Перейти к основному содержанию

20 ноябри соли равон бо ташаббуси Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ – и “Масоили мубрам ва омилҳои рушддиҳандаи таърихнигории миллӣ дар замони муосир”, ба ифтихори 85 – солагии академик Раҳим Масов баргузор карда шуд.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовд Қаюм ҳусни оғоз бахшид. Дар идома дар сухани ифтитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки Академик Раҳим Масов бештари умри пурбаракати худро ҳамчун муаррих дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сипарӣ намудааст.

Таъкид гардид, ки Раҳим Масов муддати 57 сол аз лаборанти одии пажӯҳишгоҳ то ба дараҷаи академикӣ ва сарварии як муассисаи марказии илмӣ-пажӯҳишӣ расида, дар ташаккул ва рушди таърихнигории миллӣ ва чун сарвари пажӯҳишгоҳ-27сол дар тайёр намудани мутахассисони касбии илми таърих нақши арзанда гузоштааст. Зери роҳбарии бевоситаи ӯ беш аз 20 нафар рисолаи докторӣ ва номзадӣ дифоъ намудаанд ва имрӯз дар мактабҳои оливу муассисаҳои таҳқиқотии кишвар адои вазифа менамоянд.

Академик Раҳим Масов муаллифи даҳҳо рисолаи бунёдӣ, илмиву оммавӣ, китоби дарсӣ ва садҳо мақолаи илмиву публистистӣ мебошад, ки самара ва нақши онҳо дар таҳқиқоти таърихи халқи тоҷик равшан эҳсос мегарданд.

Академик Раҳим Масов ташаббускор ва иштирокчии фаъоли ҷаласаҳо ва конфронсҳову симпозиумҳои илмии сатҳи ватанӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ буда, роҷеъ ба масоили мухталифи таърихи халқи тоҷик бо маърӯзаву гузоришҳои илмӣ суханронӣ ва ибрози ақида намудааст.

Истеъдоди фавқулоддаи ташкилотчигии олим инчунин дар созмон додани Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон зуҳур ёфтаааст, ки ин осорхона имрӯзҳо зиёратгоҳи мардуми ватанамон ва меҳмонони хориҷӣ гаштааст, онҳоро бо дастовардҳои нодири ёдгор аз тамаддуни пурсарвати миллат ошно месозад.

Гуфтан ба маврид аст, ки мактаби илмии академики Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон устоди зиндаёд Раҳим Масов тавонист, ки дар пешрафт ва рушди илмҳои таърихнигорӣ саҳми арзанда гузоштааст ва бо боварӣ гуфта метавон, ки шогирдону пайравонаш давомдиҳандаи мактаби илмии ин марди хирад гардида, дар пешрафт ва рушди илмҳои таърих саҳми арзандаи хешро мегузоранд.