Skip to main content
Зан ва модар дар тамаддуни башарӣ ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи покӣ, сабру таҳаммул ва неруи созандаи ҷомеа эътироф гардидааст. Дар фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик низ мақому манзалати занону модарон басо воло буда, онҳо ҳамеша ҳамчун тарбиятгари насли солим, нигаҳбони арзишҳои миллӣ ва поягузори ояндаи дурахшони ҷомеа эҳтиром ва қадршиносӣ карда мешаванд. Модар нахустин муаллим, роҳнамои зиндагӣ ва чароғи равшани ҳар як хонадон мебошад, ки бо меҳру муҳаббати бепоён фарзандонро ба камол мерасонад ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия менамояд.

21Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ва эҳтиром нисбат ба занону модарон ба марҳилаи нав ворид гардид. Бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақоми зан дар ҷомеа пайваста баланд бардошта шуда, барои фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон дар пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд ва дар соҳаҳои гуногун — аз илму маориф то сиёсату иқтисод — фаъолияти босамар доранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо аз нақши бузурги занону модарон дар ҷомеа ёдовар шуда, чунин таъкид менамоянд:

«Зан – модар чароғи хонадон, тарбиятгари насли инсон ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад».

Ин суханони пурмазмун нишон медиҳанд, ки дар сиёсати давлату Ҳукумат занону модарон ҳамчун неруи созанда ва муҳими ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар ҳақиқат, агар ба таърихи пурғановати миллатамон назар афканем, мебинем, ки занони бохираду донишманд дар рушду такомули ҷомеа нақши муҳим бозидаанд. Аз давраҳои қадим то имрӯз модарони тоҷик фарзандони далеру ҷасур, ватандӯст, олимону донишмандон ва шахсиятҳои барҷастаро ба камол расонидаанд. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин тарбияи неки модарона Пешвои муаззами миллат, Президенти азизу маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки маҳз дар домони поки модари меҳрубон ба воя расида, бо тарбияи неки оилавӣ ва роҳнамоии Падару Модар ба шахсияти барҷастаи сиёсӣ , наҷотбахши дирӯзу имрӯзу фардои Ватан ва Роҳбари давлат табдил ёфтанд. Ин намуна бозгӯи он аст, ки тарбияи модар метавонад дар ташаккули шахсияти фарзанд ва сарнавишти тамоми миллат нақши бузургу муассир дошта бошад. Ҳамин аст, ки дар фарҳанги миллӣ эҳтироми модар ҳамеша муқаддас дониста мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат барномаҳои гуногуни давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, баланд бардоштани савияи донишу маърифати онҳо ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ амалӣ карда мешаванд. Имрӯз ҳазорҳо занони тоҷик дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои муҳими ҷомеа фаъолият намуда, дар рушду пешрафти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар яке аз вохӯриҳо бо занону модарон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд:

«Мо бояд ҳамеша ба қадри модарон ва занон расем, зеро маҳз онҳо бо меҳру муҳаббат ва тарбияи дуруст ояндаи ҷомеаро бунёд мекунанд».

Ин гуфтаҳо бозгӯи он аст, ки тарбияи насли солим ва ояндаи дурахшони ҷомеа пеш аз ҳама ба заҳмату меҳнати модарон вобаста мебошад. Модар бо меҳру муҳаббати самимӣ фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят намуда, дар қалби онҳо эҳсоси ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро парвариш медиҳад.

Имрӯз занони тоҷик ҳамчун неруи бузурги созанда дар ҷомеа шинохта шудаанд. Онҳо дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод ва идоракунии давлатӣ саҳми назаррас мегузоранд. Бо вуҷуди ин, рисолати асосии зан – модар тарбияи фарзандон ва нигоҳдории гармии хонадон мебошад, ки ин вазифаи муқаддас дар ҷомеа арзиши бузург дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин таъкид намудаанд:

«Нақши зан – модар дар тарбияи насли солиму бомаърифат бисёр бузург аст ва ҷомеаи солим маҳз аз оилаи солим оғоз меёбад».

Дар ҳақиқат, оилаи солим пояи устувори ҷомеа мебошад ва модар ҳамчун сутуни асосии оила дар ташаккули шахсияти фарзандон нақши ҳалкунанда дорад. Аз ҳамин лиҳоз, эҳтирому қадршиносии занону модарон яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми ин суханон, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи занону модарони гиромиқадри кишварамонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама саломатии бардавом, зиндагии осуда, рӯзгори пурсаодат ва хушбахтии хонаводагӣ орзу менамоям.

Бигзор меҳру муҳаббати модаронаатон ҳамеша чароғи равшани зиндагии мо фарзандон ва гармии ҳар як хонадон бошад.

Шумо — занону модарони азиз, бо сабру таҳаммул, заҳмати содиқона ва муҳаббати беканор дар тарбияи насли солим, ватандӯст ва соҳибмаърифат нақши бориз доред.

Бо камоли эҳтирому самимияти беинтиҳо ба ҳар яки Шумо орзу менамоям, ки ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед, бахту иқбол ва файзу баракат ҳамсафари рӯзгоратон гардад ва дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз зиндагии пурнишот дошта бошед.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 2 -юми ихтисоси Идораи давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон