“Он рӯз дур нест ки рафтагон бармегарданд. Мисли пештара хона обод мекунем, тӯю маърака месозем. Душман шикаст хӯрда аст. Бо пойи худ омада таслим мешавад. Мо ғалаба мекунем”.
Китоб дӯсти беминнати кас, ҳамрози лаҳзаҳои танҳоӣ ва руҳбахши замони хастагиву афсурдагист. Миёни асарҳое ки мутолиа намудаам беҳтарин асаре ки дарду алами ҳар як қаҳрамони онро дар мағзу устухони ҷони худ ҳис намуда, баробари ғами онҳо ғусса хурда, дар хурсандияшон шодӣ намудам ин романи “Занони сабзбаҳор” ба шумор меравад.
Тавре дар мундариҷаи асар дарҷ гардидааст сохторе ки дар ин асар тасвир ёфтааст дигар гаштааст, вале ҳамоно ишқ, садоқат, меҳр, вафо, нанг ва ор, шаън ва шараф, виҷдон ва имон, ҷоннисорӣ баҳри ҳифзи марзу буми ватан, занони нотарсу диловар ки мавзуҳои асосии асарро ташкил медиҳанд ҳамоно рӯзмарра боқӣ мондаанд.
“Занони сабзбҳор”-рӯзгори занони деҳаҳои дурдасти Тоҷикистонро дар солҳои ҷанг баён намудааст. Ҷанги хонумонсӯз тамоми мардони сабзбаҳорира ба майдони набард бурд, корҳои хоҷагидориву заминдорӣ, амлокдорӣ, молу говдорӣ, хуллас тамоми пастиву баландии зиндагӣ ба уҳдаи занону кӯдакон ва муйсафедон монда буд. Ҷанг — имтиҳони шадиди сабр ва тамкин деҳаро ба як хонадон, сокинонашро ба узви як хонавода табдил дода буд.
Романи “Занони Сабзбаҳор” аз тавлиди тифле дар Сабзбаҳор, бо номи Алам, тифле ки чанд муддат пеш хати сиёҳи падараш аз ҷанг омада буд ва модараш низ ҳангоми тавлидаш вафот мекунад, оғоз меёбад. Соли дуюми ҷанги хонумонсӯз буд, ҷанг ҳамоно идома дошт, зиндагӣ барои зиндагон идома меёфт. Нигоҳубин ва парастории тифли аз падару модар маҳрум ва модари аз пойи равонмонда ба уҳдаи Нишонаи безабон монданд. Нишонаи лолу нотавоне, ки наҳси ҷанги хонумонсӯз, бесарумомониҳо ва ноадолатиҳои давр ҳаёт, орзу, номус, ғурури ӯро ба коми ноҷавонмардони давр ва билохира худи ӯро ба суйи “Қабри Шайтон” бурд. Нишонаи пок ва бегуноҳро беимонӣ, нопокӣ, нафс, ҳирс ва ҷаҳолати ҳамзамононаш ба ҳалокат расонд.
Ҳамарӯза аз маркази ҷанг хати сиёҳи ҷавонмардону шоҳписарон омада, рӯзгори бе ин ҳам пурсӯзи онҳоро тираву тор мегардонд. Модарон дар сӯзи ҷигарбандон, гуларӯсон дар фироқи шаҳон, фарзандон дар интизори падарон рӯзҳои худро сипарӣ мекарданд.
«Наҳси ҷанг танҳо дар ҷаҳл ва куштораш нест. Ҷанг кушторҳои даҳшатноке дорад бехун, — меандешид марди корзордида Ҳасан Ризо. — Занҳо сарҳуй шудаанд, навозиш ва муҳаббат мехоҳанд, гулҳо ташнаи обанд. Ҳайфи занҳо!». Ҳасан Ризо яке аз қаҳрамонҳои асосии романи “Занони сабзбаҳор” он гоҳ бо асобағал ба деҳа баргашт ки ду писараш арӯсонашонро дар паноҳи сабр ва тоқати модари нолонашон гузошта, ба фронт рафта буданд. Хонаи Ҳасан Ризо мисли ҳама хонаҳо умедпаноҳ буд. Аз равзанаш риштаи нури ноаёне партав афканда, дилҳоро бақувват медошт. Аммо таноби умри мардак фарсуда буд.
Зебо зани собиқ раиси хоҷагии "Комуна", ки нисбати дигарон хату савод ва маҳорати идоракунӣ дошт баъди ба ҷанг гусел намудани шавҳараш вазифаи раисии хоҷагии "Комуна"-ро бо қарори якдилонаи занон ба ӯҳда гирифт, дар ҳамаи корҳо аз Ҳасан Ризо ҳамчун шахси корозмудаву рӯзгордида маслиҳат мепурсид. Зебо рӯзорӯз вазнинии бори хоҷагиро ҳис мекард. Ба қавли худаш аз ҷон безор шуда буд, аммо назди раиси захмин зинҳор аз касе ва чизе норозӣ буданашро зоҳир намекард. Бо сардори хоҷагӣ маслиҳат ва машварат мекард, аммо зинҳор наздаш арз ва шикоятро раво намедид.
Зебо рамзи занонест, содиқу вафодор ва нотарсу шуҷоу далер, зане ки новобаста ба ҳама пастиву баландии зиндагӣ устуворона ба хотири ояндаи нек мезист. Ҳатто баъди аз дасти додани шавҳари аз ҷанг захмӣ баргаштааш тамкину ҷасораташ побарҷо буд, ба хотири духтараш Лола ва фарзанди дар батнаш буда, ба хотири ояндаи орому осуда зист. Мардонавор дар рӯзҳои вазнини ҷанги пурдаҳшат баҳри ҳамдеҳагонаш, баҳри зиндагӣ талош кард. Дар ин баробар пайваста кӯшиш менамуд, ки беҳтарин ҳадяҳоро ба фронт, ба азизони аз чашм дуру ба дил наздикашон фиристанд.
Хулоса, бо мутолиа намудани романи “Занони сабзбаҳор”-и устод Гулрухсор бори дигар хонанда дарк менамояд, ки занон дар ҳама давру замон аз қишри осебпазири ҷомеа ба шумор рафта, аз уҳдаи ҳама мушкилоти зиндагӣ баромада метавонанд.
Мехостам андешаи худро бо ибрози суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки инъикосгари рафтору кирдори қаҳрамонони романи “Занони сабзбаҳор” аст, анҷом бахшам: “Модарону бонувони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимод буданд ва ҳастанд.”
Шаҳноза НУСРАТОВА, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ