Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 9 декабр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи геологияи тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ба кори ҳамоиш директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сафарализода Носир ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимони соҳаи геологияро ба ин муносибат табрику таҳният хонда иброз дошт, ки ҳанӯз аз аввалҳои соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси соҳаи геология ва омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок таъкид кардаанд: «Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Аммо ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шудааст ва барои истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисоси ҷавону маҳаллӣ ниёз дорад».

Таъкид гардид, ки дар кишвари мо ибтидо аз соли 2011 бо фармони махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми декабр ҳамасола Иди геологҳои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ва дар ин мавсим низ ҷашн гирифтани Рӯзи геологон беҳуда нест. Зеро, маҳз ин мавсими сол хотимаёбии корҳои саҳроиву экспедитсионӣ барои геологон аст, ки эшон иҷроиши корҳои саҳроӣ, дастовардҳову комёбиҳо ва навгониҳои худро ҷамъбаст менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти фаъолияти пурсамари геологҳо таъкид низ карданд, ки бигзор геологон дар як сол ду рӯз Ид дошта бошанд.

Аз ин иқдому дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон геологони тоҷик илҳому неруи нав гирифта, кӯшишу заҳмат мекашанд, ки дар ошкор ва дарёфти конҳои нав ба нави канданиҳои фоиданок дар сарзамини кишвар пурмаҳсул ва содиқона заҳмат кашанд.

Дар ин самт кормандони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар партави иқдому дастгириҳои Сарвари давлатамон тамоми малакаву дониш ва кӯшишу ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки дар пешбурди соҳаи геология ва ғанӣ сохтани иқтисоди кишвар саҳми беандозаи худро гузоранд. Ва ба ин васила, дар соҳибистиқлолии соҳаи геологияи тоҷик ва иқтисоди кишвар саҳмгузор гарданд.

Зикр гардид, ки сарватҳои бойи табиӣ барои рушди иқтисод, саноат, энергетика, сохтмон ва амнияти захиравии кишварҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти бунёдӣ ва амалӣ доранд. Дар ин соҳаи иқтисодиёт, ҳамчун яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлат, вазифаи баланд бардоштани самаранокии коркард ва истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданок ба миён гузошта мешавад, ки бе ҳалли он таъмини рушди устувори иқтисодиёт мушкил мегардад. Қисми муҳими сарватҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро базаи ашёи минералии он ташкил медиҳад.

Дар идомаи ҳамоиш сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода таъкид дошт, ки рушди минбаъдаи соҳаи геология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳкими заминаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи технологияҳои муосир, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ вобастагии мустақим дорад. Зикр гардид, ки Саридора дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута барои тақвияти иқтидори илмӣ, таҳияи харитаҳои геологӣ, муайянсозии конҳои дорои аҳамияти стратегӣ ва рушди инфрасохтори соҳавӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки бо ишора ба афзалиятҳои геологӣ ва захираҳои табиии кишвар таҳқиқоти муосир бояд бо истифода аз воситаҳои инноватсионӣ, таҷҳизоти наслҳои нави геофизикӣ ва стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардад. Қайд шуд, ки робитаҳои ҳамкорӣ бо марказҳои илмии хориҷӣ, ташкили лоиҳаҳои муштарак ва таҷрибаи байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, то имкониятҳои геологию минералонии кишвар бо илми муосир ҳамқадам рушд кунад.

Инчунин, дар ҳамоиш Фарҳод Ғафуров – мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар олимони соҳа маъруза намуда, оид ба натиҷаҳои тадқиқоти муосир, равандҳои геодинамикии қаламрав, хусусиятҳои петрогенетикии минтақаҳои алоҳида, хосиятҳои ҷинсҳои магмавию таҳшинӣ, омилҳои сейсмогенӣ ва тағйирёбии ҳолати геологию геофизикии кишварамон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Дар фарҷом як зумра аз олимони соҳаи геология ба муносибати Рӯзи геологияи тоҷик бо сипосномаҳо ва ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ин қадршиносӣ ҳамчун эътирофи саҳми арзандаи онҳо дар рушди илми геология, иҷрои корҳои муҳими таҳқиқотӣ, таҳияи харитаҳои геологӣ, омӯзиши равандҳои сейсмикӣ ва такмили заминаи илмӣ-таҳқиқотии кишвар арзёбӣ шуд.