Skip to main content

(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)

123Ҳамасола дар Рӯзи дониш мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат доир мегардад, ки фурсати хубе барои масъалагузорӣ ҷиҳати тақвияти илму маорифи мамлакат мебошад. Як василаи хуби ҳалли мушкилоти соҳа ва муайяннамои дурнамои маорифи мамлакат ҳамчун соҳаи калидӣ маҳз дар ин рӯз мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Иштироки бевоситаи Пешвои миллат ва суханронӣ дар доираи Рӯзи дониш як такони ҷиддиест, ки метавонад мушкилотҳои зиёдеро ҳаллу фасл намояд.

Суханронии Пешвои миллат ҳама самтҳои соҳаро фаро гирифта, аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф ва мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа ёдовар гардид. Мусаллам аст, ки дар рушди соҳаи маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир дар даврони Истиқлол ноил гардид. Чуноне ки иброз гардид: "дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд. Ҳамзамон, тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст."

Нишондодҳои зикршуда саъю талоши бесобиқаи роҳбарияти олии мамлакатро нишон медиҳад, ки боиси хушнудии ҳар шаҳрванди мамлакат ва баракати Истиқлол аст.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва саривақтие ки Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳ намуданд ин рушди педагогикаи миллӣ дар ҳамбастагӣ бо технологияи муосири таълимӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: "Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо педагогикаи миллии худро бо истифода аз дастоварду навгониҳои замони муосир ташаккул диҳем ва анҷом додани ин кор, пеш аз ҳама, вазифаи олимони соҳаи педагогика мебошад".

Воқеан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илм ва технология, масъалаи ташаккули педагогикаи миллӣ бо истифода аз дастовардҳои замони муосир беш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим пайдо дорад. Таъкиди Пешвои муаззами миллат низ маҳз аз ин тақозои замон бармеояд.

Педагогикаи миллии мо бояд асоси фарҳангӣ, арзишҳо ва забони миллӣ бошад. Ҳамзамон бо риояи меъёрҳои муосири таълимӣ ҳамоҳангӣ пайдо кунад. Ба ин васила, насли наврас на танҳо дониши мукаммал мегирад, балки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва меҳнати созанда парвариш меёбад.

Ҳамчун олимони соҳаи педагогика, масъулияти мо аст, ки илму таълимро бо таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ муттаҳид намуда, барои таҳкими педагогикаи миллии кишвар саҳмгузор бошем. Ин раванд метавонад заминаи рушди устувори таълим, рушди инсоният ва таъмини ояндаи дурахшони миллат бошад.

Маврид ба зикр аст, ки Педагогикаи миллӣ на танҳо илм аст, балки калиди пешрафти ҷомеа ва кафили ҳифзи ҳастии фарҳанг ва арзишҳои миллист. Барои ин, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи навгониҳои илмӣ ва технологияҳои нав дар соҳаи таълим бошем ва онҳоро роҳандозӣ намоем.

Муҳити таълимӣ бояд на танҳо бо маводҳои нав, усулҳои интерактивӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин гардад, балки таълим ва тарбияи кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ тақвият бахшад. Педагогикаи миллӣ бояд нақши асосиро дар тарбияи шахсиятҳои босавод, комил ва фаъол дар ҷомеа бозад.

Ҳамин тариқ, олимон ва мутахассисони соҳаи педагогика вазифадоранд, ки бо истифода аз методологияҳои муосир ва таҳқиқоти илмӣ ба такмили низоми таълимӣ саҳми арзанда гузоранд. Инчунин, онҳо бояд ба омӯзгорон ва мураббиён воситаҳои нави таълимӣ ва усулҳои муосири педагогиро омӯзонанд, то ки раванди таълим боз ҳам самаранок ва ҷолиб гардад.

Пешрафти педагогикаи миллӣ имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таълими пешқадам дар арсаи байналмилалӣ шинохта шавад ва насли наврасро барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ омода намояд. Аз ин рӯ, рушди педагогикаи миллӣ бо истифода аз дастовардҳои замони муосир на танҳо вазифаи илмӣ, балки қарзи миллӣ ва фарҳангист.

Ҳаминтавр, ин таъкиди Пешвои муаззами миллатро метавон як роҳ ва стратегияи миллӣ барои расидан ба ояндаи дурахшон арзёбӣ намуд. Итминони комил дорам, ки бардошт аз ин суханронӣ барои мо муҳаққиқони соҳаи педагогика як дастури ояндадорест, ки бо саъю талош дар ҳалли масъалаҳои соҳа метавон саҳмгузор буд.

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, Номзади илмҳои педагогӣ