Перейти к основному содержанию

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ")

Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашида истодааст. Зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нукта Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам. Ин эътибори Пешвои миллат боис гашта истодааст, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмати худро анҷом дода истодаанд.

Пешвои миллат дар ин Паём низ пайванди илм ба истеҳсолотро муҳим ҳисобида чунин дастур доданд: “Ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.

Пешвои миллат ба илмомӯзии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, чунин гуфтанд: “Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”. Ин омор барои ҷомеаи тоҷик бисёр фараҳбахш буда, аз сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад ва стратегияи рушди ҷомеаро дар асоси илм кафолат медиҳад.

Аммо бо ин ҳама қонеъ набояд шуд ва дар рушди илм ва ҳамкориҳои илмӣ талошҳои зиёдтар лозим аст. Дар ин маврид низ, Пешвои миллат чунин гуфтанд: Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, “дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”.

Пешвои миллат ба илму маориф такя намуда, иброз доштанд, ки “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Дар ҳақиқат пешравии тамоми ҳаёти ҷомеа аз рушди илм вобаста аст. Пешвои миллат дар таваҷҷуҳ ба соҳаи илм озмунҳои зиёдеро ташкил намудаанд, ки тавассути онҳо истеъдодҳои зиёд кашф мешаванд.

Пешвои миллат ин нуктаро чунин иброз доштанд: “Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд”. Ин дастгирии Пешвои миллат нисбати ҷавонон ва умуман ҷомеа бисёр саривақти буда, дар иваз ин ҳама ғамхориҳо мо тамоми аҳли ҷомеаро, хоссатан онҳое, ки дар самти илм ва таълим фаъолият мекунанд, содиқона дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намоянд.

Дар баробари ин ҳама, Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоднокии худро чунин иброз доштанд: “Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”. Ҷавонони саодатманди кишварро зарур аст, ки ба боварии Пешвои миллат содиқ монда, дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва бо истифода аз фазои маҷозӣ фарҳанги миллии худро хифз ва густариш диҳанд.

Рамазониён А. Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ