Перейти к основному содержанию

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчами ҳар як кишвар яке аз рамзҳои муҳими давлатӣ буда, сароғози соҳибдавлативу мустақилият, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузоштан аст.

Пайдоиши парчам ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллӣ ва давлатдорӣ дар таърихи тамаддуни башар ба қарнҳои хеле дур рафта расида, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳарфиёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо гардидаанд, ки ба асри III-II -и пеш аз милод рост меояд. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳои бостоншиносон дар Шарқи Эронибостон парчами хурди филизиеро пайдо намудаанд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ба ҳисоб меравад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш ҳамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидӣ, ягонагӣ ва мубориза истифода мешуд. Лекин, на аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат буд, балки ашёҳои гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар тули таърихи дарози худ рамзу намодҳое офарида, ки баёнгари орзую омол ва ҳадафҳои инсонсозу тамаддунофари он аст. Яке аз муқаддасоти миллат парчами миллист, ки реша дар қаъри таърих дорад ва ифодакунандаи соҳибдавлатии миллати тоҷик дар аҳди бостон аст. Бино ба таҳқиқи муҳаққиқон ва шаҳодати сарчашмаҳои таърихию адабӣ куҳантарин ишора дар бораи корбурди парчам, ки дар даврони бостони ақвоми ориёӣ дурафш ё дирафш мегуфтанд, дар китоби муқаддаси «Авесто» омадааст. Авестошиносон истинод ба нахустин фаргарди «Видевдод» мекунанд, ки аз дирафшҳои барафрошта дар шаҳри Балх – пойтахти шоҳи ориёӣ, Виштосп ҳикоят мекунад: «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Илова бар ин, дар «Авесто» ба такрор аз «дирафши говпайкар» ва «дирафшҳои душманони ориёҳо» ёд шудааст. Аз ҷумла, дар «Ҳум-Яшт» аз дирафше ба номи «Говдирафш» сухан меравад, ки баъзе муҳаққиқон онро ҳамон «Дирафши Ковиёнӣ» медонанд. Гурӯҳи дигар, бар он назаранд, ки исми «Дирафши Ковиёнӣ» аз «кавӣ» (шоҳ) ё «ковиён» аст, ки ба сурати сифат ва ба маънии шоҳӣ ё шоҳона истеъмол шуда ва мақсуд аз «Дирафши Ковиён» парчами шоҳӣ аст.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ки дар «Шоҳнома» таърихи ақвоми ориёиро ба риштаи назм кашидааст, нахустин парчам ё худ дирафшро «Дирафши Ковиёнӣ» медонад. «Дарафши Ковиёнӣ», ки бо номҳои «Дирафши Ковиён» (Дирафши Кофиён, Ковон), «Алами Фаридун» ёд шудааст, ҳамон пешбанди чармини Коваи оҳангар аст, ки «бар Заҳҳоки ғосиб хуруҷ кард ва пешбанди худро баррӯйи найза қарор дод ва ин пешбанд мабнои дирафши шоҳаншоҳии Сосонӣ шуд. Бар асраи ситами Заҳҳок Кова бо мардумон ба сӯи Фаридун меравад ва ӯро ба набарди Заҳҳок мекашонад. Ӯ чарми пораи Коваро бо парниёну зар ва гавҳар меорояд ва онро «Дирафши Ковиён» ном мениҳад ва ба кинхоҳи бармехезад». Ба ривояти ҳаким Фирдавсӣ ва аксари сарчашмаҳои муътабар, Кова бар Заҳҳок шӯрид ва он пешбанди чармин, ки оҳангарон ба пеши пой мебанданд, бар сари найза кард, халқро ба ёрӣ хонд ва бо ҳиммати Фаридун Заҳҳоки моронро сарнагун кард. Фаридун ин чармро ба фоли нек гирифт ва аз он ҷавоҳиру ёқутиалвон чандон фурў овехт, ки чарм нападид гашт. Баъд аз Фаридун ҳар шоҳе, ки бар тахт менишаст, бар он чарм, ки намоди давлатдорию подшоҳӣ буд, гавҳару ҷавоҳир меовехт. Батадриҷ шоҳони каёнӣ Дирафши Ковиёниро боз ҳам пероставу мунаққаш карданд, ки ҳатто дар шаби торик ба гунаи хуршед медурахшид ва ба ҷанговарон неру мебахшиду умед ба пирўзӣ медод.

Илова бар «Дирафши Ковиён», ки парчами шоҳони Эрони бостон ва аз ҷумла Каёниён буд, ҳар як паҳлавон монанди Соми Наримон, Қоран, Золи Зар, Рустам, Гударз, Гев, Тус, Густаҳм, Бежан ва дигарон парчами махсуси худро доштанд. Ҳангоми ҷанг ҳар як паҳлавон лашкарашро зери парчами худ гирд меоварад ва ҳама ба шоҳ ё сарҳанги таъйиннамудаи шоҳ итоат мекарданд. Масалан, парчам ё худ дирафши Рустам «аждаҳопайкар» аст. Вақте Сӯҳроб аз Ҳуҷир, ки асир афтода буд, аз парчамҳо номи паҳлавонони Эронро мепурсад, чун дирафши Рустамро мебинад мегўяд: “Дурафшаш бубин, аждаҳопайкар аст, Бар он найза-бар шери зарринсар аст”.

Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ дар «Фарҳанги асотир» менависад, ки «маънии дирафш дар забони паҳлавӣ алам бошад ва чизи тобонро дурафш хонанд, зеро ҳар гоҳ онро боз мекарданд, аз бисёрии гавҳарҳо, ҷаҳон фурӯғ гирифтӣ. Ин дирафш то вақти Яздгирд, вопасин шоҳи Сосонӣ дар хазонаи Эрон бар ҷой буд, то дар набарди Қодисия ё Мадоин ба дасти муслимин афтод ва онро назди Умар ибни Хаттоб оварданд ва Умар бифармуд он гавҳарҳо аз он бардоштанд ва пӯстро бисӯхтанд».

Дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аз Дирафши Ковиёнӣ ҳамвора ёд кардаанд ва ҳамчунин муродифҳои он парчам, алам, ливо, роят низ дар ҳар маврид ба кор рафтааст.

Забоншиносон парчамро вожае суғдӣ («*parčam») медонанд, ки ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ва бар он назаранд, ки ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфтааст. Дар асрҳои минбаъда дар баробари дирафш (дурафш) парчам, роят, ливо, алам дар адабиёти мо ба кор рафтааст.

Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри 7 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро мушоҳида кардаанд. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегушагуна дида мешавад. Дар миниотураҳои асри миёнагие, ки дар китобҳои ашъори шоирони классик ва дар «Шоҳонома»-ҳо кашида шудаанд, тасвири парчам зиёд ба чашм мерасад.

Баъд аз Сомониён гарчанде дар Хуросону Мовароуннаҳр султонони аҷнабӣ, бегонагон ҳукумат доштанд, аммо забони форсӣ-тоҷикӣ забони давлатӣ, забони коргузорию илм ва адаб буд ва ҳукуматҳоро аслан, вазирон, ки аксар тоҷик ё форс буданд, идора мекарданд. Аз инрӯ, мазмуни муҳтавои ин ҳукуматҳо тоҷикӣ буд, зеро аксар ҳамон системаи давлатдории Сомониёнро идома додаанд.

Баъд аз ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён, хушбахтона, ворисони оли Сомон - тоҷиконро имкон фароҳам омад, то давлати нави худро бунёд намоянд. Вале давлате, ки баъди садсолаҳои нокомӣ ба мардуми тоҷик ато гардид, зери таъсири ғояҳои бегона барои миллати тоҷик қорор доштва парчамҳои онвақтаи Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шудан мегирифт, ки аслан аз парчами ИҶШС гирифта шуда буд.

Хушбахтона мо тоҷикон дар соли 1991 аз зери таъсири ғояҳоикомунистӣ озод шудем ва давраи нав барои миллати тоҷикфаро расид ва Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол акс гардид.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, таъкид карда буданд, ки: «Ранги сурх- рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз- нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Бояд зикр кард, ки ин таъкиди Пешвои миллат ба рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба рангҳои миллии ақвоми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон: сурху сафеду сабз аст, ки аз даврони бостон то ба замони мо расида ва муқаддас дониста мешавад ва дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён васабз вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст.

Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусусиятҳои хоси давлатдории худ фарқ мекарданд ва дар таърих аз худ хати равшанеро дар самти рамзҳои давлату давлатдорӣ гузоштаанд. Маврид ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад. Аз даврони бостон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони ориёӣ қабул ва шоистаи эҳтиром қарор дорад.

Вобаста ба ҳукумронии сулолаҳо ва ҳукуматдороназ замони қадим то ба имрӯз парчамдории тоҷиконробо номҳои: Дирафши ковиёнӣ, Штандарти империяи Ҳахоманишӣ, Дирафши давлати Ашкониён, Дирафши давлати Сосониён, Дирафши давлати Сомониён, Дирафши суслолаи Ғӯриён, Парчами Аморати Бухоро, Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ додаанд.

Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Дар сархати аввали «Низомнома дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон», чунин омадааст: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24- ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи хуҷаста ҳамасола бошукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад, ки гиромӣ доштани муқаддасоти миллат аст.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои чашмрасу намоён ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки парчами давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад”.

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Мо ба Парчами давлатиамон, ки моро ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидӣ, ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва руҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем.

Ин Парчам дар рӯзҳои ҷашну шодиҳо, дастовардҳои миллӣ ва пирӯзиҳои фарзандони миллат дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ барафрохта мешавад, ки баёнгари комёбиҳои Ватани азизи мост. Парчами миллӣ ҳастии кишвари соҳибистиқлоли мо, нангу номуси мо ва ифтихори миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар ин рӯзгори босаодат, ки Тоҷикистони азизи мо зери сарварии одилонаву оқилонаи Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, саноату сохтмон, иҷтимоиёту иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт рӯ ба пешравӣ дорад ва саноатикунонии босуръати кишварамонро ҳадафи чоруми миллӣ қарор додаем, ҳамаи моро зарур аст, ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватанамонро азиз дорему ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем ва парчамбардорони миллатамон бошем.

Қудратов Комрон Абдунабиевич – н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон