Перейти к основному содержанию

МИЛОДИ НАКУЯТОН МУБОРАК БОШАД РОҲБАРИ ДОНИШМАНДУ СОҲИБЭҲТИРОМ МУҲТАРАМ ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷумлаи роҳбароне, аст, ки ҳисси масъулият ва бунёдкориву созандагӣ марому мақсади ниҳоии эшон аст. Тули чаҳор соли фаъолияти хеш роҳбарии яке аз муассисаҳои олии бонуфузи Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда доштанд. Дар замони роҳбарияшон дар ин муассисаи бонуфуз дигаргуниҳои хело зиёд ва дастовардҳои беназир ба даст омаданд.

Дар робита ба бунёдкориву созандагиҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар пайравӣ аз сиёсати созанда ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, хизмат ба ватанро аз ҳама арзишҳо боло медонад. Ҳамин аст, ки заҳмату талоши ӯ ва ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор шудан соли 2024 устоди гиромӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шуданд.

Дар давоми чаҳор соле, ки дар Донишгоҳ фаъолияти хешро ба роҳ монда будам дар ӯ чанд хислатеро дарёфтаам, ки маҳз ҳамин хислатҳо тавонистанд эшонро ба муваффақиятҳо расонанд.

Профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дасти хайр доранд, нисбат ба ятимону бепарасторон ғамхор ҳастанд, ки чунин муносибат танҳо дар замири Пешвои муаззами миллат дида мешавад.

Устод Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт беҳтарин роҳбар ҳастанд. Ҳамеша дарашон барои тамоми кормандон боз аст. Ҳар гоҳе, ки барои коре наздашон равем бо хушнудӣ моро қабул менамояд.

Профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷумлаи роҳбароне аст, ки дар масъалаи кор бисёр ҷиддӣ муносибат менамоянд. Беэҳтиноӣ хосси эшон нест, ҳамеша дар масъалаи кор ҷиддият ва сифати онро талаб менамояд.

Иқдомҳои созанда ва натиҷабахшро роҳандозӣ менамояд, ки барои пешрафти илми тоҷик дар оянда имконияти хуб фароҳам меоварад. Нисбат ба роҳбари давлат эҳтирому эътиқоди ниҳоят калон дошта, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ менамоянд.

Тули чаҳор моҳ аст, ки устоди гиромӣ ба ҳайси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки яке аз бузургтарин маркази илми ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад фаъолият доранд. Метавон гуфт, ки дар ин давоми чор моҳ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бисёр аз иқдомҳои созандаву натиҷабахш роҳандозӣ гардидаанд, ки барои пешрафти илми тоҷик мусоидат хоҳанд кард. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда зери роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт илми тоҷик бениҳоят пешрафт намуда, дар сатҳи байналмилалӣ шинохта мегардад.

Бо ин мақсад мо аҳли кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устоди гиромиро ба муносибати рӯзи мавлудашон табрику таҳният гуфта, ба устод сиҳативу сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназирро дар корҳои минбаъдаашон изҳор менамоем. Хушнуд аз он ҳастем, ки дар якҷоягӣ бо Шумо устоди гиромӣ дар пешрафти илми тоҷик саҳми хешро мегузорем.

Бори дигар мавлуди накуятон муборак бошад роҳбари ғамхору соҳибилм президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доктори илмҳои иқтисодӣ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт