Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Демократия ва ҳуқуқи инсон ду падидаи ҷомеаи навини ҷаҳон мебошад, ки тибқи таълимоти аврупомарказгароён манбаи аврупоӣ доранд. Ҳангоме сухан оид ба демократия меравад, сарчашмаҳои муҳимтарине номбар карда мешавад, ки дар Аврупо (Англия, Фаронса, ШМА ва ғайра) қабул шудаанд. Ғайр аз ин Аврупо ҳамчун маркази тамаддуни ҷаҳон муаррифӣ шуда, ба дигар қитъа ва тамаддунҳо мақоми дуюмдараҷаро додан мехоҳанд.

Махсусан дар тасаавуроти аврупомарказгароён гуё Шарқ бо «деспотизми шарқияш», ҳамеша дар паи тасарруфи замину кишвари ҳамсоя гуё будааст.

Омӯзиши таърихи ниёгони мо тоҷикон, махсусан марҳилаҳои ориёии рушди он пур аз падидаву ниҳодҳое мебошанд, ки дар ташаккулу таҳкими миллат ва давлатдории тоҷикон нақши мондагор доранд. Шиносоӣ бо сарчашмаҳои аввалини ҳуқуқии тоҷикон баёнгари он аст, ки дар пайдоиш ва рушди худ давлатдории тоҷикон аз аврупоиён ягон камӣ надошт ва падидаҳои демократиро на танҳо эълон мекард, балки дар ҳаёти худ ва таҷрибаи давлатдорӣ амалӣ менамуд.

Ҳуқуки инсон яке аз фанҳои ҳуқуқшиносие аст, ки махсусан аз оғози асри ХХI Дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардида, фаъолона омӯзиши он оғоз ёфт. Албатта, оид ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аллакай дар конститутсияҳои аввалин, аз ҷумла дар конститутсияҳои аввалини Тоҷикистон андешаҳои барои мо тоҷикон муҳим баён шуда буданд ва он ҳамчун падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ дар қонунгузории мо дар асри ХХ дарҷ гардида, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро дар ин самт танзим менамуд. Албатта, конститутсияҳои Иттиҳоди Шуравӣ такони бузурге дар ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи меҳнат, озодии шахсият ба ҷаҳон ҳадя намуд. Ба андешаи мо, таъсиси Иттиҳоди Шуравӣ заминаи асосӣ барои воқеӣ гаштани кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷаҳон гаштааст.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ масоил ва манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат барои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонун ҷой намегузоранд. Яъне, он ҷо ки манфиатҳои геополитикӣ вуҷуд дорад, ҳуқуқи байналмиалӣ «хомӯш» аст, ҳарчанд дер ё зуд барои муқаррар намудани сарҳали манфиатҳои геополитикӣ ва дастовардҳояшон ин давлатҳо низ ба ҳуқуқ рӯй меоранд. Барои мо тоҷикон ҷои таассуф ва дилшикастагӣ набояд бошад, чунки мо тоҷикон асосгузорони ин падидаи нодир дар таърихи бостон мебошем. Дар ин росто, омӯзиши ҳуқуқи инсон дар кишвари мо бояд ба таври ҷиддӣ сурат бигирад, чунки мо тоҷикон асосгузорони ин самти асосии ҳуқуқ – ҳуқуқи инсон буда, гузаштагони мо онро дар заминаи устувори муносибатҳои ҷамъиятӣ тибқи зарурат ва дар заминаи таҳлили масоили мавҷуда пешниҳод кардаанд.

Сарчашмаҳои муҳимтарини ҳуқуқи тоҷикон, ки дар он оид ба ҳуқуқи инсон сухан меравад, бешубҳа, ва пеш аз ҳама, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад. Албатта, яке аз аввалин тарҷумаҳои Эъломияи мазкур аз ҷониби устоди зиндаёд Халифабобо Ҳомидов анҷом дода шуда бошад ҳам, дар илми тоҷик ба он диққат ҷалб нагардид. Бо таъсиси кафедраи ҳуқуқи инсон соли 2006 дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ омӯзиши ҷиддии масоили вобаста ба ҳуқуқи инсон оғоз гардида, яке аз бозёфтҳои гаронарзиши ин кафедра омӯзиш ва тарғибу ташвиқ намудани Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Дар баробари ин таърихи ҳуқуқи инсон, ва масоили дигар ба мисли мафҳум, давраҳо, намуд ва механизмҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби устодони ин кафедра мавриди омузиш қарор дода шуданд.

Эъломияи мазкур барои мо тоҷикон арзиши баланди ҳуқуқӣ, сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дорад. Пеш аз ҳама, он аввалин санади меъёрӣ –ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон мебошад. Он аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи на танҳо тоҷикон, балки дар таърихи тамаддуни инсоният аст. Он сарчашмаи сиёсӣ аст, чунки таърихи бостонии тоҷиконро исбот ва мавҷудияти мактабу таълимоти волои ҳуқуқии миллатамонро инъикос ва исбот менамояд. Эъломия инчунин инъикосгари фарҳанги баланди ҳуқуқии тоҷикон ва умуман мардуми ориёӣ мебошад.

Минбаъд омузиши ҳуқуқи инсон дар кулли макотиби олии кишвар идомат ёфт. Аз дастовардҳои муҳим дар ин самт конфронсҳои байналмилалии ҳарсолаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ», ки махсус ба Рӯзи «Ҳуқуқи инсон» бахшида шуда, ҳамасола даҳрӯзаи аввали моҳи декабр, яъне дар арафа ва ё рӯзхи Ҳуқуқи инсчон баргузор мегардад, номбар кардан лозим аст, чунки он аллакай чорабинии илмии сатҳи баланд буда, даҳҳо давлатҳоро ҷалб ва бештар аз 40 марказҳои илмӣ дар он бо маърузаву баромадҳои онлайнӣ иштирок мекунанд.

Дар ин росто, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо таъсиси шуъбаи ҳукӯқи байналмилалӣ бо сарварии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Саидумбар Раҷабов фаъол буда, на танҳо дар чопи монография ва гузаронидани конфронсҳо, балки дар фаъолияти кумита ва комиссисяҳои ҳукуматӣ, таҳияи ҳисоботҳо ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо фаъоло мебошад. Яъне дар ҷумҳурӣ аллакай даҳҳо марказҳои омӯзиши ҳукӯки инсон таъсис ёфта даҳсолаи охир дар самти омӯзиши он фаъол ҳастанд. Имрӯз дар кишвар дар Академияи мииллии илмҳои Тоҷикистон Шурои дифо дар самти ҳуқӯки меҳнат, ҳуқӯки таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқӯки байналмилалӣ таъсис ёфтааст, ки ба тайёр кардлани кадрҳои баландихтисоси соҳа машғул аст. Яъне шароите ташкил шудааст, ки ин самти ҳуқӯкшиносӣ ба таври муътадил рушду тараққӣ ёбад.

Агар ба масъалаи Эъломия бозгардем, пас, таҳлилу тарғиби ин санад солҳои охир равнақу ривоҷ ёфтааст, вале ба андешаи мо сарчашмаи мазкур ҳанӯз ба таври комил таҳлилу дарк нашудааст, чунки худи Лӯлаи Куруш пурра нест. Вале новобаста аз ин, кашф шудани Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир моро ба хулоса меорад, ки ниёгони мо донишҳои баланди ҳуқуқӣ доштанд, маърифати ҳуқуқии мардуми ориёӣ то он дараҷа баланд буд, ки на танҳо барои худ, балки барои кулли мардуми таҳти ҳимояашон маҷмӯи ҳуқуқҳои башариро паҳн карданд.

Эъломияи Куруши Кабир, ки пеш аз солшумории мелодӣ тақрибан 2 ҳазору 500 сол қабл интишор шуда, ба 72 қавму тоифа ва мардуми ҷомеаи Ҳахоманишӣ пешниҳод шудааст, яқ қатор ҳуқуқу озодиҳоро кафолат додааст. Дар Эъломия ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, озодии виҷдон, озодии мусофират, ҳуқуқ ба моликият, интихоби манзил ва тарки кишвар ба баргаштан ба он озодии меҳнат намудан кафолат дода шудааст. Дар бахши ҳафтуми Эъломияи Куруши Кабир омадааст, ки «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас посухгӯи аъмоли худ мебошад, ҳеҷ касро набояд ба ангезаи ин ки яке аз бастагонаш хилоф кардааст, муҷозот кард ва агар касе аз дудмон ё хонаводае хилоф кард, танҳо ҳамон кас ба кайфар бирасад ва ба дигар мардумон ва хонавода коре нест». «Ҳар кас дар пайравии дини худ озод аст, касе ҳақ надорад диндори ғайрро ба дини худ ба зӯри ҷалб намояд… маъбадҳои динҳои ғайр барқарор карда шавад ва мардум ба ҷои худ оварда шавад…» — гуфта шудааст дар Эъломия [3, 123].

Замоне, ки Куруши Кабир сари ҳокимият ҳукмронию сарварӣ мекард, дастгирӣ кардани ҳуқуқу озодиҳо кори осон набуд, чунки аксаран мардум инро дарк карда наметавонистанд ва сарфаҳм ҳам намерафтанд. Ӯ фармудааст: То рӯзе, ки ман зинда ҳастам, нахоҳам гузошт, ки мардон ва занонро бо номи барда ва каниз ё номҳои дигар бифурӯшанд ва ин расми зиндагӣ бояд аз гетӣ рахт барбандад. Аз Маздо мехоҳам, ки маро дар тааҳҳудоте, ки нисбат ба миллатҳои Эрон ва мамолики чаҳоргона гирифтаам, пирӯз гардонад [4, 77].

Озодии виҷдон, ки яке аз ҳуқуқҳои шахсии инсон ба шумор меравад дар бахши дуюми ин Эъломия зимни баррасӣ қарор гирифтааст ва чунин садо медиҳад: ки «То рӯзе, ки зинда ҳастам ва Маздо подшоҳиро ба ман армуғон мекунад, кеш ва оин ва боварҳои мардумонеро, ки ман подшоҳи онҳо ҳастам, гиромӣ бидорам ва нагузорам, ки фармонфармоён ва зердастони ман кешу оин ва дину равиши мардумони дигарро паст бидоранд ва ё онҳоро биёзоранд». [3, 122],

Дар Эъломия аз номи Куруш гуфта мешавад: Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Аккад…ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Шумеру Аккадро бе осеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, боз гардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам» [5, 20]. Дар Эъломия эътироф шудааст, ки «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд ва ба ҳар гуна ки муътақид аст, ибодат кунад ва муътақидоти худро ба ҷо оварад ва касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад». Аз ин лиҳоз, андеша меравад, ки меҳнати маҷбурӣ нисбати ҳама қишрҳои инсонӣ, оғоз аз аҷдодон то замони ҳозира манъ карда шуда будааст.

Дар баробари Эъломия, як қатор фармонҳои Куруши Кабир оид ба сохтори давлатӣ, ислоҳотҳои давлатӣ-маъмурӣ, ҳарбӣ, соҳаи молия ва андоз, аниқу мушаххаснамоии салоҳияти мансабдорони давлатии ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ (сатрапҳо) мазмуну моҳияти конститусионӣ – ҳуқуқӣ доштанд. Қайд намудан зарур аст, ки ислоҳотҳои Дориюши Кабир заминаи устувор гардидани сохтори конститутсионии давлат – империя гардид. Аз ин сабаб, ин ислоҳотҳо ҳарчанд дар шакли ягонаи конститутсия то мо омада нарасидаанд, онҳоро мо наметавонем дигаргуна ном барем, чунки ҳадафи ин ислоҳотҳо сохтори давлатӣ буда, тартиби фаъолият, салоҳияти ҳокимиятии амалдорони марказӣ ва маҳаллии ҳокимият, ҳокимияти мулкӣ ва артиш, инчунин, амалдорони молиявию андозро ба таври комил танзим менамуд. Яъне аксарияти тағйиротҳо ба сохтори давлатӣ, муносибати байни ҳокимият, марказу маҳалл таъсир расонида барои беҳтар намудани фаъолияти он равона шуда буданд. Бо роҳи ислоҳот рушди конститутсионӣ –ҳуқуқии давлати Ҳахоманишӣ таъмин карда мешуд.

Бояд қайд намуд, ки пайдоиши давлатҳои аввалини тоҷикон –Пешдодиён ва Каёниён низ бо роҳи ворид намудани тағйирот дар сохтори давлат ва мунтазам такмил додани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба амал меомад. Шоҳони Пешдодиро таҳамтанони давлатдорӣ номидан мумкин аст, чунки ривоятҳо ба ҳар яке аз онҳо таъсиси соҳа, самт, ҳунару касберо вобаста менамояд. Бузургтарин хизмати Пешдодиён ба истиснои таъсиси давлати аввалини тоҷикон, нақши ҳуқуқ, қонун ва адолати судиро дар ҷомеа ба таври назаррас боло бурда волоияти адолати судӣ, қонуниятро эътироф кардан мебошад.

Волоияти қонун, ҳалли масоили ҳуқуқӣ тибқи талаботи «ДОТ»- маҷмӯи қонунгузории давлатӣ ва қисматҳои дахлдори ҳуқуқии Авесто дар ҷомеа то дараҷае маъруф гардида буд, номи сулоларо Пешдодиён номиданд, яъне сулолаи ашхосе, ки қонунро волотар аз дигар падидаҳои иҷтимоӣ эътироф мекарданд.[1; 4] Падидаи мазкур, чӣ тавре маълум аст, на танҳо падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ, балки яке аз принсипҳои давлати муосири ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.

Чӣ тавре маълум аст, аз ҷумлаи ҳуқуқҳои инсон, ки дар Эъломия бевосита номбар шудаанд, Озодии андеша, эътиқод ва озодии виҷдон, новобаста аз он ки пайрави кадом дину мазҳаб буданд; ҳуқуқи озодӣ (ман ба ҳама озодӣ бахшидам ва ҳамаро озод кардам аз Набонид); баргардонидани бадарғашудагон ба ҷои зист, ҳаққи ҷои зист ва ҳуқуқ ба моликият; ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, яъне эҳёи ибодатхонаҳои вайронкардашуда; масъалаи сулҳ, озодии интихоби макони зист, озодии меҳнат, ҳуқуқи берун рафтан аз кишвар ва баргаштан ба он ба таври мушаххас номбар шудаанд. Инчунин ҳимояи эътиқоди динӣ ва ибодатхонаҳо, ҳуқуқи моликият ва ҳимояи он аз ҷониби давлат кафолат дода мешуд.[1]Масалан принсип озодии эътиқод, ки дар Эъломияи Куруш муқаррар шудааст, ба моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқи башар аз соли 1948 рост меояд. Принсипи мудохила накардан ба кори мулкиён, ба меъёрҳои ҳуқуқи гуманитарӣ оид ба ҷанговарон ва ашхоси ғайриҳарбӣ рост меояд. Додани озодӣ, озодии ҳаракат, ҳуқуқи моликият ба меъёрҳои ҳамаи Эъломия ва Билл оид ба ҳуқуқи инсон мутобиқат мекунад. Инчунин ҳуқуқ ба фарҳанг ва истифодаи дастовардҳои фарҳангиву динӣ ба меъёрҳои Эъломияи муосир мутобиқат дорад.

Таъсири Эъломия ба рушди давлати Ҳахоманишӣ ва вусъат ёфтани империя, ҳамовозӣ ёфтани он аз ҷониби мардуми ҳамсоякишварҳо сабаби васеъ гардидани давлат ва ҳамроҳ намудани онҳо ба империя мегардад. Аз ин сабаб, амалияи давлатӣ баёнгари он аст, ки Эъломия ба таври реалӣ муносибатҳои ҷамъиятиро танзим намуда, минбаъд заминаи рушди ин давлат мегардад. Аз ин хотир омузиши Эъломия ва таъсири он ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт дар империя ва берун аз он бояд таҳқиқ гардад.

Озодӣ ва ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ҷузъи ҷавҳарии на танҳо Эъломия, балки конститутсияҳои муосир низ ҳастанд. Азбаски Куруши Кабир Эъломияро дар кишвари худ эълон дошт ва онро амалӣ намуд, онро аввалин конститусия дар таърихи давлатдории тоҷикон низ номидан мумкин аст, чунки он муносибатҳои конститутсионӣ –ҳуқуқиро танзим менамуд.

Онро аввалин конститутсияи ҷаҳон номидан мумкин аст, чунки мафҳуми «конститутсия» низ хеле дертар дар асри 2 то мелод ва асри 2 мелодӣ дар Рим ба вуҷуд омадааст.

Ба андешаи мо, таҳқиқотҳои оянда дар ин масъала боз ҷанбаҳои нави онро ошкор хоҳад кард.

Вобаста ба эътирофи Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ масоиле пеш меояд, ки бояд онҳоро баррасӣ намуд. Пеш аз ҳама, эълон шудани ин Эъломия аз ҷониби Куруши Кабир ба сифати аввалин Эъломияи Ҳуқуки башар набояд зери шубҳа бошад. Бегумон ин аввалин сарчашмае аст, ки дар он ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар шудаанд. Дуюм, мавҷудияти чунин як Эъломия дар таърихи давлатдории мо ифтихори мо буда, аз ташаккулу рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар он марҳилаи давлатдорӣ шаҳодат медиҳад. Албатта, чунин як ҳуҷҷат наметавонист дар ҷое ба вуҷуд ояд, ки аллакай таълимоти рушдёфтаи ҳуқуқӣ надошта бошад. Ин тезис инчунин аз ривоёт оид ба таълиму тадриси шоҳзода ва мардуми марҳилдаи васетоӣ то Сосониён бармеояд, ки ҳар шахсе мехост хат ва ҳуқуқро дар кишвар меомухт, чунин мактабҳо вуҷуд доштанд. Паайдоиши аввалин китобхона, мактабу мадраса ва донишкадаҳо дар кишварҳои ориёӣ низ аз воло будани мавқеи илм дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Масъалаи дигаре, ки баъзе муаллифон ба миён мегузоранд, забони Эъломия аст. Ба андешаи баъзе муаллифон Эъломия бо забони одӣ навишта шудааст ва он матни ҳуқуқӣ нест. Агар ба цилиндр (Лулае), ки аз Куруши Кабир боқӣ мондааст, назар андозем, дар ҳақиқат онро ба се қисмат тақсим кардан мумкин аст. Қисмати якум ба сабабҳои ғасби Бобул бахшида шуда, шоҳи Бобул истисмотгар, золим баҳо дода шудааст. Қисми дуюм, интихоб шудани Куруш аз ҷониби худои маҳаллии Бобулиён – Мардук ба ҳайси озодкунандаи халқ сухан меравад. Дар қисмати сеюм, ки бевосита Эъломия дар он ҷойгир аст, чорабиниҳои Куруши Кабир муқаррар шудаанд.

Дар Эъломия ҳуқуқҳо муқаррар шудаанд. Новобаста аз матн ва ё забони истифодашуда, ки мо имрӯз бо он шинос мешавем, аз руи ибораи маъруфи «гуфтаи шоҳ қонун аст», он сарчашмаи ҳуқуқ буд. Империя, амалдорони он тибқи талаботи Эъломия амал намуда, мардуми яҳудиро, ки дар бадарға буданд, ба Байтулмуқаддас баргардониданд, Куруш ибодатхонаи яҳудиро азнав сохт. Бо ин амалҳояш ҳамчун маҳдӣ дар китоби яҳудиён номбар шудааст.

Сарчашмаи дигари муҳим, ки дар он оид ба ҳуқуқи инсон сухан меравад, китоби динии «Авесто» мебошад. Баъзан дар адабиёти илмӣ аз сабаби он ки сарчашмаҳои динӣ бештар уҳдадории диниро муқаррар мекунанд ва ҳуқуқу озодиҳои дар онҳо инъикосшуда ҳадяи илоҳӣ мебошанд, ба онҳо диққат дода намешавад.

Бояд қайд намуд, ки кулли таърихи тулонии тоҷикон аз ориён то Ҳокимияти шуравӣ низоми ҳуқуқии динӣ ҳукмрон буда, кулли муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин сарчашмаҳо инъикос шудаанд. Мо бояд ба таври объективӣ онҳоро омузем ва баҳои реалӣ ба онҳо диҳем, чунки ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои мо дар ин сарчашмаҳо муқаррар шуда буданд. Дар ин масъала, мо бо профессор Леонид Рудолфович Сюкияйнен мувофиқ ҳастем, ки оид ба ҳуқуқи ислом гуфта буданд, ки яке аз хусусияти «Ҳуқуқи мусулмонӣ» дар он аст, ки ба қоидаҳои ахлоқ, одоб ва муносибати байниякдигарӣ шакли меъёри ҳуқуқӣ дода, барои онҳо ҷазо муқаррар мекунад[2], ки аз доираи қонун берун мешавад. аз ҷониби дигар, меъёрҳои бекорнашудае вуҷуд доад, ки истифода намешаванд. Аз ин сабаб, ҳуқуқи исломӣ, ҳамон меъёрҳои фикҳ, шариат, таълимоте мебошанд, ки мавриди истифода ва аз ҷониби суд ҳимоя мешаванд.[3]

Ба қавли Леонид Рудолфович, шариат дар ҳамон қисмате ҳуқуқи ислом номидан мумкин аст, ки давлат онҳоро ҳимоя мекунад, муносибатҳои реалии ҷамъиятиро танзим менамояд ва манфиати гурӯҳҳои иҷтимоиро ифода мекунанд.[4]

Яъне, кулли муносибатҳои ҷамъиятиро сарчашмаҳое танзим менамуданд, ки мо ҳуқуки динӣ меномем, вале ҳангоми омӯзиши ҷиддии ин сарчашмаҳо маълум мешавад, ки онҳо муносибатҳои реалии мавҷударо танзим мекунанд ва аз ин сабаб дар танзими муносибатҳои мушаххас на он қадар бо дин алоқаманд мебошанд.

Ҳуқуқи ориёӣ сарчашмаҳои гуногун доранд. Дар ин сарчашмаҳо ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд эътироф ва ҳимоя карда мешавад. Шаҳрванд «ир» - ориёӣ шахсеро эътироф мекардланд, ки пайрави дини зардуштӣ, озод ва сарвари оилав бошад. АНИР о шахсеро меномиданд, ки пайрави дини ғайризардуштӣ буд. Ир яъне шаҳрванди давлати зардуштӣ нисбат ба анир ҳуқуқу афзалиятҳои зиёдеро дошт. Вай ҳуқуқи тайин шудан ба мансабҳои баланди давлатӣ, хизмати артиш, харидуфурӯш ва кулли дигар ҳуқуқу афзадлиятҳои шахси озодро дошт. Табиист, ки «анир» яъне «бегона» ва ё ғайришаҳрванд аз баъзе ҳаққҳо маҳрум ва ё маҳдуд карда шуда буд. Анир андози сарикасии «ҷиҷия» барои пайрави аз дини худ пардохт мекард. Як қатор ҳуқуқу озодиҳое, ки ба шаҳрванд дода шуда буд, бартарии ӯро нисбат ба бегонагон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ифода менамуд.

Ин тафриқаҳо танҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар бештар зоҳир мегардид.

Дар сарчашмаҳои аввалин мақоми зан дар оила устувор карда шуда буд. Тибқи он вобаста ба асосҳои никоҳ вазъи ҳукӯкии шахс мушаххас карда мешуд. Масалан, агар бо розигии васӣ духтар никоҳ кунад, бо никоҳи доимӣ ва мавқеи подшоҳзанро соҳиб мешуд. Зане ки ба никоҳи дуюм оила барпо намуд, мақоми чокарзанро дошт. Яъне, вобаста ба омилҳои гуногун ҳуқуқи шаҳрванд ва инсон мушаххас карда мешуданд. Албатта, дар ҷомеа ғуломон вуҷуд доштан, вале онҳо доираи маҳдуди ҳуқуқҳоро доштанд.

Дастовардҳои куҳи Муғ далели он ҳастанд, ки никоҳи мардуми тоҷик, дар заминаи принсипи баробарӣ сурат мегирифт. Ҳангоми бастани никоҳ ва дар аҳдномаи никоҳ механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи зан гузошта шуда буданд. Ин механизмҳо ҳимояи баробари ҳуқуқҳои занро нисбат ба мард таъмин мекарданд. Дар сурати бекор шудани никоҳ ҳар нафар ҳукуки баробар доштанд.

Хулоса, фарҳанги ҳуқуқии ориёиён, аз ҷумла тоҷикон чунин санади меъёрии байналмилалӣ мисли Эъломияи ҳуқуқи башарро доро буда, он қисмати азими ҳуқуқи инсонро муқаррар ва кафолат дода, заминаи эътироф гардидани озодӣ ва ҳуқӯки инсон дар ҷомеаи тоҷикон ва ҷаҳон гаштааст. \

д.и.ҳ., проф. Буризода Э.Б.

(Ба муносибати сабти ҷашни Меҳргон дар Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО)

«Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оинни меҳрпарастӣ таъбир кардаанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Меҳргон ба монанди Наврӯз агарчи дар «Авесто», ки китоби динӣ аст, ёд нашудааст, вале аз замонҳои бостонии пеш аз дини зардуштӣ, яке ҷашнҳои бузургу бошаҳомати мардумӣ буда, оинҳои марбути ин ду ҷашн бо якдигар монандиҳо доштааст. Тавре ки А.Кристенсен, М.Баҳор, Ҳ.Разӣ ва дигарон ишорат намудаанд дар замони қадим шоҳон барои шунидани доди мардум, дар ин ду ҷашн маросими борро, яъне ҳадя додан ва ҳадя гирифтанро, анҷом медоданд. Дар ҳар ду ҷашн марде чун «Пайки Хуҷаста» вориди дарбори шоҳ мешудааст ва оини хосае баргузор мегаштааст. Дар ҳар ду ҷашн дастрахони зебои пурнозу неъмате паҳн мекардаанд. Ҳар ду ҷашн шаш рӯз идома ёфта, Меҳргон низ ба мисли Наврӯз аз «Меҳргони омма» ва «Меҳргони хоса» иборат будааст. Ҳамчунин дар сарчашмаҳо ишорат шудааст, ки ҳар ду ҷашнро дар замони баъзе шоҳон то як моҳ таҷлил менамуданд. Бостонӣ будани ин ду ҷашн боз дар он аст, ки бун-ёдгузорони он ба даврони Пешдодиён расида, Наврӯзро ба Ҷамшед ва Меҳргонро ба Фаридун мансуб медонанд. Нуктаи дигари муҳимтарин он мебошад, ки Наврӯз оғози сол, баробарии шабу рӯз, дар бурҷи ҳамал буда, Меҳргон оғози нимаи дуюми сол дар тирамоҳ мебошад. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки дар замони бостон Меҳргон оғози соли Ҳахоманишӣ буда дар тирамоҳ аз вориди Хуршед дар бурҷи мизон оғоз мешудааст. Ҳатто пажӯҳандагон ишорат менамоянд, ки дар даврони Ҳахоманишӣ ба ҷашни Меҳргон таваҷҷуҳ бештар будааст. Дар ин бора таърихнигорони Юнон ва Руми қадим ёдовар шудаанд. Шояд ин ба он вобаста аст, ки ҷойгоҳи эзади Меҳр дар он замон хеле баланд будааст.

Вожаи Меҳргон (митракона; арабиаш: меҳрҷон) аз ду ҷузъ иборат буда, онро дар луғатномаҳо чунин шарҳ додаанд: «меҳр» – муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» – далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи хуршедӣ омада, исми амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фариштае аз устураҳои қадимаи мо мебошад. Мардуми ориёитабор дар замони бостон чунин рӯзеро, ки дар охири рӯзу моҳаш пасванди «гон» мегирифт, бо шукуҳи хос ҷашн мегирифтанд. Барои мисол метавон аз рӯзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» доранд ва мардум ба онҳо эҳтироми фавқулодда дошта, ин рӯзҳоро ба таври хос таҷлил менамуданд. Инҳо рӯзҳои обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, меҳргон ва ғайраҳо мебошанд, ки дар ин бора А.Деҳхудо, М.Муин ва дигарон ба таври муфассал сухан гуфтаанд. Ҳарчанд ҷашни Меҳргон дар «Авесто» ва «Ведо» дида намешавад, вале меҳр ба забони санскрит дар шакли митра [mitra], дар «Авесто» митҳра [mithra], дар паҳлавӣ [mitr] буда, ба маънои пайвандгари рӯшноӣ ва нури азалӣ омадааст. Гарчанде иддае аз муҳаққиқон дар баъзе навиштаҳои худ Меҳрро хуршед мегӯянд, вале Меҳр на фақат хуршед аст, балки дар «Авесто» яке аз эзадони устуравии бузург маҳсуб ёфта, ба он ниёгони бостонии мо ниёиш мекарданд ва аз он омурзиш мехостанд.

Тибқи ишорати Ҳ.Разӣ эзади Меҳр дар миёни қавмҳои ҷудогона ҷойгоҳи махсус дошта, ба маънии дӯстӣ, муҳаббат ва довари бузург ва адолатпарвар амал мекард ва миёни мардум ин хислатҳои башардӯстонаро талқин менамуд ва дигаронро низ ба риояи ин арзишҳои эзадӣ ҷалб месохт. Доир ба ин хусусиятҳои эзади Меҳр бостоншиносон аз минтақаи Буғозкӯй дар яке аз шаҳрҳои Осиёи Хурд лавҳи гилине пайдо кардаанд, ки ба номи Капатука [kapatuka] машҳур буда, марбут ба 1400 сол пеш аз мелод мебошад. Ин лавҳ ва даҳҳо лавҳои дигар, ки аз ҷониби бостоншиносон ба даст омадааст, шаҳодат бар он медиҳанд, ки эзади Меҳр дар замонҳои пеш дар ҳаёти мардуми ҳиндуаврупоӣ ҷойгоҳи махсус доштааст.

Меҳр дар адабиёти навишторӣ низ маъмул буда, ба шакли Митро яке аз бузургтарин эзадони мардумони ҳиндуэронӣ будааст. Дар осори санскрит «Ведо» ва «Ригведо» аз он ёд шудааст. Эзади Меҳрро дар китоби «Ведо» ба маънии дӯсту ҳамдами ёрирасон маънидод намудаанд. Ин навъ далелҳо шаҳодат бар он медиҳанд, ки дар замонҳои бостон ҷашни махсусе барои ин эзад доир мегаштааст ва баъдҳо он ба Меҳргон табдил ёфтааст. Чи тавре ки дар боло ишорат рафт дар «Авесто» Меҳр яке аз бузургтарин эзад маҳсуб ёфта, доир ба он борҳо дар ин китоби муқаддас ёдоварӣ шудааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и Авесто омадааст, ки Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Ба-д-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам».

Аз худи ҳамин ишорат маълум мешавад, ки Меҳр дар низоми бисёрэзадии даврони зардуштӣ ва пеш аз он мақоми хос дошта, барои деҳқонон ва чорводорон арзишманд будааст ва ба тарзи махсус ситоиш ёфта, одамон низ ба он меҳри беандоза доштаанд. Ҳамин пайванди Меҳр бо рӯзгори мардум буд, ки оини Меҳр ва ҷашни Меҳргон арзи ҳастӣ намояд.

Маъмулан дар бештари солҳо дар яке аз моҳҳои қадимӣ, ки «боғёдиш» ном доштааст, иди Митро баргузор мешудааст. М.Муин ба такя ба Тақизода чунин ишорат намудааст: «Исми ин моҳ аз ҳамин ид иқтибос шуда, ки моҳи иди бағ – яъне Митро – бошад (бағ дар порсии бостон усулан ба маънии мутлақи худоён буда, лекин баъдҳо ба тадриҷ ба тариқи алам ба ғалаба ба Митро атлоқ шуда) чунон ки моҳи бобулӣ муодили он, яъне ташрӣ, моҳи шамш (худои офтоб) буд ва моҳи зартуштӣ муодили он дар адвори баъд ҳамон меҳрмоҳ будааст ва ҳамчунин дар моҳҳои арманӣ, исме, ки муодили ин моҳ аст «меҳргон» ном дорад, ки зоҳиран аз исми иди Меҳргон ахз шуда, чунонки исми моҳи суғдӣ муодили он «фағкон» ба исми иди бағ (дар суғдӣ, фағ) зоҳиран асаре аз исми қадими моҳи боғёдиш аст».

Баъди пайдо шудани тасаввуроти асотирӣ доир ба Меҳр он ташаккул ёфт. Дар миёни мардум маҳбубияташ бештар гардид. Аз доираи устураӣ ба як оини мукаммали Меҳр табдил гашт. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ оини Меҳр дар замони ҳукумронии Ардашери дуввум (405-395 п.м.) ва Ардашери Севвум (395-338 пеш аз мелод) дубора роиҷ гардида будааст. Сипас тавассути кишваркушоии Ҳахоманишиён он ба кишварҳои дигар ба монанди Осиёи Хурд ва Рум густариш ёфтааст. Ба хусус сипоҳиёни румӣ ҳар кишвареро тасхир намуда, баъдан мардуми онро маҷбур мекарданд, ки ба оини Меҳр ниёиш кунанд ва рукнҳояшро риоят намоянд. Ҳамин асос шудааст, ки мардумони гуногуни кишварҳои аврупоӣ оини Меҳрро бо худоёни худ, махсусан бо худои Офтоб як бидонанд. Мувофиқи маълумоти Ҳошим Разӣ ва пажӯҳандагони дигар, ки ба таҳқиқи устураҳои қадим ва муқоисаи онҳо машғул будаанд, ҳатто Юпитер ва Зевсро юнониҳо ва румиҳо ба Меҳр монанд мекардаанд.

Аз ишораҳои мазкур маълум мегардад, ки оини Меҳр ба зиндагии мардуми Аврупо роҳ ёфта, бо тарзи хос унсурҳои гуногуни он эҳтирому ниёиш мегардидааст. Дар садаҳои аввали пеш аз мелод бошад, ба воситаи худи румиҳо оини меҳрпарастӣ ба Аврупои ғарбӣ, шимоли Африқо ва баъдтар дар атрофи Баҳри Сиёҳ, Осиёи Хурд паҳн гашта, бо шаклҳои мухталиф густариш пайдо карда будааст.

Дар садаи чоруми мелодӣ кишвари Рум дар Константинопол дини масеҳиро пазируфта, аз оини Меҳр даст мекашад. Вале баъзе унсурҳо ва рукнҳои онро нигоҳ дошта, дар дини масеҳӣ бо тарзу мазмуни нав ҷойгузин менамояд. Сипас бо мурури замон суннатҳои оини Меҳр ба оини месеҳият табдил меёбанд. Ҳатто се рӯзи пас аз таваллуди Хуршедро, ки ба 22 декабр (шаби ялдо) рост меояд, ба 25 декабр наздик сохта, онро шаби таваллуди Исои Масеҳ эълон намуданд ва ба ин санаи асотирию бостонӣ ҷанбаи қадимию таърихӣ ворид намуданд. Ҳамин зоиши Хуршедро дар Олмон «sonntang», дар Англия «sunday» меноманд. Пажӯҳандагони устурашинос бар он назаранд, ки Рум рӯзи таваллуди Митро – хуршеди шикастнопазир, яъне «Sol-Invictus» таваллуди Митро аст ва онро «sol-Natalis Invictus» низ мегӯянд. Аммо калисои масеҳиён зодрӯзи Хуршедро ба таври расмӣ ба таваллуди Исои Масеҳ табдил дод. Ҳолон ки пажӯҳанда Ф.Кумонт (F.Cumont) бовар дорад, ки дар Рум таваллуди Митро ин ҳамон ҷашни Меҳргон аст. Ин гуна трансформатсияи рамзҳову улгуҳои асотирӣ, ки аз як макон ба макони дигар, аз як оин ба оини дигар, аз як шахсият ба шахсияти дигар гузаштаанд, дар устрашиносӣ ва осори фолклорӣ ниҳоят зиёд буда, қадимияти ин арзишҳои мутақаддимро бори дигар исбот менамоянд.

Бешак, дар миёни қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, эҳтиром ба эзади Меҳр роиҷ гардида буд ва тайи садсолаҳо ҷойгоҳи парсатишӣ дошт ва мардум онро ситоиш карда, рукнҳои ин оинро риоя ва иҷро мекарданд. Ба ин ҷиҳат то ҳол мардуми Эрони имрӯза зодрӯзи Меҳрро, ки ба шаби дарозтарин – 22 декабр (шаби ялдо) рост меояд, ёд мекунанд. Ба гуфти баъзе пажӯҳандагон шояд ҳамин ҷашн бо мурури замон ба ҷашни Меҳргон табдил шуда бошад.

Аксари пажӯҳандагон бар ин назаранд, ки Меҳргон ба монанди Наврӯз ҷашни муҳим буда, ба бардоштани самари кишту кор, натиҷаи ҷамъоварии ҳосил ва баракати кишоварзӣ марбут мебошад. Пажӯҳандагон эзади Меҳрро бо Меҳргон пайванд медонанд.

Меҳрдоди Баҳор дар асоси сарчашмаҳои бостонӣ ишорат бар он кардааст, ки Меҳргон ин ҷашни хеле бостонии пеш аз зардуштӣ, ҳатто пеш аз ориёии ниёгони мо буда, собиқаи Байнаннаҳрайнӣ дорад. Ба гуфти эшон Меҳргон низ ба монанди Наврӯз «ба наҳве бо баракат марбут аст».

Ҳамин тавр Меҳргон низ ба монанди аксари оинҳо ва ҷашнҳои бостонии ниёгон чун Наврӯз, Ялдо ва Сада бо зиндагии мардум, тақвими кишоварзӣ, мушоҳидаҳои одамон бар табиат, тасаввуроти инсон нисбати ҳаркати офтобу моҳу замин, баракати зиндагӣ, ҷамъоварии самари кори кишоварзон ва монанди ин пайванди ногусастанӣ дорад.

Равшан Раҳмонӣ - сарходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

(Ба муносибати сабти ҷашни Меҳргон дар Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО)

Меҳргон яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардуми тоҷику форси даврони бостон мебошад, ки рамз ва арзишҳои ҷавҳарӣ дорад. Ин ҷашн намоёнгари равшани ҷаҳонбинии хосса ва тафаккуроту дониши баланди мардуми тоҷику форсизабонон мебошад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббус ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашну расму ойинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардидаанд.

Мувофиқи иттилои АМИТ «Ховар» аз 05.12.2024 «Меҳргон» - ҷашни суннатии тоҷикон расман ба Феҳристӣ репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки ин хабари хуш баиси ифтихору фараҳмандии мардуми саодатманди тоҷик гардид.

Ҷашни Меҳргон низ таърихи қадимӣ ва беш аз 4000 сола дорад. Бар асоси матнҳои Авесто (китоби муқаддаси зардуштиён), пеш аз сулолаи Ҳахоманишиён, тақвими бостонӣ танҳо дорои ду фасли сол: тобистон ва зимистон буд, ки Наврӯз ҷашни оғози соли нав ва фасли тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуввуми фасли сол будааст. Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и худ ба равшанӣ ба ин ҷашни бостонӣ ва пайдоиши он дар даврони подшоҳии Фаридун ишора кардааст, ки ба навиштаи ӯ, оғози ҷашни Меҳргон дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун мебошад. Ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ Осор-ул-боқия дар бораи Меҳргон чунин навиштааст: «…иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст.. ва ин ид барои умуми мардум аст ва тафсири он дӯстии ҷон аст ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд…».

Ҳамчунин ишора шудааст, ки ҷашни он дар замоне буд, ки дар тирамоҳ шабу рӯз баробар мегашт. Ҷашни Меҳргон аз даҳум то шонздаҳумин рӯз аз ҳафтумин моҳи сол – Меҳррӯз дар Меҳрмоҳ дар Эрони бостон баргузор мешуд ва онро дар қадим Митрокана мехонданд. Имрӯза ин ҷашни бузургро дар тоҷикӣ-форсӣ Меҳргон меноманд. Ҳамин тавр ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз маросимҳои дорои аҳамияти бузургтарини мардуми тоҷику форси бостон буда, дар оғози фарорасии фасли зебою заррини тирамоҳ баргузор мегардад.

Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз бо расму одоб ва маросимҳои ба худ хосса ва ягона баргузор мешавад. Дар ин маросим низ дастархони Меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг паҳн карда мешавад ва дар мобайни он гули «ҳамеша шукуфта» (гули «Ҳамешабаҳор»-ро Т.М.) мегузоранд. Сипас атрофи онро бо гулҳои дигар меороянд ва дар паҳлӯи он гулҳо чанд шохаи сабзи дарахтро гузошта ва аз паси он меваҳои хушбӯю рангоранги тирамоҳӣ монанди ангур, санҷид, анор, хурмо, себ, анҷир, бодом, писта, фундуқ, зардолу, шафтолу, чормағз ва амсоли инҳоро рӯи дастархон мечинанд. Ҳамчунин дастархони Меҳргонӣ бо нӯшиданиҳои гулобу шири рақиқ, оби бо гиёҳ омехтаи хушбӯй ва хӯрданиҳо ба монанди нонҳои махсус боз ҳам пурнеъматтар ороста мешуд. Изофа бар ин дар гирди суфраи пурнеъмати Меҳргонӣ нугчаи шамъ ва ё ҷоми оташи гирён, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо гузошта мешуд. Пас аз хӯрдану нӯшидани неъматҳо, мардум шурӯъ мекарданд ба навохтани мусиқиву рақсу хушҳолӣ ва баъдан гиёҳҳои хушбӯю дуркунандаи балову офатҳоро дар оташ ҳамроҳ карда, ба мисли исфанду заъфарон ва анбар оташро боз ҳам дурашон мекарданд. Мардум дар ҳадди тавоноӣ бо либосу ҷомаҳои ранго-ранги арғувонӣ вориди маҷлиси дастархони Меҳргонӣ мешуданд ва дар ибтидо ҷашнро бо шукргузориву дуо аз неъматҳо оғоз мекарданд. Ба ғайр аз ороиши дастархони меҳргонӣ боз ойинҳои дигар ба монанди тарошидани санг ва рӯӣ навиштан ва ё нигориши шахсҳои таърихӣ-асотирӣ, аз ҷумла нигораҳои Митра, Митра – Варуна, Рита ва амсоли инҳо вуҷуд дошт. Дар охири маросими ҷашнӣ ба шӯълаҳои оташ дастҷамъӣ нигариста, барои таҷдиди пойбандӣ ба паймонҳои гузашта дасти ҳамдигарро фишурда, рӯи паймону аҳди хеш устувор мемонанд. Аз ин ҷо, муҳимтарин фалсафаи ҷашни Меҳргон ин сипосгузорӣ аз Офарандаи якто барои фузунии неъматҳое, ки ба инсонҳо бахшидааст ва ҳамчунин устувории аҳду пайванду меҳрварзӣ, садоқату муҳаббат ва бастани паймонҳои дустӣ байни инсонҳо мебошад.

Мардуми Эрон аз ҳамон даврони қадим то замони ҳол, оғози тирамоҳ, ки моҳи Меҳр шурӯъ мешавад, аз шаш (6) то даҳ (10) рӯзи онро бо ойину одоб ва расми хос ҷашн мегиранд. Умед аст, ки ин ҷашн дар кишвари мо ба монанди ҷашни Наврӯз бо тантана барпо гардад, зеро агар ҳикмати ҷашни Наврӯз сохту соз ва поккуниву озодагӣ пас аз зимистон, заминагузорӣ ва кошти неъматҳои моддӣ, барномагузории корҳои эҷодиву маънавӣ ва амсоли инҳо бошад, Меҳргон намоди ҷамъбасту ҷамъоварии неъматҳои моддӣ, фикрӣ-маънавӣ ва сохту созҳои заҳматҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Меҳр, дар «Авесто» Митра ва дар паҳлавӣ Миҳр, ҳамчун рамзи фуруғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ ва дар асотири ҳиндуэронӣ баракатовар, нигаҳбони паймон ва шарик дар фармонравоии ҷаҳон, посдору пуштибони ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, нигаҳбонӣ аз ростиву ростгӯӣ ва ғайраҳо мебошад. Аз ин рӯ, Меҳр мутародифи «паймоншикан» аст.

Митра аз муқаддасоти саршиноси Ҳинду Аврупо ва тоҷику форси бостон аст, ки маънии Митра аз решаи мирӣ ба маънои аҳду паймон ва меҳру садоқат омадааст ва аз инҷо ӯро ба назм дароварандаи рафтору гуфтор ва муносиботу иртибототи инсонро бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд. Ҳамчунин Митра, дар миёни мардуми тоҷику форс бо унвони Миҳр ва ё Меҳр аст, ки рамзи дӯстӣ, муҳаббат ва отифа байни мардум ва зоти паймон буда, намоёнгари фазоест, ки иртиботи одамон бо якдигар бар он устувор аст.

Достони Митро ва ё Митра дар байни мардуми бостони Ҳинд ва тоҷику форс бо унвони худои Хуршед машҳур аст. Мувофиқи таҳқиқотҳои бостоншиносӣ вуҷуди маъбадҳои мухталифе дар Ҳинд, Эрон, Байнаннаҳрайн, Юнон, Италияю Олмон баёнгари он аст, ки онҳо барои ниёиши ин маъбуд бино шудаанд ва аз ин ҷиҳат Митраро танзимкунандаи иртиботи афрод бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд.

Аммо таъбиру тафсири Миҳр дар Авесто нисбат ба Митраи Ҳинду Европа фарқ дорад. Зеро ки андешаю ҷаҳонбинии мардуми тоҷику форси даврони бостон нисбат ба Ҳинду дигар кишварҳои Европоӣ хеле пешрафта ва аз хурофот дур буд. Дар фаҳмиши ҳиндиҳо «Митра» бо «Варуна» ҷуфти абадиро ташкил медиҳанд, ки аз тарафи мардум ба ёрӣ хонда мешаванд ва дар фарҳанги онҳо «Митра» гардунаи дурахшон ва иқоматгоҳи заррин дорад. Чунин тарзи тафаккурот аз ҷаҳонбинии мардуми Ҳинди қадим то замони кунунӣ ҳам оиди «Митра» вуҷуд дорад. Аммо, «Митра» дар таълимоти ойини зардуштӣ дар мақоми пойинтар аз Аҳурамаздо ва офаридаи ӯ ҳисоб мешавад: «Меҳр – шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем, ки Аҳура Маздо ӯро фараҳмандтарини изадони менуӣ биофарид. Бишавад, ки он бузургворон – Меҳр ва Аҳура Маздо – ҳарду ба ёрии мо оянд».

Ҳамин тавр тафаккуроти мардуми тоҷику форс дар бораи кайҳони нуҷумӣ хеле воқеитару ба ҳақиқат наздиктар нисбати Ҳинди бостон шарҳу баён ёфтааст. Тафаккуроти мардуми Ҳинд бештар дар асоси асотир ташаккул ёфта, дар атрофи худоён ва олами нуҷумӣ мечархад ва онҳо Хуршеду Меҳр ва ё Митраро ба номи яке аз худоёни худ мегузоранд.

Дар андешаҳои Зардушт («Авесто») Меҳр ё Митра пеш аз Хуршед зоҳир мешавад ва ҳамроҳии ӯ бо Хуршед сабаб шудааст, ки баъдҳо Меҳр маънии Хуршед пайдо кунад. Аз ин ҷо, дар Авесто омадааст, ки «Хуршеди ҷовидонаи ройуманди тезаспро меситоем, Меҳр–шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем». Ҳамин тавр Меҳр-Хуршед яке аз мақомҳои асосиро дар олами кайҳони ахтарони осмонӣ фаро мегирад ва бисёре аз дарахту гиёҳҳону гулҳо ба монанди нилуфари обӣ, гули офтобгардон, дарахтони сарву нахлу коҷ намодҳои Хуршеданд, ҳамчунин аз аносир оташ, аз рангҳо сурху зард ва аз фузулот тилло мансуб ба Хуршед аст.

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон, ки ҳама мероси арзишманди ниёгон мебошанд, ҷашни мавсимии тақвимӣ буда, фарҳанги алалхусус кишоварзиро ташвиқ менамоянд ва ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва обу замин робитаи мустақим доранд. Ҳамчунин Меҳргон таҷассумгари одобҳои неки инсонӣ аст ба монанди ситоиши Худованд, сипосгузорӣ аз заҳмат ва дастоварди кишоварзон, ривоҷ додани арзишҳои Замин, парастиши меҳрубонӣ, кирдорҳои дуруст, аҳду паймонҳо ва озодихоҳии мардум.

Боиси ифтихор ва хушҳолӣ аст, ки рамзу мафҳум ва русуми баргузории ин ҷашнҳои бостонии мо аз қадим то ба имрӯз боқӣ мондаанд ва сол ба сол мавриди омӯзиш ва баррасии бештар мебошанд. Ин ҷашнҳои мавсимии тақвимӣ шоҳиди ҷовидонагии маънавият, фарҳанг ва андешаҳои болои мардуми тоҷику форс мебошанд ва бешубҳа падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонианд. Аз нав бозсозии ин ойинҳои бостонӣ сабаби эҳё ва шинохти бештари ҳувияти миллии мардуми кишварамон Тоҷикистон хоҳад буд.

Муродова Тоҷинисо – н.и. фал., дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Рушду ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як давлати соҳибихтиёр ба замоне рост меомад, ки як қатор омилҳои ба таври тавъам амалкунандаи таърихӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангию суннатӣ ва иҷтимоӣ боиси он гардид, ки ҷомеаро буҳрони азиме фаро гирад. Марҳилаи аввали ин буҳрони азим, ки тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифта буд, боиси ҷанги ҳамватанӣ гардида, халқи тоҷикро ба вартаи ҷанги таҳмилӣ кашонд. Тоҷикистон дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба буҳрони азиме гирифтор шуда буд. Хушбахтона, бо талошҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пеши роҳи ҷанг гирифта шуд. Дар натиҷаи чунин бесарусомониҳо ва ҷангҳои хунин саҳнаи сиёсии ҷамъият амалан холӣ монда, созмонҳо ва ташкилотҳои оммавии пешазҷангӣ беобрӯ шуданд ва созмонҳои нав, ки битавонанд ба хотири пешрафти ҷомеа ба ҷаҳду талоши воқеии халқ роҳбару раҳнамо шаванд, ҳанӯз ба вуҷуд наомада буданд.

Ҳизби сиёсӣ категорияю марказии илми сиёсӣ буда, яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимми илми муосири ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Зуҳуроти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсади аосиашон ба даст овардани ҳокимият аст, ҳанӯз дар замонҳои қадим мавзӯи пажӯҳиши мутафаккирон қарор гирифта буд. Масъалаи ҳизбҳои сиёсиро дар асарҳои Никколо Макиаввели, Томас Гоббс, Ҷон Локк, Томас Ҷеферсон, Шарл Монтеке, Жан-Жак Руссо вохӯрдан мумкин аст.

Даҳсолаи охири асри XX барои Тоҷикистони азизи мо давраи хеле печида ва муташанниҷ гардид. Ҳар кас мехост манфиати худро амалӣ менамуд. Фазои сиёсӣ созанда набуд. Ҳама дар талоши ҷони худ буд ва ояндаи оромро намедид. Баъзеҳо ба тақдир тан дода, намедонистанд, кӣ кай ва бо дасти кӣ кушта мешаванд. Муайян кардан душвор буд, ки кӣ ба кадом қувва ҳамроҳ аст, зеро дар он вақт тасаввур кардани он чӣ ки имрӯз дорем, ба ҳақиқат рост намеомад.

Аввали солҳои 90 асри XX баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, ки Тоҷикистон низ яке аз ҷумҳуриҳои иттифоқии он буд, мавҷи ташкилшавии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ кишварҳои нави мустақилро фаро гирифт ва чун “Саюдис” дар Прибалтика ва “Растохез” дар Тоҷикитон,“Бирлик” дар Узбекистон қариб дар ҳамаи онҳо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии миллӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд омаданд.

Клуби сиёсии “Рӯ ба рӯ” дар Душанбе, “Созмони ошкоро” дар Кӯлоб, “Лаъли Бадахшон” дар Хоруғ ва ҷамъияти “Носири Хисрав” дар Душанбе дар баробари филиалҳои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ фаъолият карда, фазои сиёсии кишварро гарм нигоҳ медоштанд.

Албатта, таърих роҳу василаҳои золимона ва маккоронаи ғасби ҳокимиятро низ медонад, аммо ин гуна давлатдориҳо ҳеҷ гоҳе интизор набуданд.

Он шеваҳои одилона, озоду демократии давлатдорист, ки халқу миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳонро ба саодату хушбахтӣ расонидааст, амну осоиш ваҳдату якпорчагиро дар ҷомеа таъмин намудааст.

Дар чунин шароит мардум имконият пайдо менамоянд, ки барномаи беҳтаринро интихоб кунанд. Аз ҳамин заминаи воқеӣ бояд хулоса кард, ки имрӯз танҳо ҳизби неруманд, ҳизбе, ки дар миёни аҳолӣ обрӯву эътибор пайдо мекунад, ҳокимияти сиёсиро ба даст меоварад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷойи холӣ бунёд гардида, таҷрибаи мусбияти аҳзоби сиёсии дигарро ба кор бурда, аз амалияи сиёсии ҷаҳонӣ истифода бурдааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ тарафдори роҳу равиши пешрафт буд. Ин аст, ки дар байни халқи шарифи кишвар имиҷи баланди сиёсӣ пайдо карда, тарафдораш зиёд гардидааст.

Дар ин раванд барои ташаккул ва инкишофи ҳизбҳои сиёсӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» заминаи воқеӣ гузоштанд.

Бояд қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон иттиҳодияҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва давлат барои фаъолияти онҳо имкониятҳои баробар фароҳам меорад.

Аз ин хотир, ҷамъият ба созмон додани чунин ташкилоти усулан нави сиёсӣ ниёз пайдо кард. Ин созмонро лозим буд, ки на танҳо ҷойи холии фазову арсаи сиёсатро пурра кунад, балки муҳимтар аз ҳама, тавонад ҷамъияти аз ҳам ҷудошудаи моро муттаҳид намуда, ба хотири бунёдкорӣ ва азнавсозии ҷомеа ба он рӯҳу илҳом бахшад.

Кумитаи тадорукотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (дар марҳилаи аввали ташаккулёбӣ бо номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ном бурда мешуд) 6 декабри соли 1993 ба кори худ шуруъ кард ва 10 декабри соли 1994 Анҷумани нахустини ҳизби мазкур баргузор гардид. Дар ин анҷуман вакилон заминаҳои сиёсию иҷтимоии ташаккули ҳизбро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, дар анҷуман оиннома, барнома ва мақсадҳои тактикӣ ва стратегии ҳизбро муайян намуданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 ба қайд гирифта шуд.

Дар ташаккулёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи ташкилии ҳизб иборат аз 22 нафар ташаббускор саҳм гузоштаанд, ки дар ин кор А.С. Достиев, Н. Асадуллоев, Қ. Ашуров, И. Давлатов, С. Сафаров, X. Ҳомидов, А. Турсон, М. Шаҳобуддинов, Қ. Расулов, Д. Давлатов ва дигарон саҳм доштанд.

Чи тавре ки раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Бист қадами созанда»-и худ иброз доштааст, мақсади стратегии ҳизби мазкур сарфи назар аз мансубияти миллӣ, баромади иҷтимоӣ, дину мазҳаб, тамоюлҳо ва одоти фарҳангӣ ҷонибдори муттаҳид намудани ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар атрофи ҳалли масъалаҳои мушаххас ва таърихан ҳалшавандаи умумимиллӣ, пойдор намудани тараққиёти аз ҷиҳати сиёсӣ соҳибихтиёри иқтисодӣ, якпорчагии мамлакат ва давлати ҳуқуқбунёди аз ҷиҳати ахлоқӣ устувор мебошад, ки он ҷузъи таркибии сохтори ҳозиразамони хоҷагидории умумиҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ буда, тавонад бо ҳамаи мамлакатҳои хориҷии ҳам Шарқу ҳам Ғарб дар фазоӣ мусолимат вуҷуд дошта бошад.

Тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад».

Асос ва ҷавҳари ин меъёри сиёсиро бояд риояву ҳифз намудани манфиатҳои олии миллӣ ва давлатӣ аз ҷониби ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ҳар узви он ташкил диҳад, зеро Ватан, Миллат, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагии ҷомеа муқаддастарин арзишҳое мебошанд, ки ягон ҳизб, гурӯҳ ё шахсе ҳаққи халалдор кардани онҳоро надорад. Аз ин рӯ, ҳизбҳои сиёсӣ дар баробари озодона ва мустақилона амалӣ намудани мақсаду мароми худ дар фаъолияти ҳаррӯзаашон бояд ба ин арзишҳои муқаддас содиқ бошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳар фарди алоҳида бояд кӯшиш намояд. ки Тоҷикистон кишвари ободу пешрафта, орому босубот ва мояи ифтихори мардуми ин сарзамини бостонй бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш менамояд ва талош дорад, ки татбиқи онҳоро таъмин намояд.

Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мусулмонон ташкил медиҳанд, суннатҳои дини мубини ислом дар Ҳизби Халқии Демократӣ азизу муқаддас дониста мешавад. Мутобиқи Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷуда озодии виҷдону эътиқод, озодиҳои инсонро эҳтиром менамояд ва инкишоф медиҳад. Ҳамзамон бо ин кӯшиш мекунад, ки маърифати исломӣ, пеш аз ҳама, барои тарбияи инсони пешрафта ва узви сазовори ҷомеа, таҳкими ватандӯстӣ, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ равона карда шавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри расидан ба ин ҳадафҳои муҳим аз қувваи бузурги ақлонии халқ, аз ҷумла зиёиёни эҷодкор, адибон, симоҳои барҷастаи илмиву адабӣ, ки бо ин ҳизб ҳамкорӣ мекунанд, васеъ истифода бурдааст.

Ҳадафи ягона аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, вахдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 ба қайд гирифта шуда буд.

Масъалаи қабули Конститутсияи мамлакат барои давлату миллати тоҷик аз ҷумлаи масъалаҳои ҳаётан муҳим ба шумор мерафт. Бинобар ин таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба давраи қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рост омад. Беҳуда нест, ки меъёрҳои демократиро ҳамчун асолати конститутсионӣ нахустин шуда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва барои қабул гаштани онҳо талоши зиёде кард.

Яке аз ҳадафҳои дигари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ин ҳамеша ҷонибдории системаи бисёрҳизбӣ ва густариши гуногунандешӣ дар ҷомеа аст. Ҳоло дар кишвар ҳафт ҳизби сиёсӣ ва садҳо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Онҳо имконият доранд, ки ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хешро дар байни мардум озодона ва дар асоси қонун тарғиб намуда, ҷонибдорону ҳамфикрони худро пайдо кунанд ва барои ободии ояндаи халқу кишварамон фаъолият намоянд.

Муносибати байни ҳизбҳои сиёсӣ низ яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ҷомеаи мо, ки маданияти сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ҳанӯз ба қадри кофӣ инкишоф наёфтааст, аъзову тарафдорони баъзе ҳизбҳои сиёсии дигар бештар намояндагони як маҳал мебошанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раванди мутобиқгардониро пешаи худ намуда, тавонист ҳамчун ташкилоти сиёсӣ барои мақоми муайян пайдо намудан дар ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ғояҳояш мубориза барад. Зеро бунёди давлати соҳибистиқлоли демократӣ бе қабули қонунҳои ҳимоякунандаи манфиати умум ва иҷрои саривақтиву бечунучарои онҳо вуҷуд дошта наметавонад. Созмондиҳандагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон медонистанд, ки барои миллати тоҷик, ки борҳо бар асари ихтилофоти гуногун пароканда шуда, давлатдории хешро аз даст дода буд, ин ғоя аз ҳама муҳимтар мебошад. Аз ин лиҳоз он дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст. Яъне, мақсади ҳизб ва мардуми шарифи тоҷик бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз он сарбаландем, ки бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин ҳадафи ҳизб - дарёфти сулҳу салоҳ ва оромию осоиштагӣ, пойдор намудани иқтисодиёти устувор, расидан ба вахдати умумимиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри нав, эътимоди халқро ба ояндаи ҳизб қавитар гардонид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он солҳои ноорому мухолифатомез худро чун ҷонибдори равандҳои демократикунонии ҷомеа, сохтори бисёрҳизбӣ, озодии сухан, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳукуқбунёд муаррифӣ намуд. Он ҳамчун неруи тозаву бунёдгару созанда ва навовар дар умқи ҷомеа реша давонда, нафарони хирадманд, сиёсатмадорон ва халқи меҳнаткашу ватандӯстро ба ҳам оварда, сарҷамъ намуд. Ҳар як аъзои ҳизб аз оғози фаъолияти худ аз сиёсати пешгирифтаи Хукумати кишвар, Пешвои миллат содиқона пайравӣ мекунад. Барои ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор кардани рӯзгори осоишта, аз байн бурдани парокандагӣ ва ба даст овардани ваҳдату якпорчагии миллӣ кӯшиш намуда, аз рӯзҳои аввали бунёдаш амалҳои террористии нангинро маҳкум намуда, роҳи пешгирифтаи Сарвари давлатро, ки ба таъмини сулҳу ваҳдат ва оромии сиёсӣ дар ҷомеа равона шудааст, дастгирӣ менамояд. Ҳизб мавқеи бетарафиро дар ягон ҳолат ишғол накардааст, баръакс дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуда, ба воқеаҳои сиёсии баамаломадаи кишвар саривақт баҳои сиёсӣ дода, барои амалӣ шудани дигаргунсозиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дастгирии худро баён намудааст.

Неруи асосии ҳар як ҳизби сиёсиро мақсад ва вазифаҳои он ташкил медиҳад, зеро ин ҳолат ба зиёд гардонидани таъсири ҳизб дар ҷомеа ва баҳри ба даст овардани ҳокимият хизмат мерасонад. Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз он манфиатҳои халқ, ки дар Конститутсия омадааст, тафовуте надорад. Зеро қариб тамоми роҳбарияти Ҳизб дар қатори дигар элитаи сиёсии кишвар дар таҳия ва қабули Конститутсия ва ҳатто ба он ворид кардани тағйироту иловаҳо фаъолона иштирок намудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳизби халқӣ ва демократӣ мебошад ва маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Идеологияи ҳизби мазкур ба хотири мардуми азияткашидаамон созмон дода шудааст. Дар сафҳои он аз рӯзҳои аввал мардуми шарифамон ҷамъ омадаанд. Ваҳдати миллӣ, ки яке аз рукнҳои идеологии ин ҳизб аст, вобаста ба ин дар атрофи ин ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронтҳои халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухолиф гирд омадаанд. Зеро ғояи аслии ҳизб, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, ин, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ буд. Ҳизб бо халқ буд ва халқ, бо ҳизб аз ин хотир номаш ҳам халқӣ шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ояндаи Тоҷикистон чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ мушаххас гардидааст, созмон дода шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифодакунандаи иродаи маҳз он мардумест, ки ба ин Конститутсия овоз дода буданд ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро дар сулҳу субот, оромӣ, ваҳдати миллӣ, гулгулшукуфӣ, некуаҳволии халқ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули давлати миллӣ дида истодаанд. Сабаби дар атрофи ин ҳизб ҷамъ омадани мардум низ маҳз ҳамин ғояҳои худи халқ аст, ки он ба сиёсати воқеӣ табдил ёфтааст.

ҲXДТ ҳамчун ҳизбе мебошад, ки ба ҷомеаи феълии Тоҷикистон такя дорад ва ҷонибдори давлати иҷтимоист. Амалӣ шудани ин ҳадафи ҳизбро дар фаъолияти ҳамарӯзаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон, дар мисоли сохтмони мактабҳо, шифохонаҳо ва дигар иншоотҳои инфрасохтор, роҳсозию бунёди неругоҳҳо, дастгирии ҳамарӯзаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ - ятимон, пирону барҷомондагон ва ғайра мебинем. Ҳамчунин ХХДТ ҳадафи барномавии худро ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор додааст.

ҲXДТ дар бахши иқтисодӣ бошад, шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, озодии фаъолият ва дигар арзишҳоро, ки заминаи пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо гардидаанд, ҷонибдорӣ намудааст ва дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёнаро ҳадафи муҳимми хеш қарор додааст. Ҳамовозӣ ва дастгирии ҳизб аз ҷониби мардуми шарифи кишвар ин аз ормонҳои наҷибе мебошанд, ки ба пешрафти Тоҷикистони азизи мо хизмат менамоянд ва ҳамчун ҳадафи стратегии ҳизби мазкур ба ҳисоб мераванд.

Аз таърихи халқи тоҷик ба мо маълум аст, ки чеҳраҳои намоён ба монанди Нӯшервон, Исмоили Сомонӣ, Низомулмулк барин сиёсатмадорони мо барои татбиқи ҷомеаи адолатпарвар хидматҳои шоиста кардаанд, аммо татбиқ нашуда, ҳамчун орзу боқӣ монд. Аз ин рӯ, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон онро нияти ниҳоии худ эълон кард. ҲХДТ яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон буда, татбиқи ҳадафҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ медонад. Ин ормонро шиор эълон кардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беасос нест, зеро онҳое, ки ин ҳизбро таъсис додаанд, махсусан Пешвои миллат маҳз он неруе мебошанд, ки давлати моро аз ҳалокату парокандагӣ наҷот дод, Халқи тоҷикро аз тоталитаризм, сепаратизм, маҳалгароӣ, экстремизм ва мазҳабталошӣ наҷот бахшид ва ҳизби созанда, бунёдкор ва навовар ном гирифт.

Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаҳоеро фаро мегирад, ки ифодакунандаи дарди ҷомеа мебошанд, яъне барномаи ҳизб ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мувофиқ аст. Масъалаҳои мазкур дар Анҷумани ҳафтуми ҳизб баррасӣ гардида, вакилон дар бораи онҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намудаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатро баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда пайгирона дастгирӣ намуда, дар амалӣ шудани он саҳмгузор мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон принсипҳои демократӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ доштани давлатро асоси амали худ қарор дода, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилона, нашъамандӣ, маҳалгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мубориза мебарад ва бояд ин кор вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб дониста шавад.

Дар барномаи ҲХДТ омадааст, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетики, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таҳия ва татбиқ намудани барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини афзоиши мунтазам ва устувори маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат, такмили низоми андозбандӣ ва муҳимтар аз ҳама, густариши ҳамаҷонибаи ислоҳоти иқтисодӣ, тезонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна ҳамчун омили муҳимтарини пешрафти иқтисодӣ самтҳои асосии стратегияи иқтисодиву иҷтимоии ҳизб мебошанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ва риояи қонунро вазифаи муқимми фаъолияти худ медонад. Риоя накардани қонун ва беэътиноӣ нисбат ба талаботи он боиси фалаҷ гардидани мақомоти давлатӣ, ба миён омадани бенизомӣ ва поймол шудани ҳуқуқи инсон мегардад. ҲХДТ ба меъёри Конститутсияи кишвар оид ба арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ содиқ буда, барои амалӣ шудани онҳо пайваста мекӯшад. Барои ин бояд сатҳи маърифатию ҳуқуқии ҷомеа баланд бардошта шуда, эҳтиром ба қонун дар ҳар як оила аз кӯдакӣ тарбия карда шавад, зеро маърифати ҳуқуқӣ аз муҳимтарин шартҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Интихобот, ки яке аз маъракаҳои муҳимми сиёсӣ мебошад ва дар рафти он андешаву иродаи интихобкунандагон доир ба сиёсати пешгирифтаи давлат ифода мегардад, кафили амалӣ гаштани ҳадафҳои ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллат мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошад, ки ба таври демократӣ, озоду шаффоф ва бо иштироки кулли интихобкунандагон баргузор мегардад.

Ширин Қурбонова, муовини Раиси КИИ "Хирадмандон"- и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад. ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣва худшиносиву худогоҳии мардум саҳми сазовор мегузорад.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳизбе, ки ҳаст кору маромаш ба коми халқ,

Ҳизбе, ки номдор шуд, инак, ба коми халқ.

Ҳизбе, ки ҳаст дар амалаш эҳтироми халқ,

Ҳизбе, ки дар давоми ӯ дидам давоми халқ.

Ҳизбе, ки пойдории миллат мароми ӯст,

Он ҳизб, Ҳизби Халқии Демократист, дӯст!

Ин мисраъҳо мутааллиқ ба қалами шоири шинохта Хайрандеш мебошанд, ки мавсуф ҳиссиёти худро доир ба ҳизбе, ки марому мақсади асосиаш баҳри рушд ва гул-гулшукуфии кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоламон нигаронида шуда маҳсуб меёбанд, баён шудаанд.

Тавре аз таърихи пайдоиши ин ҳизби раҳнамо ва маҳбуби дилҳо огоҳем таъсисёбии он ҳанӯз се даҳсола қабл аз ин, яъне дар таърихи 10-уми декабри соли 1994зимни баргузории Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваста буд. Вазорати адлияи ҷумҳурӣ онро рӯзи 15-уми декабри соли 1994 таҳти рақами 199 расман ба қайд гирифт.

Лозим ба тазаккур аст Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, хиради воло, нияти нек, дурандешӣ ва мақому манзалати фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад, ки дар ин муддат аз рӯйи меъёри бо мардум, миёни мардум ва барои мардум амал намуда, дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории навини тоҷикон дар ҳама давру замон нақши басо ҳам муассир мегузорад.

Муҳимтар аз ҳама ҲХДТ тавонист, ки худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Роҳи паймудаву тайнамудаи ҲХДТ ҳамвор набуд ва маҳз бо раҳнамоию дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳи хурди ҳаммаслаконашон ниҳоятан ба як неруи муқтадир ва мафкурасоз мубаддал гардид.

Аз рӯзи таъсисёбии ин ҳизби ҳамрозу ҳамнафаси мардум Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ Раиси ҲХДТ мебошанд.

Сипас, зимни баргузории АнҷуманиXII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзи 13 – уми декабри соли 2014 ба ҳайси муовинони Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ - муовини якуми раиси ҲХДТ, Асрор Латифзода ва Хайринисо Юсуфӣ муовинони раис интихоб гардиданд.

Нашрияи марказии ҳизб - рӯзномаи «Минбари халқ» аст, ки айни замон бо теъдоди 115 ҳазору 216 нусха ҳафтае як маротиба интишор мешавад. ҲХДТ маҷаллаҳои ҷамъиятию сиёсии «Меҳвар» ва «Зани муосир» низ дорад. Дар ҳамаи вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаҳои иҷроияи вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои ноҳияи тобеи марказ таъсис дода шудаанд.

Сипас, дар арафаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рӯзи 25-уми июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе АнҷуманиIII Ҳизби Халқии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Дар таърихи 18-уми апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо гардид. Вакилони Анҷуман Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври якдилона Раиси ҳизб интихоб карданд. Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани мазкур сухан гуфта, таъкид намуданд, ки: «Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслакони худро ёбанд».

Сипас, дар санаи 22-юми сентябри соли 2001 Анҷумани VII ҲХДТ барпо шуд. Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар рафти баргузории Анҷуман баромад карда, самти стратегии ҳизбро дар марҳалаи нави рушди ҷомеа - давраи созандагию бунёдкорӣ илман асоснок намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки фаъолияти ҳизб барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда вабеҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дигар санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Бояд қайд кард, ки воқеан ҳам дар зарфи се даҳсолаи охири асри ХХI таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ҷомеаро ба марҳалаҳои сифатан нав расонд.

Шоир Олимхон Исматӣ бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди ҷашни таъсисёбии ин ҳизби абарқудрат ва пешгоми ҷомеа меҳрномаи дилашро аз ҷумла чунин хуб гуфтааст:

Зодаи даврони Истиқлол – Ҳизби Пешво,

Эй умеду толеву иқбол – Ҳизби Пешво,

Дар миёни ҳизбҳо фаъол – Ҳизби Пешво,

Узви Ҳизби Пешво будан маро бошад шараф,

Нестам бар сарнавишти Тоҷикистон бетараф!

Ҳизби мо раҳ мебарад бо ваҳдату сулҳу субот,

Ҷавҳараш – ободиву созандагиҳо дар ҳаёт,

Дорад Оинномааш бо халқу миллат иртибот,

Узви ҳизби Пешво будан маро бошад шараф,

Нестам бар сарнавишти Тоҷикистон бетараф!

Баъд аз он то омад аз боло яке фармон «Ба пеш!»

Дар раҳи фатҳи ҳазорон қуллаи армон «Ба пеш!»

Раҳ ба раҳ, эй халқ, бо Эмомалӣ Раҳмон ба пеш!

Узви ҳизби Пешво будан маро бошад шараф,

Нестам бар сарнавишти Тоҷикистон бетараф!

РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, - директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ

Дар оғози моҳи декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинбарои иштирок дар 28-умин нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ворид шаҳри Машҳади Эрон шуд. Нишасти мазкур ду рӯз (2 -3 декабр 2024 ) идома ёфта, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бештар мавриди омӯзиш дода шуда, транзит, ҳамлу нақл ва фаъолиятҳои фарҳангиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳадафиасосии нишаст мусоидат ба ҳамгироии тиҷорат, нақлиёт ва сайёҳӣ дар сарорари минтақаикишварҳои аъзоиЭКО мебошад.

Тибқи осори расмӣ ҳаҷмимуомилоти солонаи миёни кишварҳои аъзо 1,8 миллиард долларро ташкил дода, зарурати талошҳои бештарро барои ҳавасманд кардани тиҷорати минбаъдаи дохилии ЭКО талаб менамояд[1].

Инҷо бояд, зикр кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО) як созмони минтақавии байниҳукуматӣ буда, кишварҳои Аврупо, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубиро дар бар мегирад, ки беш аз 460 миллион нафар аҳолӣ ва беш аз8 миллион километри мураббаъ Русияро ба Халиҷи Форс ва Чинро ба ҳам мепайвандад. Мақсаду ҳадафи умумии он рушди устувори иқтисодии давлатҳои аъзо ва минтақа мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳатииштирок дар Саммити 15-уми сарони давлатҳоиаъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО[2]) ба шаҳри Ашхободи Туркманистон сафар намуда, нақши Тоҷикистонро дар ҳалли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кард.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи ECO-ITI[3] бори аввал дар соли 2011 оғоз шуда буд ва пас аз пайгирӣ ва дастгирии пайваста аз ҷониби кишварҳои узв аз ҷумла Покистон, Эрон ва Туркия ва инчунин Котиботи ЭКО, ниҳоят барои хидматрасонӣ ба равобити минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ амалӣ шуд. Амалиёти транзити онро тавассути рақамикунонии долон барои содда кардани расмиёти маъмурӣ ҳангоми убури сарҳад ва транзит боз ҳам беҳтар менамояд.

Моҳи марти соли2017 дар Исломободи Покистон зимни Саммити 13-уми сарони кишварҳои аъзои СҲИ санади “Диди СҲИ-2025” қабул гардид, ки самтҳои ассосии фаъолияти Созмонро дар солҳои наздик дарбар мегирад. Дар санаи 28 ноябри соли 1992 кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Озарбойҷону Афғонистон ба узвияти СҲИ пазируфта шуда дар натиҷа адади онҳо ба 10 расид. Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шуд.

Дар соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои СҲИ шудаанд. 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид[4].

То аввали соли 1992 дар чаҳорчубаи СҲИ ҳамкориҳо миёни давлатҳои аъзои Созмони мазкур дар маҷмӯъ шакли дуҷонибаро доштанд. Шурӯъ аз соли 1992 фаъолияти СҲИ бо воридшавии ихтиёрии ҳафт кишвари аъзои нави Созмон, фаъолтар шуд.

Бояд зикр кард, ки дар тӯли солҳо созмони ЭКО ташаббусҳои бузургро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла алоқа, тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ ва рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ваилмӣ ба даст овард ва дар ин зимн муассисаҳои минтақавӣ ва махсуси худро низ таъсис дод. Чи тавреки зикр шуд мақсаду ҳадафва ташаббусҳои асосии созмони мазкур иборатанд аз: (i) сохтани долонҳои тиҷоратӣ барои рафъи маҳдудиятҳо ва монеаҳо дар роҳи пешбурди тиҷорати дохилиминтақавӣ; (ii) таъсиси низоми раводиди ЭКО барои пешбурди сайёҳӣ ва робитаҳои байни одамон; (iii) мусоидат ба ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ватаълимӣ; ва (iv) таъсиси муассисаҳои молиявии минтақавӣ, ба мисли Бонки Тиҷоратии ЭКО ва Иттиҳоди клирингии ЭКО барои маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ мебошанд, ки дар таҳкими ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо кӯмак мекунад.Намунаи онро дар соҳаи нақлиёт ба истифода додани долони роҳи Исломобод-Теҳрон-Истанбул метавон дид. Ҳамин тавр санаи 7 октябри соли 2021 ду бор аз шаҳри Карочии Покистон ба Туркия ва Озарбойҷон тибқи Конвенсияи TIR[5] тавофуқномаҳо фиристода шуд.

Раёсати СҲИ ё ЭКО дар соли 2021 ба зиммаи Туркманистон буд, ки 28 ноябри соли 2021 таҳти унвони “Якҷоя ба сӯи оянда” мавриди баррасӣ қароргирифт. Бояд зикр кард, ки дар ҷаласаи50-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1995 Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо СҲИ қабул гардид васипас он мақоми нозирро дар СММ касб намуд.

Кишварҳои аъзои СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд. Тӯли беш аз 12 соли охир, кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, СҲИ лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир татбиқ мекунад.

Хулоса, намояндаҳои кишварҳои узви ЭКО зери шиори “Якҷоя ба суи оянда” бо иродаи талош меварзанд то ҳамкориҳоииқтисодиву тиҷоратии худро идома дода, якҷо ба кишвари Афғонистон кумак расонида, минтақаро аз бӯҳронҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ ба таври фаъол ҷилавгирӣ намоянд.

Илова аз он кишварҳо пайваста таъкид менамоянд, ки ҳамгироии минтақавиро дар партави “Дурнамои ЭКО 2025” идома дода, дар рушди минтақа ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои созмон саҳмгузор бошанд.

Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёти истифодашуда

1.ECO expert meeting begins in Mashhad. December 2, 2024. https://tehrantimes.com/.../ECO-expert-meeting-begins-in...

2.The Secretariat of Economic Cooperation Organization//https://eco.int/

3.ECO Integrated Technologies.

4.Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ//https://mfa.tj/tg/main/view/194/tojikiston-va-sozmoni-hamkorii-iqtisodi-eko

5. https://unece.org/transport/tir(Transport International par la Rout)

Неругоҳи барқи Роғун фатҳи халқи тоҷик аст,
Аз дурахши нури Роғун мушкил осон гаштааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетики метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% дар сади захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъмату боигари бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард.

Чунин як лоиҳои бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз охири солҳои 70 - уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан, Роғун ном гирифтани ин нерӯгоҳ аз номи деҳае сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст.

Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиёти кишварамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсй бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад.

Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро, бидуни нерӯи барқ ягонсоҳа пеш намеравад:

Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи марказӣ маҳсуб дониста мешавад. Иқтидори тавлидотии нерӯи барқи Роғун13,5 млрд квт-ро ташкил медиҳад, ки ин барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамиятикалондорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон пайдо шудаст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд.

Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки ҷаҳонӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти бузург дар оянда Тоҷикистон ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқӣ арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд.

Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

Исмоилов Ризо - ходими калони илмии - МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои наздики миллатҳо ва давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад. Дар баробари ин, мушкилоти моддиву маънавӣ ва ахлоқии башар низ хислати глобалӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархўрди тамаддунҳо мегардад.

Дар ин шароит яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии чунин дипломатияи фарҳангӣ ва башардўстона аст, ки он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу хуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардўстона бо кишварҳои олам бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он мусоидат намояд[2].

Бояд қайд кард, ки бо иқдоми Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии исломшиносии Малайзия (IAIS) ва Китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда таҳти унвони «Шоҳнома: шоҳасари адабӣ» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Намоиши мусаввараҳо барои тамошои оммавӣ аз 7 то 17 октябри соли 2024 идома ёфт. Мардуми маҳаллӣ имкон пайдо намуданд, ки бо бузургтарин асари адабиёти тоҷик шинос гарданд. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар ҳифз ва нигоҳдошти таъриху тамаддун сухан гуфт. Иброз дошт, ки «Шоҳнома» ҳамчун нигораи адабии мардуми тоҷик яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст[3].

Мушовири иҷроияи ҷавонон, варзиш ва соҳибкорииМалайзия Моҳд Наҷвон Ҳалимӣ, ки инчорабиниро роҳбарӣ мекард, қайд намуд, ки намоишгоҳ ба яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони бо номи ҷаҳонӣ Абулқосим Фирдавсӣ бахшида шудааст. Шеъри абадии Фирдавсӣ, эпоси "Шоҳнома" таърих ва фарҳанги халқҳои форсзабонро тағйир дод. Ӯ қайд кард, ки эҷодиёти Фирдавсӣ ба адабиёт, санъат ва ҷаҳонбинии ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузошта, ба ӯ дар байни бузургтарин ақлҳои таърих ҷойгоҳи устувор фароҳам овард. "Шеър дар ин филм ба мо принсипҳоеро хотиррасон мекунад, ки ҷомеаро тақвият медиҳанд ва паёми пурқудрати некӣ, сулҳ ва адолат дар саросари ҷаҳон бо ҳамон аҳамияти ҳазор сол пеш ҳамовоз мешавад", "Мо хушҳолем, ки барномаи пешрафтаи фарҳангиро эълон кунем, ки Малайзия ва Тоҷикистонро тавассути таҷлили санъат, филмҳои таърихӣ ва намоишгоҳи фарҳангӣ дар китобхонаи Раҷа Тунда, ки ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии амиқтари байни халқҳоямон мусоидат мекунад, муттаҳид хоҳад кард".[4].

Дар китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда намоиши мусаввараҳо, инъикоси филми мустанад дар бораи Ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”, ки аз ҷониби Сафорат таҳия шудаааст ва пахши филми ҳунарии “Рустам ва Сӯҳроб” аз бахшҳои асосии чорабинӣ буданд. Илова бар ин дар доираи чорабинӣ гӯшаи алоҳидаи фарҳангу санъати миллии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он меҳмонон бо маҳсулоти суннатӣ, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва китобҳои “Шоҳнома” шинос гардиданд.

Хулоса

Муаррифӣ ва таблиғи фарҳанги бойи кишвар дар кишварҳои дуру наздик яке аз вазифаҳои ҷоннии сафоратхонаҳо дар давлатҳои иқомат мебошад. Солҳои охир, дипломатияи фарҳангӣ рушд карда, аз ҷониби роҳбарияти сафоратхонаҳо чорибиниҳои гуногуни фарҳангӣ ташкил карда шуда истодааст. Вобаста ба ин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар амалӣ ва муаррифии дипломатияи фарҳангӣ саҳми худро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣгузошта истодааст. Дар чорабинии фарҳангӣ робитаҳои адабӣ, филми ҳунарӣ, таърих, фарҳанг ваасарҳои санъати Тоҷикистон фаро гирифта шудаааст. Намоишгоҳ ба меҳмонон имконият дод, ки тавассути филмҳо бо фарҳангҳои гуногуни Тоҷикистон шинос шаванд.

Бояд хотирасон кард, ки 28-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Куала-Лумпур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҶДММ “Golden Screen Cinemas” бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия Фестивали синамои Тоҷикистон баргузор гардид[1]. Дар маросими ифтитоҳи Фестивал намояндагони мақомоти расмии Малайзия, корпуси дипломатии муқими Куала-Лумпур, ВАО, доираҳои соҳибкорон, ходимони илму фарҳанг, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Малайзия иштирок карданд. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ зимни суханронии худ оид ба пешрафту дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия маърӯза намуда, таъкид кард, ки ин аввалин Фестивали синамои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ мебошад. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур мудири ҶДММ “Golden Screen Cinemas” хонум Коҳ Мей Ли суханронӣ намуд. Дар баробари ин дар чорабинӣ асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расмҳои ҷойҳои таърихии Тоҷикистон, таомҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Соҳиби Баҳруло, - ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сарчашмаҳои иттилоотӣ:

1. Баргузории Фестивали синамои Тоҷикистон дар Малайзия. [Манбаи электронӣ]: https://mfa.tj/tg/berlin/view/11436/barguzorii-festivali-sinamoi-tojikiston-dar-malaiziya (санаи муроҷиат:10.10.2024)

2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]: https://mfa.tj/tg/main/view/4255/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (санаи муроҷиат:08.10.2024)

3. Муаррифии шоҳасари Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” дарМалайзия. [Манбаи электронӣ]: https://mfa.tj/tg/cairo/view/15925/muarrifii-shohasari-hakim-abulqosimi-firdavsi-shohnoma-dar-malaiziya (санаи муроҷиат: 07.10.2024)

4. Historic Tajikistan masterpiece ‘Ferdowsi’s Shahnameh’ shown at Raja Tun Uda Library. [Манбаи электронӣ]: https://selangorjournal.my/2024/10/historic-tajikistan-masterpiece-ferdowsis-shahnameh-shown-at-raja-tun-uda-library/ (санаи муроҷиат:07.10.2024)

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сино

Паёми Сино

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм