8 март дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи эҳтиром, қадрдонӣ ва эътирофи мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Дар Тоҷикистони азиз низ 8 март ҳамчун Рӯзи Модар бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст
Ҳарчи дорад ин чамоъат аз дуои модар аст!
Ончи дар васфи биҳишт фармуд қуръон карим
Соҳиби қуръон бигуфто зери пои модар аст
8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд.
Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди , истисморгарон ташкил карда буд
Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯҳфаҳо супорида мешаванд.
Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо "Рӯзи Модар" эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.
Зан – офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо ва пояи устувори оила аст. Модар бо меҳру муҳаббати бекарон фарзандро ба камол мерасонад ва барои ҷомеа шахсиятҳои
арзандаро тарбия мекунад. Маҳз бо заҳмату талошҳои занон ҷомеа пеш меравад ва рушд мекунад.
Имрӯз занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо – маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, сиёсат ва соҳибкорӣ – фаъолона иштирок намуда, саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо бо масъулиятшиносӣ ва донишмандӣ барои пешрафти кишвар хизмат мекунанд.
Таърихи ҷашн
Таърихи Рӯзи байналмилалии занон ба аввали асри XX бармегардад. Ин рӯз ҳамчун рамзи мубориза барои баробарҳуқуқӣ ва қадршиносии ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ба миён омадааст. Бо гузашти вақт, 8 март ба иди зебоӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми зан табдил ёфт.Дар фарҳанги тоҷикӣ мақоми модар бисёр баланд аст. Модар чароғи хонадон ва сарчашмаи муҳаббат мебошад. Эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба модар ва тамоми занон бояд на танҳо дар як рӯз, балки ҳамеша дар қалби ҳар инсон ҷой дошта бошад.
8 март – ин танҳо як сана дар тақвим нест, балки рӯзи арҷгузорӣ ба заҳмату фидокории занон мебошад. Бигзор дар ин рӯз ва ҳамеша чеҳраи занон пур аз табассум бошад, қалбҳояшон саршор аз меҳр ва зиндагияшон пур аз саодат гардад.
Шарифзода Машраби - ходими илмии Институти математика ба номи академик А.Ҷӯраеви АМИТ
Очилов Фарҳод доктор (Phd)-и Институти математика ба номи академик А.Ҷӯраеви АМИТ
Имрӯз, 8 апрел президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Маркази инноватсионии биология ва тиб ташриф оварда, ҳамзамон бо шароити кории олимону кормандони марказ аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз озмоишгоҳи биологияи тиббӣ гурӯҳи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш дидан намуда, аз натиҷаи корҳои илмӣ – таҳқиқотии олимону муҳаққиқон аз наздик шинос гардиданд.
Инчунин, президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо талош намуда истодаем, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмиро марҳила ба марҳила мустаҳкам намуда, як шароити хуби кориро барои олимони соҳаҳои мухталиф фароҳам оварем.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии фаъолияти Марказ омӯзиши хусусиятҳои мутобиқшавии растаниҳои шифобахш ва зироатҳои кишоварзӣ дар шароити гуногуни экологӣ; омӯзиши таркиби фитокимиёвии растаниҳо; таҳияи моддаҳои фаъоли биологӣ (МФБ) ва иловаҳо (ИФБ); омӯзиши растаниҳои ороишӣ ва шифобахши интродуксияшуда ва дигар самтҳои рӯзмарра, инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар ин соҳаҳо мебошад.
Имрӯз, 8 апрел президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз захираҳои гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки захираи гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 1941 ташкил карда шуда, ягона манбаи табии махсусгардонидашудаи ботаникӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Фонди гербарии Институт бойтарин коллексияи растаниҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар ин ҷо бештар аз 200 000 намунаҳои хушки гербария кардашудаи наботот, аз ҷумла 28 000 растаниҳои ушнашаклон, 15 000 гулсангҳо, бештар аз 15 000 растаниҳои обсабз, ки дар музофотҳои минтақаҳои кӯҳии Памиру-Олой месабзанд (Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизстон), маҳфӯз мебошанд. Варақаҳои гербарӣ аз тарафи олимони гуногун ҳанӯз аз соли 1876 сар карда, то ҳоло ҷамъоварӣ карда шудаанд.
Таъкид гардид, ки захираи гербария на танҳо аз ҷихати бойигарӣ ва таърихи ҷамъоварии намунаҳои растанӣ, ки дар он ҷо аввалин гиёҳҳоро 135 сол пеш олимони намоёни рус ҷамъ карда буданд, балки аз ҷиҳати таркиби навъҳои гуногуни эндемикӣ, нодир ва сурхпусту ба он дохилшуда низ беназир аст. Дар айни замон дар захираи гербарий намунаҳои гербарийи гиёҳҳои шавқовар — боқимондаҳои флораи қадимии Осиёи Миёна, яъне боқимондаҳои флораи сеюми минтақа сабт шудааст.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT - Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT - Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз, 5 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як зумра олимону адибон аз ҷумҳурии ба мо наздику ҳамзабон маҳфили илмию фарҳангии “Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қабл аз суханронӣ ҳузури дӯстон, ҳамзабонон ва ҳамтаборони он сӯйи Омуро, ки ба сарзамини аҷдодии хеш ташриф оварда, ҳамроҳи мо дар баргузории ҷашни шукӯҳманди Наврӯзи бостонӣ ширкат меварзанд, ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ ва байналмилалӣ самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид шуд, ки дар воқеъ, Рӯди обшори Ому тайи асрҳо моро ба ҳам мепайвандад ва ба баракату файзи баҳори нозанину Наврӯзи оламафрӯз сарзамини аҷдодӣ ва паҳнои Хуросони бузург ҳамешасабз боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки аз таҷлили маросимоти Наврӯзӣ андаке гузашта, ҷашни Сездаҳбадар ҳам ба анҷом расидааст, суннатҳои дерини ҷашнӣ дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз ҳам идома доранд.
Мавриди зикр аст чун анъана ҷашну иҷрои суннатҳои наврӯзи дар кишварҳои қаламрави Наврӯз 40 рӯз идома пайдо мекардааст. Аз ин рӯ, ҷойи хушӣ аст, ки имрӯз Наврӯзи оламафрӯзро бо ҳузури фаъоли ҷамъи дӯстону ҳамтаборони он сӯйи Ому ҷашн мегирем. Боиси хушнудист, ки дар ин рӯзҳои офтобии Ватан, ба дунболи таҷлили Наврӯзӣ, бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон ва Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳи Масъуд ин маҳфили зебои илмию фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому” баргузор мегардад.
Гуфта шуд, ки Наврӯз дар силсилаи ҷашну ойинҳо ва маросимоти мардуми тоҷик ҷойгоҳи асосӣ доштаву дорад. Мусаллам аст, мардуми мо дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш вобаста ба замон ва шароит ҷашнҳои зиёдеро таъсис дода, мавриди таҷлил қарор додаанд, ки бо рангу тобишҳои гуногун дар фарҳангу тамаддунҳои дигар миллату ақвом ҷилва карда, барномарезиҳои ҷашнии ононро зебу зинат дода омадааст.
Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз руҳи зинда ва суннати зиндаро дар худ таҷассум намуда, миёни ҷашну ойину маросими дигари миллӣ бостонитарину куҳантарин ва густурдатар будааст. Зиёда аз ин, Наврӯз пойдевори фаҳмиши илмии замонӣ ва тақвимӣ дар густураи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки ҷуғрофиёи васеъро фаро гирифта, на танҳо ба як қавму миллату нажод мутааллиқ аст, балки ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарасти сайёра иртибот мегирад.
Ҳамин аст, ки яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми тоҷиктабори ду сӯйи Ому бешубҳа, Наврӯз аст. Агар мо даъвӣ пеш оварем, ки “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, ҳеҷ гоҳ иштибоҳ нахоҳем кард, чаро ки маҳз дар ин ҷуғрофиё ва густураи таърихӣ аз қадимтарин замонҳо ойину суннат ва фарҳангу маросимоти Наврӯзӣ ба ҷилва даромада, боиси хушҳолию болидахотирии мардум гардиданд.
Аз ин гузашта, талошу кӯшишҳои мардуми фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик тайи таърихи тулонӣ умри ҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Наврӯзро дароз карда, миллати куҳанбунёди моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ сохтаанд. Дар заминаи эҳёи суннату маросим ва ойину анъанаҳои дерпойи миллат ташаббусу ибтикороти раҳбарияти олӣ дар шахси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили тазаккури махсус аст.
Дар идома як зумра олимону муҳақиқион ва шоирону адибони ҳарду ҷониб зимни суханрониҳои хеш доир ба таърих ва фарҳангу оинҳои суннатии мардуми тоҷикзабон ва ҷашни аҷдодии ниёкон, аз ҷумлаи Наврӯз маъруза ва шеърхониҳо намуданд. Инчунин, маҳфил дар охир бо замзамаи шеъру сурудҳои овозхонҳои варзида анҷом ёфт.
04 апрели соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ романи тозанашри нависанда Маҷид Салим “Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ” муаррифӣ гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳунару завқи нависандагии Маҷид Салим ва романи тозанашраш суханронӣ намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш таъкид дошт, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мардум бо таърихи адабиёти ниёкон ошноӣ пайдо намуда, осори пурғановати шоирони машҳури тоҷику форс дастрас гардид.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо зиёиён ва дигар қишри ҷомеа борҳо таъкид доштанд, ки танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад ва аз солҳои аввали Истиқлолият ҳамеша таъкид мекарданд, ки сарчашмаи асосии худшиносӣ китоб аст. Дар воқеъ, китоб сарвати бебаҳост, ки ақлҳоро рӯшан ва заковатро комил мегардонад. Барои шинохт ва шиносонидани ҳамаҷонибаи фарҳанги ҳазорсолаи миллӣ нақши муҳим ва созгор дорад.
Ҳамин аст, ки дар партави дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори гаронбаҳои шоир ва мутафаккири шинохта Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ рӯйи чоп омадаанд, ва имрӯз ҳар як шахс метавонад аз ин осори шоир истифода барад.
Таъкид гардид, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ яке аз суханварони орифу фарзона, мутафаккир, соҳибфазилат ва шоири сухансанҷу нозукбаён мебошад, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шарафёби мақом ва манзалати хос гардида, осори рангину арзишмандашмазраи дилҳоро шодоб мегардонад. Аз мутолиаи осори гаронбаҳояш маълум мегардад, ки Ҳоҷӣ дар замонаш аз ҷониби амалдорон сахтӣ ва ранҷи зиёд кашидааст.
Дар идома раиси Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Шерхон Салимов, Кароматулло Мирзоев, Ҷамолиддин Яъқубов зимни суханронӣ доир ба мазмун ва муҳтавои роман ва осори гаронбаҳои мутафаккир ва орифи барҷаста Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигар паҳлуҳои эҷодиёти он маъруза намуданд.
Инчунин, нависанда Маҷид Салим зимни суханронӣ қайд кард, ки дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ақидаҳои пешқадам ба мисли аҳли илму ҳунар, танқиду мазаммати зулму золимон, инъикоси ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва дигар фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ хеле зиёданд. Осори гаронмоя ва панду ахлоқии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ тулӯи офтоби рахшонро мемонад, ки зеҳни хонанда баъд аз мутолиаи онҳо рӯшан ва рӯҳаш болида мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ давраи дуюми курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шуд.
Вобаста ба ин дар таърихи 04 апрели соли 2025 зимни нишасти якуми ин иқдом дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 300 нафар олимони ҷавон чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Маърӯзачӣ номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз дар мавзуи "Ҷурғофиёи таърихии Давлати Сомониён" гузориши илмӣ ироа намуд. Баъд аз гузориши илмии Сафарзода Некрӯз дар қисмати саволу ҷавобҳо ва муҳокимарониҳо олимони ҷавон фаъолона баромад намуданд.
Имрӯз дарси навбатии курси "Зан сарвар" баргузор гардид, ки дар он бо муаррифии барномаҳои таблиғӣ таҳқиқотӣ коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Расулова ва Бону Шарифзода иштирок намуданд.
Дар давоми муаррифӣ коршиносон оид ба дастгирии лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дастгирии лоиҳаҳои истеҳсолие, ки ба истифода аз ашёи табии маҳаллӣ равона шудаанд, инчунин ташвиқ ва таблиғи фарҳанги экологӣ дар маҳал маълумот дода майли худро оид ба ҳамкорӣ бо Шурои занони АМИТ иброз доштанд.
Иштирокчиёни дарс аз мавқеъ истифода намуда барномаҳои таҳқиқотии худро муаррифӣ намуда, бо коршиносон саволу ҷавобҳо анҷом доданд. Коршиносони ҳифзи муҳити зист ниёзмандиашонро ба омӯзгорон иброз дошта, иштирокчиёнро барои ширкат дар кори Форуми байналмилалии занон оид ба экология, ки дар Душанбе баргузор мешавад бо намоишгоҳи дастовардҳои худ ва хамчун иштирокчӣ даъват карданд. Ин даъват бо шодмонӣ аз ҷониби иштирокчиёни курси "Зан савар" пазируфта шуд.
