Имрӯз, 21 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Душанбе – ойинаи миллат соҳибтамаддуни тоҷик” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тӯли даҳсолаҳои охир на танҳо маркази сиёсиву маъмурии кишвар, балки ба як меҳвари муҳими илму маърифат, фарҳанг ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Рушди босуръати инфрасохтор, таъсиси муассисаҳои илмиву таълимӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташкили форуму ҳамоишҳои бонуфуз мақоми шаҳри Душанберо дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас таҳким бахшидааст.
Қайд гардид, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдомҳои наҷиби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ҳамчун маркази мутамаркази неруи зеҳнӣ ва илмии кишвар рушд намуда, шароити мусоид барои таҳқиқоти илмӣ, инноватсия ва татбиқи дастовардҳои навтарини технологияро фароҳам овардааст. Имрӯз шаҳри Душанбе макони фаъолияти муассисаҳои бонуфузи илмӣ, донишгоҳҳои пешрафта ва марказҳои таҳқиқотии гуногунсоҳа мебошад, ки дар онҳо садҳо олимону муҳаққиқон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Гуфта шуд, ки яке аз омилҳои асосии табдил ёфтани шаҳри Душанбе ба маркази илму маърифат, рушди низоми таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ мебошад. Дар ин замина донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои пойтахт бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва технологияҳои муосир, мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои гуногун омода менамоянд. Ин раванд боиси афзоиши неруи инсонӣ ва тақвияти иқтидори илмии кишвар гардидааст. Ҳамзамон, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва олимони ҷавон дар барномаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои илмӣ, сатҳи донишу малакаи онҳоро боло бурда, имкониятҳои навро барои рушди минбаъда фароҳам месозад.
Метавон таъкид намуд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази рушди илми ватанӣ ва муаррифгари ин илм дар арсаи байналмилалӣ баромад намуда, нақши илму олимон дар муаррифии пойтахтамон ва муаррифии илми тоҷик аз ҷониби ин шаҳр дар арсаи байналмилалӣ дар мисоли Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт пайваста меафзояд.
Зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун марказҳои калидии таҳқиқотӣ амал мекунанд. Дар ин муассисаҳо масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва технологӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, натиҷаҳои онҳо барои пешрафти устувори кишвар истифода мешаванд. Тадқиқотҳои илмӣ дар самтҳои энергетика, геология, технологияҳои иттилоотӣ, тиб ва дигар соҳаҳо нишон медиҳанд, ки Душанбе воқеан ба маркази муҳими истеҳсоли дониш табдил ёфтааст.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо шаҳри Душанбе ҳамчунин ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ, конфронсҳои илмӣ ва иқтисодӣ, вохӯриҳои сатҳи олӣ ва дигар ҳамоишҳо, ки дар пойтахт баргузор мегарданд, нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият мебахшанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки пойтахт дорои имкониятҳои зарурӣ барои қабули меҳмонони сатҳи баланд ва ташкили чорабиниҳои бузург мебошад.
Дар идома як зумра аз олимону муҳаққиқон ва магистрантону докторантон бо маърузаҳо ва порчаҳои шеърӣ доир ба таърих, дастовардҳои муосир ва нақши шаҳри Душанбе дар рушди давлатдории миллӣ ва фарҳанги миллӣ баромад намуданд.
Дар фарҷом як зумра аз кормандон бо Ифтихорномаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, ҳамзамон як зумра аз олимони ҷавон барандаи ҷоизаҳои Раиси шаҳри Душанбе гардиданд.
