Имрӯз, 1 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар саҳни бинои Раёсати Академия барномаи фарҳангиву идона баргузор гардида, кормандону олимони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо рӯҳияи баланди идона иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бори дигар тамоми олимону кормандонро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният хонда иброз дошт, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии мо - тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва пуршукуҳтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ориёитабор ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн таърихи бисёр қадимӣ дошта, ба андешаи муҳаққиқон, беш аз панҷ-шаш ҳазор солро дар бар мегирад. Калимаи «Наврӯз» аз ду вожа — «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, маънои «рӯзи нав», «оғози нав» ва «саршавии зиндагии тоза»-ро ифода мекунад. Наврӯз ҳамеша бо фарорасии фасли баҳор ва баробар шудани шабу рӯз таҷлил мегардад. Дар ин айём табиат аз хоби зимистон бедор мешавад, дарахтон сабз мегарданд, гулҳо мешукуфанд ва зиндагии нав оғоз меёбад. Аз ҳамин сабаб Наврӯз барои мардум рамзи эҳё, навсозӣ, умед ва шодӣ ба фардои зиндагӣ мебошад.
Қайд гардид, ки таърихи пайдоиши Наврӯз ба давраҳои хеле қадим, ба замони тамаддуни ориёӣ мансуб дониста мешавад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва асотири қадимӣ иброз мегардад, ки Наврӯз ҳанӯз дар замони подшоҳи афсонавӣ Ҷамшед таҷлил карда мешуд. Мувофиқи ривоятҳо, Ҷамшед, пас аз он ки бар сармо ва торикӣ пирӯз шуд, рӯзи навро ҳамчун оғози соли нав эълон намуд ва мардум он рӯзро бо шодию нишот ҷашн гирифтанд. Аз ҳамон вақт ин рӯз ҳамчун рӯзи мубораку фархунда ва рамзи табиат дар байни мардум машҳур гардид.
Гуфта шуд, ки бисёр донишмандон ва таърихнигорон бар ин назаранд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни мардумӣ, балки як ҷузъи муҳими фарҳанги бостонии халқҳои Шарқ мебошад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиён ва Сосониён Наврӯз бо тантанаҳои бузург баргузор мегардид. Подшоҳон дар ин рӯз маросими бошукуҳ баргузор мекарданд, ба мардум туҳфаҳо медоданд ва мардум низ бо шодию хурсандӣ ҳамдигарро табрик мегуфтанд.
Зикр гардид, ки дар осори бисёр донишмандон ва шоирону адибони машҳури ҷаҳон низ дар бораи Наврӯз маълумоти ҷолиб ба назар мерасад. Масалан, донишманди бузурги Шарқ Абӯрайҳони Берунӣ дар китобҳои худ дар бораи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз маълумоти арзишманд додааст. Ҳамчунин шоири бузурги тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ дар асари машҳури «Шоҳнома» аз Наврӯз ҳамчун ҷашни фархунда ва рамзи пирӯзии нур бар торикӣ ёд кардааст. Ҳамчунин шоир ва ситорашиноси машҳур Умари Хайём низ дар «Наврӯзнома»-и худ ба аҳамияти ин ҷашн ишора намуда, Наврӯзро рамзи оғози зиндагии нав ва зебоии табиат медонад.
Қайд шуд, ки яке аз анъанаҳои муҳими Наврӯз пухтани суманак мебошад. Суманак аз гандуми сабзонида тайёр карда мешавад ва рамзи фаровонию баракату фаровонии зиндагӣ мебошад. Пухтани суманак одатан шабонарӯзӣ баргузор мегардад. Дар ин маросим занону духтарон ҷамъ омада, бо сурудхонӣ ва шодию нишот ин хӯроки рамзиро мепазанд. Ин оин яке аз суннатҳои зебои фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб меравад ва то имрӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта шудааст. Дар баробари суманак оростани дастархони наврӯзӣ низ аз анъанаҳои қадима ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин хони наврӯзӣ бо таомҳои идонаи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ва ашёи рӯзгор оро дода мешавад. Ҳар яке аз ин таомҳо ва ашё ба худ рамзи муайян дошта, ифодагари файзу баракати зиндагӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва рӯҳияи варзишӣ баромад намуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ мегарданд. Ҳамзамон, ду нафар аз фаъолон барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо нишони “Аълочии маориф” ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Сипас, дар чорабинии идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо сурудҳои рангинашон хотири ҳозиринро шод намуданд.
