Skip to main content

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои хеш ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ва бонувон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҷиҳати фарқкунандаи ин иқдом аз он иборат аст, ки масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва бонувон бо барномарезиҳои пай дар пай бо ҳар як ҳадафҳои таъиншудаи воқеиву саривақтӣ таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси сиёсати имрӯзаи Ҷаноби Олӣ қарор гирифтааст. Имрӯз, агар ба ин масъала нигоҳи амиқ намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки бо натиҷа ва самараи ин ҳадафҳои воқеӣ занон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа сарбаландона кору фаъолият намуда, мақоми арзандаро соҳиб гаштаанд. Нақши занонро на танҳо дар таълиму тарбияи фарзанд, балки дар ҳама самтҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Чунончи нақши занҳо дар рушду нумӯи илми пиряхшиносӣ низ саҳми хоса доранд.

Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои болоравии мақоми онҳо дар ҷомеа тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ кард. Бахшида ба ин масъала Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои баланд бардоштани саҳми занон дар соҳаи илми пиряхшиносӣ Анҷумани занҳои пиряхшинос таъсис дод.

Дар асрҳои гузашта саҳми занон дар илми криосфера аксар вақт нодида гирифта мешуд. Дар даврони истиқлолият бошад занон ва бонувон тавонистанд ба соҳаи илми криосфера ворид шуда, нақши муҳими хешро ҷиҳати омӯзиш ва мониторинги пиряхҳои кишварамон гузоранд.

Бонувони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон айни ҳол дар баробари мардон дар экспедидсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона дошта, то баландиҳои 4000 – 5000 км таҳқиқоти илмӣ гузаронида, дар чорабиниҳо ва конфронсҳои самти пиряхшиносӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Инчунин дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавассути барномаҳои гуногун ва тариқи зондиронии фосилавӣ дар пиряхҳо тадқиқотҳои илмӣ гузаронида истодаанд. Бонувони ин марказ дар Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитария обҳои аз пирях ҷудошударо аз озмоиш гузаронида, маълумоти дақиқи илмиро барои аҳли илм пешниҳод менамоянд.

Воқеъан илми пиряхшиносӣ соҳаи ҷолиб буда, пиряхҳо манбаъи асосии оби ширин дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст. Ҳамаи ин дастовардҳо меваи даврони истиқлол ба ҳисбо рафта, дар зери ливои Ваҳдати миллӣ такмил меёбанд.

Камолова Дилбар - ходими илмии Маркази Омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон