Мо наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ роҳнамо созем.
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ- асоси осоиши мардум ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа маҳсуб мегардад. Халқи тоҷик оқибатҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ, рӯзҳои фоҷиабори он ва хисороти иқтисодии гузоштаи онро хуб дар ёд доранд. Бинобар ҳамин, ҳамаи мо аз ҳарвақта бештар бояд дарки ин масъулиятро намоем, ҳамеша аз давлати соҳибистиқлол ва озоди кишвар шукргузор бошем.
Истилоҳи Ваҳдати миллӣ дар адабиёти муосири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мафҳумҳо ва фаъолиятҳое дар назар дошта мешаванд, ки назми ҳаёту фаъолияти ҷомеаҳои этникиро дар дохили кишвар таъмин ва инъикос мекунанд. Ваҳдати миллӣ як силсила омилҳои табиӣ ва иҷтимоӣ, дохилӣ ва берунӣ дорад. Роҷеъ ба таърихи пайдоиши ғояи ваҳдати миллӣ ҳанӯз аз даврони Авесто ва осори дигари ойинҳои тоисломии мардуми ориёинажод, асарҳои фалсафию бадеии мутафаккирону адибони асримиёнагӣ ибрози андеша намудаанд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва ин давлати мустақил аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Вале бо иллати камтаҷрибагӣ дар самти давлатдорӣ ва фитнаву дасисаҳои душманони берунӣ вазъияти мушкилу печидаи сиёсӣ кишвари моро фарогир гирифт, мусибати зиёдеро ба сари мардуми тоҷик овард. Дар ҷанги шаҳрвандие, ки дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқӯъ пайваст, ҳазорон ҳамватанони мо бегуноҳ қурбон шуданд, занон бесаробону тифлон ятим монданд. Беш аз як миллион шаҳрвандони кишвар ба гуреза табдил ёфтанд. Хатари аз байнравии давлат ба миён омада буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 дкабри соли 1992 ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфта буданд: “Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихии худро аз сар мегузаронанд. Ҳақиқат талх аст ва мо бояд иқрор шавем, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор табдил дода бошанд. Ман қасам ёд мекунам, ки донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор кардани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.
Маҳз кӯшишу ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва дигар фарзандони сулҳхоҳи тоҷик буд, ки марҳила ба марҳила давраҳои музокирот баргузор шуд ва дар натиҷа 27-уми июни соли 1997 пас аз 8 давра гуфтушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифон, дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” байни тоҷикон баста шуда, Ваҳдати миллӣ устувору пойдор гардид. Пас аз имзои сӯлҳ бо кӯшишҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон зина ба зина пешрафт намуд, ки метавон онро рақамзанӣ намуд:
1. Хатари аз байн рафтан ва пора шудани давлати Тоҷикистон бо кӯшишҳои Пешвои миллат бартараф карда шуд.
2. Ба президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки нухбагони сиёсии дорои тафаккури баланд ва содиқ ба ормонҳои миллиро баҳри рушди мамлакат дарёфт ва муттаҳид намоянд.
3. Пешвои миллат ба бедории тафаккури сиёсии мардум мусоидат карда, дурнамои ояндаи сохти давлатдориро тарҳрезӣ намуданд, ки бо номи давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона маълуму машҳур мебошад.
4. Ба ташакул ва мустаҳкам гардидани сохтори ниҳодҳои интизомии мамлакат асос гузоштанд.
5. Тоҷикистон зина ба зина, бо таҳким ёфтани сулҳу субот ба кишвари саноатию аграрӣ табдил ёфта, созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави он рушду тақвият ёфт.
6. Президент ба инкишофи ҷомеаи мадании шаҳрвандӣ мусоидат карда, ваҳдату ягонагӣ ва ватандӯстиро шиори аҳли ҷомеа эълон намуданд.
7. Падидаи сулҳ дар кишвар бо номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дошта, он ҳамчун модели сиёси ба ҷанг нуқта гузоштан ва омили асосии таҳкими сулҳу ваҳдат барои кишварҳои ҷангзадаи дунё хидмат мекунад.
8. Шуҳрату нуфузи Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил дар ҷаҳон боло рафт ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки тарроҳаш муҳтарам Эмомалӣ Оаҳмон буданд, мавриди омӯзишу ибрати ҷаҳониён гашт.
9. Низоми нави давлатдорӣ ба миён омада, иқтисоду иҷтимоиёт рушду такомул ёфт ва некуаҳволии аҳли ҷомеа таъмин гардид.
Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯзҳо мо оромона дар тамоми гушаю канори кишварамон бо як дилпури ва суботу анмият кору фаъолият менамоем. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рӯзҳои ид”, 27-уми июн ҳамчун “ Рӯзи Ваҳдати Миллӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Қодиров Ҳалим -ходими хурди илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон