Skip to main content

“Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба ифтихори 32 умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикиситон

123123Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намуданд: «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст»[1].

Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, мебинем, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буд. Акнун дар алоҳидагӣ ба таҳлили онҳо назар мекунем.[2]

Навъи якум: Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1993 ташкил шуда, аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Қӯшунҳои хушкигард 70 дарсади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.

Навъи дуюм: Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад.

Навъи сеюм: Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ мебошад, ки соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида, тибқи талаботи меъёрҳои моддаи 5 - уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», алҳол Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ номгузорӣ шудааст.

Бо ҳамин тартиб, аз соли 1999 сар карда то инҷониб тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва то ҳануз гузаронида мешаванд.

Ба андешаи мо, мақсад аз ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, таъмин намудани амният ва бехатарии миллӣ, таъсис додани қувваҳо ва қисмҳои ҳарбии зудамал, афзоиш додани теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ новобаста аз мавҷудияти мушкилот бо аксар давлатҳои ҷаҳонӣ, махсусан бо Федератсияи Руссия ҳамкории дуҷониба дорад.

Дар самти пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои гуногун, ба мисоли Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Фаронса ва Амрико таҳсили ҳарбиро идома дода истодаанд.

Лозим ба зикр аст, ки ҳоло Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, бошуҷоату ватандӯст чун муқаддасоти миллӣ дониста мешавад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа ба ҳисоб рафта, афсарони ватандусти хеш ҳамеша барои ҳифзи модар-ватан омода мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеотҳо ва таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.

Имрузҳо фазои орому осудаи кишвари соҳибистиқлолу маҳбубамон аз хизматҳои бепоёни афсарону сарбозону шуҷоъи ватан далолат медиҳад, ки ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон содиқ буда, ҳамеша ҳушёру зирак ва матину комронанд.

Илова бар ин, метавон бо камоли хушнудӣ гуфт, ки мардуми Тоҷикистон ва мо ҷавонон, ки давомдиҳандаи ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосо ҳастем, бо чунин далерону ҷавонони шуҷоъи ватан ифтихор намуда, бовар дорем, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Достиева Дилафруз - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёти истифодашуда:

1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”. // https://majmilli.tj.

2. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.avkd.tj/tg/khabarho/1883-23-fevral-ruzi-artishi-milli-jumhurii-tojikiston.html.