Skip to main content

ё чанд андеша дар партави сиёсати

хирадмандонаи Пешвои миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин таъкид доштанд, ки «тамоми мардуми мамлакат, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад». Ин суханон дар ҳақиқат имрӯзҳо аз ҳарвақта зарурати худро таҷассум менамоянд. Ваҳдат ин омилест, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат самараи пуразишеро барои халқи тоҷик дод. Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Тоҷикон тамоми давру замон миллати тамаддундору соҳиби фарҳанги ғанӣ буданд. Рисолати фарҳангдорӣ дар масири таърих роҳи бисёр тӯлониро тай намуда, мушкилоти зиёдеро паси сар намуд, вале ҳеҷ гоҳ шикаст нахурд, баръакс беҳтарин фазилатҳои инсонпарварӣ, меҳанпарастӣ, забондорӣ ва дӯстиро муҳофизат намуда, гиромӣ дошт. Забони ноби тоҷӣкӣ ва фарҳанги бой ҳамеша барои пойдории ин миллати тамаддунофар хизмат намудаву асолати ҳастиро нигоҳ доштанд. Маҳз ҳамин асолат буд, ки ҳуввияти миллӣ дар ҳама давру замон бузургии миллати тоҷикро инъикос менамуд.

Имрӯзҳо, дар шароити мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон масъалаи ҳифзи Ватану миллат боз ҳам муҳимтар гардида, зиракии сиёсии ҳар шаҳрвандро талаб мекунад. Падидаи номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин хатари паҳн гардидани ифротпарастию терроризм мебошад.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ ва нопоки худ расидан аксаран ҳаракату равияҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони дигарро ба доми худ кашиданӣ мешаванд. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки ҳоло сомонаҳои зиёди экстремистиву террористӣ фаъолият дошта, бо амалҳои зишти худ ҷавононро гумроҳ ва бозичаи дасти худ карданӣ мебошанд.

Бидуни ин боз ашхосе аз берун пайдо шудаанд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари мардуми мо ва кишвари ободамон ҳар гуна бӯҳтону суханҳои аз ҳақиқат дурро мугўянд. Ин ба он маънӣ аст, ки «худ байни оташ истода дигаронро роҳ нишон мадиҳад». Набояд пайи ин маъниҳо рафт.

Яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ба роҳи рост ва созандагию ватандӯстӣ ин тарбияи хуби оила, дониши баланд ва ватандӯстӣ мебошад. Пешвои миллат мефармоянд, ки «падарони муҳтарам, модарони азиз, ба насли нав, ба наврасон, ба кӯдакон, ба наврасону ҷавонон шароит муҳайё намоед ва имконият диҳед, ки хонанд, илм омӯзанд, касб омӯзанд, ҳунар омӯзанд, то дар оянда ин Ватани биҳиштосоро соҳибӣ карда тавонанд».

Дини мубини ислом доимо дар мадди аввал саводнокию инсонпарварӣ, иззату эҳтироми одамонро гузошта, ҳамеша тарғибгари амалҳо ва фазилатҳои нек мебошад. Ин суханон дар китоби муқаддаси «Қуръон» омадаанд. Ифротгароён бошанд, дини мубини Исломро бар манфиати гурӯҳиву шахсӣ истифода бурда, бар зидди ислом кор мебаранд.

Мо шоҳиди онем, ки ки бо ҷараён гирифтани вазъи ноором дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо, кишварҳои дигари ҷаҳон терроризм ва экстремизм ба хатарҳои ҷаҳонӣ табдил гардидаанд ва оқибатҳои мусибатомези онро дар мисоли Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон хуб мушоҳида кардаем.

Нишонаи дигари ин падидаи номатлуб зуҳур намудани гуруҳҳое буданд, ки бо амалҳои даҳшатнок, ғайриинсонӣ ва ғайриисломии худ номи дини исломро бадном намуда, дар натиҷаи кирдорҳои разилона ва амалҳои террористӣ дар ҷаҳон ҳазорҳо нафарро қурбон намуд, ки аксарияташон кӯдакони ноболиғ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамояд ки «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Баъзе созмону ҳаракат ва гуруҳҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло баранд.

Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)" (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъона ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.

Барои решакан намудани ин падидаҳои номатлуб ва гирифтани пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба он қувваи солими ҷомеа, аз ҷумла насли калонсол вазифадор аст, ки ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳад ва роҳнишондеҳи ҷавонон ба донишомӯзиву созандагӣ бошад.

Муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарљ ёфта, барои пешрафти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, сиёсату иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ ва илму маориф роҳҳои васеъ кушодаанд.

Солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимони тоҷик дар рушди илм нақши бузург бозида, барои пешрафти он ва ворид намудани технологияи инговатсионӣ кору пайкор доранд. Набояд фаромӯш кард, ки илму олим дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи давлату ҷомеа буд.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тољикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф гувоњи ин гуфтаҳост, ки таваҷҷуҳи хосса ба ин қишри ҷомеа дода шуд: «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд». Ин гуфтаҳо далолат мекунанд, ки рушду пешрафти кишвар бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир асос ёфтааст. Бе илм наметавон кишварро аз буҳронҳои гуногун наҷот бахшид, миллат низ маҳз бо тамаддуну илми пешрафт ва нобиғаҳояш машҳур буду ҳаст.

Имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарону духтарони донишманду боистеъдод дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил доранд ва шумораи зиёд дар соҳаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият менамоянд. Дар ин замина мутахассисони ҷавони соҳаи тиб дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият тарбия ёфта, барои пешравӣ ва баланд бардоштани иқтидори илми тибби тоҷик кору пайкор доранд.

Кам нестанд кадрҳои ҷавоне, ки корҳои илмӣ- тадқиқотиро анҷом медиҳанд ва рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, дар пешравии илм саҳм мегузоранд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки дар раванди баланд бардоштани тафаккури илмиву техникӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дошта бошанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҷавонон ќувваи бузург ва давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва суханњои по дар њаво гуфтаи ашхоси номатлуб нисбат ба бартараф намудани оқибатҳои ин зуҳурот муҳим мебошад. Дар ин масир метавон корҳоеро пешниҳод намуд, ки барои кам гардидани зуҳуроти радикалӣ дар муҳити ҷавонон мусоидат намоянд, ки таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ҷомеаи солими кишварро мебояд бар зидди ин хатари чаҳонӣ муборизаи беамон барад, ки ҷавонон қувваи асосии пойдории сулҳу оромии ватан ва мустаҳқамии он мебошанд.

С.Т. Ибодзода, ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор,

Ш.Қ. Каримов, сармутахассиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ