Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии тамоми тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Зеро дар Паём сараввал натиҷаҳои фаъолияти солонаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар мавриди ироа шуда, дар заминаи он стратегия ва самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда муайян карда мешавад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеъ ва нақши муосири ҷавонон дар пешбурди сиёсати босуботи Ҳукумати кишвар ва рушди устувории он ишора намуда, масъулини сохтору мақомоти соҳаҳои марбутаи кишварро ҷиҳати аз нав таҳрир намудани барномаҳои давлатӣ, ки барои ҳифзи минбаъдаи манфиати ҷавонон равона карда шудаанд, вазифадор намуданд.
Ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари аввали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон он аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши муҳим мебозанд.
Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар қайд гардидааст: «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошад ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дўст медорад ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҷавонон нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошад, ки татбиқи самараоварандаи сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст.
Дар замони Истиқлолият ташаккули давлати ҳукуқбунёд ба ҳайси ҳадафи муҳимтарини дигаргуниҳои куллии пайгирона дар Тоҷикистон идома ёфта, раванди амалигардонии ин ҳадаф дар ҷомеаи муосири тоҷикон ба густариши низоми сиёсӣ-ҳуқуқии он дар матнҳои бунёдии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шакли муайян даровардаву таҳким бахшида шуда, ба пешрафти маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъсир гузошт.
Дар солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди Конститутсия, кодексҳо ва қонунҳо зоҳир мегарданд. Маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ шуданд.
Албатта тарбияи ватандўстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз соли 1995 барномае қабул намуд, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ буд. Аз ин лиҳоз бо назардошти тақвият бахшидани ин ҷода дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастиии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005» қабул шуд, ки бо иҷрои он якчанд корҳои судманд дар ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумат дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва грантҳои ҳукуматӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Самти фаъолият дар ин масъала дар паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд. Тавре, ки сарвари давлат таъкид намуданд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд».
Аз ин лиҳоз қабули барномаҳо ва амалӣ намудани он бетарафии ҷомеаро нисбат ба тақдири ҷавонон рафъ намуда, масъулияти онҳоро дар пешрафти шукуфоии мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар гардонид.
Дар шароити дигаргунсозии ҷаҳонӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон аст. Вобаста аз оне, ки қувваи асосии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, муайян намудани асосҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба онҳо мувофиқи мақсад аст.
Яке аз чунин афзалият ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Зарурати ташаккули ин сиёсат дар Тоҷикистон асосан баъд аз соҳибистиқлолӣ тақозои замон маҳсуб мешавад. Дар мадди аввал қарор додани инсон ва захираҳои инсонии давлат хусусияти хоси ин сиёсат маҳсуб мешавад. Қариб 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро насли ҷавон ташкил медиҳад ва татбиқи ин сиёсат дорои аҳаммияти бузург аст.
Мутаасифона вуҷуд доштани омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ҳаёти ҷамъиятиро халалдор сохта, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид менамоянд.
Вобаста ба ҳамин масъала Пешвои миллат дар Паёми имсола чунин ибрози андеша намуданд. « Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».
Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти сиёсии мамлакат дар ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрўзҳо ба масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Яъне истифодаи технологияҳои иттилоотӣ аз як тараф тақозои замон буда, рушди иқтидори технологиву иттилоотии мамлакатро таъмин менамояд, аз тараф дигар, истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотӣ ба мақсадҳои ғаразнок, паҳн намудани маводҳои номатлуб, мубодилаи иттилоот дар хусуси фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин ташкилот ба мафкура ва ҳаёти минбаъдаи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон дар ин шароит аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, дар ин самт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандустии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор барномаҳои дигар таҳия ва амалӣ гардиданд. Мақсади асосии қабули ин барномаҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рўҳияи худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таҳмин намудани ҳуқуқҳо ва тащаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Бо такя ба андешаҳои баёншуда ба назари мо, дар ҳоли ҳозир маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд ба татбиқи маҷмуи ҳадафҳое равона карда шавад, ки дар санадҳои болозикр инъикос ёфтаанд. Санадҳои зикршуда, моҳиятан тарзе амалӣ карда мешаванд, ки аксарияти ҷавонон ба рафтори фаъоли иҷтимоӣ мутамоил гардида, рафторе, ки ба дарки амиқи асоснокӣ, адолатнокӣ ва мувофиқи мақсад будани меъёрҳои ҳуқуқ асос ёфтааст ва фаъолияти шахсро баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар назар дорад, нигаронида шудаанд.
Ҳамин тавр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандўстӣ барои тақвияти маъсулиятшиносии ҳар як шаҳрванд ба хусус ҷавонон дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли наврасу ҷавони солиму меҳандўст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Вобаста ба ин масъала дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози андеша намуд.«Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд,Ватанро сидқан дўст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.» Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Пешвои миллат ба ҷавонони мамлакат боварии калон доранд ва ҷавононро лозим аст, ки ин боварии сарвари давлатро дучанд зиёд намояд.
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна – ходими хурди илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон