти факултети ҳуқуқ тасмим гирифта буд, ки китоби алоҳидае бо иштироки устодони факултет ба нашр диҳад. Соли 1999 ин китоб таҳти унвони «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон» бо кӯмаки молиявии созмонҳои байналхалқӣ ба чоп расид, ки сармуҳарририи онро Очилбой Усмонов ба ӯҳда доштанд.

Ҳамин тариқ, осори таълимӣ, методиву тадқиқотии профессор Очилбой Усмоновичро ба 200 номгуй расидааст. Ин қалами бузург гувоҳи он аст, ки устод як фарди тавоно дар соҳаи илму таҳқиқ, омӯзгори пуртаҷрибаву ҳунарманд дар соҳаи тадриси илмҳои ҳуқуқӣ ва як шахсияти фаъоли иҷтимоӣ дар соҳаи тартибу ташвиқи конун мебошад.

Заҳматҳои илмии устодро 8 июни соли 1997 қадршиносӣ карданд. Он рӯз Очилбой Усмонов узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси ҳуқуқи гражданӣ интихоб гардиданд.

Фаъолияти иҷтимоии Очилбой Усмоновро хеле серсоҳа буда, тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҳуқуқии кишварро фаро мегирад. Ҳамчун назариётчии тавонои ҳуқуқи граждании ӯро соли 1990 ба ҳайати Кумитаи назорати конститутсионии собиқ Иттиҳод пазируфта буданд. Устодро узви гурӯҳи корӣ оид ба коркарди Кодекси граждании моделӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ интихоб намуда буданд. Алҳол профессор О. У. Усмоновро роҳбари гурӯҳи кории назди Президенти ҶТ оид ба коркарди лоиҳа Кодекси граждании Ҷумхурии Тоҷикистон, узви комиссияи экспертии Маҷлиси Олӣ аз рӯй лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ, узви Шурои илмии ДДМТ, ҷонишини раиси Шуро махсуси ҳимояи рисолаҳои номзадии назди ДДМТ, узви Шурои илмию машваратии Назди Суди Олии ҶТ, сармуҳаррири маҷаллаи «Давлат ва ҳуқуқ» («Государство право»), ҷонишини сармуҳаррири маҷалаи «Ахбори АУ Ҷумурии Тоҷикистон» (серияи фалсафа ва ҳуқуқ) буданд. Албатта, ин миқдор вазифаҳои ҷамъятӣ ба ӯҳдаи як нафар баробари қудрати баланди илмӣ, донишу марифат, ичунии эҳсоси масъулият назди миллат, халқу Ватан ва муҳаббати беандоза ба касбу ихтисосро тақозо мекунад, ки вучуди Очилбой Усмонович аз ии гуна хислатҳои волои маънавӣ саршор аст...

Хоксорӣ, дили софу бекина, ошкорбаёнӣ, сахтгирӣ дар ҷабҳаи илм, ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамкорону шогирдон аз фазилатҳои хоси шахсияти устод ба ҳисоб мерафт. Устод Очилбой Усмонов кӯшиш ба он мекарданд, ки пеши амалҳои зиштро бигиранд, некиро ривоҷ бахшанд. Дар симои инсон аз ҳама одамият, донишу маърифат ва ахлоқро медиданду баҳо медоданд. Маҳз ҳамин гуна покизагии хулқу атвор буд, ки зиндагии хонаводагияш низ барои дигарон намуна буд.

Фаъолияти нимасраи илмиву омӯзгорӣ ва иҷтимоии Очилбой Усмонов аз ҷониби роҳбарияти ҷумҳурӣ қадршиносӣ гаштааст. Устод бо 21 номгуй мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаҳо, нишоту медалҳо ва унвонҳои фахрӣ сазовор шудаанд. Барои хизматҳои шоён дар инкишофи илми ҳуқуқ ва тайёр кардани мухассисон 29 марти соли 1991 О. У. Усмонов бо фармони Президенти ҶТ бо унвони ифтихории «Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ», бо фармони дигари сарвари давлат аз 31 августи соли 1996 бо унвони фахрии «Ходими шоистаи илми ҶТ» сарфароз гардонда шудаанд. Очилбой Усмонов ба ман ва ҳазорҳо нафар ҳуқуқшиносони дигар ҳаққи устодиву мураббигӣ доранд ва ёди устод ҳамеша боқист.

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА,

академики АМИТ, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон