Перейти к основному содержанию

Ҳамдиёрони арҷманд!

Сокинони меҳандӯсти пойтахт!

2121Дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ, тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро ба муносибати ҷашни муқаддасу сарнавиштсози миллат - 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.

Истиқлоли давлатӣ, ки миллати куҳанбунёди мо онро пас аз талошу ҷоннисориҳои зиёд 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард, ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ ва дастоварди бузурги миллати тоҷик, пояи асосии давлатдории навин ва рамзи ифтихору сарфарозии миллӣ ба шумор меравад.

Бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва эътирофи фидокориву хидматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, метавон бо ифтихор зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари ҷавони мо ба як давлати воқеан муосиру рушдёбанда табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу башардӯстонаи худ мавқеи хосро соҳиб гардид.

Бо ибрози ниятҳои нек, бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахти азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо ҷашни пурифтихори миллӣ - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ сидқан муборакбод намуда, ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, файзу нусрат, ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии бемайлон ва ояндаи дурахшонро таманно дорам.

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!