Дар ҳама давру замон ваҳдат ва ризояти миллӣ омили асосии суботи ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум буда, ба даст овардану пойдории он насиби халқу миллатҳои огоҳ, бофарҳанг ва тамаддунофар мегардад. Аҳамияти ин падида имрузҳо бештар аз пештар эҳсос мегардад. Ҷангу муноқишаҳо, нооромиҳо дар ҷомеаҳои гуногун, ки имрузҳо боиси рехтани хуни садҳо ҳазорон шахсони бегуноҳ, бесарпаноҳу гуреза шудани миллионҳо одамон гардида истодааст, маҳз аз нобудии ваҳдату ризояти халқҳо дар ин сарзаминҳо сарчашма мегирад.
Дар таърихи миллати тоҷик 27 июни соли 1997 ҳамчун саннаи тақдирсоз бо ҳарфҳои заррин нависта шудааст, зеро дар ин рузи таърихӣ бо шарофат ва ташаббуси Абармарди тоҷик, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хатми ҷангу низоъҳои дохилӣ дар кишвари мо хотима гузошта шуда, барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягонаву иҷтимоӣ асос гузошта шуд. Санаи 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсия Россия дар ҳузури намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон ва намояндаи махсуси Муншии умумии СММ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Бо ҳамин, ихтилоф ва муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон ба анҷом расид. Ба андешаи коршиносон санади ниҳоии сулҳ дар кишвари мо ба оғози давраи нави таърихӣ бунёд гузошт. Давраи нав давраи расидан ба ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд.
Бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ (аввали солҳои 90 асри гузашта) қариб 1 млн. шаҳрвандони ҷумҳурӣ гуреза шуданд. Қисми зиёде аз онҳо ба хориҷи кишвар ва қисме ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ паноҳ бурданд. Бо ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ тадриҷан масъалаҳои бозгардонии онҳо ба ҷои зисти доимӣ ва дар ин замина танзими ҳуқуқии ин раванд ба миён омаданд. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994, № 993 "Дар бораи муҳоҷирони иҷборӣ" қабул гардид.
Бо саъю кушиши бевоситаи Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгардонии гурезаҳо ба ҷои зисти доимиашон шуруъ гардид. Дар ин марҳила масъалаи асосии давлатӣ ин барқарорсозии сулҳу суббот ва расидан ба Ваҳдати миллӣ буд.
Аз соли 1993 то соли 2000 ҳамагӣ 950 599 нафар шаҳрвандони кишварамон ба ҷойҳои зисти доимиашон баргардонида шуданд, аз ҷумла: аз кишварҳои ИДМ – 201 601 нафар, аз Афғонистон – 51 345 нафар, аз вилояту минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – 697 653 нафар. Дар давоми соли 2000 ба таври муташаккилона аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боз – 656 нафар шаҳрвандони кишварамон ба ватан бозгардонида шуданд.
Таҷрибаи кишвари мо оид ба барқарории сулҳ, баргардонидани гурезаҳову муҳоҷирони иҷборӣ ва ҷобаҷокунии онҳо, ташкил намудани ҳаёти осоишта ба шаҳрвандон ва фароҳам овардани шаффофият дар фаъолияти идораҳои давлатӣ, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта, истилоҳи «таджикская модель национального примирения»-ро дар сатҳи муколамаҳои ҷаҳонӣ пайдо кард.
Зикраш ба маврид аст, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ба сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъсири манфии калон расонида шуда, низоми бокортаъминсозии шаҳрвандони қобили меҳнат халалдор гардид. Аз кор мондани корхонаву муассисаҳо, пардохт нашудани музди меҳнату кумакпулиҳои шаҳрвандон дар он замон ба якбора авҷ гирифтани бекорӣ дар саросари кишвар боис гардид.
Бинобар ин, дар баробари истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, масъалаҳои бозгардонидани гурезаҳои дохилӣ ба ҷои зисти доимиашон, барқарорсозии иншооти иҷтимоӣ, таъмини ҷои кор ва пардохти музди меҳнату нафақапулиҳои шаҳрвандон масъалаҳои муҳими давлатӣ ба шумор мерафтанд.
Новобаста аз имкониятҳои маҳдуди молиявии давлат ҳануз шуруъ аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифз ва таъминоти иҷтимоии аҳолӣ: пардохти музди меҳнату нафақапулиҳои шаҳрвандон, сарпарастии ятимону маъюбон, кумак ба оилаҳои камбизоат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи аввал ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва созишномаҳои байни давлатию ҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷ таҳия ва қабул гардиданд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи гурезаҳо”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ” ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
Баъдан дар заминаи ин қонунҳо барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидаанд, ки ба рушди минбаъдаи соҳаҳои вазорат замина гузоштанд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтиомии аҳолӣ дар ин муддат зиёда аз 40 санади байни давлатию байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷ ба тасвиб расидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС яке аз аввалин давлатҳоест, ки аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнат шуда, конвенсия ва тавсияҳои ин ташкилоти байналмилалиро эътироф намудааст. То имрӯз аз ҷониби Тоҷикистон 51 Конвенсияҳо ва 22 Тавсияҳои ТБМ эътироф шудаанд. Дар ин замина соли 1997 нахуст Кодекси меҳнати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, ки он ҷавобгуи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат буд ва аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт.
Дар ин муддат зиёда аз 40 маротиба бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақапулиҳои шаҳрвандон ва маоши вазифавии кормандони буҷетӣ зиёд карда шуд, ки ин омил ба сатҳи зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбии худро гузошт.
Тайи даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади ба танзим даровардани бозори меҳнат ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида шуданд. Вобаста ба ин дар ин давра зиёда аз 15 барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ қабул ва амалӣ гардиданд.
Бо татбиқи стратегияву барномаҳои иҷтимоии давлат сатҳи зиндагии аҳолӣ дар Ватани мо бо тадриҷ боло рафта, суботи иҷтимоӣ таъмин гардида, ҳама халқҳои Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ доранд.
Бинобар ин, ҳар фарди Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва осоиштагии Ватани азизамон ҳамеша саъю кушиш намуда, онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва неъамти бебаҳо эҳтиёт намоем.
Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло - номзади илмҳои ҳуқуқ, ходими илмии калони шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ