Бисёр хурсандибахш аст, ки дар Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1995 иди Меҳргон, ҳамчуни иди миллии аҷдодӣ қайд градид ва тибқи он ҳар сол мардуми шарифи мамлакатамон онро рӯзи 3 ноябр ҷашн мегиранд. Барои аз нав эҳёгардидани иди аҷдодии Меҳргон, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон умри дубора бахшид ва таҷлили ин иди аҷдодӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз5-уми августи соли2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Олимон бо истинод аз китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазорсоламепиндоранд. Дар он китоб гуфта мешавад, ки Меҳр номи Офтоб буда, дар замони сулолаи Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он кашида шуда буд, ба сар мегузоштанд. Ҳамин тавр Иди Меҳргон аз калимаи меҳр гирифта шудааст, ки маънояш ин меҳру мӯҳаббат ба зиндагӣ, ба кишоварзӣ, ба замину обу хок, ба ҳавои муссафо мебошад.
Дар рӯзҳои ҷашнгирии ин Иди аҷдодиамон ғаллакорон, пахтакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқаринмаҳсулотҳои истеҳсолкардаашонро ба намоиш бароварда, аз баракату файзи меҳнаташон шодиву хурсандӣ, рақсу шодкомӣ менамоянд, ки ин худ ба ғайрату матонати марди деҳқони тоҷик илҳоми навро зам менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳои истеҳсолии кишварзон барои боз ҳам ғанӣ гардидани иқтисодиётимамлакат амон аҳамияти калон дорад.
Месазад қайд намуд, ки Иди Меҳргон ин иди касбии кишоварзони кишвар ба шумор рафта, рушду нумӯ ва пешрафти соҳаикишоварзӣ, баҳри инкишофи ояндаи иқтисодиётимамлакатамон хеле муҳим аст ва он чун таҳкурсии мустаҳками иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисстон ба талошҳои пайгирона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Меҳргон аз нав боз шукӯҳу шаҳомоти тозаю навро соҳиб гардид.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки …“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.”
Дар кишварамон дар пурфайзу пурбаракт гаштани киштзорҳои деҳқонони асили кишвари биҳищосоямон, имрӯзҳо саҳми олимони кишвар, ҳамкориҳои илмию амалии онҳо бо кишоварзон хело судманд арзёбӣ мегардад. Махсусан, олимони Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Донишгоҳи агаририи Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва деҳқонони асили кишварамон кӯмакҳои илмию амалии хешро мерасонанд, ки ин сол аз сол, аз Меҳргон то ба Меҳргон зиёд гардидани маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мегардад. Алалхусус, навъу намунаҳои нави ихтироъ намудаи зироатҳои кишоварзӣ, зотҳои сермаҳсули чорвою парранда ва технологияҳои нави инватсионии олимон тоҷик имрӯзҳо яке аз омилҳои асосӣ дар пешрафати бахши кишоварзии кишварамон ба шумор мераванд. Махсусан, навъҳои серҳосили картошка, сабзавотиҳо, ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, ки аз тарафи олимони тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳидояту дастгирии бевоситади Президенти мамлакат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд, ҳоло қариб дар саросари заминҳои деҳқонони кишвар кишт гардида, заминаи боэътимоди ба даст овардани ҳосили баланди ин зироатҳо ба шумор мераванд. Олимони Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазоарти кишоварзӣ, бо дигар олимону мутахассисони муассисаҳои илмии кишварамон минбаъд ҳам кушишу ғайрати хешро ба он равона месозанд, ки дар арафаи идҳои Меҳргон файзу баракати кори деҳқонон боз ҳам афзунтар гардида, таъмини амнияти озӯқоврии кишвар боз ҳам хубтар гардад. Иди аҷдодии миллатамон - Иди Меҳргонро ба хамаи сокинони мамлакат, ба ҳамаи кишоварзону олимони кишвар табрик намуда, ба онҳо тинҷиву осудагӣ, хирмани пурфайзу пурборро дар арафаи Иди Меҳргон дар кишвари биҳиштосоямон - Тоҷикистон орзу менамоем!
МИРЗОРАҲИМЗОДА А.К. - ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор,
ПАРТОЕВ Қ. - доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор