Перейти к основному содержанию

“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчам яке аз рамзҳои асосии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, муаррифкунандаи давлату миллат ба шумор меравад. Бале, ҳар як давлате, ки арзи ҳастӣ мекунад, яъне соҳибистиқлол мегардад, онро зарур аст, ки дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва дигар рамзҳои давлатии хеш бошад, гуфтан ба маврид аст, ки Парчам намоёнии рамзҳост.

Агар ба таърихи дури дур назар афканем, аз достони таълифнамудаи паҳлавониву муборизӣ ва тарбиявии пири хирад, устоди сухан Абулқосими Фирдавсӣ бар меояд, ки нахустин маротиба парчамро Коваи Оҳангар дар натиҷаи ғолиб омаданаш бар душман, дар муҳорибаҳои тан ба тан, расидан ба орзуву омол ва пирӯзӣ, бо фарогирии ҳиссиёти шодиву нишот, пешдомани чармини худро ба найзаи ҷангияш печонида нидои ғалаба баланд намудааст.

Кашфиёти ин паҳлавони таърихӣ Коваи Оҳангар тавонист, ки ба ҳукми анъана даромада, аз ҳамон замонҳо то ба ҳол парчам дар баргузории мусобиқаву муҳорибаҳо дар баробари қомат афрухтан дар ҷойҳои муайяншуда тибқи талаботи “Низомнома” – и парчам истифода шуда, ҳангоми ғолибият дар мусобиқаву олимпиадаҳои байналмилалӣ баланд бардошта мешавад, ин як ҳувиятест, ки ба ин васила иштирокдорони ҳамоишҳо ба осонӣ дарк карда метавонанд, ки шахси ғолибомада шаҳрванди ин ё он давлат аст, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ қарзи фарзандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар ин масир Президенти маҳбубамон чунин гуфтааст: "Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардум ва фарҳангии мо аст"

Ҳар як шахсе, ки ҳиссиёти ватандӯстиву ватандорӣ ва ватанпарварӣ дар вуҷуди хеш дорад, ба рамзҳои давлатдорӣ эҳтиром гузошта, намегузорад, ки ба рамзҳои давлатӣ, ки таҷассумгари соҳибдавлатӣ соҳибистиқлолист касе иснод оварад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз қадим то ба ҳол парчамро ба вожаҳои гуногун ном мебурданд: “Дирафш ”, “Ливо” ва “Байрақ” низ мегуфтанд, тибқи Низомнома парчам ном гирифтааст.

Боис ба ёдоварист, ки тоҷикон яке аз халқиятҳои қадима дар рӯи дунё шинохта шуда, дар паҳлавонӣ, тирандозӣ, шаҳрсозӣ, бунёдкориву созандагӣ ва илмпарварӣ, китобхониву шеъру шоирӣ миёни тамоми халқиятҳои дунё шинохта шудаанд. Дар баробари дигар кашфиётҳову офаридаҳояшон парчам, ки дар тамоми дунё рамзи соҳибдавлатиро нишон медиҳад, нахустин маротиба аз ҷониби тоҷикон яъне марди ҷасур далер ва паҳлавон Коваи оҳангар кашф шудааст, ки инро таърих бо хатҳои заррин сабт намудааст, ки ҳаргиз зудудаву хира нахоҳад шуд.

Дар тули таърих намуди зоҳирии парчам чандин маротиба иваз шуда, бо шаклу намудҳои гуногун солиёни дароз истифода шудааст. Намуди кунунии парчам 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16 тасдиқ карда шудааст, ки дорои се ранг: сурх, сафед, сабз буда, ҳар як ранг ба худ хосияти хосро ифодакунанда буда, мазмуну муҳтавои муайянро доро аст: ранги сурх - муборизаю ҷоннисориҳо барои озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ранги сафед - нишони бахту саодат, орзуву умед, ранги сабз – нишони сарбаландиву сарсабзиву хуррамӣ, шукуфоӣ ва абадият мебошад. Дар рӯи рахи сафеди парчам ҳафт ахтар акс ёфта, ин аз

Давлатсозию давлатдорӣ дар замири миллати тоҷик аз ниёгон мерос мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини омадан ба сиёсат бо як шукуҳу шаҳомати хосса, давомдиҳандаи кору пайкори шоҳону гузаштагони хеш аз ҷумла Шоҳ Исмоили Сомонӣ буда, пайваста ба ободкорӣ пешравӣ муваффақият ба даст овардан кӯшидааст.

Тасдиқи гуфтаҳои воло ин аст, ки дар моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи таҷлили 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойтахти ватани азизамон шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии пояи 165 метр дар дили Тоҷикистон , ки хонаи орзуву умеди тоҷикони тамоми дунё аст, қомат афрухтааст ва шоҳкории ин абармарди хирад Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дубора тоҷику тоҷикистониро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баъди ифтитоҳи парчам дар пойтахти мамлакат худи ҳамон сол яъне соли 2011 парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баландтарин байрақ дар ҷаҳон ба китоби гиннес дохил карда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии тамоми тоҷику тоҷикистонист, ки дар ин масир худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст”

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар тамоми саросари ватани азизамон дар муассисаву корхонаҳои давлатӣ дар фазои сулҳу субот ин Рӯзи таърихиро бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда истодаанд, аҳли илму донишро мебояд, шукрона аз Истиқлолияту ободии ватан намуда, ба рамзҳои давлатӣ арҷ гузошта, дар замири ҷавонон, ки ояндаи давлату миллатанд ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва парчамбардорию парчамдориро бедор намоянд, бигузор Парчами Тоҷикистони азиз абадан дар фазои сулҳу субот партавфишон бошад!

Алишер САИДОВ – корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ