Перейти к основному содержанию

Ҳамасола дар кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 18-уми август иди касбии кормандони соҳаи тиб ва ё Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил карда мешавад. Имсол ин санаи фархунда ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ тавъам омадааст, ки тамоми дастовардҳои таърихи навини халқи тоҷик аз он сарманшаъ мегиранд.
Кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои ҳамешагии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат таъкид доштаанд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиаҳти татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиббӣ Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ, Маркази инноватсионии биология ва тиб фаъолият менамоянд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои омода намудани олимони ҷавони соҳаи тиббӣ кишвар мусоидат менамоянд.
Бо истифода аз фурсат, кулли кормандони соҳаи тиббро ба иди касбӣ, ки ба мавлуди олими номвари тоҷик Абӯалӣ ибни Сино алоқамандии бевосита дорад, сидқан табрик гуфта, тансиҳатию хотирҷамъӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои тозаро орзу менамоям.

Боиси зикр аст, ки имрӯз пайравони Синои бузург - кормандони соҳаи тандурустӣ масъулияти баландро ба уҳда доранду меҳнати шоёни таҳсинро иҷро намуда, бо дастони шифобахш ва суханони нек ба мизоҷон тансиҳатӣ ҳадя мекунанд. Ҳамин ҷоннисориҳо ва содиқ будан ба пешаи интихобнамуда боиси беҳтар гардидани хизматрасониҳои тиббӣ гашта истодааст. Эътимоди комил дорем, ки олимони ҷавони мо дар ҳамкорӣ бо кормандони соҳибтаҷрибаи соҳа баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбии хеш ва хизматрасониҳоии тиббӣ аз пештара бештар кӯшиш менамоянд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, дар кори боифтихору пурмасъулияташон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа комёбиҳо орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак бошад!