Дар сафҳаҳои таърих қатлу ғорату кинадӯзиву душманӣ ва ҳамин тавр нобудшавии набототу ҳайвонот зиёд ба чашм мезанад ва албатта, ҳамаи ин ваҳшонияту нобасомонӣ аз ҷониби одамон бештар рух медиҳад. Дар ин росто, қавму нажодҳое буданд, ки ваҳдату сулҳ ва ҳамзистии инсонӣ ва ҳифзи табиатро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонистанд ва баҳри дар амал татбиқ гардиданаш тарғибу ташвиқ менамуданд, аз чунин нажодҳо ғолибан ориёиҳо дар сафи аввал қарор мегирифтанд, ки ҳатто таърихнигорону донандагони таърих ҳам таъйид кардаанд, ки эронитаборон дар тӯли таърих бештар кӯшидаанд фарҳангу хирадварзӣ ва сулҳу субот дар рӯи замин густаришу побарҷо бошад.
Мисоли рушан устувонаи Куруши Бузург, ки ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф ва шинохта гардид ва дар соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид онро ба аксарияти забонҳои расмии Созмони Милал мунташир карда, ки ин нишонаи он аст, ки гузаштагони ориёиҳо нахустин бунёдгузорони ҳуқуқи башар мебошанд ва ба забони сиёсати имрӯз дипломатияву демократияро дар ҷаҳон поя гузоштанд. Муҳаққиқи ватанӣ Зафар Саидзода низ дар ҳамин андеша, бо такя аз устувонаи Куруши Бузург менависад: “Дар бахше аз ин дастур аз забони Куруши Бузург омадааст: “Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд, нагузоштам ранҷу нороҳатӣ ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид шавад. Онҳоро аз зери юғи асорат хориҷ сохтам, ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам ва мо ҳамагӣ шодмона ва дар роҳи сулҳу оштӣ мақоми баланди худовандгори бузургро сутудем. Ман ҳамаи шаҳрҳоеро, ки вайрон шуда буданд, аз нав сохтам”.
Фарҳанги инсондӯстӣ ва руҳияи некукории ориёиҳоро бисёре аз бузургони илму адаби ҷаҳон сутудаанд. Таърихнависи бузурги юнонии замони бостон Ҳеродот, ки пас аз асре аз даврони Куруши Бузург зиндагӣ кардааст, дар бораи ин абармард чунин менависад: “Ҳеҷ порсе ёфт намешавад, ки битавонад худро бо Куруш муқоиса кунад. Аз ин рӯ, ман китобамро дар бораи порсиён ва юнониён навиштам, то кирдорҳои шигифтангезу бузурги ин ду миллати азим ҳеҷ гоҳ ба фаромӯшӣ супурда нашаванд. Куруш сардори бузург буд. Дар замони ӯ порсҳо аз озодӣ бархӯрдор буданд ва бар бисёре аз миллатҳои дигар фармонравоӣ менамуданд, ба илова, ӯ ба ҳамаи миллатҳое, ки зери фармонравоии ӯ буданд, озодӣ мебахшид ва ҳама ӯро ситоиш мекарданд”.
Маншура ё устувонаи Куруши Бузург то имрӯз аҳамияти умумибашарии худро гум накарда ва ҳатто имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ниёз ба як чунин устувонае ҳастанд, ки то дар сулҳу амну дӯстӣ зиндагонӣ бикунанд. Муҳаққиқини Юнони бостон бештар ба корномаву адолату додхоҳии Куруш шефта гашта, осори гаронарзише низ эҷод кардаанд ва гуфта мешавад, ки пас аз доду додгустариро дар миёни мардуми Шарқу Ғарб мустақар кардан, дар заминаи фарҳангу илми эронитаборон файласуф ва донишварони бисёр бузурге дар Юнони бостон зуҳур карданд, ки ба андешаи пажуҳишгарон илму хиради юнониҳо дар зери таъсири фарҳангу илми шарқиён, ба вижа эронитаборон ба вуҷуд омад. Дар ҳамин мантиқу дарк донишварони юнонӣ, масалан Ксенофонт таъйид мекунад, ки “Куруш ба пешрафту фарҳангу адаби мардум таваҷҷуҳи вижае дошт”, ҳамчунин Афлотун ҳам дар бораи Куруш гуфта аст, ки “кишвар ба раҳбарии Куруши Бузург аз ҳар лиҳоз пешрафт кард ва мардум аз озодиву рифоҳи бесобиқае бархурдор буданд ва ончунон нисбат ба якдигар муҳаббат меварзиданд, ки гӯйӣ ҳама бо якдигар хешовандӣ доранд.
Чунонки гуфта шуд, пояи илми ҷаҳон дар асоси илми эронитаборон шакл гирифта, рушд кард, ин нуктаро Ксенофонт тасдиқ карда, эътироф ҳам мекунад, ки Куруш барои рушду болоравии фарҳангу адаби мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда буд ва ҳамин нукта ҷолиб аст, ки дар ин росто миёни мардум дӯстиву рафоқату канори ҳам дар сулҳ зистанро Куруш бо эъломи устувонаи худ дар рӯи сайёраи Замин нахустин шуда устувор кард ва чи гунае, ки зикраш рафт, Афлотун гуфта, чунин озодиву дӯстӣ дар таърих бесобиқа будааст ва мардумон чунон миёни худ бо муҳаббат зиндагонӣ мекардаанд, ки гӯё ҳама бо ҳам хешовандӣ доранд.
Чӣ гунае дар боло зикр кардем, Куруши Бузург парвардаи чунин фарҳангу хирад буд, ки дар дунё додварзию додгустариро пойдор кард ва устувонааш то имрӯз арзишмантарин боқӣ монд, ки 6-уми ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” қабулу пазироӣ гардид ва ин эътирофи созмони байналмилалӣ ба ин далел аст, ки “Устувонаи Куруш” ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзиши озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб мекунад. Ёдоварии ин нукта ба ин хотир аст, ки дар шароити кунунӣ кишваҳои Тоҷикистону Эрон ва бахше аз Хуросонзамин (Афғонистон) меросбар ва тарғибгари воқеии фарҳанги гузаштаи эронитаборон маҳсуб меёбанд ва “Устувонаи Куруш”-ро низ Тоҷикистону Эрон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд то расман эътирофи умумибашариро ба даст орад.
Зоҳири Сайфулло – ходими илмии шуъбаи фалсафаи
фарҳангии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ ГАРМХОНАИ ПАРВАРИШИ ЛИМОН ВА ДИГАР МЕВАҲОИ СУБТРОПИКӢ ДАР ЗАМИНҲОИ ТАҶРИБАВИИ ИНСТИТУТИ БОТАНИКАИ АМИТ
Имрӯз, 25 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз гармхонаи парвариши лимон ва дигар меваҳои субтропикӣ дар заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар қитъаи заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дарназардошти бунёди боғи коллексионии растаниҳои субтропикӣ, бунёди боғи модарӣ ва дар оянда зиёд намудани ниҳолҳои навъҳои мандарин, афлесун, ба ниҳолҳои бо тарзи қаламча парваришёфтаи лимӯи Мейер, пандероза, грепфрут, лайм, авакадо, манго, фейхоа, чайота (бодиринги мексикоӣ), маракуя, мамордика, папая (дарахти харбуза) ва зайтун таҷрибаҳои омӯзишӣ гузошта шуданд ва бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои мазкур ва ба истеҳсолот пешниҳод намудани тавсияҳои асосҳои илмӣ дошта омӯзиши онҳо ба роҳ монда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар минтақаи таҷрибавӣ бо мақсади омӯзиши маҳсулнокии дарахтони себи қадкӯтоҳ дар боғҳои интенсивӣ, ниҳолҳои себҳои дар тагпайвандҳои қадкӯтоҳ пайвандшуда, дар китъаи таҷрибавии институт шинонида шуданд ва мушоҳидаҳои фенологӣ ва таҳиқотҳои илмӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар қитъаи таҷрибавӣ барои дар оянда ба роҳ мондани парвариши меваи кивӣ дар шароити Тоҷикистон, навъҳои гуногуни растании кивӣ шинонида шуд, ки парвариш ва усулҳои афзоиши он омӯхта шуда истоданд
Зимни боздид гуфта шуд, ки рустаниҳои ситрусӣ гурӯҳи калони дарахтони мевадори ҳамешасабзро ташкил дода, ба ҷинси ситрус (Citrus) мансубанд, ки мутааллиқ ба зероилаи норинҷиҳо (Aurantioideae) ва оилаи судобиҳо (Rutaceae) мебошанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рустаниҳои ситрусиро дар хандақҳо ва лимухонаҳо аз солҳои сиюми асри 20 мепарваранд. Барои ин хоса шароити иқлими вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Ҳисор, водии Кофарниҳони Поён, водии дарёи Панҷ, водии дарёҳои Сурхоб, Яхсу, водиҳои Данғараю Ёвон ва навоҳии тобеи марказ мувофиқ аст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки чайот-бодириги мексикоӣ (Sechium edule L.) растании бисёрсола буда, дорои танаи хазанда мебошад. Меваи чайот аз замонҳои қадим хӯроки ҳиндуёни Амрико мансуб мешуд. Чайотро бори аввал ба Тоҷикистон соли кормандони илмии Институти ботаника, физиология генетикаи растании АМИТ аз кишвари Краснодари Русия оварда, мавриди тадқиқот қарор дода буданд. Ҳамчунин тарзи афзоиши чайот, агротехникаи парвариш ва сифати ҳосили ба аст оварда ҳамаҷониба таҳқиқ карда шудаистодаст. Таркиби меваи чайот аз равған, протеин қанд, оҳар, каротин, моддаҳои минералӣ, калий, магний, оҳан, фосфор, витаминҳо С, В1, В2, РР ва инчунин протеин 19-аминокислотаҳо ки 8-и онҳо ивазнашаванда мавҷуд мебошад.
Гуфта шуд, ки маракуйя-marakuya меваи тропикӣ буда, ба гурӯҳи растаниҳои хазанда (печанда) масуб аст. Гули рангини зебои диққатҷалбкунанда мебошад. Мевааш дорӯзрӯя буда, то 8-10см андоза дорад. Меваи маракуйя аз шакли берунааш онқадар диққатҷалбкунанда набошад ҳам, дохили мевааш зарди базеб ва хуштаъм аст. Маракуйя бо сабаби таркиби бойи биохимиявӣ доштанаш, аҳамияти ғизоӣ ва шифоии хуб дорад. Меваи маракуйя аз 25-40 фоиз шарбат дорад. Дар таркиби шарбати меваи маракуйя правитамини А, витаминҳои С, В2, В3, В6, В9, микроэлементҳои К, Fe, Mg, P, ва 73% об, 22% ангиштоб, 2% сафеда, 0,7% ҷарбҳо дида мешаванд.
Инчунин, момордика (мomordica)- растании тропикӣ буда, ба гурӯҳи растаниҳои хазанда, яъне печанда сабзанда мансуб аст. Парвариши момордика дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиологи ва гентикаи растании АМИТ омӯзиши нахустин дар шароити Тоҷикистон мебошад. Дар як сол то 2,5-3м қад мекашад ва худи ҳамон сол ҳосил медиҳад. Мевааш то 10-15 см месабзад. Момордика аз сабаби таркиби биохимиявии бой доштанаш, амияти ғизоӣ ва шифоии хуб дорад. Барои табобати бемориҳои гепертонӣ, геморрой, захми меъда, диабет, лейкомия, паст намудани холестерини хун, баланд брдоштани иммунитет, кам кардани ваз ва ғайра истифода мегардад.
ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БА ҲАЙСИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТ ВА АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ОСИЁ ИНТИХОБ ГАРДИД
Дар ҷараёни Анҷумани умумии аввалини Академияи илмҳои Осиё (AASc), ки дар шаҳри Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайси ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ин интихоби таърихӣ шаҳодати эътирофи ҷаҳонӣ ба саҳми шоиста ва нуфузи олимони тоҷик дар пешрафти илм ва тадқиқотҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, ин иқдом нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар фазои илмии Осиё ва ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои дараҷаи баланди илмӣ ва олимони соҳибмаърифат эътироф мешавад.
Интихоби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар мақоми роҳбарикунанда дар Академияи илмҳои Осиё имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиё, инчунин барномаҳои муштараки тадқиқотӣ ва таҳқиқотҳои стратегии илмӣ густариш ёбанд.
Ёдовар мешавем, ки Анҷумани умумӣ бо иштироки 121 вакил аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла: Чин, Русия (бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тотористон, Ҷумҳурии Чечен, Ҷумҳурии Доғистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон); Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Покистон, инчунин кишварҳои ғайриосиёӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Юнон, Молдова ва Беларус баргузор гардид. Дар он 97 вакил дар интихобот иштирок карда, ба ҳайси роҳбарони Академия ва аъзои комил ва вобаста интихоб шуданд.
Бояд гуфт, ки ин интихобот барои рушди фазои ягонаи илмӣ ва ҳамгироии донишмандони Осиё аҳамияти беназир дошта, эътирофи саҳми Тоҷикистон ва олимони он дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Академияи илмҳои Осиё ягона муассисаи илмие мебошад, ки дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҳамгироии донишмандони Осиё, рушди тадқиқотҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои стратегӣ байни кишварҳои қитъаи Осиё таъсис ёфта, тамоми муассисаҳои илмии минтақаро ба ҳам овардааст.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ 24.11.2025
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям.
Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад.
Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.
Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад.
Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад.
Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад.
Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем:
Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».
Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст.
Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст.
Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад.
Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд.
Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд.
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад.
Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад.
Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд.
Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад.
Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад.
Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад.
Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст.
Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.
Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Имрӯз, 21 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 65- солагии фаъолияти илмию пажуҳишии сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Яқубов Юсуфшо бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки фаъолияти илмии академик Юсуфшоҳ Яқубов яке аз саҳифаҳои равшан ва пурбори бостоншиносии тоҷик мебошад. Дар бораи роҳи илмӣ ва хидматҳои устод ҳарф задан на танҳо изҳори эҳтиром ба илму маърифат аст, балки арҷгузорӣ ба заҳмати тӯлонӣ ва корномаи донишманди бузург низ маҳсуб меёбад. Густардагӣ ва серсоҳа будани фаъолияти ӯ, ки бахшҳои муҳими таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги мардуми тоҷикро дарбар мегирад, баёнгари мақоми илмии устод мебошад.
Таъкид гардид, ки Юсуфшоҳ Яъқубов 16 ноябри соли 1937 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаашро дар зодгоҳ ва баъдан дар мактаб-интернатҳои Саричашма ва Кангурти вилояти Кӯлоб идома дода, соли 1955 ба факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мегардад. Ӯ соли 1960 донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамчун мутахассиси ҷавон ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш фиристода мешавад.
Зикр гардид, ки зиёда аз 65 соли фаъолияти ӯ дар ҳамин муассисаи илмӣ роҳеро дар бар мегирад, ки аз вазифаи лаборант оғоз гардида, то ба даст овардани унвони баланди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мерасад. Дониши амиқ ва меҳнати пайваста ба ӯ имкон доданд, ки устод соли 1970 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии Б. Я. Ставиский дар Маскав ҳимоя намояд. Соли 1988 бошад, рисолаи докториашро муваффақона дифоъ мекунад.
Гуфта шуд, ки академик Юсуфшо Яъқубов ба насли дуюми бостоншиносони тоҷик тааллуқ дорад. Роҳи илмии ӯ аз иштироки фаъолона дар ҳафриёти Панҷакенти қадим дар солҳои 1960 оғоз мегардад. Дар ҳамин ҷо устодони маъруф — А. М. Беленитский ва Б. Я. Ставиский — ба ӯ сабақҳои аввалини касбӣ додаанд. Барои ғанигардонии таҷрибаи худ ӯ дар ҳафриётҳои шаҳрҳои Ҳулбук, Кофирқалъа ва Аҷинатеппа низ иштирок кардааст.
Қайд гардид, ки фаъолияти мустақили илмии устод аз соли 1962 оғоз меёбад, замоне ки бо гурӯҳи таҳқиқотӣ дар водии Яғноб 10 ёдгории бостониро кашф намуд. Соли 1964 таҳти роҳбарии устод Ставиский ковишҳои мустақилонаи худро дар қалъаи Гардани Ҳисор оғоз кард. Дар тӯли даҳсолаҳо ӯ дар минтақаҳои мухталифи болооби Зарафшон ва Суғди баландкӯҳ тадқиқот анҷом дода, 118 ёдгории бостониро сабт ва омӯзиш кардааст.
Муҳимтарин давраи фаъолияти илмии Яъқубов ба омӯзиши ёдгориҳои куҳистони болооби Зарафшон марбут аст. Ду ёдгории нодири ин минтақа — Кум ва Гардани Ҳисор — ки дар наздикии Кўҳи Муғ ҷойгиранд, барои таърихи суғдиён аҳамияти бузург доранд. Маҳз дар ҳамин минтақа соли 1933 76 ҳуҷҷати машҳури хаттии суғдӣ пайдо шуда буданд. Тадқиқоти мунтазами Яъқубов имкон дод, ки масоили меъморӣ, сохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳунармандӣ, фарҳанги моддии мардумони ин қалъаҳо ҳамаҷониба баррасӣ шаванд.
Дар идома, олимону муҳаққиқон атрофи фаъолият ва ковишҳои илмии академик Яқубов Юсуфшо андешаҳои хешро баён доштанд. Зикр гардид, ки академик дар тӯли чанд даҳсола бо пайгирӣ, таҳлилҳои илмӣ ва ҷустуҷӯҳои саҳроии худ боқимондаҳои тамаддунҳои қадимаи тоҷиконро бо далелҳои муътамад равшан намуда, ба илми бостоншиносии ватанӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. Қайд намуданд, ки ковишҳои илмии академик Яқубов Юсуфшо дар мавзеъҳои таърихии Саразм, Тахти Сангин, Ҳулбук, Қубодиён ва маконҳои дигари муҳими таърихӣ имконият доданд, то саҳифаҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ниёгон бо нигоҳи илмӣ боз ҳам пурра ва мушаххас инъикос ёбанд.
Сипас, академик Яқубов Юсуфшо дар баромади хеш ба роҳбарият, ҳамкорон ва шогирдон барои баргузории маҳфил ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои илмияш изҳори сипос намуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамаи дастовардҳои илмӣ натиҷаи саъю кӯшиши чандинсолаи худ ва ҳамкории самарабахш бо олимону кормандони муассисаҳои илмии кишвар мебошанд.Таъкид намуд, ки омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик на танҳо вазифаи илмӣ, балки масъулияти ватандӯстона ва маънавӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як бозёфт, ҳар як ҳуҷҷат ва ҳар як далели таърихӣ дар худ паёми худшиносӣ, ифтихор ва сабақи пойдории давлатдориву фарҳанги миллиро ҷой медиҳад.
ИФТИТОҲИ РАСМИИ «НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ»
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ифтитоҳ гардид.
Дар кушодашавӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Мирзошариф Ҷалолов, роҳбари дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), ҷаноби Сейҷу Имай ва намояндагон аз дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки роҳандозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ниҳоят муҳим буда, ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими энергетикӣ, экологӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Таъмини гармидиҳӣ дар шароити иқлими кӯҳӣ ва зимистонҳои сард, махсусан дар манотиқи дурдаст, яке аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Ҳоло қисмати зиёди хонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бо истифода аз ангишт, ҳезум ва гази моеъ гарм карда мешаванд. Ин на танҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунад, балки ба муҳити зист низ зарар мерасонад, чунки боиси тавлиди партовҳои гази карбон (CO₂) ва дигар моддаҳои ифлоскунанда мегардад.
Истифодаи манбаъҳои гармии зеризаминӣ дар шакли насоси гармии зеризаминӣ (GSHP – Ground Source Heat Pump) имконият медиҳад, ки гармидиҳӣ бо хароҷоти камтар ва партовҳои карбонӣ қариб ба сифр расонда шавад. Ин технология бо истифодаи ҳарорати устувори қабатҳои зеризаминӣ кор мекунад ва метавонад дар тамоми фаслҳои сол самаранок бошад.
Татбиқи чунин технология на танҳо ба коҳиши истифодаи сӯзишвории маъмулӣ мусоидат мекунад, балки намунаи равшани гузариш ба энергияҳои тоза ва барқароршаванда мебошад. Ҳамзамон, он метавонад сатҳи истиқлолияти энергетикии маҳаллиро баланд бардорад, хароҷоти аҳолӣ ва ташкилотҳоро коҳиш диҳад ва ба ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд.
Дар ин технология зеҳни сунъӣ низ ба таври самаранок истифода шудааст. Системаҳои рақамӣ бо ёрии алгоритмҳои зеҳни сунъӣ доимо маълумотро аз сенсорҳо таҳлил мекунанд, аз ҷумла ҳарорати қабатҳои зеризаминӣ, талаботи гармӣ ва шароити иқлим. Ин имкон медиҳад, ки кори насосҳо ба таври худкор оптимизатсия шуда, истеъмоли энергия кам ва устувории тамоми шабака беҳтар гардад.
Истифодаи зеҳни сунъӣ инчунин ба пешгӯии сарбории гармидиҳӣ, идоракунии оқилонаи энергияи дохилии бино ва коҳиши хароҷоти истифодабарандагон мусоидат мекунад. Дар натиҷа, чунин система на танҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза ва камхарҷ аст, балки ба сатҳи навбатии идоракунии интеллектуалӣ мегузарад.
Дар шароити Тоҷикистон, ки дорои захираҳои хуби геотермалӣ мебошад, муттаҳидсозии GSHP ва зеҳни сунъӣ метавонад заминаи технологияи ояндадор гардад ва ба татбиқи стратегияҳои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳми муҳим гузорад.
Бо дарназардошти он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои гуногуни геотермалӣ ва шароити мувофиқи иқлимӣ мебошад, татбиқи чунин лоиҳа метавонад намунаи пешқадам барои дигар минтақаҳо гардад ва ба амалисозии стратегияҳои миллии рушди устувор, истифодаи самараноки захираҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳми назаррас гузорад.
ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ГЕОТЕРМАЛӢ ДАР МАРКАЗИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ АМИТ
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқони Тоҷикистону Ҷопон озмоишгоҳи геотермалӣ ба истифода дода шуд.
Зимни ифтитоҳ иттиллоъ дод шуд, ки озмоишгоҳи мазкур ба омӯзиш ва арзёбии захираҳои гармии зеризаминӣ машғул мешавад. Дар озмоишгоҳ ҳарорат ва хосиятҳои обҳои зеризаминӣ таҳлил мешаванд, потенсиали геотермалӣ муайян мегардад, таркиби минералӣ ва газҳои ҳамроҳ санҷида мешавад ва технологияҳои истифодаи гармии зеризаминӣ, аз ҷумла насосҳои гармидиҳии заминӣ (GSHP), озмоиш мешаванд. Ин озмоишгоҳ барои рушди энергетикаи тоза ва устувор аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки дар озмоишгоҳ анализатори Хроматографияи ионӣ насб карда шудааст. Хроматографияи ионӣ вазифаи таҳлил ва ҷудокунии ионҳоро дар намунаҳои гуногуни об иҷро мекунад. Ин усул имкон медиҳад, ки консентратсияи анионҳо ва катионҳо бо дақиқии баланд муайян карда шавад, таркиби маҳлулҳо ошкор гардад, сифати об назорат шавад, ифлоскунандаҳо ва ионҳои номатлуб муайян шаванд ва раванди химиявӣ пайваста таҳти назорат нигоҳ дошта шавад.
Гуфта шуд, ки ин усул дар назорати экологӣ, гидрохимия, саноати озуқаворӣ ва дорусозӣ, инчунин дар озмоишгоҳҳое, ки таҳлили босуръат ва боэътимоди таркиби ионӣ талаб карда мешавад, васеъ истифода бурда мешавад.
ВОХУРӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ БЕҲТАР НАМУДАНИ НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқони Тоҷикистону Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш иброз дошт, ки бо дастгирии Донишгоҳи Акитаи Япония амалишавии лоиҳаи мазкур дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имконият медиҳад, то дар кишвар технологияи муосири гармидиҳии декарбонатӣ рушд ёфта, истифодаи захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ ба таври самаранок ба роҳ монда шавад.
Зикр гардид, ки имрӯз мо дар доираи ифтитоҳи хонаи гармидиҳии геотермалӣ, бахшида ба лоиҳаи iTAG-SATREPS — «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» — ҷамъ омадаем. Лоиҳаи мазкур бо ҷонибдории барномаи байналмилалии “Ҳамкориҳои илмӣ ва технология барои рушди устувор” (SATREPS), Донишгоҳи Акитаи Ҷопон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардид.
Таъкид гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки низоми гармидиҳии кишвар бо усулҳои муосир такмил ёфта, ҳамзамон барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ватанӣ заминаи устувор фароҳам оварда шавад. Гуфта шуд, ки истифодаи гармии зеризаминӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди энергетикаи сабз дар кишвар маҳсуб меёбад.
Дар идома, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко иброз дошт, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаи сабз ва татбиқи технологияҳои муосир барои рушди устувори Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад ва татбиқи лоиҳаи гармидиҳии декарбонатӣ намунаи рӯшани ин ҳамкорӣ мебошад.
Дар фарҷоми вохурӣ иштирокчиён оид ба роҳҳои амалисозии босамари лоиҳа, ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ мубодилаи афкор намуданд.
