(мулоҳизаҳои куллӣ дар мавзуи идеяи ваҳдати миллӣ ва мафҳумҳои истиқлолият ва дунявият дар Тоҷикистони соҳибистиқлол)
Дар заминаи мавзуи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги Ҷамшедӣ чанд андешаро иҷмолан манзур месозем:
1. Истиқлол ва дунявият аз нигоҳи фарҳангӣ ба ин маъност, ки мардуми тоҷик дар оянда бояд ба фарҳанги Ҷамшедӣ рӯй оваранд. Чуноне ки Урупоиён дар давраи Ренессанс ба фарҳанги Юнони қадиму Рими қадим рӯй оварда буданд. Ренессанси халқи мо аз андешаҳои Ҷамшедӣ оғоз мегардад, на аз низоми исломӣ ва на аз низоми коммунистӣ.
2. Ҷаҳонбинӣ ва идеологияи Ҷамшедӣ аз нигоҳи устуравӣ ва мифологӣ ҳашт ҳазор соли таърихи халқи моро ташкил медиҳад. Мо баъди 8 ҳазор сол ҳам фарзандони худро Ҷамшед ном мегузорем ва Иди Наврӯзро ҷашн мегирем. Иди Наврӯзе, ки аз ҷониби Ҷамшед ба таври расмӣ иди давлатӣ эълон карда шуда, ҳамзамон фаъолияти руҳониён (котузиён)-ро аз сиёсати дунявии давлати хеш ҷудо карда буд. Идеологияи давлати дунявии Ҷамшед ба фалсафаи воқеъбинона ва реалистии Зарвония такя мекард. Ҳуҷҷати таърихии мо дар ин мавзуъ сарчашмаҳои муътабаре чун Авасто, Ведҳо, Динкард, Яштҳо, Бундаҳишн ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебошанд. Миф ё устура, аз нигоҳи муҳаққиқони муосир, ҷавҳари орзу ва омоли ҳар қавму миллатро таҷассум мекунад. Миф куҳна шуданӣ нест. Миф амалӣ шуданӣ аст. Чун реша дар ҳаёти моддӣ ва маънавии инсонҳо дорад.
3. Истиқлолият ва дунявият аз нигоҳи диншиносӣ ба ин маъност, ки бозгашт ба дини Зардушт, Монӣ ва Маздак барои мардуми мо марҳилаи тайшудаи таърих мебошад. Бозгашти дубора ба ин динҳои миллӣ моро ба бунбаст мебарад. Так ба мафкураҳои бегона низ барои мо зарурияте надорад. Масъалаи эътиқодмандию бовардорӣ дар кишвари мо озод аст ва ҳар шаҳрванд, дар доираи қонун ба кадом бовару эътиқоде, ки майл дорад, мегаравад ва маросимҳои динии худро амалӣ менамояд. Ин аст, ки эътиқоду бовармандӣ дар давлати дунявӣ кори шахсӣ ва хусусии ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Ҳар инсоне дар интихоби дин озод аст. Касе ҳақ надорад, ки ин ё он ақида ва динро ба таври маҷбурӣ ба гардани дигаре бор кунад. Дахолат кардан ба корҳои динии шаҳрвандон ҷавобгарии ҷиноиро дар пай дорад. Зеро дин аз давлат ҷудост. Ва шаҳрвандон масъулиятҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва давлатиро бар уҳда доранд. Дахолати фарди диндор низ ба қонуну қоидаҳои давлати дунявӣ, ки аз тарафи аксарияти кулли ҷомеа қабул карда шудаанд ва дар Конститутсия сабт гардидаанд, қобили қабул нест. Ин як навъ муқобилгузории андеша ва эътиқоди шахсии як фард дар баробари қонунҳои кулли ҷомеа мебошад. Қонунҳои давлатро аксарияти ҷомеаи имрӯза тасдиқ намудаанд, бинобар ин, дар авлавияти умури низоми давлатдории дунявӣ, пеш аз ҳама, озодиҳои инсонӣ қарор доранд. Инсон, дар низоми давлатдории дунявӣ тавассути ақлу мантиқ ва огоҳию шинохт тасмим мегирад ва фаъолияти худро бар асоси озодиҳои дар Конститутсия пешбинишуда ба роҳ мемонад.
4. Истиқлол ва дунявият аз назари сиёсӣ чунин маънӣ доранд, ки мардуми тоҷик дар таърихи тулонии худ аввалин бор давлати миллӣ ва мустақили худро соҳиб гардидааст. Аз байни сохтҳои гуногуни сиёсӣ иродаи ин мардум ба сӯи давлати дунявӣ ҷалб гардид. Чаро ки асрҳои тулонӣ чандин сохтҳои сиёсиро таҷриба карда буд. Охирин сохти сиёсии таҷрибашуда Бухорои амирсолорӣ ва низоми коммунистии Шуравӣ буд. Ин ду сохт чизи ҷолибе аз худ боқӣ нагузоштанд. Ин буд, ки мардуми мо сохти давлати миллии дунявиро интихоб намуд. Дар ин 33 соли истиқлол мушкилоте доштем ва ҳоло ҳам дорем. Бо вуҷуди ин мардуми мо хешро дар низоми демократӣ нисбат ба сохтҳои сиёсии мавҷудаи қаблӣ роҳаттар ва озодатар эҳсос мекунанд. Мо бар ин боварем, ки маҳз ҳамин сохти имрӯзаи давлати миллӣ ва дунявии мо барои амалӣ шудани ормонҳои таърихӣ ва имрӯзаи мардуми мо созгортар аст.
Давлати дунявие, ки 8000 (ҳашт ҳазор) сол пеш Ҷамшеди Пешдодӣ асос гузошт, мо имрӯз онро аз нав эҳё намудаем. Сулолаи шоҳони Пешдодӣ, ки Ҷамшед ҳам яке аз онҳост, дар таърихи башарият аввалин шуда адолат, дод, адл, ҳуқуқ ва сохти давлати ҳуқуқбунёдро таъсис додаанд. Яке аз рукнҳои асосии сохти сиёсии давлати имрӯзаи мо низ ҳуқуқбунёдӣ аст. Мо ин хушбахтиро дорем, ки дар замони ҳозир устураи миллии мо доир ба адолати иҷтимоӣ (Адолати Ҷамшедӣ) бо адолати давлати соҳибистиқлоли миллӣ ва дунявӣ ба ҳам пайвастаанд. Мо устураро ба воқеият табдил додем.
5. Мо бар ин назарем, ки ояндаи Тоҷикистон иборат аз сохти демократӣ ва дунявӣ мебошад. Бозгашт ба сохтҳои қаблии санҷидашуда ба ормонҳои бостонӣ ва манофеи миллии мо созгор нест. Ин нуқтаназарро хеле роҳату осон метавон дар тарозуи ақлу дониши илмӣ ва қиёси мантиқӣ санҷиду таҷриба кард. Аз тарафи дигар, Тоҷикистон сохтҳои сиёсию иҷтимоиро дар гузаштаи худ таҷриба карда, ба натиҷаи дилхоҳе нарасид. Дар сию чанд соли охир, ки аз низоми демократӣ ва дунявӣ пайгирӣ мекунад, уфуқҳои наверо дар ҳаёти иҷтимоии худ кашф кардааст.
Хулоса, истиқлол ва дунявият маънои низоми демократӣ ва дунявии Тоҷикистонро ифода мекунад. Ин мафҳумҳои калидӣ 33 сол боз идеяи ваҳдати миллии моро дар худ таҷассум намудаанд.
Комил Бекзода, доктори илмҳои фалсафа,
сарходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
23 июни 2024