Ба ифтихори рӯзи ҳифзи байналмилалии кӯдакон-1 июн
«Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд, зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад». Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар сол 1-уми июн дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин рӯз ба мо ёдрас мекунад, ки кӯдакон – қисмати осебпазир ва арзишманди ҷомеа мебошанд. Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳ ба ҳуқуқҳо, ниёзҳо ва ҳимояи кӯдакон аст, инчунин таъкид кардани масъулияти калонсолон барои кӯдакӣ хушбахт ва амни ҳар як кӯдак мебошад.
Таърихи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба нимаи аввали асри XX бармегардад. Идеяи таъсиси як рӯзи махсус барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон соли 1925 дар Конференсияи ҷаҳонӣ оид ба некӯаҳволии кӯдакон, ки дар Женева баргузор шуд, ироа гардид. Аммо эътирофи васеи он дертар ба амал омад.
Рӯзии 1-уми июн расман соли 1949 бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии демократии занон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон эълон гардидааст. Бори аввал ин рӯз соли 1950 таҷлил карда шуда, аз он вақт инҷониб ба як анъана дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар давлатҳои пасошӯравӣ, Аврупо, Осиё ва минтақаҳои дигар табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Э. Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати ҷашни рӯзи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ибрози ақида намудаанд, ки: «Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо ва дар симои ҳар як кӯдаки Тоҷикистони азиз ба кӯдакони тамоми сайёра самимона табрик мегӯям».
Интихоби сана осон шарҳ дода мешавад: 1-уми июн ба оғози таътили тобистонаи мактабҳо дар бисёре аз кишварҳо рост меояд, ки онро барои худи кӯдакон хусусан шод мегардонад.
Ҳадафи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ин ба ҷаҳониён ёдовар шавад, ки кӯдакон ҳуқуқ доранд:
- ба таваллуд;
- ба ҳаёт ва ғамхорӣ;
- ба таҳсил ва рушд;
- ба ҳимоя аз зӯроварӣ, истисмор ва камбизоатӣ;
- ба изҳори озоди андеша;
- ба иштирок дар ҳаёти ҷомеа.
Ин рӯз, инчунин хотиррасон менамояд, ки миллионҳо кӯдак ҳанӯз ҳам аз ҷангҳо, камбизоатӣ, беҷогӣ, гуруснагӣ ва набудани таҳсил ранҷ мекашанд. Ин як даъват аст ба давлатҳо, ташкилотҳо ва ҳар як калонсол, ки ҳуқуқи кӯдаконро на танҳо як бор дар сол, балки ҳар рӯз ҳифз намоянд.
Дар кишварҳои гуногун 1-уми июн ба тарзҳои мухталиф таҷлил мегардад: консертҳо, фестивалҳо, озмунҳои расмкашӣ, намоишгоҳҳои эҷодиёти кӯдакон, мусобиқаҳои варзишӣ ва иқдомҳои хайриявӣ баргузор мешаванд. Мақомот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ихтиёриён чорабиниҳоеро ба роҳ мемонанд, ки ба дастгирии кӯдакони ятим, кӯдакони дорои маъюбият, муҳоҷирон ва онҳое, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, равона шудаанд.
Дар Тоҷикистон дар ин рӯз барномаҳои фарҳангӣ, викторинаҳо, намоишҳо дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо, инчунин вохӯриҳо бо нависандагони кӯдакон, рассомон ва аниматорҳо баргузор мегарданд.
Дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак равона карда шудаанд, аз ҷумла:
1. Эъломияи ҳуқуқи башар, ки дар асоси он: «Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд. Ҳap як инсон бояд бидуни тафовуте, махсусан аз лиҳози нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли милли ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, хонаводагӣ ё вазъи дигар тамоми ҳуқуқ ва тамоми озодиҳоро, ки дар ҳамин Эъломия зикр шудаанд, дошта бошад. Ҳap як инсон ба ҳаёт, озоди ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад».
2. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ. Ҳуҷҷати мазкур ҳаёти инсонро (аз ҷумла ҳаёти кӯдакро) арзиши олӣ эътироф намуда, кафолат додааст, ки ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудоинопазири ҳар як инсон мебошад.
3. Конвенсия оид ба ҳуқуқи кудак. Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ин ҳуҷҷати ҳуқуқии байналмилалие мебошад, ки ҳуқуқи кӯдаконро дар давлатҳои аъзои СММ муайян менамояд. Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуҷҷати байналмилалии аввалин ва асосӣ мебошад, ки хусусияти ҳатмӣ дошта, ба доираи васеи ҳуқуқи кӯдак бахшида шудааст. Ҳуҷҷати мазкур аз 54 модда иборат буда, ҳуқуқи кӯдаконро бо рушди комили имкониятҳо дар шароити озод, гуруснагӣ ва танқисӣ, зулматӣ ва дигар шакли суистифода фароҳам меорад. Дар тамоми амалҳо нисбати кӯдак, сарфи назар аз он, ки онҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ё хусусии машғул ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, суд, мақомоти маъмурӣ ё қонунгузорӣ андешида мешаванд, ба таъмини ҳарчи хубтари манфиатҳои кӯдак таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Давлатҳои аъзо ба кӯдаке, ки қодир аст ақидаҳои шахсии худро баён карда тавонад, ҳуқуқи изҳор намудани ин ақидаҳоро аз рӯи тамоми масъалаҳои ба кӯдак дахлдошта таъмин менамоянд, зимнан ба ақидаҳои кӯдак мутобиқи синну сол ва камолоти кӯдак аҳаммияти зарурӣ зоҳир карда мешавад. Тибқи Конвенсия қисми ҷудонопазири таҳсилотро тарбия ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, яке аз вазифаҳои тарбияи оилавии Конвенсия талаб менамояд, ки тамоми саъю кӯшишро ба он равона намоянд, ки эътирофи принсипҳои умумӣ ва масъулияти баробари ҳар ду волидайнро барои тарбия ва инкишофи кӯдак таъмин намоянд. Волидайн ё дар ҳолатҳои дахлдор сарпарастони қонунӣ барои тарбия ва инкишофи кӯдак масъулияти асосиро бар дӯш доранд. Манфиатҳои аввалиндараҷаи кӯдак матлаби асосии ғамхории онҳо мебошад.
Санадҳои асоси меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак:
1. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак». Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҳадафҳои зерин иборат аст:
- таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, роҳ надодан ба поймолкунии онҳо;
- таҳкими кафолатҳои асосии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, инчунин барқарор кардани ин ҳуқуқҳо дар сурати поймол карда шудани онҳо;
- ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
- мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ;
- дастгирии давлатӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор;
- таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҳуқуқии кӯдак;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кӯдакони ятим ва бепарастор аз ҷониби оилаи (мураббии) парастор.
Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ва инсондӯстӣ;
- муқаррар намудани ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дастгирии давлатии оила бо мақсади тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдак, ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ, омода намудани кӯдак ба зиндагии шоиста дар ҷомеа;
- афзалиятнокии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдак;
- муқаррар ва риоя кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак;
- эътирофи афзалияти ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, бо мақсади таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо;
- роҳ надодан ба табъизи кӯдакон, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, динӣ, забонӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва молумулкӣ, вазъи саломатӣ ва дигар аломатҳо;
- дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдаконро ҳифз менамоянд.
Меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳадди ақали хизматрасонии зерини иҷтимоиро дар бар мегиранд:
- таъмини кафолатноки таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбии ройгон;
- таъмини таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хизматрасонии ройгони тиббӣ ба кӯдак мутобиқи меъёрҳои ҳадди ақали иҷтимоӣ;
- таъмини кафолатноки кӯдак бо ҳуқуқи интихоби ихтисос ва соҳаи фаъолият, ҳифзи меҳнат, пардохти музди меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии кафолатноки моддии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор бо роҳи пардохти кӯмакпулиҳои давлатӣ, инчунин чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии кӯдаконе, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд;
- таъмини ҳуқуқи кӯдак ба манзил мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, аз ҷумла барои кӯдаконе, ки дар шароити хатарнок, инчунин дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоид зиндагӣ мекунанд;
- ба назар гирифтани манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар мавриди таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар;
- мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, ақлонӣ, равонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор;
- расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак». Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. Падару модар дар тарбияи кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд:
1) ба кӯдак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;
2) пас аз таваллуд кӯдакро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
3) барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд;
4) кӯдакро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;
5) кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;
6) оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд;
7) кӯдакро дар руҳияи сарфаю сариштакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба молу мулк ва арзишҳои дигар тарбия намоянд;
дар раванди тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд;
9) шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;
10) новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон, нисбат ба онҳо муносибати баробар дошта бошанд;
11) дар сурати хабардор шудан аз ҳолати кӯдаке, ки дар тарбияи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд;
12) ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд;
13) гаштугузори кӯдаки то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;
14) аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд;
15) бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд;
16) кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;
17) ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд;
18) фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд;
19) ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд;
20) аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд;
21) ба кӯдак мутолаа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд;
22) иштироки кӯдакро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;
23) ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд;
24) иштироки кӯдакро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;
25) ба кӯдак барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд;
26) ба кӯдак ҷиҳати интихоби касбу кор мусоидат кунанд;
27) ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқии дигари кӯдак роҳ надиҳанд;
28) кӯдакро ба кори ғайриқонунӣ ҷалб насозанд;
29) ба зишту касиф ва хароб намудани биною иншоот, шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда ва расондани зарари дигар ба онҳо аз тарафи кӯдак роҳ надиҳанд;
30) дастрасии кӯдакро ба маводи сӯзандаю тарканда ва силоҳ иҷозат надиҳанд;
31) истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон)-ро аз тарафи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ манъ намоянд.
Ҳамин тавр, таълиму тарбияи насли наврас ба мо манфиатҳои зиёде медиҳад. Агар фарзандон таълиму тарбияи дуруст гиранд, онҳо ба як шахсиятҳои босавод, ахлоқманд ва масъулиятшинос табдил меёбанд. Ин ба рушди ҷомеа ва кишвари мо мусоидат мекунад. Тарбияи дуруст ба насли наврас ёрӣ мерасонад, ки забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллиро ҳифз ва идома диҳанд. Таълиму тарбияи солим метавонад ҷавононро аз роҳи бад, ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ боздорад, зеро шахси босавод ва тарбиядида фарқи байни некӣ ва бадиро хуб дарк мекунад. Агар ҷавонон хуб таҳсил кунанд, метавонанд дар бахшҳои гуногуни илм, саноат ва технология муваффақ шаванд, ки ин барои пешрафти иқтисоди кишвар муҳим аст. Нафари тарбиядида баъдтар худаш метавонад фарзандони худро хуб тарбия кунад. Бо ин роҳ як давраи пайвастаи рушди ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Таълиму тарбияи дурусти насли наврас на танҳо барои худи онҳо, балки барои тамоми ҷомеа ва ояндаи миллат аҳаммияти бузург дорад. Ин сармоягузорӣ ба фардо аст.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон танҳо як сана дар тақвим нест, балки як ёдоварӣ аз муҳимтарин вазифаи инсонӣ аст, зеро ҳимоя кардани онҳое, ки худ наметавонанд худро ҳифз кунанд. Кӯдакии хушбахт – пояи ояндаи солимии ҳар як миллат, ҷомеа, давлат ва тамоми ҷаҳон аст.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн-мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.