Истиқлолият неъмати бебаҳо аст, ки кишварҳо барои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ талошҳои бузург ба харҷ медиҳанд ва бо ноил шудан ба ин мақсад, ки аз сиёсат, иқтисод ва фарҳанг сарчашма мегирад он дастовардҳоро ҳамчун арзиш ва кафолати рушди миллии худ арҷ мегузоранд. Аз ин ҷиҳат соли 1992 дар ҳаёти миллати тоҷик ҳамчун ҳодисаи фараҳбахш, оғози саҳифаи навини таърих, ҳамчун ҷашни истиқлол татбиқ гардид. Ин раванд аҳамияти дуҷонибаро дорад: аз як тараф истиқлолият ҳамчун рамзи озодӣ барои миллати соҳибтамаддун ва аз дигар тараф он ҳамчун пояи устувори ҷомеа барои амният, рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳифзи фарҳангӣ хизмат мекунад.
Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолият ҳамчун давлати мустақил бар асоси принсипҳои ҳуқуқбунёд ҳокимият ва волоияти қонунро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар дар мадди аввал гузошт. Ин раванд ба тақвияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва таъмини устувории низоми давлатдорӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон, татбиқи принсипҳои волоияти қонун ба рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, беҳбудии зиндагии шаҳрвандон ва таъмини эътимоди қавии мардум ба давлати худ мусоидат кард.
Ҳеҷ шакке нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст, зеро таърихи муосири тоҷик шоҳиди ҳодисаҳои зиёде гардида, барои расидан ба истиқлолияти воқеъӣ мубориза ва талошҳои бардавом кардааст. Дар асри XX миллати тоҷик барои расидан ба истиқлоли воқеӣ на танҳо сиёсиро, балки арсаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро низ паси сар кард. Соҳибихтиёр шудани кишварро метавон ҳамчун рӯйдоди бузурги таърихӣ ва сарнавиштсоз арзёбӣ намуд. Ин неъмати бебаҳо на танҳо оғози давраи нав, балки кафолати ташаккули худшиносӣ, арзишҳои миллӣ ва имкониятҳои озод барои ояндаи Тоҷикистони муосир мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлоли давлатӣ ҳаёти сиёсию ҷамъиятиро ба танзим дароварда, оромию осудагии мардумро фароҳам овард ва қадамҳои муҳим дар робитаҳои байналмилалии худро гузошт. Дере нагузашта мардуми тамаддунпарвару бофарҳанги Тоҷикистон пас аз пайгирӣ намудани қадамҳо ва андешаҳои роҳбари воқеии Истиқлолият Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ дар ҷаҳон шинохта шавад. Зеро заҳматҳои бардавоми ӯ тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд, пайравони ҳадафҳои стратегӣ гардонанд ва кишварро ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳимояи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат раҳнамун созанд.
Дар ҷараёни таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари давлат бо дарназардошти омӯхтани таҷрибаи давлатҳои собиқадор ва ба кор гирифтани усулҳои демократӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, ҳамзамон хусусиятҳои хоси миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистонро ба мадди назар дошт. Дар ҳамин раванд, моддаи 17-и Конститутсия омадааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Ин модда баёнгари принсипи баробарӣ ва адолати ҳуқуқӣ мебошад, ки барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи озод дар Тоҷикистон замина гузоштааст.
Бояд таъкид намуд, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвар ҳамчун давлати иҷтимоӣ муайян гардида, ин ба маънои он аст, ки тамоми фаъолияти давлат ба баровардани эҳтиёҷоти аслии шаҳрвандон ва таъмини зиндагии шоиста ва арзандаи мардуми кишвар нигаронида шудааст.
Инчунин, ҳамаи дастовардҳои кишвар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари давлат мебошанд. Сиёсати пешгирифтаи ӯ тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, маишиву маънавии мардуми Тоҷикистонро фаро гирифт. Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба як кишвари зебо, амн ва обод табдил ёфт. Бо тағйири инфрасохтор дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳаю маҳалҳо, Тоҷикистон рӯз ба рӯз ободу зебо шуда, ба макони зеҳнбар ва истироҳати ҷаҳониён табдил ёфт.
Ин ва дигар кӯшишҳои бепоён ва заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти давлат буд, ки Тоҷикистон на танҳо дар бахши илму фарҳанг, балки дар соҳаҳои қонун ва танзим низ пешравиҳои назаррас ба даст овардааст. Бо таҳкими сиёсати қонунӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқӣ, давлат тавонист барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми кишвар заминаи устувор гузорад. Ин таҷдиди назар ва амалигардонии нақшаҳои стратегияҳои самаранок барои таҳкими ҳуқуқи инсон, таъмини озодиҳо ва ба талаботҳои замони муосир мутобиқ сохтани қонунгузорӣ, нишондиҳандаи таҳаввулоти муҳим дар роҳи рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Вақте ки сухан дар бораи таҳкиму волоияти қонун ва истиқлолият меравад, бидуни шубҳа, охирҳои солҳои 1992 ва замоне, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба садри роҳбарии ҷумҳурӣ расид, дар ёди ҳар шаҳрванд нақш мебандад. Дар он давра, Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт ва шароити имрӯзае, ки мо онро мебинем, фароҳам намбуд. Тоҷикистони тозаистиқлолёфта кишваре буд, ки дар авоили истиқлолият бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд. Дастгоҳи давлатии нокоромадшуда, ки бар асари ҷанги мусаллаҳонаи дохилӣ пора-пора гардида буд, пеши роҳи рушди кишварро ба таври ҷиддӣ маҳдуд мекард. Иқтисоди миллӣ ба ҳолати фавқулодда вазнин қарор дошт, бисёре аз шаҳрвандон аз хонаҳояшон маҳрум ва паноҳандагони бесару сомон дар дигар кишварҳо қарор доштанд. Дар чунин шароити сангини иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, мардуми Тоҷикистон ба ноумедӣ ва ташвиш рӯ ба рӯ шуда буд ва барқарор кардани субот ва таҳкими истиқлолият саволи муҳим ва дигар талаботи ҷиддӣ мавҷуд буд. Дар чунин шароити пешомода, маҳз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо диловарӣ ва хирадмандии хос дар як давраи кӯтоҳ тавонист ҳамаи сохторҳои давлатиро бозсозӣ ва устувор намояд. Вақте, ки кишвар дар ҳолати шикасти сиёсиву иқтисодӣ қарор дошт, ӯ бо сиёсати дурандешона вазъияти сиёсию иҷтимоиро ба субот расонд, пеши хунрезиҳоро гирифт ва мавқеи кишварро дар арсаи байналмилалӣ устувор сохт. Ба далели ислоҳоти иқтисодии навини бозаргонӣ, кишвар роҳи рушд ва барқарории иқтисодиро ба таври ҳамаҷониба оғоз бахшид. Дар натиҷа, рифоҳу осоиш ва зиндагии мардуми Тоҷикистон ба сатҳи баланд расида, кишвар дар камтарин муддат ба осоиштагии комил ва суботи сиёсии табдил ёфт.
Сиёсати дақиқ ва ҷасуронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари ҷанги шаҳрвандӣ барои барқарории сулҳ ва оромиш дар Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Ӯ бо иқдомҳои хирадмандона ва иқтидори баланди сиёсӣ, сулҳро ба кишвар овард ва талафоти инсонӣ ва хатарҳоро хотима бахшид. Мардуми Тоҷикистон барқарории сулҳро хизмати бузурги таърихӣ ва қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд, ки иродаи халқро ба ҳақиқат пайваст намуд ва заминаро барои истиқлоли миллӣ ва шукуфоии Ватан фароҳам овард. Ӯ Тоҷикистонро аз як давраи нооромиҳо ба як кишвари ором, амн ва рушдёфта табдил дод. Имрӯз Тоҷикистон як кишвари обод, ором ва рушдёфта аст, ки сулҳ, субот ва амниятро таъмин мекунад. Ватан ҳамчун қалъаи устувор ва ваҳдати миллӣ, тамомияти арзӣ ва қонунгароӣ ҷойгоҳи худро мустаҳкам кардааст, ки барои пешрафт ва тараққиёти кишвар имкониятҳо фароҳам овардаанд.
Инчунин Ваҳдати миллӣ омили асосии суботу оромии ҷомеа аст, ки сарҷамъӣ, ҳамбастагӣ ва якдигарфаҳмиро таҳким мебахшад, ҳамчунин миллатро аз парокандагӣ ва нобасомонӣ наҷот медиҳад.
Сабабгори ваҳдат ва оромӣ дар Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, дар Паёми шодбошии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин гуфтанд: «Нақшаву барномаҳои қабулкардаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд».
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи ояндаи ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша шукргузор аз саодати соҳибдавлатӣ бошем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихор ва сарфарозӣ аз давлати соҳибистиқлол тарбия кунем.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо заҳматҳои зиёди Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолиятро нигоҳ дошта, қадамҳои устуворро дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бардоштааст. Волоияти қонун ва субот дар кишвар тавассути ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи озод таъмин гардид. Президенти кишвар бо сиёсати дурандешона ва хирадмандона Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ наҷот дод, сулҳро барқарор намуда ва ба рушди давлат мусоидат кард. Ваҳдати миллӣ ва ба ҳам пайвастани мардуми кишвар омили асосии субот ва оромии ҷомеа аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи ояндаи ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад, ки барои рушди устувор ва шукуфоии оянда замина мегузорад.
Одинаев Абдуҳалим, - ходими пешбари илмии шуъбаи Шуъбаи Шарқи Миёна ва
Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.