Skip to main content
Мо ҳама шоҳиди он, ки солҳои охир бо талошҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон, муносибатҳои дуҷониба ба марҳилаи нави рушд ворид шуданд. Маълум, ки 26-27 марти соли 2026 Президенти кишвари мо, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмию дӯстона ба Ҷумҳурии дӯсту бародари Узбекистон ташриф намуданд. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ, форумҳои минтақавӣ, муколамаи ректорони донишгоҳҳои ду ҷумҳурӣ, олимон, ҷавонон, марказҳои таҳлилӣ, рӯзҳои фарҳангю намоишномаҳои синамогарони тоҷик ва як қатор чорабиниҳои дигари муҳим бомуваффақият баргузор шуданд. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо маҷмӯъи васеи масъалаҳо баррасӣ шуда, афзалиятҳо ва ҳадафҳо барои рушди шарикии бисёрҷанба муайян карда шуданд.

Ин чорабиниҳо аҳамият ва зарурияти идомаи робитаҳои фаъол дар ҳамаи сатҳҳо ва муколамаи боз ҳам амиқтар дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавиро таъкид гардид.Қайд намудан лозим аст, ки таваҷҷӯҳи махсуси сарварони ду кишвари ҳамсоя ва дӯст ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва маориф, ки яке аз самтҳои асосии шарикии стратегӣ ба ҳисоб меравад, зоҳир карда шуд. Масалан, танҳо дар соли 2025 беш аз 20 ёддошти ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии ду кишвар имзо шуданд, ки мубодилаи академӣ ба роҳ мондашуда, таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои гуногуни илмӣ, лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои таълимӣ мавриди амал қарор дода шуд.

Ба шарофати робитаҳои наздики роҳбарони кишварҳои мо, ҳамкории самарабахши олимони ду кишвари бародар фаъолона ва мунтазам рушд мекунад.

Дар ин ҷода хостем, якчанд намунаҳои ҳамкории байни олимони Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон олимони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мисол биёрем. Маълум, ки олимон-кимиёгарони ин ду кишвари баҳам дӯст робитаҳои чандинсолаи пурмаҳсул доранд ва дар чорабиниҳои гуногуни илмии минтақавӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона мекунанд.

Иштироки олимон-кимёгарони Тоҷикистон ва Узбекистон дар конфронсу анҷуманҳои илмии ҳамасола баргузоршаванда ба анъанаи хуб табдил ёфтааст шудааст. Ҳамчун яке аз мисолҳои зиёде, ки мо метавонем бо хушнудӣ ба ёд биёрем, ин иштироки олимони тоҷикро дар Конфронси 5-уми илмӣ-амалии ббайналмилалӣ дар шаҳри Андиҷон, ки 4-5 сентябри соли 2018 дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои химияи маводҳо» баргузор гардид, ба хубӣ ёд орем. Он аз ҷониби Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Узбекистон дар Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур ташкил карда шуда буд. Олимони шинохтаи институти мо – доктори илмҳои тиб, академики АМИТ Ҳайдаров К.Х., доктори илмҳои тиб, узви вобастаи АМИТ, Раҳимов И.Ф., доктори илмҳои химия, профессор Исобаев М.Д. ва доктори илмҳои химия Пӯлатов Э.Х. дар ин конфронси бонуфуз фаъолона иштирок намуда дастовардҳои кимёгарони тоҷикро муаррифӣ карданд (Расмҳо).

Иштироки олимон дар конфронсҳои ҳарсолаи сатҳи гуногун дар ду кишвари дӯсту ҳамсоя баргузоршаванда ба ҳукми анъана даромадааст. Олимон-кимиёгарони Узбекистонӣ низ дар чорабиниҳои илмие, ки дар Ҷумҳурии мо баргузор мешаванд, фаъолона иштирок намуда маърузаҳи илмиро ба амл меоранд. Аз ҷумла, доктори илмҳои химия, профессор Махсумов А.Ғ., доктори илмҳои химия Исмоилов (Институти технологияи кимиёвии Тошканд), доктори илмҳои химия, профессор Аскаров И.Р., доктори илмҳои химия, профессор Абдуллоев Ш.Х., доктори илмҳои химия, профессор Абдуллоев О.Ш., доктори илмҳои химия, дотсент Муминҷонов М.М. (Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи З.М. Бобур), доктори илмҳои химия, профессор Муҳаммадиев Н.М. (Донишгоҳи давлатии Самарқанд), доктори илмҳои химия, иҷрокунандаи вазифаи профессор Қурбонов М. (Донишгоҳи давлатии Қаршӣ) ва бисёр дигарон дар чорабиниҳо ва конфронсҳои илмӣ ба мисоли “Хонишҳои Нумоновӣ” ва конфросҳои илмию-амалии гуногуни дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунанд.

Дар навбати худ, кимиёшиносони тоҷик низ дар симпозиумҳои илмӣ дар Узбекистон мустақиман иштирок мекунанд. Дар байни онҳо кимиёгарони тоҷик, аз қабили академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳоликов Ҷ.Х., академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдаров К.Х., узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимов И.Ф., доктори илмҳои химия, профессор Исобаев М.Ҷ., доктори илмҳои химия Пӯлотов Э.Х., доктори илмҳои химия, дотсент Абдуллаев Т.Х., доктори илмҳои химия, профессор Раҳмонов Р.О., номзади илмҳои химия Кабгов Х. (Институти химияи ба номи В.И. Никитин), доктори илмҳои химия, профессор Раҳимова М. (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), доктори илмҳои химия, профессор Файзилов И.У., доктори илмҳои химия, профессор Раҷабов У.Р., доктори илмҳои химия, профессор Самандарзода Н.С. (ДДТТ ба номи Абуалӣ Ибни Сино), доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. (ДДТТ ба номи С. Айнӣ) ва бисёр дигарон ҳастанд. Ҳамкории илмии олимони ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар танҳо бо маърӯзаҳои конфронс маҳдуд намешавад. Олимони ҳарду кишвар таҳқиқотҳои худро дар маҷаллаҳои пешқадами илмии ду кишвар фаъолона таъбу нашр менамоянд, муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳамчун тақризчиёну оппоненӣҳои расмӣ иштироки фаъолона мекунанд. Масалан, доктори илмҳои химия ва профессори Институти химико-технологии ш. Тошканд А.Ғ. Махсумов ба ҳайси муқарризи расмии рисолаи номзадии Турдиалиев М.З. - корманди пешбари илмии Институти химияи ба номи В.И. Никитин дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баромад намуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар соҳаи фаъолияти таҳририяи маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмӣ низ байни олимони тоҷику ӯзбек ҳамкории зич ба назар мерасад. Масалан, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Халиков Ҷ.Х., узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимов И.Ф., доктори илмҳои химия, профессор Исобаев М.Ҷ. ва доктори илмҳои химия, дотсент Абдуллаев Т.Ҳ. аъзоҳи хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии "Journal of Chemistry of Goods and Traditional Medicine" (JCGTM), маҷаллаи дастрасии озод дар соҳаҳои химия ва тибби анъанавиро фаро мегирад (https://www.jcgtm.org/index.php/home/about/editorialTeam) мебошанд. Доктори илмҳои химия, дотсент Абдуллаев Т.Х. дар маҷаллаи илмии электронии байнифаннии «Journal of Future», ки аз ҷониби ҶДММ «Uranium Publishing House», ки ки дар назди Институти химико-технологии ш. Тошканд (https://www.uranium.uz/index.php/jof/about/editorialTeam) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон нашр мешавад, чун аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла фаъолият мебарад. Чун намунаи дигари натиҷаи мубодилаи илмии олимони ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар ин аст, ки соли 2025, корманди пешбари лабораторияи синтези органикии Институти химияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллаев Т.Х. рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Ҳосил намудан, стереохимия ва таснифоти баъзе пайвастагиҳои фаъоли биологӣ» аз рӯи ихтисосҳои 02.00.09 - Химияи маводҳо ва 02.00.10 - Химияи биоорганикӣ дар Шӯрои илмии DSc.03 / 29.10.2021.K / T.60.05 дар назди Донишгоҳи давлатии Андиҷон бомуваффақият ҳимоя кард ва айни замон узви Шӯрои илмии додани дараҷаҳои илмӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Андиҷон таҳти рақами DSc.03 / 2025.27.12.K / T.07.04 мебошад. Изҳори боварӣ мекунем, ки намунаҳои дар боло зикргардида, таҳқиқотҳои муштараки илмӣ, лоиҳаҳои якҷоя, мубодилаи академӣ ва таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи маорифу илм байни олимони ду ҷумҳурии дӯст ва бародар барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва кушодани имкониятҳои ҷавонони ҳарду кишвар муфид буда ва бешубҳа барои рушди илм дар минтақа имкониятҳои васеъро замина мегузорад.

Т.Х. Абдуллаев – доктори илмҳои химия, дотсент, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Синтези органикӣ”-и, Институти химия ба номи В.И. Никитини АМИТ

С. Халиқова – номзади илмҳои химия, дотсент, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Химияи пайвастҳои калонмолекулавӣ”-и Институти химия ба номи В.И. Никитини АМИТ