Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдат, сулҳ, ягонагӣ барои тоҷику тоҷикистониён калимаҳои муқаддасанд. Маънии калимаи Ваҳдатро Пешвои миллат чунии шарҳ додааст: “Ваҳдат барои мо як калимаи оддӣ ё вожа нест, балки номи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст». Дар миёни мафҳумҳо чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандорию ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ мафҳуми Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Сароғози ҳамаи созандагию ободкорӣ, некӯаҳволии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “Ваҳдат ниҳоли ширини парваришкардаи мо мебошад, ки ҷомеа аз он баҳравар гардид ва халқи азиаткашидаи тоҷик ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки теша ба решаи ниҳоли сабзкардаи мо бо номи Ваҳдат расад”.
Нақш ва таъсири Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ба вуҷуд овардани андешаҳои ваҳдатсаро ва роҳи ба эътидол овардани кишвар бузург буду, саҳми Сарвари давлат дар татбиқи созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ алъон мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст.
Маҳз ташкили бозгашти фирориёни тоҷик аз кишварҳои дуру наздик нуфузи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бурда лаёқати ташкилотчигӣ, ҷасорату нотарсии ўро дар ҷаҳониён муаррифӣ сохт.Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то инҷониб Роҳнамо, Пешво ва афрузандаи чароғи даврони пурсаодати мо маҳсуб мебошанд.
Оҳангсози олмонӣ Рихард Вагнер сулҳу суботро вазифаи пиру барно дониста таъкид мекунад,ки : «ҳадафи бевоситаи давлат субот ва ноил шудан ба сулҳ аст».
Муншии Созмони Миллали муттаҳид Кофи Аннан чунин ақида дошт,ки : “Тоҷикистон бо бисёр мамлакатҳо дар бобати яктарафа шудани ихтилофоти дохилӣ ибрати беназир нишон дод. Ин саҳми муҳимми Тоҷикистон ба таърихи эҷоди сулҳофаринист”.
Владимир Путин – Президенти Росия дар ҷараёни яке аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон татбиқи ислоҳот ва раванди демократиро дар кишвар чунин арзёбӣ мекунад: “он чи дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат аст, махсусан Созишномаи сулҳ”.
Чун таърихшинос мутмаин ҳастам, ки саҳми барҷаста ва гузаштҳои сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат. Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи арзёбии сиёсатмадорони муосир, аз иборат буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз вартаи маҳву нобудшавӣ наҷот дод, ояндаи дурахшонро барои миллати тоҷик, ки сидқан дӯсташ медоранд, муҳайё намуданд.
Бобати ба вуқуъ пайвастану идома ёфтани ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон анъанаи ёддоштнависи идома ёфта, аксар ҳамзамонони мо хотироти хешро ҷиҳати омилҳои пайдоиш ва паҳншавии ҷанг дар шакли китоб ба қалам овардаанд. Ин хотираҳо нуктаи назари муаллифонро ба таври мухталиф оид ба вазъияти сиёсии давраи мазкур баён гардидааст. Масъалаи қаламдод намудани сулҳу ваҳдати миллӣ мавқеи аввалиндараҷаро ишғол намуда, бевосита аз ҷониби афроди иштироккарда дар раванди музокироти сулҳ таълиф гардиданд, ки дар онҳо ба таври воқеӣ мушкилот, лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирҳалкунандаи тоҷикон тасвир ёфтааст. Оқибат Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни қувваҳои даргир ба имзо расид, ки баъдан ҷаҳониён ин таҷрибаро ба таври мусбат мавриди арзёбӣ қарор додаанд. Маҳз ҳамин сабақҳои таърих бо ташаббуси Сарвари давлат боиси сулҳи тоҷикон гаридид.
Соҳибдавлатӣ ва ягонагии ҷомеае ҷовидон хоҳад монд, ки Ваҳдати миллӣ дар он густариш ёфта, ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ баҳри муттаҳидии ҷомеа татбиқ мегардад ва сол то сол дар тамоми соҳаҳо дастовардҳои арзишманд ба чашм мерасанд, ки нуфузи Тоҷикистонро баланд бардошта, аз кишвари ҷангдида, ба мамлакати сулҳофару тараққикарда табдил дод.
Бисту ҳашт сол пеш, яъне 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид.
Солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карданд, ки дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Бадхоҳони миллати мо мехостанд бо ҳидояту раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд. Дар он рӯзҳо Конститутсия ва қонунҳои мамлакат зери по шуда буд ва ҳеҷ кас ба шаҳрвандон кафолати зинда монданро дода наметавонист.
Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанонамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муссисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим гардид. Бефарзанду бесаробон мондани даҳҳо ҳазор нафар модарону занон ва ятим шудани даҳҳо ҳазор кӯдакон зарбаи даҳшатноку ҷуброннопазири он фоҷиаи ба сари мардуми мо омада буд.
Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада аз таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ иборат буд. Он рӯзҳо тамоми мардуми кишвар, аз хурд то бузург танҳо ҳамин орзуро доштанд - орзуи сулҳу амонӣ дар кишвар.
Маҳз бо талабу дархост ва майлу иродаи мардуми кишвар ва танҳо ба хотири дар харитаи сиёсии ҷаҳон боқӣ мондани давлати соҳибистиқлоламон ва пароканда нагардидани миллатамон, мо бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин музокиротро оғоз кардем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, санади барои миллат муҳим ба имзо расонида шуд. Аз ин рӯ, санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии ХVІ-уми Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад.
Баъди имзои созишномаи сулҳ қариб як миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан мондаамонро ба маҳалли зист ва хонаву манзилашон баргаштанд, Ҳукумат онҳоро бо маводи ғизоӣ ва шароити аввалияи зиндагиву рӯзгор таъмин карда, онҳоро ба корҳои барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ сафарбар намуд.
Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳванди минбаъд аҳаммияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Аз ин лиҳоз, ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмонидани моҳият ва арзиши сулҳу ороми, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо дар роҳи эъмори он бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем, далели равшану возеҳи тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон ба шумор меравад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати чузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ в фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кӯшиш намоем.
Ҳоло мураккаб шудани авзои геосиёсии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияту озодии давлат масъалаи зиракиву ҳушёрии сиёсии шаҳвандони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ҳифзи давлату давлатдориро торафт мубраму муҳим мегардонад.
Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ба қадри сулҳу осоишу оромию тинҷиву амонӣ расанд. Чунки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Қариб чор сол аниқтар чил моҳ давом карда, зиёда аз чил ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид, ки ин вохӯриҳо дар шаҳрҳои Кобул, Бишкек, Алма-Ато, Ашқобод, Теҳрон, Маскав баргузор шуда, хиради азалии тоҷиконро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад. Музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 идома ёфта, фарогири 6 музокироти роҳбарон, 21 музокироти ҳайатҳо мебошад.
Нияти неку тақдирсози Пешвои миллат аз соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегарад, ки баъди суханронии "Хунро бо хун намешӯянд, хунро бо об мешӯянд" - и Пешвои миллат ҳазорҳо силоҳбадастонро ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонид. Аз тариқи радиои "Хуросон" соати сеи шаб муждаи сулҳ ба Ватан паҳн шуд, ки рӯзи 28 июн Мардуми Тоҷкистон ҳамдигарро гирякунон оғуш мегирифтанду, муборакбод мегафтанд.
Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллӣ дастоварди беназир аст. Агар дар шакли комил бори дигар фалсафаи ҷовидонаи мардуми орёнажодро гирем рафтори нек, гуфтори нек, пиндори некро миллати тоҷик ба ҷаҳониён муррифӣ намуд. Ҷасорату нотарсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сафар ба мавзеъҳои хатарзо кишвари моро аз вартаи нестӣ наҷот додааст.
То ин дам ягон сарвари давлат рақиби худро ба оштии миллӣ дар дар атрофи мизи мудаввар ба ҳам наовардааст. Касе, ки он рӯзҳои мудҳишро дар ёд дошта бошад, ба қадри сулҳу амонӣ, осоиштагӣ ва суханони Пешвои миллат, ки "Сарчашмаи истиқлолият Ваҳдат аст" гуфтаанд, мерасад. Худованд он рӯзҳоро на ба дӯст на ба душманамон нишон надиҳад. Дар як фурсати кӯтоҳ ҳазорон тоҷик хонабардуш, фирорӣ ва кушта шуданд. Хонае набуд, ки аз он оҳу нолаву доду фиғони ҷонкоҳ набарояд (хусусан модарони тоҷики мо).
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осоиштагӣ ва саодати халқашро мехост ва аз ягон душворӣ намеҳаросид. Аз ҳама муҳим ба халқаш эътимод дошт. Садои дили ў садои дили ҷавоне буд, ки аз миёни халқ баромада буд ки бо такя ба халқи азизаш метавонист ҳамаи монеаҳои бавуҷудомадаро паси сар кунад.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат хатари барҳамхӯрии ҷумҳурӣ в парокандагии миллатро пешгирӣ намуд.
Раҳми парвардигори мо омад,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ваҳдат ба миллати тоҷик истиқлоли дубора бахшид, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, яъне 27 июни соли 1997, дубора ба халқи тоҷик озодӣ ба даст омаду мо аз он шукрона мекунем. Роҳи сулҳ бароямон роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлол гардид.
Вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллиамонро таблиғу ташвиқ намоем, фақат бо ҳамин тариқ мо роҳи худро ба сӯйи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ идома медиҳем.
Муроди мо аз ин гуфтаҳо мусоидат ва баланд гардидани ғурури миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихор аз ватани озоду соҳибистиқлол, боло бурдани ватандӯстӣ, меҳнати ҳалолу самаранок роҳи ягонаи наҷоти давлату миллат дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳонишавист.
Пешвои миллат дар баромадҳояшон борҳо таъкид карданд, ки: "Истиқрори сулҳ ва тамини Ваҳдати милллӣ бе муболиға яке аз дастовардҳои мо дар асри бист мебошад, ки аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад».
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои милати тоҷик танҳо ба сифати як ҷашн нест, балки фаротар аз он, саҳифаи таърихест, ки ба ивази машаққат ва сабру таҳаммули беқиёс насиби тоҷикон гардидаст. Дар ҳар давру замон фарзандони фарзона сулҳро барои халқу давлаташон пойдор нигоҳ дошта, онро ба тафаккури аҳли ҷомеаашон ҷой карда тавонистаанд. Дар замони Каёниёи Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ ва дар замони мо поягузори давлати соҳибистиклоли миллӣ Эмомалӣ Раҳмон аз чумлаи шахсиятҳои бузурганд, ки сулҳу салоҳ ва ваҳдатро дар давлатҳояшон пойдору барқарор нигаҳ дошта тавонистанд. Ҳоло ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст, бояд дар ақидаи ҷомеа андешаи сулҳу салоҳ, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ бошад. Танҳо дар ҳамин сурат давлату миллати тоҷик соҳиби рузгори орому осуда мегардад ва шаҳрвандон метавонд машғули меҳнати созанда бошанд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ бар шумо муборак бошад!
ҚУРБОНОВА Ширин, - сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих.