Тиргон баробари ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми эронитабори бостон аст ба шукронаи раҳоӣ аз хушксолӣ ва ҳифозати марзҳо, ки ҷашни он дар сездаҳуми моҳи тир (якуми июл) баргузор мегардад.
Дар кишвари мо ҳам, бо ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, бо ташаббусу заҳматҳои зиёди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашнҳои фарҳангию таърихии бостонии тоҷикон ба мисли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз нав эҳё шуданд ва бо истиқболу ҷашнгирии ин маросимҳои фарҳангии арзишманди гузаштагонамон аз нав муяссар гардид, ки ин дар ҳувияту худшиносии миллии мардуми кишварамон низ нақши босазое хоҳад дошт.
Дар боби ба вуҷуд омадани ҷашни Тиргон чанд ривояте зикр шудааст, ки инҷо ба яке аз он ривоятҳо ишора мекунем. Тиргон дар гиромидошти ситораи Тиштар, ки бо унвони ситораи бороновар дар сарчашма ва фарҳанги тоҷику форси даврони бостон машҳур буд, гузаронида мешуд. Дар ойини Меҳр ва ё митроизм, зардуштия ва сарчашмаҳои таърихӣ «Бундаҳишн», «Динкард» ва ҳамчунин дар «Авесто» дар бораи Тиштар ва мавқеияту иртиботи вай бо олами ҳастии заминӣ ва дигар ахтарони осмонӣ ривояту матнҳои зиёде вуҷуд дорад.
Ҷашни Тиргон дар фарҳанги бостонии тоҷикон ҷашни тобистонии табиат мебошад ва чунонки дар боло зикр гардид, дар ибтидои моҳи июл, ки ба 13-уми тирмоҳ мутобиқат мекунад, оғоз мегардад. Ин ҷашн дар шаҳру вилоятҳои Эрон дар канори дарёчаҳо ва чашмаҳо, ҳамроҳ бо базмҳои вобаста бо обу обпошӣ ва орзуи боридани борону покии дарахту гиёҳони рӯи замин, бо нияти аз байни бурдани касофату разолатҳо ва монанди инҳо гузаронида мешавад. Дар айни ҳол мардум дар ин маросим бо пошидани об ба якдигар орзӯи боридани борон, баракати осмонӣ ва наҷот ёфтан аз хушксолию неруҳои бад мекунанд.
Дар бисёр сомону бумсорҳо ва маҳалҳои тоҷику форснишин садҳо сол аст, ки ин маросими ҷашнӣ бо равиши бошукуҳ дар оғози тирмоҳ баргузор мегардад, ки маросими об пошидан ба якдигар бо дуо ва дархости дар давоми сол бориши борони матлуб ва дур будан аз хушксолӣ, аз муҳимтарин саҳнаҳои ин ҷашн ба ҳисоб меояд.
Дар байни мардум ва сарчашмањои таърихӣ ривояте дар робита бо ситораи Тиштар, ки «фаришта»-и боронаш мегӯянд ва он рамзи муборизаи неруи некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар зулмот, ростӣ бар дурӯғ аст, вуҷуд дорад. Аз ин ҷо, Тир исми изади борон дар асотири эронитаборони бостон аст. Махсусан дар «Авесто» бахши «Тир Йашт» пурра дар бораи сифату хусусиятҳо ва нақши ситораи Тиштар дар ҳастии ҳаёт дар рӯи замин ва наҷоти он аз офату бадбахтиҳои пешомади аҳриманӣ бахшида шудааст. Албатта, дар ин ҷо, агар қисса каме ба шакли устуравӣ бошад ҳам, вале донишмандони дунёи бостон, дар шахси Зардушт ва пайравони ӯ тавонистаанд, иртиботу ҳамоҳангии кайҳони осмонӣ – ахтарон ва саёраҳои онро бо олами заминӣ – маъданӣ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ хуб муаррифӣ кунанд. Аз ин ҷо, бар меояд, ки онҳо худро аз хурофот канор гирифта, дар паи кашфи воқеият ва беохирии дунёи ҳастӣ қарор додаанд.
Дар «Авесто» дар кардаи якуми бахши «Тир Йашт» дар бораи сифату хусусиятҳо ва нақши ситораи Тиштар омадааст: «Тиштар – ситораи ройуманди фарраманд ва Сатависи обрасони тавоно… Тиштар – ситораи бахшанда, фурри сафедафшони дурахшони дармонбахши тезпарвози тобону рушноии покафшон… Тиштар – ситораи ройуманди фарраманд, ки тухмаи об дар ӯст». Аз ин рӯ, Тиштар – ҳаётбахшанда аз осмон ба замину хок ва обу гиёҳу чашмаҳои об ва кулли ҳастии рӯи замин ва оварандаи соли хушу хушбахтиҳо барои тамоми мавҷудоти заминӣ ва аз он ҷумла инсонҳо мебошад.
Бо ин навиштаи мухтасар дар бораи ҷашни Тиргон умедворем, ки мардуми сарзамини мо дар оянда бо огоҳӣ ин маросими ҷашнии баракату раҳмати ҳаётбахшро бо хушнудӣ ва тантана пешвоз мегиранд ва аз заҳмату талошҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ин фарҳангҳои бостонӣ, ки аз ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ доштани мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад, қадрдонӣ мекунанд.
Муродова Тоҷинисо – н.и. фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Имрӯз, 13 март дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Асосҳои институтсионалии ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз мафҳумҳои калидии илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар шароити рушди иҷтимоиву фарҳангии имрӯза аҳаммияти боз ҳам бештар касб кардааст. Дар адабиёти илмиву назариявӣ мафҳуми «ҳувияти иҷтимоӣ» маъмулан ҳамчун эҳсоси мансубияти фарди инсон ба гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ (аз қабили миллат, табақа, дин, маҳал, касб ва ғайра) таъриф мешавад.
Таъкид гардид, ки тавассути ҳувият шахс худро бо дигарон ҳамтақдир ва ҳамватан эҳсос намуда, аз дастовардҳо ва сарнавишти миллату ҷомеаи худ ифтихорманд мегардад. Ҳувият ба инсон илҳом мебахшад, ки бо ҷомеаи хеш робитаи маънавӣ дошта, барои ҳифзи арзишҳои умумиҷамъиятӣ масъул бошад. Барои халқи мо, ки тоза истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида истодааст, масъалаи ташаккули ҳувияти устувори миллӣ ва иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Бинобар ин, мавзуие, ки имрӯз мавриди баҳси мо қарор гирифтааст, на танҳо аз дидгоҳи назария муҳим мебошад, балки барои татбиқи амалии сиёсати иҷтимоиву фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа низ аҳаммияти бевосита дорад.
Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳувияти миллӣ, ваҳдати ҷамъиятӣ ва худшиносии мардум ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон ва таҳкими худшиносиву ваҳдати миллиро аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати худ қарор доданд. Дар даврони пурталотуми ибтидои истиқлол маҳз талошҳои пайгиронаи ин абармарди давлат буд, ки давлати тоҷикон тавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, якпорчагии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор созад.
Қайд гардид, ки дар даврони истиқлол рамзҳо ва муқаддасоти давлатии мо – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ – мавқеи хосса касб карданд. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ҳувияти давлати соҳибистиқлоламон имрӯз дар маркази пойтахт бо баландии рекордӣ парафшон аст, ки ин манбаи эҳсоси ифтихори ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳамчунин, дар гӯшаву канори кишвар ба ифтихори абармардони таърихи миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, пайкара ва маҷмааҳои бузургдошти онҳо бунёд гардидорҳои созанда ва рамзҳои муҳими давлатдории навини мо барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва таҷассум намудани рӯҳи ҳувияти миллӣ хизмат мекунанд.
Зикр гардид, ки ҳувияти миллӣ пеш аз ҳама бар пояи забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои муштараки халқ шакл мегирад. Дар ин ҷода низ хизмати Пешвои миллат беназир аст. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар, рукнҳои асосии фарҳанги миллии мо дар даврони истиқлол дубора эҳё ва инкишоф дода шуданд. Забони давлатӣ – забони тоҷикӣ – ҳамчун муҳимтарин унсури ҳувияти миллӣ таҳти ҳифзу пуштибонии доимии давлат қарор гирифта, барои рушди минбаъдаи он қонуни вижа, барномаҳо ва тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар идома доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар мавзуи «Масъалаҳои фалсафии ташаккули ҳувияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, паҳлуҳои назариявии масъалаи ҳувияти миллӣ ва нақши онро дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик шарҳ дод.
Ҳамчунин, доктори илмҳои сотсиология, профессор Волкова Олга Александровна, сарходими илмии Институти демографияи иҷтимоии Маркази федералии илмии таҳқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, ба таври маҷозӣ дар мавзуи «Асосҳои назариявии таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии аҳолии синни калонсол дар шароити тағйироти ноустувори геополитикӣ» суханронӣ намуда, ба масъалаҳои таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии насли калонсол дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Дар идомаи конференсия номзади илмҳои фалсафа Абилзода Гуландом Сардор дар мавзуи «Нақши оила дар тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», доктори илмҳои фалсафа Каҳҳоров Ғаюр Ғафурович дар мавзуи «Ташаккули ҳувияти миллии аҳолии Тоҷикистон дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ», инчунин номзади илмҳои сотсиология ва иқтисод, дотсент Ананченкова Полина Игоревна дар мавзуи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули ҳувияти иҷтимоӣ: дидгоҳи геронтологӣ ва масъалаи эйджизм» маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Мирзода Фирӯз Сафаралӣ, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ дар мавзуи «Ҳувияти ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосир: таҳлили сотсиологӣ» баромад намуда, ҷанбаҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти ҳуқуқиро дар ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар рафти муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид намуданд, ки таҳқиқ ва омӯзиши масъалаҳои ҳувияти иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти махсус дошта, нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ, оила, маориф, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ ва худшиносии миллӣ хеле муҳим мебошад.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ПИРЯХҲО, ИҚЛИМ ВА ЗАХИРАҲОИ ОБӢ: МУШКИЛОТИ ОБӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз, 12 март дар ҳошияи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини амнияти экологиии инсоният дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси миллии илмӣ-амалӣ зери унвони «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкориҳои байналмилалӣ», бахшида ба “21 март — Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони масоили обу иқлим, намояндагони як қатор созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ВАО иштирок доштанд.
Конфронс бо суханони ифтитоҳии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Франциска Фёгтли – муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Виктор Лутиенко – Роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Кишвар Абдулалишоев – Директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ оғоз гардид. Дар суханрониҳо таъкид карда шуд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, мониторинги захираҳои обӣ ва пиряхҳо, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишвари пешсаф дар дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.
Дар ҷараёни конфронс дар доираи ҷаласаҳои пленарӣ ва техникӣ як қатор мавзӯъҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба «Ташаббуси миллии ҳифзи пиряхҳо ва криосфера: Харитаи роҳ барои татбиқ», «Ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон: маълумоти илмӣ ва хатарҳои асосӣ», «Лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии таҳқиқоти криосфера», «Аҳамияти таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг дар низоми “Пиряхҳо – захираҳои обӣ – қабули қарорҳо”» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо муҳокима гардиданд.
Ҳадафи асосии конфронс ҳамоҳангсозии кӯшишҳои илмӣ, институтсионалӣ ва байналмилалӣ барои омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Ҳамзамон дар доираи он афзалиятҳои татбиқи ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи криосфера муайян гардида, натиҷаҳои конфронс барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва таҳияи тавсияҳо дар самти ҳифзи пиряҳо ва омӯзиши криосфера ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Имрӯз, 11 март президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб — муассисаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази илмии Хатлон боздид ба амал овард.
Зимни боздид масъулини муассиса оид ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, нигоҳдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни рустаниҳо, инчунин корҳои ободониву сабзкорӣ дар ҳудуди боғ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои рушди минбаъдаи фаъолияти илмӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва беҳтар намудани шароити тадқиқотӣ дар боғи ботаникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки боғи ботаникӣ ҳамчун пойгоҳи муҳими илмӣ дар омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии сарватҳои набототии кишвар нақши муҳим дошта, тақвияти корҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳо дар ин самт зарур мебошад.
Бояд гуфт, ки Боғи ботаникии Кӯлоб ҳамчун муассисаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 1985 таъсис ёфтааст. Дар ин боғ олимон ба омӯзиш, нигоҳдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни рустаниҳо машғул буда, барои ҳифзи табиат ва рушди корҳои илмӣ тадқиқотӣ саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, зимни боздид роҳбарияти Академия ва дигар олимону кормандон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд. Дар доираи ин маърака дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуда, ин иқдом ҳамчун қадаме дар роҳи ободонии боғ ва ҳифзи муҳити зист арзёбӣ гардид.
ЭКСПЕДИТСИЯИ МУШТАРАК БАРОИ БАҲИСОБГИРИИ САРШУМОРИ БУЗИ МОРХӮР ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН
Шурӯъ аз 24 феврали соли равон кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбеков-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои шикорӣ экспедитсияи муштаракро ҷиҳати баҳисобгирии саршумори бузи морхӯр (пармашох) оғоз намудаанд.
Бояд гуфт, ки ин тадқиқот дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Шамсидин Шоҳин ва Дарвоз идома дошта, ҳадафи он муайян намудани вазъи паҳншавӣ ва шумораи ин намуди нодири ҳайвонот мебошад.
Қобили зикр аст, ки бузи морхӯр (пармашох) намуди осебпазир ба шумор рафта, ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN Red List), Замимаи II-и Конвенсияи CITES ва инчунин ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Ин ҳайвони нодир асосан дар баландиҳои 700 то 2700 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Минтақаҳои паҳншавии он шохаҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз (мавзеъҳои Яхчипун ва Яхчисор), қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ (кӯҳҳои Кушониён, Сариғор, Хирманҷо, Кишт) ва инчунин қаторкӯҳи Вахш (кӯҳҳои Сарсарак)-ро дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти пешакии Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, субҳи 8 марти соли 2026 соати тахминан 03:51 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди кишвар бо қувваи тақрибан 4,4 бал заминларза ба амал омад.
Бино ба маълумот, маркази заминларза дар масофаи тақрибан 27 километр дуртар аз шаҳри Душанбе, дар минтақаи кӯҳии қаторкӯҳи Ҳисор ва наздики водии Варзоб ҷойгир будааст. Ларзишҳои зеризаминӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар эҳсос шудаанд. Заминларза ҳамчунин дар қисматҳои алоҳидаи Ӯзбекистон низ эҳсос гардидааст.
Мутахассисони хадамоти геофизикӣ таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон дар минтақаи фаъоли сейсмикӣ қарор дорад ва дар ҳудуди кишвар заминларзаҳои қувваашон гуногун мунтазам ба қайд гирифта мешаванд.
Тибқи маълумоти аввалия, талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни замон ниҳодҳои дахлдор вазъиятро зери назорат доранд.
Имрӯз, 6 март дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона таҳти унвони “Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ” баргузор гардид Қабл аз оғози барномаи идона аз номи роҳбарияти Академия ба зиёда аз дусад нафар бонувон, ки дар соҳаҳои гуногуни илмӣ ва маъмурӣ фаъолият менамоянд, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ гулҳои баҳории идона тақдим гардид. Ин иқдоми рамзӣ нишонаи арҷгузорӣ ба нақши занон дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҷомеа маҳсуб мегардад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн, ҳаёти бардавом, асоси ҳастии мо фарзандон, ишқи бепоён, баҳори бехазон, давлати ҷовидон аст. Модар ин баъди офаридгор офаранда аст, шахсе, ки дар зиндагӣ аз нахустин лаҳзаҳои ба дунё омадани инсон ӯро парасторӣ мекунад, ин модар аст ва ҳамин аст, ки аз лаҳзаҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шахсияти модар ва умуман баланд бардоштани мақому манзалати зан модар дар ҷомеа ва барои соҳибмаълумот намудани онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст.
Таҷлили «Рӯзи Модар», ки ҳамасола дар рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад, рамзи нафосату поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан -Модар мебошад, зеро ки Зан-Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.
Таъкид гардид, ки Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон ва ҳимматбаландтарин шахси башарият мебошад. Маҳз меҳри бепоён, навозиши гарму самимӣ ва дуоҳои неки ӯст, ки моро ба оламу одам ошно месозад, роҳи зиндагиро равшан мекунад ва ба қалбамон нуру умед мебахшад. Модар бо сабру таҳаммул, бо меҳру вафо ва бо садоқати беназир фарзанди худро ба камол мерасонад ва барои саодати ӯ тамоми ҳастии худро нисор месозад.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишманди маъруф Кароматулло Олимов дар суханронии худ доир ба мақому манзалати зан-модар дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар тамаддуни бостонӣ ва анъанаҳои маънавии тоҷикон ҳамеша ба зан-модар эҳтироми хосса зоҳир мегардид. Ба гуфтаи ӯ, модар на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки тарбиятгари аввалини инсон, нигаҳбони арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ва поягузори маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар чорабинӣ устодони шинохта — Аскар Ҳаким, Ҳасани Султон ва Қурбонова Ширин, ҳамзамон магистрантону докторантон бо суханрониҳо ва қироати шеърҳои пурмуҳтаво доир ба бузургӣ, мақом ва азамати зан-модар баромад намуданд. Дар шеърҳои қироатгардида модар ҳамчун рамзи муҳаббати бекарон, сарчашмаи меҳру шафқат ва поягузори маънавии зиндагӣ васф гардида, эҳсоси гарму самимии иштирокдоронро ба вуҷуд овард.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ бо иҷрои сурудҳои дилнишин ҳунарнамоӣ намуда, фазои идонаро боз ҳам рангину хотирмон гардониданд.
Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ Наврӯзи имсола рӯзи 20-уми марти соли 2026, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар таърихи мо номи ин ҳодисаро “таҳвили сол” меномиданд.
Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.
Дар акси поён, ки тавассути барномаи Stellarium сохта шудааст, мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст ва дида мешавад, ки Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад.
Бӯризода Анвар Маҳмад, Ризои Баҳромзод
Институти астрофизикаи АМИТ
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Д
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.
2. Моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.
5. Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд.
6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.
7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
28 феврали соли 2026
№1143
