
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамаи рӯйдодҳои бузурги сиёсӣ ва воқеаҳои муҳимми таърихӣ дар давлатдории навини миллии тоҷикон нақши умда дошта, аз як ҷониб бо далели бадастории Истиқлоли давлатӣ ва аз тарафи дигар, ба ҳаёту фаъолияти абармарди сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи мустақим доранд.
Пешвои муаззами миллат ҳамчун як фарзанди барӯманди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари давлат аз пуштибонии гарму самимии мардуми шарифи кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус руҳу неруи тоза гирифта, дар самти бартараф намудани мушкилоти ниҳоят душвору сангини сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадамҳои устувор ва матин гузоштанд.
Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар суханрониашон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 октябри соли 2020 аз мардуми кишвар сипосгузорӣ карда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «...ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд».
Бояд ин нуктаро таъкид кард, ки ҳангоми интихоб шудани Роҳбари давлат ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо рӯзҳои бисёр сангину мудҳишро аз сар мегузаронд, зеро оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга зада, тару хушкро баробар месӯхт. Бо шуҷоати сиёсӣ, эҳсоси баланди масъулият дар назди мардум, садоқат ба кори худ, мусолиҳа бо рақибони сиёсӣ, азхудгузаштанҳо ва ҷонфидо будан ба Ватан ин шахсияти барҷаста тавонистанд, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифта, барои хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо тамоми ҳастии худ саъю талош намоянд ва ба мардуми ҷафокашидаи тоҷик ваъда диҳанд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин шиор маромномаи ба даст овардани сулҳи тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ ва минбаъд пояи мустаҳкаме барои роҳандозии сиёсат дар самти эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ гардид.
Якдиливу ҳамраъйӣ ва ҳамбастагиву пайвандгарӣ, ки зодаи сулҳу оштӣ аст, бо сиришти азалии мардуми куҳанбунёд ва фарҳангофарини тоҷик ҳамқисмат аст. Ин хосияти умда ва азалии мероси фарҳангӣ ва мадании бостонии тоҷикон, ба мисли «Авасто», «Занд»-у «Позанд», «Худойнома», «Менӯи хирад», «Бундаҳишн» ва амсоли он мавриди ситоишу ниёиш қарор гирифта, дар оромишу осоиш зиндагӣ кардан яке аз рукнҳои асосии тарзи ҳаёти солими ниёгони мо будааст. Ниёгони хирадсолори мо барои ҳар қисмати зиндагии худ рамзҳое доштанд, ки ба он бовар мекарданд ва сарнавишти худро ба онҳо вобаста медонистанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари хирадманд, соҳибтаҷриба ва таҳлилгари воқеъбину дурандеш ҷавҳари ҳикмати ниёгонро ба хубӣ эҳсос карда, барои таҳким бахшидани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, дар шароити кунунӣ дар назарияи ваҳдати миллӣ ба тафаккури навини миллӣ асос гузоштанд, ки дар ҷавҳари он эҳсоси амиқи ҳамбастагӣ ва муттаҳидии миллат ва расидан ба саодати зиндагӣ қарор гирифта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати Пешвои миллат табдил ёфт.
Ин ҳама вобаста ба он аст, ки тоҷикон, табиатан, мардуми фарҳангофар, тамаддунсоз буда, аз қадим халқу хонадонњои ҳукмрони он ҳар яке барои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд. Бо вуҷуди борҳо аз даст додани истилоли сиёсӣ ин мардум фарҳанги худро аз бегонашавӣ ҳифз кардаанд, давра ба давра такмилу сайқал додаанд. Бахусус, баъди сарнагун гаштани давлати Сомониён тули қариб ҳазор сол, ки мардуми таҳҷоӣ зери зулм ва таъқибҳои қабилаҳои саҳроӣ ранҷу машаққат кашид, маҳз фарҳанг ва унсурҳои хосси он - забон, хат ва алифбо, бар замми ин осори нобу пурарзиши илмии бузургонаш нагузошт, ки халқи тоҷик номи худро аз саҳифаи таърих маҳв созад.
Бавижа, даҳсолаи охири асри XX дар таърихи фарҳангпарваронаи мардуми тоҷик чун саҳифаи дурахшоне бозтобӣ мешавад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки миллати тоҷик ба Истиқлоли давлатӣ соҳиб гардида ва зимоми давлатдориро ба ихтиёри худ гирифта, аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мустақилияти худро таъмин сохт.
Бо сабабҳои болозикр, Истиқлоли давлатӣ барои мардуми таҳаммулгарову тамаддунсоз ва фарҳангсолори тоҷик ҳамчун неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунанда, унсури хоси устувор нигоҳ доштани ягонагии марзии давлатдории миллӣ арзиши басе баландро касб кард. Истиқлоли давлатӣ ҳидоятгари аҳли ҷомеа ҷиҳати арҷ гузоштан ба мероси ниёгон, бахусус, анъанаву расму русуми аҷдодӣ, суннатҳои аслӣ ва эҳтиром доштан ба муқаддасоти миллӣ гардид. Бавижа, ба сифати сарчашмаи ташаккулёбии андешаи миллӣ, ҳуввият, шинохти миллӣ Истиқлоли давлатӣ хизмати мондагор кард. Ин падида шароит созгор намуд, ки андеша, тафаккури даврони шуравии аҳли ҷомеа нисбат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ тағйир ёбад. Хусусан, дар даврони шуравӣ забони шевои тоҷикӣ ба ҳукми забони хонагӣ, муносибатҳои байнихонаводагӣ даромада, он барои бештари шаҳрвандон, аз ҷумла, аҳли зиё, олимону муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва тиб ҷиҳати таълиф намудани китобҳои дарсиву асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ қобили қабул дониста намешуд. Ҳатто дар маҷлису ҷамъомадҳо аз истифодаи ин забон худдорӣ мекарданд. Ҳимоятгарони ин забони ноб дар он даврон танҳо донишмандони ҷомеашинос, олимони соҳаҳои адабиёту забоншиносӣ ихлосмандон ва омӯзгорони забони модарӣ буданд.
Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ аз расидан ба истиқлоли забонӣ оғоз гардида, дар самти ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ чунин самараҳоро ба бор овард:
Ааввалан, андешаи миллиро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ба сифати забони давлатӣ, расмӣ-ҳуҷҷатгузорӣ табдил дод, ки ин дастоварди бегазанд яке аз самараҳои нахустини дастёбӣ ба истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Дуюм, дар даврони ҳукмронии идеологияи шуравӣ ҷашни солгарди донишмандони бузург, ба мисли устод Рӯдакӣ, ибни Сино, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон бояд бо роҳбарони ҳизбӣ дар марказ мувофиқа карда мешуд. Истиқлоли давлатӣ ин мушкилиро аз байн бардошт ва мероси фарҳанги миллиро натиҷаи раванди ягонаи таърихӣ арзёбӣ карда, ба арзишҳои он аз нигоҳи нав - аз дидгоҳи таърих ва меъёру арзишҳои умумибашарии гуманистӣ баҳо дод.
Сеюм, дар қиёс бо низоми давлатдории шуравӣ даврони Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик нигоҳи нав, тафаккури нави созанда ва рисолати ояндабинона доштанро нисбат ба дарки моҳияти худ, Ватан, марзу бум, арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ, назму тартиби давлатдорӣ ва ғайраро асос гузошт.
Чаҳорум, Истиқлоли давлатӣ тарҳи нави давлатдории миллиро бозтобӣ дошта, фазои мустақили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бароямон фароҳам овард, то дар асоси такя намудан ба арзишҳои волои фарҳанги гузашта унсурҳои муҳимми онро ба бозёфтҳои фарҳангии тамаддуни муосири ҷомеаи пешрафта омезиш дода, шароити мусоидро барои зиндагии маънавии шоиста баро кулли мардум таъмин намоем.
Истиқлоли давлатӣ барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон, пеш аз ҳама, раванд аст, он равандест, ки ташаккул ва комилшавии шуурнокӣ, таҳаввули ҳувияти миллиро тақозо дорад. Аз ҷанбаи равонӣ-фарҳангӣ Истиқлоли давлатӣ ифодакунандаи падидаи худшиносист, ки шаҳрвандонро ҳушдор дод, ки асли хешро шиносанд, муҳофиз ва такмилдиҳандаи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар пешорӯйи бархурди тамаддунҳо бошанд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, махсусан, пажуҳиш ва бо хатти муосир ба нашр расонидан ва дастраси мардум гардонидани осори хаттии ниёгон ҷиҳати қавӣ гардонидани хотираи таърихии мардум, инчунин таъсиси китобхонаҳо, осорхонаҳо, кохҳои фарҳангӣ, марказҳои омӯзишии ҳозиразамон ва бо воситаҳои технологии муосир ҷиҳозонидани онҳо барои ташаккул додани донишҳои замонавӣ ва ҷаҳонбинии илмии аҳли ҷомеа, ташаккул додани тафаккури техникӣ ва забондонии насли наврасу ҷавон бо мақсади муаррифӣ кардани арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, баргузор кардани ҳамоишҳои илмӣ ва рӯзҳои фарҳангии кишвар дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ғайра аз иқдомҳои наҷиб ва шоиста мебошанд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо Истиқлоли давлатӣ ва сарварии Пешвои муззами миллат аз болои раванди таъмини он барои миллати тоҷик имкониятро барои эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ фароҳам сохтанд.
Нозим Маҳмадизода - доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Истиқлолият барои ҳар як миллат на танҳо рамзи озодӣ, балки пояи худшиносӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва имконияти фароҳам сохтани фазои солими иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки соли 1991 роҳи озодии таърихиро пеш гирифт, дар давоми 34 соли охир тавонист бо заҳматҳои фарзандони худ, махсусан бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлатдории миллиро эҳё намояд, фарҳанги миллӣ ва суннатҳои давлатдории аҷдодиро зинда гардонад ва дар арсаи байналмилалӣ ба як кишвари фаъолу ташаббускор табдил ёбад.
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои идеологӣ-сиёсӣ пуршиддат гардида, хатару чолишҳои нав ба вуҷуд меоянд, ки сулҳ ва раванди ҳаёти осиштаи аҳли башар монеаҳои зиёд фароҳам оварда, ҳар сокини саёраро беш аз пеш ба ҳушёрӣ даъватӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки хатарҳои чунин равандҳо сиёсати хирадмандонаро пеш гирифта, барои ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими фарҳанги миллӣ тадбирҳои ҳамаҷониба меандешад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ба таҳқиқоти илмӣ-таҳлилӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, нашри асарҳои илмӣ ва ташкили фазои солими тафаккури дунявӣ – аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Бо чунин иқдомҳо давлат тавонистааст мероси моддӣ ва арзишҳои маънавиро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ нигоҳ дорад ва онҳоро ба василаи тарбияи маънавию ахлоқӣ табдил диҳад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои худ дар соҳаи фарҳанг, таърих ва маънавиёт саҳми бузург гузошта, як қатор ҷашнвораҳои таърихиву фарҳангиро ба сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ расонданд.
Бо ибтикори роҳбарияти кишвар ҷашнҳои бузурге чун 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 2700-солагии «Авесто» (2001), 2500-солагии Истаравшан (2003), 3000-солагии Ҳисор (2015) ва 5500-солагии Саразм (2020), 2500 солагии Шаҳристони Тахти Сангин (2023), баргузор гардиданд. Инчунин дар соли 2023 9 ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар дар доираи номинаи фаромиллии «Роҳи бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» ва соли 2025 бошад 11 ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар дар доираи номинаи «Хуттали Қадим» ба Феҳрасти ёдгориҳои умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд, ки ин ҳам аз муҳимтарин дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон буда, мавқеи фарҳангии кишварро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор намудаанд. Эҳдои асарҳои безавол, монанди «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»- и Абулқосим Фирдавсӣ ва бунёди садҳо муассисаҳои фарҳангиву осорхонаҳо аз таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар дар роҳи баланд бардоштани сатҳи огоҳи таърихи аҷдодӣ ва худшиносии миллии насли наврас ва ҷавонон дарак медиҳад. Маҳз ба шарофати ҳамин тадбирҳо, мероси ғании таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аз нав эҳё гардида, ҷаҳонро бо арзишҳои ниёгон шинос намуд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – аз ҷумла чакандӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, косатошӣ, созтарошӣ, фалаксароӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ – таваҷҷуҳи хоса намуд. Ин ҳама на танҳо ба худшиносии миллӣ, балки ба болоравии маънавиёти насли ҷавон такон бахшид.
Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият дод, ки дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи сазовор пайдо кунад. Ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд, имрӯз ба ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, ташаббуси ҷаҳонии ҳалли мушкили об яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ибтикори Тоҷикистон солҳои 2003, 2013 ва 2018 ҳамчун «Соли байналмилалии об» эълон гардиданд. Ҳоло низ барномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал: Об барои рушди устувор, 2018–2028» дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Инчунин, Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ – аз ҷумла экстремизм, терроризм ва тағйирёбии иқлим – мавқеи фаъол дошта, ташаббусҳои созандаи худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа мекунад. Бо ҳамин роҳ, кишвари мо тавонист ҷойгоҳи худро ҳамчун як давлати хурд, вале дорои нуфузи бузурги дипломатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини башарӣ мустаҳкам намояд.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон на танҳо рамзи озодии миллӣ, балки сарчашмаи эҳёи фарҳанг, рушди худшиносӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ гардид. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Тоҷикистон тавонистааст:
сулҳу суботро дар ҷомеа таъмин намояд;
мероси фарҳангӣ ва суннатҳои мардумиро эҳё кунад;
дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои худ мақоми шоиста пайдо намояд;
Истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо як воқеаи таърихӣ, балки роҳнамои ояндаи дурахшон аст. Ин арзиш моро водор месозад, ки бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳифзи сулҳу субот ва рушду пешрафт ба сӯи фардои боз ҳам беҳтар қадам гузорем.
34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи мардуми сарбаланду заҳматкаши кишвари азизамон муборак бошад ва бигзор дар Тоҷикистони азиз сулҳу суботи ҷовидона ва ҳамдили абадӣ пойдор бод!
Пӯлотов Абдураҳмон директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон
Истиқлолият бақои миллат ва асоси ҳастии давлат аст. Ҳар як шаҳрванди бедордил, махсусан ҷавонон вазифадоранд онро ҳифз кунанд ва пос доранд.
Бояд қайд намуд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллат мебошад.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонида тавонистааст, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикистониён ва тоҷикони дунё буданд. Ба даст овардани сулҳу ваҳдат, махсусан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ барои ваҳдати миллӣ заминаи босазое гузошт, ки ин ҳама аз ҳидояту ҷасорати ин фарзанди фарзонаи миллат буд.
Аз ин рӯ, хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани ҷангт шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик барои ҳамешагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Истиқлолият барои мо на танҳо таъриху рамз, балки шаҳодати ҳаёти озоду соҳибихтиёр аст. Мо бояд бо дониш, фарҳанг, худогоҳӣ ва меҳнати ҳалол Ватанро обод намоем ва исбот созем, ки сазовори номи “ҷавонони даврони истиқлол ” ҳастем. Имрӯз мо дар фазои сулҳу суботи Ватан зиндагӣ дорем, ки ин ҳама аз неъмати бебаҳои Истиқлолият аст. Истиқлолият барои мо имкони таҳсил кардан, озодона андешидан, фаъолият дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди давлатамонро фароҳам овардааст. Давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Сиёсати миллии ҷавонон, дасгирии ҷавонон дар илм, варзиш, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ – ҳамаи ин аз ғамхории давлат нисбат ба насли нав шаҳодат медиҳад.
Мо ҷавонони асри XXI, бояд арзиши Истиқлолиятро на танҳо донем, балки онро бо амалу дониш, бо рафтори намунавӣ ва садоқат ба Ватан ҳифз намоем. Мо ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани Истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси мо мебошад. Расидан ба қадри Истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмӯъ моро ба сӯи хушбахтиҳои бепоёне мебарад, ки аз шаҳди он наслҳои оянда низ ба таври комил комгор мегарданд.
Инак миллати тоҷик 34-умин солгарди ҷашни Истиқлолиятро таҷлил мекунад, ки он нишонаи муттаҳидиву иродаи қавии ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат ҳаст. Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик буда, он барои таъмини зиндагии шоиста ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст.Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллату давлати тоҷикони барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.
Мо ҷавонон ифтихор мекунем, ки фарзандони даврони Истиқлол ҳастем. Мо бояд пайравони содиқи Пешвои миллат бошем, Ватанро дӯст дорем ва дар ободии Тоҷикистони маҳбуб саҳми худро гузорем.
Мо ҷавонони ватан созандаем,
Дӯстдори давлати пояндаем.
Шукри истиқлолу ваҳдат шукри сулҳ,
Шукри ҳақ, ки бо лаби пурхандаем.
Шамсзода Ҷамила – магистранти курси 2-юми ихтисоси Муносибатҳои байналмиллалии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Миллате, ки соҳиби истиқлолият аст, метавонад сарнавишташро худаш муайян кунад, забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро рушд диҳад, аз сарвату имконияти табиӣ баҳра барад ва дар арсаи ҷаҳонӣ бо ватанаш ифтихор намояд.
Тоҷикистони азиз 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард ва ба қатори давлатҳои мустақил пайваст. Ин рӯз барои миллати тоҷик мисли субҳи тозае буд, ки баъди садсолаҳо ниҳоят офтоби озодӣ бар фалакаш тулӯъ намуд. Аммо қадамҳои нахустини давлатдорӣ дар шароити ниҳоят вазнин гузошта шуданд: буҳрони иқтисодӣ, парокандагии сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва нобоварии ҷомеа ба оянда тамоми орзуву умедҳои мардумро зери хатар гузоштанд.
Бо зуҳури Истиқлол чунин неъмати бебаҳо ва гаронмоя, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид, миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ҳоло ба сӯи ояндаи нек бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Пешвои миллат — шахсияти таърихиест, ки ин истиқлолиятро на танҳо нигоҳ дошт, балки ба он мазмуну муҳтаво, рушд ва ояндасозӣ бахшид.
Бо шукргузориҳои беандоза имрӯзҳо мо ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комил истиқбол мегирем. Ҳамаи ин аз заҳмату роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки кибру ғурури носозгорро ба ваҳдату созандагиҳо мубаддал сохт. Ин буд, ки дар як давраи начандон тӯлонии таърих кишвари ба бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ гирифторро ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил сохта, ноумедиҳои зиндагиро бозпас гардонид ва ба рӯҳияи мардум неруи тозаи созгор бахшид.
Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузургии Истиқлол аст.
Ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ моро ба андеша водор месозад, ки вазифаи насли имрӯз танҳо истифода бурдан аз неъматҳои истиқлол нест. Мо бояд онро ҳифз кунем, бо меҳнати ҳалол, садоқат ва ваҳдат пояҳои онро таҳким бахшем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Истиқлолият барои мо танҳо як дастоварди сиёсӣ нест, балки шароити зиндагии озодона, кафолати рушду пешрафти миллат ва заминаи ифтихори миллӣ мебошад.
34 соли истиқлолият ба мо собит намуд, ки миллати тоҷик дорои иродаи қавӣ ва неруи созанда аст. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат роҳи дурусти рушду суботро интихоб намуда, имрӯз ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорад.
Файзи Раҳмонист истиқлоли мо,
Раҳми Яздонист истиқлоли мо.
Иброҳимов Исроил Нуралиевич- Докторанти (Phd)-ии шуъбаи Аврупо,
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.
Пас аз эълони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҳамгироиро ба ҷомеаи ҷаҳониро оғоз кард. Қадами аввалини муҳим эътирофи он аз ҷониби дигар давлатҳо ва пайвастан ба созмонҳои байналмилалӣ буд. Моҳи марти соли 1992 кишвар узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) шуд, ки барои он имкониятҳои навро дар доираи муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ боз кард. Тоҷикистон шартномаҳои асосии байналмилалиро оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз қабили Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон ба тасвиб расонд. Бо вуҷуди ин, кишвар дар амалисозии баъзе аз ин меъёрҳо ба мушкилот дучор мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ аксар вақт масъалаҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ва озодиҳоро дар Тоҷикистон матраҳ мекунанд, ки мавзӯи ҳуқуқи инсонро дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии ҳуқуқии худ яке аз масъалаҳои асосӣ мегардонад.
Кишвар ба беш аз 50 конвенсияи СММ, аз ҷумла паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва паймонҳо оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ шуд.
Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ аз соли 2001 узви СҲШ буда, дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм ҳамкорӣ дорад. Ҳамчун узви ИДМ ва дигар иттиҳодияҳо, Тоҷикистон дар танзими масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, ҳамкории иқтисодӣ ва амният иштирок мекунад.
Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир нақши муҳим дорад.
Ҳамроҳшавӣ ба СММ на танҳо мақоми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр мустаҳкам кард, балки ба он имкон дод, ки дар ташаббусҳои глобалӣ оид ба ҳифзи сулҳ, амният ва рушди устувор иштирок намояд. Аз он вақт инҷониб ҷумҳурӣ дар кори СММ, аз ҷумла дар мақомоти махсуси он, ба монанди созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Барномаи рушди СММ ва хазинаи Байналмилалии асъор фаъолона иштирок мекунад.
Тоҷикистон дар минтақаи аз ҷиҳати геостратегӣ муҳими Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, нақши назарраси онро дар таъмини амнияти минтақавӣ ба вуҷуд меорад. Масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, бо назардошти наздикии он ба Афғонистони ноором, барои кишвар махсусан муҳим мебошанд.
Эълони соли 2003 — Соли оби тоза: Ташаббуси соли оби тоза аҳамияти захираҳои обро таъкид мекунад ва таваҷҷӯҳро ба мушкилоти об ҷалб мекунад. Форуми байналмилалии Душанбе табодули донишу таҷриба дар соҳаи идоракунии захираҳои обро тақвият бахшид. Идомаи чунин ташаббусҳо ва табодули таҷриба метавонад ба ҳамкории байни кишварҳо барои беҳтар кардани идоракунии захираҳои об мусоидат кунад.
Эълони солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии амали "Об барои ҳаёт": Ташаббус ба зарурати андешидани чораҳои мушаххас барои таъмини дастрасӣ ба оби тоза диққат медиҳад. Даҳсола барои фаъолиятҳои мушаххас чаҳорчӯба фароҳам меорад.
Таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсиси Консорсиуми Байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез: ташаббус ба таъмини суботи минтақавӣ дар масъалаҳои обтаъминкунӣ равона шудааст. Ҳамчунин таваҷҷӯҳ ба ҳифзи пиряхҳо барои пешгирии оқибатҳои тағирёбии иқлим муҳим аст.
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат барои инсоният ва сайёраи мо аҳамияти калон доранд, зеро онҳо ба ҳифзи табиат ва захираҳои об, ҳаёти инсоният дар сайёраи мо дар маҷмӯъ нигаронида шудаанд.
Имрӯз Тоҷикистон роҳи худро ба сӯи субот ва шукуфоӣ идома медиҳад. Рӯзи Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки ваҳдати миллат, қобилияти бартараф кардани мушкилот ва ҷустуҷӯи ояндаи беҳтар аст. Ҳукумати мамлакат барномаҳои беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ, рушди кишоварзӣ ва саноат, инчунин баланд бардоштани сатҳи таҳсилот ва тандурустиро фаъолона амалӣ менамояд.
Барои насли ҷавон, рӯзи Истиқлолият ёдрас кардани аҳамияти истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллӣ, инчунин даъват ба ҳифзи сулҳ ва ҳамоҳангӣ мебошад. Ҷавонони кишвар, ки аллакай дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба воя расидаанд, дар ояндаи кишвар нақши муҳим доранд ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа калиди пешрафти минбаъда мебошад.
Давлатова Фарида, ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздки
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
“Рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад”
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12.2024) ҷиҳати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар панҷсолаи минбаъда иҷрои панҷ вазифаи муҳимро таъкид намуданд, ки банди чоруми он маҳз ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ бахшида шудааст. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки “...бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо баланд бардоштани маърифати илмӣ таъмин намудани рушди сармояи инсонӣ аз омилҳои асоси рушди Тоҷикистон ба шумор меравад”.
Бо ин мақсад дар банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, “Таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030 ва дар он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа додан ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ...таъкид шудааст”
Ҳамчунин, боби чоруми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳти унвони “Рушди сармояи инсонӣ” маҳз ба омӯзиши масъалаи инсон ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии он дар шароити кунунӣ бахшида шудааст. Ин бори дигар водор месозад, ки омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон ба зарурати воқеӣ табдил ёфта, он бояд мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷомеаи илмӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қарор гирад.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи сармояи инсонӣ дар илми ҷаҳонӣ масъалаи нав набуда, ҳанӯз дар солҳои 60-70-уми қарни гузашта мавриди омӯзиш ва таҳқиқи олимону коршиносони кишварҳои хориҷӣ қарор гирифта буд. Назарияи сармояи инсонӣ дар нимаи дуюми асри ХХ аз ҷониби намояндагони мактаби неоклассикии Г.Беккер ва Т.Шултс пешниҳод шуда, мафҳуми «сармояи инсонӣ» дар доираи ин назария бо шаклҳои гуногун шарҳ дода шудааст. Баъзе аз намояндагони ин мактаб онро маҷмуи қобилият, донишу маҳорати инсон ва баъзе аз онҳо онро маблағгузорӣ барои гирифтани таҳсилот ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорат шарҳ додаанд. Дар шакли пуррааш мафҳуми сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсон шарҳ дода мешавад.
Аз ҷониби муаллифони дигари муосири хориҷӣ – Брукинг Э., Корицкий А.В., Леонтев Б.Б., Михнева С.Г., Эдвинсон Л., Мэлоун М., Ибрагимли З.И., Татаркин А.И., Тугускина Г.Н., Гарипова Ф.Г. ва дигарон дар давраҳои гуногун доир ба масъалаи инсон, сармояи инсонӣ ва захираҳои зеҳнӣ таҳқиқотҳои арзишманд анҷом дода шудаанд.
Дар асоси омӯзиш ва таҳлилҳои воқеӣ масъалаи рушд ва моҳияти инсон, роҳу василаҳои таҳкими сармояи инсонӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин, нақши он дар рушди устувори кишвар баррасӣ ва арзёбӣ шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи мазкур аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик Наврӯзов С., Шоисматуллоев Ш., Қурбонов А.Ш., Бобоев А.А. ва дигарон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, аз ҷониби муаллифони номбурда дар ин самт таҳқиқотҳои муҳим анҷом дода шудаанд.
Вале, маврид ба зикр аст, ки доир ба масъалаи сармояи инсонӣ дар ҷумҳурӣ дар шакли фарогир ва бо тамоми вижагиҳояш то ҳанӯз таҳқиқоти мукаммали илмӣ анҷом дода нашудааст. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки масъалаи сармояи инсонӣ ба омӯзиш ва таҳқиқ ниёз дошта, он бояд мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи олимону коршиносон қарор гирад.
Бояд тазаккур дод, ки шаклҳои сармояи инсониро бо дарназардошти унсурҳои зерини таркибиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сармояи маърифатӣ, сармояи маданӣ ва сармояи тандурустӣ. Дар мақолаи мазкур масъалаи сармояи зеҳнӣ чун ҷузъи таркибии сармояи инсонӣ, ки қабл аз ҳама, хусусияти маърифатӣ дорад, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода шудааст.
Тавре ки маълум аст, мушкилоти соҳаи илм ва захираи зеҳнӣ ҳамчун омили муҳимми ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити муосир аз нигоҳи худи олимон ба таври гуногун баррасӣ ва арзёбӣ мешавад. Илм ҳамчун самти махсуси фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир мушкилоти хоси худро дошта, аз ҷомеа таваҷҷуҳи бештар ва аз аҳли илм масъулияти баландро талаб мекунад. Ҳамзамон, ҳолати кунунии илм ва фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ водор месозад, ки раванди мазкур мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, барои рафъи мушкилоти мавҷуда тадбирҳои муфид ва зарурӣ андешида шавад.
1.Дастгирии молиявӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ. Бояд зикр намуд, ки рушди илм ва фаъолияти самараноки илмӣ-таҳқиқотӣ дар шароити муосир бе маблағгузорӣ ва таъминоти молиявӣ, инчунин, заминаи устувори илмӣ-техникӣ ғайриимкон аст. Худи фаъолияти илмӣ бевосита ба хароҷоти доимӣ – харидани таҷҳизот, масолеҳи зарурии ҳаррӯза, музди меҳнати кормандон, хароҷот барои нашр, сафарҳои хизматӣ ва ғайраҳо алоқаманд мебошад. Ҳамаи ин як қисми хурди хароҷоте мебошад, ки олими касбӣ дар тӯли фаъолияти хеш мунтазам ба он дучор мешавад.
Албатта, пешрафти давлатҳои муосир бидуни илму техникаи пешқадам ва технологияҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмӣ дар иқтисодиёт тасаввурнопазир аст. Дар шароити шиддат ёфтани ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ, раванди рақобати давлатҳо дар соҳаи рушди илму техника низ тақвият меёбад. Ин, қабл аз ҳама, ба он вобастагӣ дорад, ки мамлакатҳои дар ин соҳа пешрафта аз раванди ҷаҳонишавӣ бо тамоми оқибатҳояш аз ҳама бештар ба афзалияти иқтисодӣ ноил мешаванд. Аз ин рӯ, ҳадафи асосӣ аз рақобате, ки имрӯз миёни кишварҳо дар ин самт идома дорад, танҳо ба даст овардани даромадҳои иловагии иқтисодӣ аст. Таҳлили вазъи маблағгузорӣ ба соҳаи илм дар ҷаҳони муосир собит месозад, ки он ҳар сол дар ҳамаи кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва аз муқоисаи рушди иқтисодии кишварҳои олам бармеояд, ки дар ин рақобат ҳамон кишваре ғолиб меояд, ки ба соҳаи илм аз ҳама бештар маблағгузорӣ мекунад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва нақши илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа беш аз пеш эҳсос гардида, аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба он эътибори хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди илми ватанӣ, ташаккул ва такомули тафаккури техникии ҷомеа, ҳамгироии илм ва маориф, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, омӯзишу таҳқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳким бахшидани пояи илмӣ-техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ фармону амр ва қарору фармоишҳое қабул гардиданд, ки барои фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва дар маҷмуъ, барои рушди илм ва дастгирии олимон дар ҷумҳурӣ нақши муассир гузоштаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар оғози Истиқлолии давлатӣ олимону мутахассисони ҷавон беш аз пеш ба дастгирӣ ва кумакҳои иҷтимоӣ ниёз доштанд. Дар ҳолати мушкил қарор доштани пояи илмӣ-техникии кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, маош ва стипендияи ночиз, пешбинӣ нашудани маблағ барои нашри рисолаҳои илмӣ, автореферат ва дигар хароҷотҳои зарурӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоиди манзилию маишӣ ва таҳсил барои аспирантон ва олимони ҷавон, боиси аз ин соҳа дур шудани ҷавонон гардид. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳавӣ ва кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз сабаби ба соҳаи илм таваҷҷуҳ надоштани ҷавонон ба мушкилоти шадиди кадрӣ рӯ ба рӯ гардида буданд. Чунончи, соли 2001 қабул барои таҳсил дар аспирантура ба муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 45 нафарро ташкил медод, ки ин нисбат ба талаботи воқеии муассисаҳои мазкур ба кадрҳои ҷавон хеле кам буд. Дар институтҳои математика, физикаю техника, астрофизика, сейсмология, зоология ва паразитология, физиологияи растаниҳо ва генетика, илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳо ягон нафар ба аспирантура қабул нагардида буд ва бояд ёдовар шуд, ки дар дигар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ низ чунин ҳолат мушоҳида мешуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати мавҷударо хуб эҳсос намуда, ба мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, барои беҳбудӣ бахшидан ба ин самти фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ чораҳои судманд меандешид. Хусусан, фармону супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рӯзона», «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон» ва «Дар бораи таъсиси хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар ин марҳила хеле бамаврид ва муфид маҳсуб мешуданд. Ҳамчунин, барои аспирантон 15 стипедияи махсус муқаррар карда шуд, ки ин марҳилаи аввали дастгирии аспирантон аз ҷониби Сарвари давлат буд.
Таъмир ва ба истифода додани «Хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ барои 300 нафар, маҳз бо дастури Сарвари давлат сурат гирифта, барои таъмир ва таҷҳизонидани он аз Фонди эҳтиётии Президени кишвар 4,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд ва он, воқеан, барои олимони ҷавон як туҳфаи шоистае маҳсуб мешуд. Зеро солҳои зиёд олимони ҷавон ва аспирантон аз нарасидани шароити мусоиди моддию маишӣ, аз ҷумла набудани манзили истиқоматӣ, танқисӣ мекашиданд ва дар тӯли мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантону олимони ҷавон таъсиси чунин як хобгоҳ ва бо чунин шароиту таҷҳизот бори аввал буд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар давраи аз соли 1996 то 2000-ум танҳо барои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандии моддии кормандони соҳаи илми ҷумҳурӣ 9 қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани музди меҳнати баъзе гурӯҳҳои кормандони ташкилотҳои буҷетӣ» (1997), Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зиёд намудани маблағ барои унвони аъзои ҳақиқии (академик) Академияи илмҳо ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон» (1998), инчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани музд барои аъзои ҳақиқӣ ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996), «Дар бораи супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 1996» (1996) қабул гардиданд, ки дар ин марҳила барои дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии олимон хеле муфид ва саривақтӣ маҳсуб мешуданд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба мусоид гардидани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, ҷиҳати ҳавасмандгардонии моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи илм давра ба давра чораҳои судманд меандешид. Бояд ёдовар шуд, ки аз соли 2000-ум дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии илм ва ҳифзи иҷтимоии олимон марҳилаи нав ва мусоид оғоз гардид. Фаро расидани сулҳу субот ва оромӣ дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти самараноки корхонаю муассисаҳо, хоҷагии қишлоқ ва рушди соҳибкорию тиҷорат мусоидат намуд ва роҳбарияти давлату ҳукумат низ имконият пайдо намуданд, ки ба соҳаи иҷтимоӣ, қабл аз ҳама, ба кормандони соҳаи илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» (2003), «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» (2004), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) ва ғайра маҳз ба хотири кумак ва дастгирии бевосита ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи мазкур равона гардида буданд.
Аз соли 2000-ум маоши кормандони Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ ҳар сол баланд бардошта мешуданд. Чунончи, аз 1 январи соли 2000-ум тибқи амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дар ин замина қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳои вазифавии кормандони Академияи илмҳо ва ташкилоту муассисаҳои он ба таври зайл баланд бардошта шудаанд:
-аз 1 январи соли 2000 ба андозаи 40%;
-аз 1 апрели соли 2003 ба андозаи 20%;
-аз 1 январи соли 2004 ба андозаи 25%;
-аз 1 июли соли 2004 ба андозаи 30%.
Ҳамагӣ дар ин давра маоши вазифавии кормандони илм ба андозаи 2,7 маротиба баланд бардошта шудааст.
Аз ҳамин давра, яъне аз соли 2000-ум шуруъ гардида, маблағгузорӣ барои иҷрои таҳқиқот ва коркарди илмӣ низ аз ҳисоби буҷети чумҳуриявӣ сол ба сол меафзояд. Чунончи, солҳои 2000 маблағгузорӣ барои соҳаи илм 1 миллиону 155 ҳазор сомонӣ, дар соли 2010 22 миллион сомониро ташкил медод. Дар маҷмуъ, то соли 2010 доир ба дастгирии молиявии соҳаи илм ва ҳифзи иҷтимоии олимони ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумат 27 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, ки ин ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар самти таҳқиқот ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ нақши муҳим гузошт.
Ҳамин тариқ, ба хотири ташаккул ва рушди сармояи зеҳнии кишвар дар тӯли истиқлолият тадбирҳои муҳим рӯйи кор омада, ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи илм ва таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ давра ба давра дастгирии молиявии соҳаи илм зиёд гардида, то соли 2024 маблағгузорӣ барои соҳаи мазкур ба 235 млн сомонӣ расонида шуд. Ҳамчунин, дар арафаи Рӯзи дониш ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм дар ҳаҷми 20 фоиз зиёд карда мешавад. Рақамҳои болозикр аз он далолат мекунанд, ки соҳаи илм ва маориф дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, барои дар доираи имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ зиёд намудани маблағгузории соҳаи илм ва коркардҳои илмӣ ҳамасола тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
2.Тайёр намудани кадрҳои илмӣ. Рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ворид гардидани технологияҳои гуногуни инноватсионӣ ба ҷумҳурӣ, афзудани талаботи мардум ба дастовардҳои илму техника, тағйир ёфтани фазои таҳсилот ва дигар омилҳои муҳим водор месозанд, ки баҳри тарбияи мутахассисон ва, хусусан, олимони соҳибунвон барои самтҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шаванд.
Ба хотири ҳалли мушкилоте, ки дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ вуҷуд доштанд, соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» ба тасвиб расид, ки дар заминаи он шуроҳои диссертатсионӣ доир ба самтҳои гуногуни илм таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намуданд. Бояд зикр намуд, ки ин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуда, барои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Тавре ки медонем, дар марҳилаи аввали истиқлолият вобаста ба вазъи иҷтимоии кишвар теъдоди муайяни кормандони илмӣ, аз ҷумла, олимони соҳибунвон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ ба соҳаҳои дигари фаъолият гузаштанд, ки ин боиси косташавии иқтидори илмии ин муассисаҳо гардид. Бояд зикр намуд, ки дар ин маврид норасоии кадрҳои илмӣ бараъло эҳсос карда мешуд. Вобаста ба зарурати мавҷуда қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” қабул гардида, барномаи мазкур дар ин марҳала барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мусоидат намуда, дар таъмини муассисаҳои илмӣ бо кадрҳои илмӣ нақши муҳим гузошт.
Ҳамчунин, бо супориши Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ (18 марти соли 2020) Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 №264 ба тасвиб расид. Бояд зикр намуд, ки қабули ин барномаҳо аз иқдомҳои муҳим ва зарурии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, давра ба давра дар ҳалли мушкилоти кадрӣ мусоидат намуданд.
Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбари давлат қарор дошта, аз ҷумла, дар паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2015, 2018, 2021, 2022, 2024) баррасӣ гардида, ҷиҳати рафъи мушкилоти самти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Таҷриба собит месозад, ки яке аз воситаҳои муҳимми тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани тадбирҳо тавассути фаъол намудани кор дар самти магистратура, докторантура ва аспирантура мебошад. Маврид ба зикр аст, ки то солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва унвонҷӯйи амал мекард. Лекин теъдоди қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳое, ки ҳуқуқи қабул ба аспирантураро доштанд, хеле маҳдуд буд. Масалан, дар соли 1991 ҳамагӣ 10 муассиса барои қабул ба аспирантура ҳуқуқ дошт, вале дар соли 2023 бошад, теъдоди чунин муассисаҳо 24 ададро ташкил медод. Аз ҷумла, аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 1991 ҳамагӣ 4 муассисаи олӣ ҳуқуқи қабул ба аспирантураро дошт. Соли 2024 бошад, дар 19 мактаби олии ҷумҳурӣ таҳсил дар аспирантура роҳандозӣ шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ чун неруи бузург ва манбаи тавонои рушди илм, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ барои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши бесобиқа доранд. Ҳоло теъдоди чунин муассисаҳо ба 49 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст, ки ин рақам, бешубҳа, хушҳолкунанда ва боиси ифтихор мебошад. Тавре ки мебинем, ҳам шумораи муассисаҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо нисбат ба давраи пеш аз истиқлолият қариб чор баробар афзудааст.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун манбаи асосии тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ мақоми хосса дошта, дар тӯли фаъолияташ барои бо кадрҳои илмӣ таъмин намудани тамоми самтҳои ҳаёти хоҷагии халқи кишвар нақши беназир гузоштааст. Бо ифтихор метавон ёдовар шуд, ки имрӯз шогирдони ин боргоҳи бузурги илм дар тамоми муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар фаъолият менамоянд ва бо итминони комил онро чун макони муҳимтарини ташаккули зеҳнҳо ва рушди сармояи зеҳнии миллат арзёбӣ намуд.
Айни ҳол, дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тарбияи кадрҳои илмӣ дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шуда, аз ҷумла, дар соли таҳсили 2024-2025 дар шуъбаи рӯзонаи магистратура 287 нафар магистрантҳо аз рӯйи 53 ихтисос таҳсилро идома дода истодаанд, ки аз ин теъдод 149 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар зинаи докторантураи PhD дар муасссаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 221 нафар докторанти PhD аз рӯйи 44 ихтисос ба фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ фаро гирифта шуда, шумораи докторантҳои анъанавӣ бошад 11 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар соли сипаришуда дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 345 нафар унвонҷӯён ба корҳои илмӣ таҳқиқотӣ машғул буданд.
Рақамҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз дар муқоиса ба замони то истиқлолияти давлатӣ барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои олии кишвар имкониятҳои бештар вуҷуд доранд.
Омили муҳимми дигаре, ки дар марҳилаи кунунии рушди ҷумҳурӣ барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ мусоидат мекунад, ин фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ мебошад. Айни ҳол, дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 шурои диссертатсионӣ аз рӯйи 193 ихтисоси анъанавӣ ва 193 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро ба ҳимоя қабул менамуданд. Дар тӯли фаъолияти КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то декабри соли 2024 дар маҷмуъ 2380 диссертатсия, аз ҷумла 206 кори докторӣ, 1969 кори номзадӣ ва 205 рисолаи доктори фалсафа (PhD) ҳимоя шудааст.
Ҳамчунин, дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 19 шурои дессертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият менамуданд. Шуроҳои мазкур, бешубҳа, дар самти тайёр намудани кадрҳои соҳибунвон, ташаккул ва таҳкими сармояи зеҳнии мамлакат нақши муҳим мегузоранд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 6250 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ машғул буданд, ки аз ин 950 нафар доктори илм, 5088 нафар номзади илм ва 212 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Ҳол он ки, то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд.
Ҳамин тариқ, раванди ташаккули сармояи зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ тавассути тарбияи кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври мақсаднок ва самаранок ба роҳ монда шуда, барои таҳким ва рушди ин арзиши муҳимми маънавӣ ва омили зарурии рушди сармояи инсонии кишвар заминаи устувор гузошта мешавад.
3.Рушди илми бунёдӣ. Тавре ки зикр гардид, масъалаи сармояи инсонӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки сармояи зеҳнӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаҳо, таҷрибаҳо, ғояҳо, технологияҳо ва сарватҳои ғайримоддӣ, қабл аз ҳама, бояд чун масъалаи бунёдӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили муҳаққиқон қарор дода шавад. Ин, қабл аз ҳама, маблағгузории соҳаи маориф, таҳсил, таҳқиқотҳои илмӣ ва коркардҳо, ҳамчунин, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои инноватсия ва мубодилаи донишҳоро дар бар мегирад.
Воқеан, дар низоми фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар ҷумҳурӣ илмҳои бунёдӣ мақоми хосса дошта, ба дастгирӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз доранд. Бо ин мақсад ҳанӯз соли 1996 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Фонди президентии таҳқиқотҳои бунёдӣ” аз 24 феврали соли 1996, №422 ба тасвиб расид, ки он дар самти дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур дар кишвар аҳамияти муҳим дошт. Тибқи Низомномаи Фонд дар қатори дигар сарчашмаҳое, ки маблағҳои он ташкил меёбанд, яке аз сарчашмаҳои асосӣ, ин 3% ҳиссаҷудокунӣ аз маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи илм пешбинӣ шуданд, ба ҳисоб меравад.
Маврид ба таъкид аст, ки маблағи солонаи Фонд дар соли 2024 аллакай ба 4,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин маблағ барои ба анҷом расондани таҳқиқоти муайян ва мақсадноку муфид дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Солҳои рушди илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ. Масъалаи дигаре, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм мақоми хосса дошта, барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ мусоидат мекунад, ин омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва зиёиёни мамлакат ба масъалаи 20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию дақиқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба хотири давра ба давра таъмин намудани иҷрои ин ҳадафҳо «Стратегияи миллии рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» қабул гардида, дар заминаи он санадҳои дигар:
- «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040;
-Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030;
-Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расонида шуданд, ки санадҳои мазкур барои татбиқи ҳадафҳо доир ба рушди илмҳои зикргардида дар ин марҳилаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат аҳамияти муҳим доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки рушди илмҳои бунёдӣ бо рушди илмҳои табиатшиносию дақиқ робитаи мустақим дошта, ташаккули донишҳои нав дар самти табиатшиносӣ маҳз тавассути таҳқиқотҳои бунёдӣ муяссар мешавад. Дар ин замина солҳои 2020-2040-ро эълон кардани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҳамзамон, барои рушди илмҳои бунёдӣ қадами ҷиддие хоҳад буд.
Бо ин мақсад тайи солҳои охир дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баъзе тадбирҳо амалӣ карда шуданд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илмҳои табиатшиносию дақиқ ва, инчунин, ба роҳ мондани таҳқиқотҳои бунёдӣ аз ҷониби муҳаққиқони муассисаҳои илмии он мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, дар доираи чунин ҳамкорӣ бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи PICARRO дастрас карда шуд, ки он як дастгоҳи гаронарзиш ва нодир маҳсуб шуда, истифодаи он имкон медиҳад, ки таҳқиқотҳо дар муҳити саҳроӣ ва лабораторӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо дақиқии баланд анҷом дода шаванд.
Ин дастгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбии иқлим» (TAD 7004, 2022-2025) бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамоҳангсози Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) дастрас шудааст.
29 октябри соли 2024 дар шаҳраки академии АМИТ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои мазкур аз 4 ошёна иборат буда, 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроиро фаро гирифтанд, ки барои муайян сохтани маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамоянд. Озмоишгоҳҳои мазкур бо таҷҳизотҳо ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ҷиҳати гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлили мутахассисони соҳа дар асоси стандартҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст.
Ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.
Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, барои ба истифода дода шудани он 12 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва 35 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд хароҷот шудааст.
Ҳамчунин, пас аз маросими тантанавии ифтитоҳ ва шиносоӣ бо озмоишгоҳҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотиро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва лоиҳаи Бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар вилояти Хатлон, ки ба фаъолият шуруъ намудани ин марказҳо барои рушди илмҳои бунёдӣ ва ҳам амалӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» танҳо дар соли 2024 Академияи миллии илмҳо 28 озмоишгоҳҳои замонавӣ таъсис дода шудааст.
Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ озмоишгоҳи биотехнологӣ муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизотҳои муосир аз нав таҷдид карда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар озмоишгоҳ барои гузаронидани корҳои биотехнологӣ 25 дастгоҳу лавозимоти гуногуни муосири озмоишӣ насб карда шуда, ҳамчунин 25 реактиву моддаҳои химиявии зарурӣ дастрас карда шуданд.
Ҷиҳозонидани озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир имконият медиҳад, ки ҳамкориро бо муассисаҳои илмии кишвар, ташкилотҳои байналмилалии таҳқиқотӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию инфиродии ҷумҳурӣ таҳким бахшида, дурнамои таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ оид ба рушди илмҳои биотехнологияи муосир, ҳалли масъалаҳои таъхирнопазири рушди ҷанбаҳои бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, ки ба вуҷуд овардани навъу намунаҳо ва генотипҳои устувору сермаҳсули зироатҳои кишоварзиро дар шароити тағйирёбии иқлим суръат мебахшанд, инчунин, ба татбиқи натиҷаҳо дар истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ равон карда шаванд.
Дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский бошад, соли 2024 озмоишгоҳи паразитологӣ таъсис дода шуда, бо асбобу таҷҳизоти муосир (дастгоҳи таҳлили иммуноферментӣ (Биобаза-1000), бокси бехатарии биологӣ, микроскопи дорои монитор ва ғ.) муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ҳадафи таъсиси озмоишгоҳи паразитологӣ вусъат бахшидани таҳқиқотҳо дар соҳаи мазкур буда, барои омӯзиши барангезандагони бемориҳои паразитии ҳайвонот, инчунин, паҳнкунандагони бемориҳои паразитии (бандпоёни хунмак - каннаҳо, хомӯшакҳо, пашшаҳои регзор ва ғ.) ҳайвонот ва одам нигаронида шуда, ҳамзамон, барои баланд бардоштани неруи кадрӣ дар самти пешбурди таҳқиқотҳои илмӣ ва омодасозии мутахассисон дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD аз рӯйи ихтисоси паразитология мусоидат хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, ки дар озмоишгоҳ таҷҳизоти замонавии таҳлили иммуноферментӣ (ELISA) мавриди истифода қарор дорад, ки он барои муайян намудани як қатор бемориҳои паразитӣ аз қабили трихинеллёз, эхинококкоз, трипоносомоз, токсокароз, токсоплазмоз ва ғ. хеле муҳим мебошад. Айни замон ҷиҳати дастрас намудани ташхисвораҳои зарурӣ (диагностикумҳо ва тест-системаҳо) ҳамкориҳои Институт бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия идома доранд.
Ҳамзамон, озмоишгоҳи мазкур имкон дорад барои донишҷӯёни факултетҳои биологияи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамчун заминаи хуби таҷрибаомӯзӣ ва таҳкими савияи донишҳои амалӣ мавриди истифода қарор дода шавад.
Моҳи апрели соли 2024 дар заминаи озмоишгоҳи электроникаи квантии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ озмошигоҳи наномаводҳои функсионалӣ таъсис ёфт, ки бо маблағгузории Маркази байналмилалии илмию техникӣ ба он зиёда аз 25 таҷҳизоти муосири илмӣ ворид гардида, барои ҳосилкунӣ ва таҳлили маводҳои функсионалӣ имкониятҳои васеъро фароҳам овард. Аз ҷумла, микроскопи электронии JSM-IT200 бо модули спектрометрии EDS, спектрометрҳои UV-VIS ва инфрасурх, спектрофлуориметр, печҳои баландҳарорат (1700°C ва 1200°C) таҷҳизотҳои муҳимтарин маҳсуб мешаванд. Ин таҷҳизотҳо барои ба роҳ мондани таҳқиқоти муосири сохторӣ, элементӣ, оптикӣ ва спектралӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ озмоишгоҳи спектроскопияи молекулавии пажӯҳишгоҳи номбурда бо 9 адад таҷҳизоти муосир ва навтарин муҷаҳҳаз гардонида шуд. Бояд зикр намуд, ки таҷҳизоти воридгардида имконият медиҳад, ки фаъолияти таҳқиқотии озмоишгоҳ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла:
-омӯзиши сохтор ва таъсири моддаҳои органикию ғайриорганикӣ;
-таҳлили физикӣ ва химиявии макромолекулаҳо (масалан, селлюлозаи пахта);
-таҳқиқи таъсири омилҳои беруна (экологӣ, радиатсионӣ, географӣ) ба хусусиятҳои моддаҳо;
-омӯхтани изомерия, спектрҳои инфрасурх;
-арзёбии маводҳо барои истифодабарӣ дар соҳаи тиб, фармасевтика ва биотехнология роҳандозӣ карда шавад.
Таъмини озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири илмӣ имконият медиҳад, ки дар соҳаҳои гуногун-аз омӯзиши молекулаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ то таҳлили биологӣ ва фармасевтӣ-биохимиявӣ таҳқиқотҳо гузаронида шуда, бо ҷалби мутахассисони касбияташон баланд ва нерӯи зеҳнӣ, ки дорои таҷрибаи амалӣ дар соҳа мебошанд, метавонад дар солҳои наздик ба як маркази пешсафи соҳаи спектроскопияи молекулавӣ ва таҳлили маводҳои табиию тиббӣ табдил ёфта, дар рушди илми таҳлилӣ, кимиё ва биотехнологияи кишвар нақши калидӣ бозад.
Таҳлилҳо ва рақамҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди илмҳои соҳаи табиатшиносию дақиқ дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, хусусан, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамвора идома дошта, барои ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ заминаи муносиб фароҳам оварда мешавад.
Ҳамин тариқ, омӯзиш ва таҳлили низоми фаъолияти илмӣ дар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ собит месозад, ки дар марҳилаи кунунии истиқлоли давлатӣ заминаи воқеии ташаккул ва рушди сармояи зеҳнӣ чун ҷузъи сармояи инсонӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд буда, барои тарбияи кадрҳои илмии ҷавобгӯӣ замони муосир, инчунин таъмини рушди устувори ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба таъкид аст, ки илм ҳамчун шакли олии ҳаёти маънавӣ дар ҷомеаи муосир бо мушкилоту монеаҳои маъмулӣ, ки олимон дар тӯли фаъолияти худ рӯ ба рӯ мешаванд, арзи ҳастӣ намуда, чун омили муҳимтарини ҳалли мушкилоти сайёра ва воситаи боэътимоди ташаккул ва рушди сармояи инсонӣ нақши муассир ва ҳалкунанда дорад.
Тавре ки мушоҳидаҳо собит месозанд, кору фаъолияти ҳар як корманди соҳаи илм дар назар хеле одӣ ва содда менамояд, аммо дар амал он хеле мураккаб ва мушкил мебошад. Муҳаққиқ бо мушоҳидаю ҷустуҷӯҳои хеш ба масъалаҳое даст мезанад, ки таваҷҷуҳи ӯро ҷалб мекунанд ва ӯ ҷавоби деринтизори ин саволҳоро пайдо намуда, дастраси ҷомеаи илмӣ месозад. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки ташаккул ва рушди захираи зеҳнии ҳар як миллат маҳз тавассути заҳматҳои олимону донишмандон амалӣ шуда, барои пешрафти босуботи ҷомеа заминаи устувор мегузорад.
Вобаста ба ин, соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳимтарини ташаккули сармояи инсонӣ ва таъмини рушди устувор мақоми хосса дошта, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024) таъкид намуданд, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
Ҳамин тавр, сармояи инсонӣ, бешубҳа, он муҳаррики пуриқтидорест, ки ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат намуда, барои таҳкими иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х.
СУЛҲУ СУБОТ, ВАҲДАТ ВА ОРОМӢ БО ИРОДАИ СИЁСӢ ВА НАҚШИ ТАЪРИХИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ТАЪМИН ГАРДИД
ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат арзиши олӣ ва нишони озодию худшиносӣ ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи тӯлонии давлатдорӣ дошта, аммо садсолаҳо аз ҳуқуқи воқеии худ маҳрум буд, ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ дар таърихи муосир рӯйдоди сарнавиштсоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Истиқлолияти давлатиро 9 сентябри соли 1991 эълон намуд. Аммо мушкилоти солҳои аввал – ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодиву сиёсӣ ва таҳдиди аз байн рафтани давлатдории тоҷикон хатари воқеӣ пеш оварданд.
— Дар чунин шароити ҳассос роҳбарии мамлакат бар дӯши шахсияти барҷастаи дорои сиёсати дурбинона- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи истиқлол ва барқарорсозии сулҳ басе арзишманд мебошад.
Сулҳу субот, ваҳдат ва оромӣ, ки имрӯз яке аз дастовардҳои бузург ба шумор меравад, бо иродаи сиёсӣ ва нақши таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардиданд.
Ҳамчун дастоварди сиёсӣ ва таҳкими низоми давлатдорӣ давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ташаккул ёфт. Қонуни асосии ҷумҳурӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳамчун пояи ҳуқуқӣ истиқлолиятро мустаҳкам намуд. Баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати асосии давлатдорӣ муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон барқарор карда шуда, давлати мо аъзои ташкилоти муҳим – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва дигарҳо гардид. Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об ва иқлим, амният ва ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон борҳо аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд.
Сиёсати иқтисодии пешгирифтаи Пешвои миллат имкон дод, ки ҷумҳурӣ аз буҳрони солҳои 1990 барояд ва дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ рушди иқтисодиро таъмин намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси сиёсати давлатӣ ва барномаҳои рушди миллии мамлакатро ташкил медиҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба сатҳи баланди рушд ва таъмин намудани зиндагии шоистаи шаҳрвандон ҳадафҳои стратегии миллиро бояд амалӣ намояд.
Бинобар ин, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии эълоннамудаи Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар 34 соли истиқлолият корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Мисоли равшани он оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», лоиҳаи байналмилалии «CASA-1000», ки метавонад мамлакатро ба бозори байналмилалии энергетикӣ ворид намояд, мебошад.
Инчунин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии эълоннамудаи Пешвои миллат мебошанд. Бунёди роҳҳои стратегӣ, нақбҳои «Шаҳристон», «Анзоб» ва «Шар-Шар», пулҳои бузург, таъмир ва барқарорсозии роҳҳои байналмилалӣ ва хатҳои барқии баландшиддат мамлакатро ба таври воқеӣ муттаҳид ва ба иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст намуданд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.
Барои таъмини ҳаёти сазовор ва тарбияи насли наврас дар даврони истиқлолият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «маркази сиёсати давлат – инсон ва зиндагии шоистаи ӯ мебошад». Давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи доимӣ ба соҳаи иҷтимоиёт ба яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа табдил ёфт, ки ин марҳиларо ба чор давра тақсим кардан мумкин аст:
— Солҳои барқарорсозӣ ва субот (1991-1999);
— Солҳои рушди устувор (2000-2010);
— Солҳои муосирсозӣ ва афзоиши дастгирӣ (2011-2020);
— Солҳои стратегияҳои дарозмуддат ва ислоҳоти амиқ (2021-2025).
Ҳамин тавр, сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бар меҳвари инсон ва зиндагии шоиста қарор дошта, дастовардҳои ноилшуда заминаи устувори рушди минбаъдаи ҷумҳуриро фароҳам овардаанд. Бояд таъкид намуд, ки дар ин даврони истиқлолият ҳазорон муассисаи таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Истиқлолияти давлатӣ на танҳо рамзи озодию худмуайянкунии миллати тоҷик аст, балки омили асосии пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад. Сарвари давлат тавонистанд давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба роҳи сулҳ, ваҳдат, рушди устувор ва истиқлолияти воқеӣ раҳнамун созанд. Дар натиҷа Тоҷикистон ба давлати устувор, муттаҳид ва рушдёбанда табдил ёфт.
Фарҳод ҚОДИРЗОДА, мушовири президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ -НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИстиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷ
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар як миллат барои расидан ба ормонҳои миллии худ, пеш аз ҳама, бояд соҳибистиқлол бошад. Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ, балки заминаи асосии бунёди давлатдории мустақил, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пойдории фарҳангу забон маҳсуб меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз садсолаҳои истибдод ва зери зулми дигарон қарор доштан, 9-уми сентябри соли 1991 расман Истиқлолияти давлатӣ худро эълон кард. Ин сана барои халқи мо муқаддас аст, зеро оғозгари саҳифаи наве дар сарнавишти миллати тоҷик гардид.
Бо дастёбии ба истиқлолият мардуми Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ва муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи худ гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо карда, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки роҳи расидан ба истиқлолият ва мустаҳкам кардани пояҳои он осон набуд. Дар солҳои аввали истиқлолият, Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гашт, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар таъсири манфӣ расонид. Вале бо иродаи устувори мардум ва роҳбарияти сиёсии кишвар, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барқарор гардид, ки ин худ пирӯзии дуюми истиқлолият аст.
Имрӯз, истиқлолият барои наслҳои ҷавон танҳо як калима нест – он рисолат аст. Рисолате, ки моро водор мекунад ба қадри сулҳ бирасем, ватанро дӯст дорем, илму ҳунар омӯзем ва ба рушду ободии кишвар ҳиссаи худро гузорем. Зеро истиқлолият на танҳо ба даст овардан аст, балки ҳифз кардан ва ба наслҳои оянда бо ифтихор супоридан низ ҳаст.
Дар фазои сулҳу суботи имрӯз, Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас дар бахшҳои мухталиф ноил мегардад: аз сохтмони инфрасохтори муосир то рушди соҳаи маорифу тандурустӣ ва таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ.
Ба ин васила, Истиқлолият барои миллати тоҷик як рамзи ягонагӣ, сарбаландӣ ва эҳёи давлатдории таърихист. Мо бояд дарк намоем, ки танҳо дар фазои истиқлол метавонем фарҳанг, забон, таърих ва арзишҳои миллиамонро рушд бахшем.
Истиқлолият неъмати бузургест, ки насиби на ҳар миллат мегардад. Барои мо, истиқлолият рамзи ҳаёти нав, имкониятҳои нав ва ояндаи дурахшон аст. Пас биёед бо тамоми ҳастӣ онро пос дорем ва дар роҳи ободии Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузор бошем!
Содиқова Зарангез - ходими илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
