Бузургони илму адаб ситорагоне ҳастанд, ки дар осмони зиндагонии башар доим бо як бузургии бесобиқа дурахшонанд. Онҳо роҳи наҷоти гумшудагони водии ҳаётро ба сӯи мақсуди матлуб нишон медиҳанд. Бинобар ин донишмандону нависандагон ба як миллат ва қавм тааллуқ надоранд, балки донишу биниши онҳоро тамоми ҷаҳон истифода мекунад.
Яке аз чнин донишмандони форсу тоҷик Абубакр Закариёи Розӣ аст, ки имрӯзҳо дар саросари Ҷумиҳурӣ ва ҳатто берун аз он 1160 солагии ӯро ҷашн мегиранд. Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Рай мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб — ул — Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд.
Рисолаи фалсафии “ас-Сира ал-фалсафия”-и Закариёи Розиро арабшиноси чехӣ Пол Краус бахшида ба 1100 солагии ин донишманд бо забони арабӣ таҳия ва ба забони фаронсавӣ тарҷума намудааст.
Номи китоби “ас-Сира ал-фалсафия”-ро донишмандони пешин дар доираи осори Закариё Розӣ зикр кардаанд. Аз ҷумла Абурайҳонӣ Берунӣ дар рисолае, ки дар бораи феҳристи муаллафоти Розӣ навиштааст, онро ба ҳамин шакл ёд мекунад. Ва дар нусхае, ки он дар китобхонаи Британия маҳфуз аст ва Пол Кроус аз ҳамон нусха ин китобро таҳия намудааст, ба ҳамин ном зикр шудааст.
Ибни Абиусайбиа дар китоби “Табақоту-л-атиббоъ” аз таълифоти Розӣ чанд китобро бо номҳои мухталиф овардааст, ки ҳамаи номҳои як китоб ва мақсуд аз тамоми онҳо ҳамин китоби мавриди баҳс аст. Дар ин асасо, ин китоб бо номҳои дигаре аз қабили “Кито сирату-л-ҳукамо”, “Китоб фи сирати-л-фозила”, “Сирату-л-мадинати-л-фозила” ва “Китоб фи сиратиҳи”. Донишмандони дигар, аз қабили Қифтӣ ва Ибни Надим ин китобро “Китоб фи сирати-л-фозила” ёддошт кардаанд. Мавзуи китоби “Сирату-л-фалсафия” чунон ки аз номи худи китоб маълум аст, дар бораи саргузашти муаллиф сухан меравад. Розӣ дар он аз шахсияти худ гуфтугӯ мекунад ва аз хислатҳояш дифоъ менамояд. Закариёи Розӣ дар ин китоб бо боварии комил ба мақоми баланди худ, эътирозҳои мухолифонашро рад мекунад ва хидматҳое, ки ба василаи дониши худ ба мардум намудааст, ёдовар мешавад.
Розӣ дар ин китоб, ахлоқи худро пайрави ахлоқи Суқрот муаррифӣ кардааст ва ӯро пешвои худ ҳисобида, орзӯяш ташбеҳ сохтани худ ба ин файласуф аст. Ин навъ бузург шуморидани мақоми Суқрот, ки Розӣ дар навиштаҳои худ ба он пардохтааст, дар таърихи фалсафаи исломӣ қобили таваҷҷуҳи хос аст.
Агар чи қисмати аввал ва охири китоби мазкур Розӣ бештар аз шахсияти худ дифоъ намудааст, аммо қисмати мобайнии асар як сирате аст, ки ба андешаи Розӣ бояд ҳар файласуфе онро дошта бошад. Ӯ дар ин китоб, шаш дастури усулиеро, ки файласуф бояд риоят кунад, тавзеҳ медиҳад. Дар миёни ин ҳама, Розӣ бештар ба масъалаи лаззат ва дард аҳамият додааст. Ӯ дар ин китоб лаззат ва дардро аз нигоҳи ахлоқӣ таҳлил намуда, чунин мегӯяд, ки файласуфи ҳақиқӣ касе аст, ки аз лаззатҳое, ки сабаби зарари ақл ва ахлоқи ӯ мегардад, дурӣ ҷӯяд ва илми адлро, ки бар лаззати воқеӣ баъд аз марг аст, бар лаззатҳои ҷисмонӣ тарҷеҳ надиҳад. Аммо ихтиёри ин сират зарурати онро ба миён намеорад, ки инсон мисли як ҳинду ҷасади худро дар оташ сӯзонад ва ё мисли баъзе насрониҳо аз ҷимоъ даст кашад ва гуруснанишинӣ кунад ва ё мисли баъзе мусалмонҳо умри худро дар эътикоф гузаронад ва аз лаззатҳои феълӣ чашм пӯшад, балки бояд аз нигоҳи хирад ба лаззатҳо назар афканад ва он лаззатҳоеро пеша кунад, ки оқибати бад надошта бошад.
Дар умум, ин китоб яке аз боарзиштарин китобҳои Закариёи Розӣ аст, ки муаллиф дар бораи худ гуфтааст ва дар ҳамон замони худ, ба баъзе шубҳаҳо ва туҳматҳое, ки ба ӯ задаанд, бо далелҳои фалсафӣ ва ақлӣ ҷавоб гуфтааст. Инчунин файласуф дар ин рисола андешаҳои фалсафии худро бо далелҳо собит сохтааст. Мо кӣ дар арафаи 1160 солагии ин донишманди бузурги олами тиб ва фалсафа қарор дорем, омӯзиш ва таҳқиқи системавии осори ӯро барои муаррифии ин донишманд муфид меҳисобем.
Рамазониён А.Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ НУРИСТОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИНОРИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз, 08 сентябр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бинои маркази саломатии деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Чинор, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд таъмиру таҷдид шуда, барои қабул ва табобати беморон шароити созгор муҳайё карда шудааст, ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатӣ аз панҷ ҳуҷра муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ иборат буда, он ба сокинони ҷамоати деҳот хидмати тиббӣ мерасонад.
Имрӯз, 08 сентябр дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Шӯрчаҳи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан майдончаи варзишӣ, ки бо харҷи беш аз 165 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Фарҳод Норматов сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд.
Масоҳати майдончаи варзишӣ 36 ба 18 метр буда, он барои бозии футболи хурд пешбинӣ шудааст. Дар маросими ифтитоҳи он сокинони деҳа бо ҷашни истиқлол шодбош гуфта, ба ин иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода шуд.
ТАРҶУМАИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО НОМИ «TACIKLER» ВА РӮНАМОИИ ОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 06 сентябр бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки аз забони тоҷикӣ ба забони туркӣ тарҷума шудааст рӯнамоӣ гардид.
Дар рӯнамоии китоби мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, иқдоми масъулини Вазорати фарҳангро барои тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саривақтӣ хонданд.
Таъкид гардид, ки акнун ин шоҳасарро тамоми туркзабонони дунё бо забони модариашон мутолиа хоҳанд кард. Воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки «Китоби Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Воқеан, аз нашри асари фундаменталии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт ва дар ин муддат асари мазкур эътирофи ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки як падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.
Таъкид гардид, ки имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои соҳаи худ ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.
Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки он дар тӯли таърих дар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хидмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш дар он аст, ки ӯ бо пажӯҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дод, инчунин нишон дод, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ бозидаанд.
Дар идома Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш таъкид дошт, ки воқеан, китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории нави тоҷикон ба самти тозае ворид шуд. Дар ҳамин раванд чорабинии имрӯзаи мо ба муаррифии тарҷумаи туркии китоби "Тоҷикон" бахшида мешавад.
Дар дарозои таърих, ҳодисаҳои табиӣ — аз заминларза то гирифтҳои осмонӣ — зеҳни инсонро ба тафаккур водор кардаанд. Дар фарҳангҳои гуногун гирифти Моҳ (хусуф) рамзҳои гуногун дошт, аммо бо рушди астрономия мо онро ҳамчун падидаи пурра фаҳмо, ки аз геометрияи ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб вобаста аст, медонем. Дар ин роҳ, саҳми донишмандони тоҷику форс, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ хеле бузург аст. Яке аз мисолҳои равшан, замонест ки Берунӣ бо Абулвафо Бузҷонӣ мушоҳидаи ҳамзамони гирифти Моҳро анҷом дода, аз рӯйи фарқи вақт тафовутҳои тулҳои шаҳри Кот ва Бағдодро ҳисоб карданд. Ин таҷриба яке аз намунаҳои барҷастаи истифодаи гирифтҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷуғрофиёи астрономӣ аст.
Чӣ гуна «гирифти Моҳ» рух медиҳад?
Гирифти Моҳ замоне доир мегардад, ки Моҳи пурра ба сояи Замин медарояд. Соя ду қисмат дорад: нимсоя ва сояи аслии торик. Агар диски Моҳ пурра ба соя дарояд, мо гирифти пурраро мушоҳида мекунем; агар танҳо ба бахше аз соя ворид шавад гирифти қисманро мебинем. Ранги сурхтобе, ки мардум онро «Моҳи хунин» меноманд, аз он меояд, ки қисмати кабути нури офтоб ҳангоми гузаштан аз атмосфераи Замин бештар пароканда мешавад ва ҷузъҳои сурх то сатҳи Моҳ мерасанду сурхчатоб мегардонанд.
7 сентябри 2025: гирифти пурраи Моҳ аз Тоҷикистон пурра намоён аст.
Шаби 7 ба 8 сентябри 2025 ҳодисаи гирифти Моҳ ба амал меояд, ки маҳз Тоҷикистон тамоми марҳилаҳои он – аз оғози нимсоя то анҷоми он дида мешаванд. Марҳилаҳои асосӣ (бо вақти Душанбе, UTC+5):
Оғози нимсоя: ~20:28
Оғози гирифти қисман: ~21:27
Оғози пурра: ~22:30–22:31
Лаҳзаи максимум: ~23:11–23:12
Анҷоми гирифти пурра: ~23:52
Анҷоми қисман: ~00:56 (8 сент.)
Анҷоми нимсоя: ~01:55 (8 сент.)
Дар лаҳзаҳои асосӣ Моҳ аз уфуқи ҷанубу шарқ то ҷануб баланд (тақр. 38°–45°) хоҳад буд, ки шароити хеле қулай барои тамошо ва аксбардорӣ мавҷуд мегардад.
Ситорашиносӣ дар амал: сайёраҳо дар ҳамон шаб.
Шаби 7 ба 8 сентябр ба ҷуз ҳодисаи гирифти пурраи Моҳ дар осмон сайёраҳои Зуҳал ва Муштариро мушоҳида кардан мумкин аст:
Зуҳал (Сатурн) – сайёраи шабона. Дар моҳи сентябр хеле хуб дида мешавад ва шаби 7 сентябр аз бегоҳ то субҳ равшан аст ва бо дурбин ё телескоп ҳалқаҳои онро мушоҳида кардан мумкин аст.
Муштарӣ (Юпитер) – сайёраи саҳаргоҳ. Дар сентябри 2025 то субҳ баланд мешавад ва пеш аз тулӯи офтоб ҳамчун нуқтаи хеле равшан дар шарқ дида мешавад.
Даъват барои мушоҳида дар Ҳисор
Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон мекунад, ки рӯзи 7-уми сентябри соли 2025 дар Расадхонаи Ҳисор Рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад. Мо ҳамаи дӯстдорони кайҳонро ба мушоҳидаи гирифти Моҳ даъват менамоем. Дар баробари ин, Зуҳал-ро дар шаб ва Муштарӣ-ро ҳангоми субҳ якҷо тамошо мекунем.
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМИТ
Имрӯз, 05 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш қаблан, кулли мардуми шарафманди тоҷикро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи озодиву шукуфоӣ, садоқат ба Ватани азиз ва ҳувияти миллӣ мебошад, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки ин роҳи 34-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар, ки аз сиёсати истиқлолхоҳонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, барои ҳар як фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд аст ва арзишманд боқӣ мемонад.
Қобили зикри хос аст, ки Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушду нумуи ҳама соҳаи иқтисодиёти кишвар ривоҷу равнақ бахшида, анъанаҳои ниёгонамонро дар бораи ҳамбастагии илму сиёсат эҳё намудаанд ва бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи кору зиндагӣ мунтазам бо олимону зиёиёни ҷумҳурӣ мулоқотҳои судманд доир намуда, андешаҳои ин қишри ҷомеаро дар ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо иқдоми хосаи Сарвари давлат бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар баргузор гашта, осори илмии онҳо мунтазам ба нашр расиданд. Таҳияи бузургтарин асарҳои мондагори мутафаккирони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома” Аблуқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар як оилаи кишвар эҳдо намудани ин шоҳасарҳо бузургтарин ва мондагортарин кори Пешвои миллат на танҳо дар ҷумҳурӣ балки берун аз ҷумҳурӣ мебошад.
Зикр шуд, ки барои олимони муосир дар ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои муаззами миллат мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои бо номи шахсиятҳои баруманд ва шинохтаи таърихӣ мавриди корбарӣ қарор дода шудаст, ки мисоли ин танҳо барои олимони ҷавон ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки ҳамасола олимони ҷавон барои дастовардҳои назарраси илмӣ қадршиносӣ мешаванд. Муқаррар намудани иловапулӣ ва стипендияи доимӣ барои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсати дастгирии олимони тоҷик муҳимтарин иқдоми Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар суханронии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният хонда, зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар як замони ҳассос баъди пош хурдани Иттиҳодияи Шуравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилӣ дар як вазъияти ниҳоят душвор бо талошҳои одилонаву оқилонаи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз зулму ситам ва аз вартаи ҳалокат наҷот ёфтани мардуми тоҷик қабул шудааст. Ҳамаи мардуми Тоҷикистонро мебояд ба қадри ин озодӣ, ободӣ, Истиқлолияти давлатӣ расида ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, моҳияти Истиқлолиятро ба онҳо фаҳмонанд, то ки ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта ба ояндагон аз худ як давлати ободу тараққикарда ба мерос гузорем.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ як зумра аз олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии фарҳанг, аълочии маориф
20 НАФАР КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИЛМ СОҲИБИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ВА 2 НАФАР ОЛИМОНИ ҶАВОН СОҲИБИ ҶОИЗАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ШУДАНД
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва олимону академкон бештар равона гардидааст. Зеро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳим мебозад. Дар баробари дигар соҳаҳои фаъолияти иҷтимоию давлатӣ соҳаи илм ҳам барои пешрафту рушди ояндаи кишвар зарур дониста мешавад. Ҳамин аст, ки дар шароити имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимону академикон ғамхориҳои худро дареғ надошта, заҳмату талоши онҳоро ҳамеша қадр менамояд.
Дар робита ба ин дар остонаи 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 нафар олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва 2 нафар олимони ҷавон бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Воқеан ҳам ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақому мартабаи олимону академикон дар ҷомеаи муосир сол то сол боло рафта истодааст.
Имрӯз (05.09.2025) бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ дар остонаи ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
МАҲФИЛИ “ХИРАД” БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: РӮНАМОӢ АЗ МАҶМУАИ АШЪОРИ НАВИ БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО “ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ”
Имрӯз, 04 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфили навбатӣ маҷмуаи ашъори нави Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Шукӯҳи истиқлол” рӯнамоӣ гардид. Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш зикр дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташкили маҳфили илмию адабии “Хирад” мақсад гузоштааст, ки барои донишмандону фарҳангиёни кишвар фурсат фароҳам намояд, то ба муносибатҳои гуногун дастовардҳои илмию адабии хешро пешкаши алоқамандон кунанд.
Таъкид гардид, ки дар ин кори нек суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сармашқу намуна дар фаъолияти рӯзмарраи мо аст, ки мефармояд: “Мо бо номи нек ва осори эҷодкардаи бузургони гузаштаамон ҳамеша ифтихор мекунем. Эҷодкорони мо, яъне аҳли адабу фарҳанг ва олимону донишмандони имрӯзаи мо низ бояд бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат асарҳое офаранд, ки боиси ифтихори наслҳои оянда гарданд ва номи неки онҳо низ дар саҳифаҳои таърихи миллат барои садсолаҳо боқӣ монад”.
Гуфта шуд, ки имрӯз мо дар осотонаи ҷашни пуршукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва тасмим бар он шуд, ки барои гиромидошти он, маҳфили ширу шакар омода гардад, то кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар баробари таҳқиқоти илмӣ, фаъолиятҳои адабӣ низ доранд, осору ашъори худро ба гӯши шунавандагони хеш бирасонанд. Ҳамин тавр, маҳфили имрӯзаи мо бар асоси ашъори ватандӯстонаи мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Беҳрӯзи Забеҳулло ихтисос ёфтааст.
Зикр шуд, ки фаъолияти кории Беҳрӯзи Забеҳулло Саидхоҷа аз Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда, то боргоҳи илму маърифати ҷумҳури, яъне Академияи милли илмҳои Тоҷикистон расидааст. Дар тули фаъолияти хабарнигории хеш Забеҳулло Беҳрӯз Саидхоҷа садҳо мақола дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ мунташир кардааст. Аз соли 2006 ба баъд мақолаҳои гуногуни Забеҳулло дар рӯзномаву маҷаллоти кишварҳои ҳамзабон ба нашр расидаанд. Аз ин рӯ, Забеҳулло Беҳрӯз соли 2011 ба хотири таблиғи фарҳанг, тамаддун ва дастовардҳои навини кишвари соҳибистиқлоламон дар матбуоти кишварҳои ҳамзабон бо Ҷоизаи иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосими Лоҳутӣ сарфароз шудааст.
Дар идома мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ Беҳрӯзи Забеҳулло аз маҷмуааи ашъори худ шеърҳои ватандӯстона доир ба арзиши бузург доштани Ватан, Истиқлолият қироат намуда хотири иштирокдоронро шод гардонид. Инчунин, дар маҳфил ҳунармандони ватансарои кишвар Баҳодур Неъматов, Тобиши Ҳилолӣ, Исмоил Назрӣ, Амирҷон Рӯзиев, Фахриддини Малик шеърҳои ба оҳанг даровардаи Беҳрӯзи Забеҳуллоро, ки мазмуни онҳоро ватандӯстиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ фарогир мебошад бо як эҳсоси баланди ватандӯстона сароида, хотири иштирокчиёни маҳфилро болида намуданд.
Имрӯз, 02 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Сафаралӣ Раҷабов – омӯзгор, олим ва арбоби давлатӣ” бо иштироки ходимони барҷастаи давлатӣ ва олимону кормандон баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки дар Академияи миллии илмҳо мунтазам вобаста ба бузургдошти олимони варзида, шоирону нависандагон, адибону шахсиятҳои бузурги таърихи ҳамоишу конференсияҳои илмӣ баргузор гардида, барои олимону адибон ва аҳли фарҳанг бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмӣ-адабӣ ва эҷодӣ, ҳамчунин, китобҳои таълифнамудаи онҳо маҳфили Хирад баргузор карда мешавад. Ҳамоиши илмии имрӯза ба хотираи гиромидошти фаъолияти бисёрсола ва бенуқсони арбоби барҷастаи давлатӣ, омӯзгори корозмуда ва шахсияти ватандӯсту маърифатпарвар Сафаралӣ Раҷабов баргузор карда шудааст.
Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур фурсати хубест барои баррасии саҳми арзандаи ин арбоби давлатӣ дар пешрафт ва рушду нумуи маориф ва илми Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар давраи мураккаби таърихӣ фаъолият намудааст нақши муҳим бозидааст.
Сафаралӣ Раҷабов шахсияте буд, ки роҳи зиндагии ӯ аз як омӯзгори оддии мактаби миёна оғоз шуда, бо садоқат ва заҳмати бепоён то ба мақоми баланди Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири маориф расидаст. Фаъолияти пурсамари ӯ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар таҳия ва татбиқи Конститутсияи соли 1994, иштирок дар сулҳи тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории муосир, намунаи олии хизмат ба Ватан ва мардум аст. Ӯ бо хоксорию меҳрубонӣ, дипломатияи воло ва андешаҳои амиқи сиёсӣ дар қалби мардум ҷойгоҳи хоса пайдо карда буд.
Дар идомаи чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар суханронии хеш изҳор дошт, ки Сафаралӣ Раҷабов на танҳо як сиёсатмадори варзида, балки як инсони хайрхоҳ, дӯсти бовафо ва шахсияти фарҳангӣ буд, ки дар ҳар қадамаш садоқат ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ эҳсос мешуд.
Инчунин, дар чорабинии мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, арбоби давлатӣ Хайриннисо Юсуфӣ, Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода, мудири шӯъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, Дониёр Сангинзода - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим дар суханронии хеш аз ҳаёту фаъолият ва хотираҳои ин арбоби давлатӣ ёдовар гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Сардори Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ, банақшагирии молиявӣ ва моликияти АМИТ Шарифзода Алишер, сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ Салим, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зиёев Субҳиддин Насриевич бо медали 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.