
«Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин ру, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдат барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дорои ҳуввияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандӯстӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарваранд.
Нерӯи ваҳдат он қадар бузург аст, ки фазои душманиву душманро дарҳол маҳв менамояд ва миёни инсоният сулҳу дӯстиву рафоқатро густариш мебахшад. Яъне, танҳо ва танҳо ваҳдат аст, ки ҷомеаи тинҷу осоиштаро насиби насли одам гардонидааст. Халқе, ки ба ваҳдат рӯ намеорад ва дар асоси низоми ваҳдат сарҷамъ намегардад, ҳеҷ гоҳ ба осудагӣ намерасад.
Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандтарин мебошад, зеро барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Ин сулҳу ваҳдат маҳз бо кӯшишу заҳматҳои фидокоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд ва ин неъмати бебаҳоро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ба монанди гавҳараки чашм нигоҳ дорад.
Махсусан, Созишномаи ваҳдати миллии тоҷикон, ки 27-уми июни соли 1997 имзо гардид, боиси тинҷиву амонӣ гашта, тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари Тоҷикистонро ба рӯйи ҳамватанони бурунмарзӣ боз намуд. Бо шарофати мақдами фархунда ва мубораки Ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёрии комилро ба даст овардааст.
Барқарор гардидани сулҳу субот имкон дод, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли мо захмҳои давоми ҷанг гирифтаи хешро даво бахшида, айни замон ба бунёди аркони давлатдории навинаш қадам бигузорад. Мардуми кишвар бошанд, ба ҳаёти осоишта ва ободию созандагиҳо рӯ биоваранд.
Самараи неки Ваҳдати миллист аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ваҳдатофар шинохта шудааст. Тули солҳое, ки Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармост, халқ зиндагии осоишта, пурбаракат ва арзандаро соҳиб гаштааст.
Бояд иқрор намуд, ки миллати тоҷик аз ҳамон халқҳоест, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бо хиради азалии хеш дар барқарорсозӣ ва гулгулшукуфии ватани худ ҷонбозиҳои зиёд карда бо муваффақият ноил гаштааст. Имрӯзҳо низ, натиҷаи заҳмати ватанпарваронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асоси ваҳдат озодии комили худро ба даст дорад. Яке аз бузургтарин фарзонафарзанди баруманди тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои барқарор намудани Ваҳдати миллӣ худро зери вазнинтарин хатари ҷонӣ гузошта, ба кишварҳое, ки умеди бозгашт набуд сафар кард, то ки ба гурӯҳҳои мухолифин забон як карда, Тоҷикистони ҷангзадаро соҳибсулҳ гардонад.
Пешвои миллат дар ин музокираҳо бо хиради волои хеш байти машҳури бузургтарин ғазалсарои адабиёти форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ:
«Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро»-рo cармашқи кори худ карор дода, бо адовати мухолифин адолат намуда, барои халқи худ Ваҳдати комилро ато кард. Истиқлоли номиро бо истиқлоли ҳақиқӣ мубаддал гардонид. Ана, ҳамин заҳматҳои Пешвои миллат аст, ки дар ин кишвари биҳиштосо ҳамасола рӯзи 27-июн хамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҷашн гирифта мешавад.
Халқи тоҷик - яке аз хушбахттарин миллатҳо, имсол 28-солагии “Ваҳдати милли”-и хешро дар фазои сулҳу осоишта пешвоз мегирад.
Ваҳдати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳон эътироф намуда, миллати тоҷикро аз бузургтарин халқиятҳои маърифатпарвару маъдалатгустар ва ваҳдатқарину ваҳдатофар мешиносанд.
Адолат нест, чун ваҳдат набошад,
Саодат нест, чун ваҳдат набошад.
Бувад ваҳдат сафои рӯзгорон,
Садоқат нест, чун ваҳдат набошад.
Азизтар аз барои насли инсон,
Дар ин дунё ба ҷуз ваҳдат набошад.
Фазои рӯзгорон тирагун аст,
Агар маънои рӯз – ваҳдат набошад.
Имрӯз шукр мекунем, ки дар давлати биҳиштосои мо парчами сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ парафшон аст.
Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.
Расулов Туйғун Мирқозиевич – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири озмоишгоҳи маркетинг ва Ояндабинии МД МТТИ АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ


Имрӯз, 29 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мутахассиси соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва гуногунии биологии Созмони Милали Муттаҳид оид ба озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) доктор Сара Занон Агапито мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи доктор Сара Занон Агапиторо ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак бо олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дастгирии лоиҳаҳо дар ин самт ба мувофиқа омаданд.
Ёдовар мешавем, ки доктор Сара Занон Агапито бо ҳамтоёни худ дар доираи лоиҳаҳои сершумореро, ки аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ (GEF), пеш аз ҳама дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешаванд ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.
Бояд гуфт, ки аксари лоиҳаҳо ба гуногунии агробиологӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим бахши кишоварзиро фаро гирифта, таҳкими иқтидор, таҳқиқоти саҳроӣ ва дастгирии ҳуҷҷатнигории лоиҳаҳҳоро дар бар мегирад.
Дар ин замина таҷрибаи доктор Сара Занон Агапито барои баррасӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, омода намудани посухҳо ба Котиботи Фонди глобалии экологӣ (GEF) ва таъмини ҳамоҳангӣ бо афзалиятҳои миллиро дар бар мегирад. Вай ба пешбурди дипломатияи илмӣ барои системаҳои устувори ғизо ва ҳифзи гуногунии биологӣ, инчунин барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо бо ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ҳамкорӣ мекунад.
МУЛОҚОТ БО ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МУБОДИЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ШИНҶОН
Имрӯз, 27 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо декани факултети мубодилаи байналмилалии фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Ден Син мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин ёрдамчии директори Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ Ван Хуэйҷуан, мудири шуъбаи Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот роҳбари академия ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои самарбахши олимони тоҷик бо ҳамтоёни чинӣ мухтасар маълумот дода, доир ба нақши муҳими маркази омӯзишии забонии чинии Конфутсии назди ДМТ дар таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни ду кишвар, ки яке аз асосгузоронаш профессор Ден Син мебошад қайд намуд.
Дар идома профессор Ден Син оид ба кушодани маркази такмили ихтисоси омӯзгорони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назди Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар самт иттлоъ дода, қайд намуд, дар баробари омода намудани омӯзгорон, такмили ихтисоси олимону муҳаққиқон, таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон, ки моҳи июли соли 2024 дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуда буд, суханронӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳарду тараф 20 номгӯи китобҳои классикону, олимону сиёсатмадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб карда шуда, гуруҳи корӣ, тарҷумонон ва мушовирон таъсис дода шуда, рузҳои наздик ҷаласаи кори онлайнӣ баргузор карда мешавад.
Дар арафаи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураев Алишер Раҳимзода, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода, директори Институти астрофизика Бӯризода Анвар, директори МД Маркази пиряхшиносӣ Шерализода Назриало, ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттӣ Ализода Саидхоҷа, Саидзода Фазилат корманди Институти фалсафа, сиёсатишиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ба устодони гиромӣ дар корҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоем!
РӮНАМОИИ ТАҲҚИҚОТИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ: БУНЁД ВА ПЕШРАФТИ ДОНИШНОМАНАВИСИИ ИЛМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 22 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ таҳқиқоти «Академик Муҳаммад Осимӣ: бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон», ки ба солрӯзи академик бахшида шудааст рӯнамоӣ гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, доир ба саҳми арзишманди академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди соҳаи илм дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки дар таҳқиқоти дастаҷамъии тоза ба нашр расида, гурӯҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Франсия, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат намуда, дар навиштаҳои асари мазкур масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии бунёд ва пешрафти донишномависии илмӣ дар Точикистон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма доштанд, ба риштаи таҳқиқ омадааст.
Таъкид гардид, ки муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ, ҷамъиятии ин симои камназирро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла, саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ дар бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон пешрафт, ҳаллу фасли масоили ташкил, ҷалбу сафарбар намудани нерӯҳои илмӣ, таҳияи фонди илмӣ барои таҳия, ташкили сафарҳои омӯзишии кормандон ба кишварҳо, марказҳои илмӣ- энсиклопедии шӯравӣ барои андӯхтани дониш, тачрибаи энсиклопедиясозӣ, тартиб додани луғатномаҳои соҳавии энсиклопеди, гирдоварии адабиёти илмӣ, сарчашмаҳои хаттӣ доир ба масоили таърих, назарияи масоили таъриху фарҳанг, навиштани аввалин энсиклопедияи миллии тоыик, таҳияи энсиклопедияи ихтисосӣ доир ба ҷашнҳои 50-60 солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри сифатан баланди он, заминаи устувори илмию ташкилии энсиклопедияҳои соҳавӣ корҳои камназири ташкилии илмии академӣ саҳми арзанда доранд.
Дар идомаи маҳфил Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳақиқон саҳми ин донишманди тоҷикро дар рушди соҳаи илми кишвар муҳим арзёбӣ намуда, доир ба фаъолияти самарабахши ӯ маъруза намуданд. Қайд гардид, ки дар навиштани ин асари дастаҷамъӣ, ки олимони ватанию хориҷӣ ширкат намудаанд, мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги донишноманависии илмии тоҷик хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ намудаанд.
КОРМАНДИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДАМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRICS AND SCO» САРФАРОЗ ГАРДИД.
Аз 17 то 19 августи соли 2025 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, Федератсияи Россия сеюмин маротиба Ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) баргузор гардид. Ин озмуни байналмилалӣ ба кашфи истеъдодҳои ҷавон ва эътирофи саҳми мутахассисони ҷавон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст.
Ташкилкунандаи чорабинӣ мазкур Академияи дипломатияи ҷавонон бо дастгирии Вазорати кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тотористон буда (Academy of youth diplomacy), он бо дастгирии шарикон аз байни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид. Озмун ҳамасола баргузор мешавад ва роҳбарони ҷавонро аз соҳаҳои гуногуни илм, маориф, фарҳанг ва рушди иҷтимоӣ муттаҳид месозад.
Дар марҳилаи ниҳоии соли 2025 намояндагони нӯҳ кишвар ширкат варзиданд: Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия. Натиҷаҳои озмун дар доираи Форуми сеюми байналмилалии «РОСТКИ: Россия ва Чин» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи ташкилӣ ва шарикон қадрдонӣ шуданд.
Институти астрофизикаи Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор хабар медиҳад, ки Парвизи Орзукул, лаборанти калони шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳо, барандаи Ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва СҲШ дар номинатсияи «Тадқиқот ва инноватсияи сол» гардид.
Ин ҷоиза барои лоиҳаҳо ва таҳқиқоте тақдим шуд, ки ба густариши илми астрономия ва паҳн кардани донишҳои илмӣ равона шудаанд. Дар фаъолияти худ Парвизи Орзукул, баргузории экскурсияҳои астрономии ройгонро, ки дар онҳо ҳазорҳо сокинони кишвар аввалин бор имкони мушоҳидаи Маҳ, -ҳасафари табии Зумин, сайёраҳои Системаи офтобӣ – Миррих, Муштари ва Зуҳал тавассути телескоп пайдо намуданд, бо фаъолиятҳои густурда дар самти пешбурди илм ба забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳид месозад.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2025 барои як ҷойи озмуни мазкур тақрибан 45 довталаб мубориза бурданд – ҳамагӣ беш аз 450 дархост пешниҳод гардид. Ба ҷоиза на танҳо кишварҳои узви БРИКС ва СҲШ, балки дигар давлатҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Институти астрофизикаи АМИТ Парвизи Орзукулро бо ин эътирофи шоиста дар сатҳи байналмилалӣ табрик намуда, итминон дорад, ки дастовардҳои ӯ ба рушди минбаъдаи маърифатнокии илмӣ ва тарғиби астрономия дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард
НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ СЕЙСМИКӢ БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯ ДАР ПОЙГОҲИ СЕЙСМИКИИ НОҲИЯИ ЛАХШ
19 августи соли равон дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҷҳизоти сейсмикӣ насб карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур аз замони ба вуқӯъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ то ин ҷониб пурра аз фаъолият боз монда буд. Имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ беҳтар гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки дар партави ҳамин дастгириҳо бо иқдомҳои неки роҳбарияти академия пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш аз нав барқарор гардида, бо таҷҳизоти наву замонавии сейсмикӣ муҷаҳаз гардонида шуд. Шурӯъ аз санаи 19 августи соли 2025 соати 10:00 пойгоҳи мазкур пурра ба фаъолият оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки минбаъд тавассути пойгоҳи мазкур ҳар як нишондодҳои заминҷунбие, ки дар ноҳияи Лахш ба вуқӯъ мепайвандад санҷида шуда, маълумоти он ба маркази ягона фиристонида мешавад.
Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт.
Тақсим намудани ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи аҳолии кишвар бояд дастрас карда шавад, аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шурӯъ шуд.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.
Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт.
Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои Шоҳнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: "Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар "Шоҳнома", ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт".
Президенти кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд.
Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози "Шоҳнома" ниёзи бештар дорем.
Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Агар аҳамияти “Шоҳнома” ва шоҳномахониро дар роҳи тарғиб ва таҳкими ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ба таври кӯтоҳу муъҷаз бигӯем, пас беҳ аз худи Фирдавсӣ касе ӯро васф накардааст, ки мегӯяд:
Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ва ё
Басе ранҷ бурдам дар сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Имрӯз (15.08.2025) аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон аксияи ҳизби бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи тиб – 18 август”- таҳти унвони “Тандурустӣ беҳтарин неъмат бувад” баргузор карда шуд.