Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, тахаммулгароӣ, ватандустиву хештаншиноси ва пос доштани арзишҳои милли тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

21Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ҳамасола санаи 27 июн ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда барои ҳамаи фарди ҷомеа дар кишвари азизамон мебошад, маҳз дар ҳамин санаи хотирмон, қарори умуми миллии тақдирсози миллат, бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Пас аз солҳои ҷанги бардоаркуш ва хонумонсӯз, Ваҳдати миллӣ ягона «ҳуҷҷате» мебошад, ки барои якдилии мардум ва сарҷамъ намудани халқу миллат равона гардидааст.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон орзу ва умеди ҳар як фарди он аст. Дар арсаи ҷахон айни замон бисёр давлатҳое ҳастанд, ки ниёз ба ин неъмати бебаҳо доранд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеъаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳрохи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».

Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва эҳё гардидани арзишҳои миллӣ ва динии худ ба мо муясар гардид, ки бо мазҳаби аҷдодӣ, пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардем. Ваҳдати милли ва истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамадунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асраҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастарас намоем.

Ба мардуми мо, ҳамчунин имкон фароҳам гардид, ки расму оинҳои миллӣ, ва маросиму идҳои динӣ - ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги милли эҳё созем, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги малмлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоем.

Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон», мо ҷавононро боз ҳам водор месозад, ки барои ҳимоя аз ҳифзу буми ватани азизамон боз ҳам ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва барои пешрафти илму техника дар кишварамон саҳму талошҳои беназир дошта бошем. Мо ҷавонон шукрона аз он дорем, ки аз баракати истиқлоли давлати дар тамоми соҳаҳои ҳайёти иҷтимоии кишварамон, озодона кор ва фаъолият менамоем.

Инчунин бояд қайд намуд, ки эълон гардидани соли 2024, “Соли маърифати ҳуқуқии” баёнгари ғамхори ва эҳтироми воло гузоштан аз ҷониби Ҳукумати киварамон нисбат ба шаҳрвандон мебошад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд, ки барои пос доштани сулҳу субот дар ватанамон камари ҳиммат бибандад ва аз сиёсати сулҳ парваронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намояд. Ба қадри сулҳу субот, озодиву ободи он нафароне мерасанд, ки бо чашмони худ шоҳиди рӯзҳои ҷанги мудҳиши шаҳрвндӣ буданд. Аз ин рӯ мо ҷавонон посдори хотироти гузаштагони хеш ва ҷонибдори ободиву озодии Ватани азизамон мебошем.

Муродов Мирамон Қосимович - ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон

2123Соли 2024 барои мардуми кишвари тозаистиқлол ва тамоми тоҷикони дунё соли таҷлили 32-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 солагии ба имзорасии «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Аз фурсат истифода намуда тамоми сокинони кишвари азизро ба ифтихори ин ду ҷашни таърихӣ табрик мегӯям. Бешак, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва раванди бадастоварии Ваҳдати миллӣ яке аз нодиртарин дастоварди замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аз Иҷлосияи таърихии 16-уми даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои таърихию сарнавиштсози он, интихоби роҳбарияти нави олии ҷумҳурӣ ибтидо мегирад. Дар паёми шодбошии худ ба муносибати 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳанӯз аз Иҷлосияи XVI-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар оғоз гардида буд.

Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосияи воқеан таърихӣ дар мамлакат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд».

Воқеан консепсияи муназзами истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз ҳамин иҷлосияи таърихӣ ибтидо гирифт, ки муаллифу таҳиягари он бевосита Пешвои миллат ва раиси онвақтаи Шурои Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Иҷлосияи шонздаҳуми даъвати дувоздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкиливу ташвишҳои зиёде бошад ҳам, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Урунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд ба кори худ шуруъ намуд. Рӯзи дуюм, 17 ноябр бо мақсади аз байн бурдани ихтилоф доир ба ҷараёни иҷлосия ва ба маҷрои муайян ворид намудани он Маҷлиси машваратӣ бо ширкати вакилони халқ, аъзои ҳукумат, шахсиятҳои шинохтаву барӯманд, собиқадорон, олимону адибон, намояндагони азҳобу созмонҳо, ҷамъиятҳо, рӯзноманигорон ва инчунин намояндагони як қатор кишварҳои ИДМ доир гардид.

Иштирокчиёни Маҷлиси машваратӣ дар баромади худ доир ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, қабули конститутсияи нав, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳалли масъалаи фирориён, ҳолати вазнини иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ сухан гуфта, аз Шурои Олӣ қотеъона талаб намуданд, ки оид ба ин ва дигар масоили мубрам қарорҳои дахлдор ва созанда қабул намоянд.

Дар ҳамин ҷаласаи машваратӣ ҳангоми баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардумии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо лаҳни хеле муассир доир ба аҳволи вазнину мураккаби сокинони вилоят, мушкилоти шадиди иқтисодии ба иллати муҳосираи иқтисодӣ ба миён омада, эҳтиёҷи мардум ба одитарин маводи ғизоӣ ҳарф зад, нахустин пояҳои консепсияи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҷумҳурӣ садо доданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намояндаи мардуми Кӯлоб дар парламент воқеъбинона вазъи вилоят ва ҷумҳуриро таҳлил намуда, аз хисороти азими ба бор овардаи ҷанги шаҳрвандӣ, пуштибонии ҳукумати марказӣ аз баъзе навоҳиҳо ва қувваҳо, ки боиси мураккабшавии вазъи сиёсии кишвар гардид, бесалоҳиятӣ ва аз ӯҳдаи идоракунии кишвар набаромадани мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ёдовар шуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки давом додани хунрезӣ беақлист ва имрӯз мақсади асосии дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷамъ омадани мо пешгирии ҳамин хунрезӣ ва барқарорсозии сулҳу оромӣ дар мамлакат аст.

Рӯзи 19 ноябр Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони мардумӣ сухан намуда, аз боварӣ ва эътимоди онҳо изҳори сипос кард ва таъкид намуд, ки аввалан натиҷаи овоздиҳӣ нишонаи ҳамфикрӣ ва ваҳдати дохилии мақомоти олии намояндагии кишвар мебошад. Раиси Шурои Олӣ дар нахустин суханронӣ ба тарзи мухтасар барнома ва мақсаду мароми худро ҳамчун Сарвари тозаинтихоби давлат манзур намуда, иброз намуд, ки пеш аз ҳама барои муътадил гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ ва қатъи хунрезӣ тадбирҳо ҷуста, ба минтақаҳои ҷангзада, пеш аз ҳама вилоёти Кӯлобу Қурғонтеппа ва ноҳияҳои ноороми тобеи марказ сафар менамояд.[1] Ин қадами дуюми ҷиддӣ ва созанда дар таҳия ва татбиқи консепсияи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар ҷумҳурӣ буд.

Махсусан, суханони аввалин ва изҳороти қатъии раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард» ва «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам»[2] барои мардуми кишвар ва тамоми тоҷикон умеди тозаю гармеро дар роҳи раҳоӣ аз вартаи нестӣ ва ба даст овардани мувофиқаи ҳамагонӣ ба бор овард. Чунин суханон ва қадамҳои аввалини Сарвари нав ва ҷавони 40-сола, ки бори вазнин ва масъулияти бузурги таърихиро дар ҳассостарин лаҳзаи тақдирсози миллату кишвар ба дӯши худ гирифт, аз ибтидои марҳалаи нав дар таърихи ҷумҳурии тозистиқлоли Тоҷикистон ва қадамҳои устувор барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ шаҳодат медод. Муҳимтар аз ҳама, ҳанӯз дар рафти кори иҷлосия сокинони кишвар ва инчунин сиёсатшиносону сиёсатмадорони касбии хориҷӣ, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро мушоҳида намуданд, ки қодир аст то ҷумҳуриро аз ноустувории сиёсӣ, ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва таҳдиди амиқи парокандагӣ берун оварад.

Марҳалаи дигари таҳияи ва ташаккули консепсияи ваҳдати миллӣ ва қадамҳои нахустини татбиқи ҳуқуқии он дар рафти иҷлосия ҳангоми қабули санадҳои муҳимми сарнавиштсоз ба вуқуъ омад. Дар маҷмуъ Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ 74 номгӯйсанадҳои ҳуқуқӣ қабул намуд, ки вобаста ба самт, мазмун ва хусусияти танзимкунанда, метавон онҳоро ба чанд гурӯҳ ҷудо намуд. Аммо се гурӯҳи масъалаҳое буданд, ки дар шаклгирии консепсияи ваҳдати миллӣ ва аввалин қадамҳои ҷиддӣ дар самти татбиқи он нақши муассир гузоштанд:

якум массоиле, ки ба барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бевосита азнавсозии сохтори мақомоти олии намояндагӣ ва иҷроияи ҷумҳурӣ - Шурои Олӣ ва Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда буданд. Дар ин самт Иҷлосия шонздаҳум наздики 50 номгӯй санаду қарори дахлдор қабул намуда, раис ва ҳайати комилан нави Раёсати Шурои Олӣ ва сарвазиру аъзоёни Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуд.

дуюм, масоиле, ки ба такмил ва таҳкими низоми конститутсионии ҳокимияти давлатӣ нигаронида шуда буданд. Пеш аз ҳама дар ин самт баррасӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба шакли идоракунии президентӣ дар кишвар нақши асосиро соҳиб мебошад. Тибқи қонуни мазкур шакли идоракунии президентӣ дар ҷумҳурӣ пурра қатъ гардида, ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Раиси Шурои Олӣ, Раёсати Шурои Олӣ ва Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид;

сеюм, масоиле, ки бевосита баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоят ва оштии миллӣ дар ҷумҳурӣ равона шуда буданд. Дар ин самт қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» ва дигар санаду қарорҳо мақоми ҳалкунанда доштанд. Баробари он як чанд қонун ва қарорҳои дигаре, ки оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қабул карда шуданд, низ ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо ва ба эътидол овардан авзои дохилии кишвар нигаронида шуда буданд.

Ҳамин тариқ, таҳияю ташаккули консепсияи ваҳдати миллӣ ва қадамҳои татбиқи он дар амал аз иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои олӣ ибтидо гирифт. Аммо, дар панҷсолаи аввали баъди иҷлосия консепсияи ваҳдати миллӣ ва роҳҳои татбиқи он боз ҳам мукаммалтар гардид. Яке аз марҳалаҳои муҳимми дигар дар ташаккул ва татбиқи ин консепсия қабули конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд. Бе таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ғайриимкон буд.

Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ мебошад. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Роҳандозии гуфтушунид бо мухолифин, пайгирона ба раванди муфид ва натиҷаовар мубаддал сохтани он, новобаста аз мушкилоту мураккабӣ ва таҳдидҳои хавф ба ҷон дошта, паҳлуи дигари сиёсати сулҳофарию ваҳдатсози сарвари ҷавони мамлакат буд.

Гуфтушуниди сулҳи деринтизор байни ҳукумати қонунӣ ва иттиҳоди мухолифин се солу се моҳ тӯл кашид. Дар чандин мамолики хориҷи дуру наздик аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи июни соли 1997 зиёда аз бист вохӯрии расмӣ байни тарафҳо ва 6 мулоқот дар сатҳи олӣ доир гардид.

Дар маҷмуъ раванди музокироти тоҷиконро ба 8 давра ҷудо мекунанд, ки ҳар яки он аз чандин марҳала иборат буд. Даври панҷуми музокирот дар се марҳала ва даври ҳаштум аз ду марҳала иборат буд. Воқеан, даври ҳаштум, ки аз 9 апрели соли 1997 оғоз ёфтаву 27 июни ҳамон сол бо ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дар шаҳри Москва анҷом пазируфт, марҳалаи ҳалкунанда буд. Ба замми вохӯриҳои тарафҳо дар давоми солҳои 1995-1997 сарвари тозаинтихоби Тоҷикистони мустақил шаш маротиба бевосита бо роҳбари иттиҳоди мухолифин мулоқот намудааст. Махсусан, мулоқоти Хусдеҳ, ки 10-11 декабри соли 1996 дар қисмати шимоли Афғонистон баргузор шуд, азми қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи ба даст овардани сулҳ ва хотима бахшидан ба муноқишаҳои дохилиро нишон дод. Ба хотири ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузашту созишҳои мусолиҳаомези зиёд даст зад.

Ҳамин тариқ, бо кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги тоҷик дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор омад ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имзои чунин Созишнома таҷрибаи нодир ва ибратомӯзе дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ дар таърихи ҷомеаи инсонӣ буд.

Баъди имзои созишнома барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини давра ба давраи сулҳу оромӣ, фароҳам овардани муҳити эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои хушунат ва даргириҳои мусаллаҳона, тарғиби ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ ва дар амал татбиқ сохтани муқаррароти санадҳои имзошуда, муҳайё намудани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар корҳои зиёде ба анҷом расиданд.

Ҳамин тавр, консепсияи Ваҳдати миллии Пешвои муаззами миллат, ки аз рӯзи аввали ба сифати Сарвари ҷумҳурӣ интихоб шудан, ҳамчун барномаи асосии фаъолият бори нахуст пешниҳод гардида буд, зина ба зина такмил ёфта, қадам ба қадам татбиқи воқеии худро пайдо намуд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари орому осоишта, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому мавқеи хос, манзуркунандаи ташаббусҳои ҷаҳонӣ, иштирокчии фаъоли мушкилоти сатҳи байналмилалӣ бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии назаррас устуворона ба пеш қадам мезанад. Ин меваи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ мебошад.

Насрулло УБАЙДУЛЛО, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор

Тоҷикистонам гулафшон аз баҳори Ваҳдат аст,

Дар нигоҳи офтоби ӯ шарори Ваҳдат аст.

(Шаҳрияи АҲТАМЗОД)

Бояд гуфт, ки боре зимни мутолиа дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ чашмам ба нигоштаи адиби оламшумули доғистонӣ, барандаи Ҷоизаи ленинӣ ва инчунин Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Расул Ғамзатов афтод, ки мавсуф дар сифоти Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин гуфтааст: ”Фақат ҷанг набошад шуд, он гаҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.

Оре, басо ҳам дуруст қайд кардааст ин нависандаи маъруф, чунки ҳаёт собит намудааст, ки хоҳ - нохоҳ пас аз рух додани воқеаҳои муҳимми сиёсӣ дар ҳар як кишвар шахсони таърихиро рӯйи саҳнаи сиёсат меоранд ва ҳамзамон ин нафарони диловару шуҷоъ дар сарнавишти миллату давлати худ бо мурури айём ва раванди рӯзгор нақши боризи худро мегузоранд.

Яке аз ин гуна ашхоси машҳури рӯйи олам - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки дар як давраи ниҳоят пурхавфу хатар ва дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор доштани кишвар ва дар мавриди фалаҷ гаштани пояҳои давлату давлатдорӣ бо як ҷуръату далерии рустамона зимоми давлату давлатдориро ба уҳдаи худ гирифта, давлати тоҷиконро аз фаноёбӣ ва миллатро аз вартаи фалокат наҷот доданд. Илова бар ин мардуми парокандаву ба кишварҳои хориҷӣ ба таври иҷборӣ ҳиҷрат кардаро аз хоки Афғонистону дигар мамолики рӯйи олам ба Ватани аҷдодиашон бозгардониданд.

Баъди бозгашти фирориён барои таъмини сулҳу суботи сартосарӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагонӣ ба таври пайваста ғамхориҳо зоҳир карданд. Тири онҳое, ки мехостанд ҷумҳурии нав ба Истиқлол расидаи тоҷиконро дар вартаи ҳалокату фалокат қарор диҳанду саропо ва ғарқа дар нифоқу низоъ ва ҷудоиандозиҳову парокандагиҳо бубинанд, ниҳоятан хок хӯрд.

Ҳамин тариқ, пеш гирифтани роҳи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳисси баланди масъулият зоҳир карданҳо, талошу ҷонбозиҳо, муроду номуродиҳо, шинохти ҳувияти миллӣ, расидан ба сулҳу суботи доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҷоннисорона бархостану зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтан, наҷоти кишвари харобу валангоргардида аз вартаи фалокату ҳалокат, эҳёи суннату анъанаҳои аҷдодӣ, ташкили оши оштӣ, гуфтушунидҳои ҳамешагӣ ва талошу муборизаҳои ватандӯстона, ҳифзи марзу бум ва таъмини амният дар маркази пойтахти мамлакат ва иҷрои дигар амалҳои накӯю судбахш боис бар он гаштанд, ки дар натиҷа мардуми паҳну парешон ва дар гирдоби номуродиҳо афтодаро раҳнамо гардаду ҳамаи онҳоро дар атрофаш мутаҳид намуда, дар қалби ҳар кадомашон ахтару шуълаи умедро ба рӯзгори орому осуда афрӯхта, ниҳоятан давлатро аз фаноёбӣ наҷот бахшад. Тавре шоира Адибаи Хуҷандӣ хуб гуфтааст:

Хати батлон кашидӣ, ҷангу вайрониву бадхоҳӣ,

Китоби сулҳу ваҳдат ҳарф - ҳарф эҷод кардӣ ту.

Зи ҷангу тирагӣ халқат гурезону парешон буд,

Биёвардӣ ба Меҳан, хонааш обод кардӣ ту.

Ту авфи муҷримон кардӣ, гунаҳшонро бубахшидӣ,

Адолат кардаву инсоф, оре, дод кардӣ ту.

Ватан вайрона аз ағёр шуд, обод кардӣ ту,

Ватанро хонаи хуршед кардӣ, шод кардӣ ту.

Оре, воқеан ҳам мо ба масири сиёсати сулҳу ваҳдатофарии Пешвою раҳнамои кишварамон аз замони ба сулҳу суботи комил расидан як назари иҷмолӣ андозем, пас маълум мегардад, ки бо дурандешӣ ва талошҳои хастанопазиронаи ӯ давлату давлатдории тоҷикон аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфт. Муҳаққиқ ва сиёсатшиноси варзида Абдуллоҳи Раҳнамо чунин гуфтааст: ”Аввалан бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст.

Ӯ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Дастовард ё қадами устувори чаҳоруми Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба Ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.

Маҳз барқарори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ наҷот ёбад ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳо шаванд. Бинобар ин, масъалаи сулҳу ваҳдат барои давлату миллати мо на танҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштиву ҳамзистӣ, балки масъалаи наҷоти миллӣ буд. Ва ин тарҳи наҷоти таърихии миллӣ маҳз бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Худи ҳамин хидмати беназир кофист, ки ӯ ҳамчун шахси муттаҳидкунандаи миллат ва пешвои воқеии миллӣ эътироф ва пазируфта шавад.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад”.

Бобозода Бақохоҷа - директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании А

Аҳаммияти сулҳу оромӣ дар замони муосир ва хусусан, солҳои охир, ки инсоният бо мушкилоти ниҳоят сахту сангин рӯ ба рӯ гардидааст, торафт боло меравад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

32Дар таърихи башарият дар бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо ваҳдат ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст, ин ваҳдат аст. Ваҳдат дар назар як вожаи оддӣ намояд ҳам, аммо дар асл як ибораи созанда, офарандаи шодию тараб, пайвангари инсонҳо ва васлкунандаи таърих мебошад.

Хушбахтона, бо мурури сипарӣ гардидани ҳазорсолаҳо ва дастёбӣ ба давлатдории навин марҳалаи муҳими таърихи тоҷикон падид омад. Яъне, пас аз торикиҳову тирагиҳои замон, тоҷикон соҳиби давлати мустақил гардиданд. Дар сарзамин Сулҳ барпо шуд. Ваҳдат ба вуҷуд омад. Таърих эҳё гардид, ки акнун, айёми нумуву камолоти дигарбораи миллату давлат фаро расид.

Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.

Бо омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар арсаи сиёсат муборизаи қувваи некӣ бар бадӣ, сулҳ бар ҷанг оғоз ёфт. Ин абармарди шарифном миёни аҳли ҷомеа нахустин сухани худро аз сулҳ оғоз намуд. Ба ҳайси раиси Шурои Олӣ миёни ҳамватанон иброз намуд, ки “Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”.

Дарвоқеъ таҷрибаи сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик, ки бе шак дар ин раванд ва оғозу ибтикори он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу арзишманд аст, миллату давлати мо огаҳанд ва мардуми азизи Тоҷикистон хурду калон имрӯз ба ин неъматҳо арҷ мегузоранду хидматҳои наҷибу бузурги Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намесозанд.

Оре, мардуми тоҷик аз нахустин рӯзҳои фаъолияти фарзанди барӯманди тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк мекарданд, ки зери сиёсати некбинонаву хирадмандонаи Роҳбари худ онҳо ба ояндаи умедбахшу пурсаодат мерасанд. Мардуми тоҷик дар замиру афкор ва амалу андешаи неку созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонеро дарёфт, ки воқеан фарогири меҳру шафқат, ҷавонмардиву шуҷоат, некбиниву покдилӣ, қавииродагиву ҷасурӣ буду, ҳамеша аз бародариву ватандӯстӣ ва ватанхоҳиву сулҳу ваҳдат сухан мекард.

Дар ин масир пайғоми саодатовар барои миллати тоҷик ин баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон буд, ки оғози шукуҳу шукуфоӣ ва рушду равнақи давлату миллатро замина гузошт. Аз ин рӯ, набояд фаромӯш сохт, ки ташаббускори асосии баимзорасии санади таърихиву сарнавиштсоз ва меъмори кохи бегазанди оштиву баҳамоии миллат маҳз шахсияти бузурги ҷаҳонӣ ва фарзанди асили миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Воқеан, дар идомаи кору фаъолияти пурсамар ва арзишманди худ, Пешвои муаззами мо бо ҷаҳду талошҳои пайвастаашон суханонашонро содиқона ва собитқадамона исбот намуданд ва имрӯз таҳти роҳбарии бевоситаи ин шахсияти мондагори таърихӣ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд.

Боиси таъкид аст, ки чи гуна раҳоӣ ёфтан аз вартаи номатлуби ҷанги шарвандӣ ва ба сулҳу ваҳдат расидани тоҷикон дар як муддати кӯтоҳи таърих диққати ҳазорон коршиносону аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намудаасту имрӯзҳо ин таҷрибаи ибратомези таърихӣ мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷахонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Ба ибораи дигар, Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ ба он мусоидат намуд, дар даврони истиқлолият мо монеаҳоро бартараф намуда, роҳро дар самти рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар кушоем. Аз ин рӯ, дар баробари зина ба зина амалишавии барномаҳои ҳадафҳои стратегӣ гӯё аз он аст, ҳамаи ин дастовардҳоро мо ба баракати ба дастовардани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нисбат диҳем. Маҳз ин ду омил сабаби воқеии пойдории кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги ӯст.

Аз ҷониби дигар, раванди имрӯзаи шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ бар ондалолат мекунад, ки кулли дунё ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман, ҳамчун як ҷавони даврони Истиқлол сарфарозона бо итминони комил ва бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ҳувияти воло бо ифтихор қайд мекунам, ки Ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ, на танҳзо дар минтақа, балки дар саросари ҷаҳон дониста шудааст. Зеро, беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро ниҳодҳои сиёсии ҷаҳони муосир меомӯзанд.

Мо Тоҷикистони навинро бе ному кору пайкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Ин ҳақиқатест бебаҳс ва воқеиятбунёд. Ин ҳақиқатест, ки саодати халқи тоҷикро, эҳёву шукуфоии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз бо шарофати азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад.

Буриев Умед, магистранти соли аввали

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон https://osiyoavrupo.tj/.../peshvoi-millat-emori-va-dati-mill

«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Вақте ки мо ба оинаи таърихи навини Тоҷикистон назар меандозем, мебинем, ки сулҳу суботи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Воқеан, аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта то ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар он рӯзҳо бенизомиву бетартибӣ ҳукмфармо, меъёрҳои қонунҳои давлат зери по шуда, бесарусомониву ҷинояткорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ шакли муташаккилонаро гирифта буд. Дар ин марҳила, бисёре аз фарди Тоҷикистон Ватанро тарк карда, ба дигар кишварҳо фирор намудаанд.

Аз ҷумла, ман даъватнома доштам ба Донишгоҳи Ҳумболди Олмон, шавҳарам даъватнома доштанд ба Донишгоҳи Михаил Ломоносови шаҳри Маскав. Мо ба ҳеҷ куҷо нарафтем, гуреза ҳам нашудем, бо тамоми мардуми Тоҷикистон азият кашидем. Илова бар ин, дар ин раванди фазои ҷангӣ дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе 30 нафар қумандонҳои ниқоби сиёҳ пушида, моро бо тиру туфанг таъқиб намуданд. Дар натиҷа моро аз нақлиёти “камаз” фароварданд. Пас аз он шавҳарам гуфтанд, ки ман Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тоҳиров Фозил Тоҳирович ҳастам. Баъдан яке аз қумандонҳо ӯро шинохта, чунин иброз кард: “Ту мужик будаӣ ку”. Дар охир моро раҳо кард, ки то ҳанӯз ин лаҳзаҳои мудҳиш аз ёдам намеравад.

Ба маврид медонам таъкид намоям, ки он замон ман арӯси нав будам, қумандонҳо чунин суол карданд, ки ин духтари ҷавон ва зеборо куҷо мебарӣ? Пас, Муаллим ҷавоб доданд, ки ин хонум оилаи ман аст. Баъдан қумандон посух дод, ки “кори ту омад кардааст”, дар сурати баръакс моро нобуд мекарданд.

Он вақт ман бо оилаам дар хиёбони Айнӣ зиндагӣ мекардам. Баъди кор дар хонаамон тирҳоро дарёфт мекардем. Оинаамон мисли ғалбер шуда буд. Дар хиёбон садои тиру туфанг хело даҳшатноку шадид буд. Бинобар ин пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин кори осон набуд.

Дар ҷанги шаҳрвандӣ зиёда 150 ҳазор инсонҳо ҷони худро аз даст додаанд. Кӯдакон бе сарпараст монданд. Дар лаҳзаҳои ҳассос ва мушкил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахти тоҷикон шахсияти адолатпарвар, меъмори сулҳу субот, шахсияти оқилу доно тоҷиконро ҳифз карда тавонистанд.

Пеш аз он ки мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ кунем, чи қадар гуфтушунидҳо ва созишномаҳо бо мухолифин бо роҳбарии Саид Абдулло Нурӣ дар Қазоқистон, Теҳрон, Маскав шуда гузаштаанд, ки билохира 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд. Ин санади муҳими таърихӣ ва фаромушношуданӣ дар кишвари маҳбуби мо моро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод.Воқеан ҳам ин ҳуҷҷат, сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро, дар ин рўзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият пайваст, яъне дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ миёни фарзандони миллат хотима гузошта шуд ва сулҳи бебозгаштро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овард.

Ногуфта намонад, ки воқеаи муҳими таърихӣ ин аст, ки дар сарҷамъ кардани миллат ва иттиҳоду ягонагӣ муҳтарам Пешвои миллат нақши мондагор ва пурарзиш гузоштанд. Саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезагон ниҳоят назаррас ва тақдирсоз мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати тоҷик дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд, тавонистанд, ки оташи ҷангро дар кишвари тоҷикон афрӯзанд, мухолифати шадиди мусаллаҳона ба вуҷуд омад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои ҷорӣ поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд, ки ман худ шоҳиди ин рӯзҳои сангин будам.

Дар ин муддат бештар аз бист вохӯри расмӣ байни ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони мухолифини тоҷик баргузор гардид.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар ҳафт вохӯрӣ бевосита иштирок намуда, бо роҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик масъалаҳои мухталифи вобаста ба Созишномаи сулҳро муҳокима намудаанд.

Вобаста ба ин Ҷумҳурии соҳибистиқлоли азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.

Вале дар хусуси нақши як санади муҳими ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсус бояд қайд кард.

Маҳз дар асоси Қонуни зикршуда иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардида, парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар маводи таъқибӣ доир ба онҳо қатъ карда шуданд.

Дигар ин, ки бо назардошти аҳамиятти масъалаҳои ҳуқуқӣ дар музокироти байни тоҷикон дар сохтори Комиссияи оштии миллӣ бахши махсус – зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он таҳияи механизмҳои амалӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқии Созишномаи умумӣ буд.

Тағйироту иловаҳо, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешуданд, таҳия ва мувофиқа гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, тавассути Парламенти кишвар ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуданд.

Дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, ҳамзамон бо ин интихоботи Президенти мамлакат дар шароити сифатан нав баргузор гардид. Сипас, мувофиқи низоми муосири интихобот, моҳи феврали соли 2000 Парламенти нави касбӣ интихоб гардид ва ба фаъолият пардохт.

Омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ

низ дорад, зеро он яке аз мавзӯъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшинос ва умуман сиёсатмадорону ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад.

Ва чунон, ки эътироф шудааст, таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад.

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем.

Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, тамоми дастоварди Тоҷикистонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста медонем.

Имрўзҳо фурсате расидааст, ки барои дар замири ҳар фарди кишвар, новобаста аз миллату нажод, эътиқоди диниву мазҳабӣ ҷой додани эҳтиром ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои Ваҳдати миллӣ корҳои воқеиву доимиро дар сатҳи арзишманд ба роҳ монда шаванд ва набояд, ки ин амал характери маъракавӣ касб намуда, танҳо дар рӯзҳои таҷлили Ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад.

Хулоса, Сулҳи ба дастомада бояд ҳамеша дастури амал барои зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ бошад.

Маҳз аз баракати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвари тозаистиқлол падидаҳои навро фароҳам овард.

Имрӯз шукргузор аз он ҳастем, Тоҷикистон бо зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд, ки ин бозгӯи татбиқи сиёсати “Дарҳои кушода” мебошад.

Махсусан Стратегияи дастгирии самти илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир ва саривақтӣ аст. Дар ин росто иқдомҳои наҷибу муҳим дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон пеш гирифта шудаанд.

Дар ҳақиқат, сарбаландона иброз медорем: Тоҷикистон ба пеш!

Санавбарбону Воҳидова - доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи Аврупо

21Истифодаи комёбиҳои илмӣ дар амалия ва истеҳсолот метавонад нақши созандаи тараққиёти имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад. Инро бахусус Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти ахири худ бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъқид намуданд.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар буда, олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа мебошанд. Бе саҳми илм рушди иқтисод ва баланд бардоштани рақобатпазирии он ғайриимкон аст. Аҳамияти сармояи инсонӣ, аз ҷумла сатҳи баланди маориф ва фарҳанг асоси муваффақияти кишвар аст. Дар ин росто илму техника дар таъмини рушди устувор ва пешрафти ҷомеа нақши калидӣ мебозанд.

Тадқиқоти илмӣ ва навоварӣ ба ҳалли бисёр проблемахое, ки дар назди Точикистон истодаанд, мусоидат мекунанд. Онҳо ба беҳтар шудани сифати зиндагӣ, имкон додани рушди устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба тағирёбии иқлим, таъмини энергия ва амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунанд. Илм двигатели прогресс гардида, ба мамлакат ёрй мерасонад, ки ба душворихои нав мутобик шавад ва захирахои онро самаранок истифода барад.

Дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон бисёр пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ таъсис ёфта, рушди ҳамаҷонибаи илмро таъмин намуданд. Дар баробари душвориҳои солҳои 90-ум қарни гузашта Ҳукумати кишвар тавонист муассисаҳои илмиро нигоҳ дорад ва тақвият бахшад, ки ин ба Тоҷикистон имкон дод, ки марҳалаи рушди иқтисодиро оғоз кунад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бидуни тадқиқоти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар амалия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, саноат ва ғайра ба нишондиҳандаҳои баланд ноил шудан ғайриимкон аст.

Илм ва техника дар навсозии мамлакат нақши асосӣ мебозанд. Ҷорӣ намудани технологияи навин ва дастовардҳои илмӣ имкон медиҳанд, ки инфрасохтор такмил дода, ҳосилнокии меҳнат баланд ва ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Сармоягузорӣ ба рушди тадқиқот ва технологияҳо ба фароҳам овардани шароит барои инноватсия ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Комёбихои илм ба сифати хаёти ахолй бевосита таъсир мерасонанд. Масалан, рушди технологияи мобилӣ ва интернет, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба шарофати ваксинаҳои нав ва рушди инфрасохтор ҳама аз ҷониби тадқиқоти илмӣ ва навовариҳои технологӣ имконпазир аст. Дар Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир бисёр роҳҳо, нақбҳо, пулҳо ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта шуданд, ки ба ягонагии қаламрав ва беҳтар шудани дастрасии нақлиёт мусоидат намуд.

Навоварӣ дар тиб ва нигахдории тандурустй ба бехтар шудани саломатии ахолй ёрй мерасонад. Чорй намудани технологиям нави тиббӣ, кор карда баромадани ваксинаю доруворӣ имкон медиҳад, ки ба муқобили бемориҳо самаранок мубориза бурда, сифати ёрии тиббӣ бехтар карда шавад. Рушди телемедицина ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ дастрасии ерии тиббиро барои сокинони минтақаҳои дурдаст таъмин менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон инноватсия ва иқтидори илмии кишварро фаъолона дастгирӣ намуда, маблағгузориро афзоиш дода, барои олимон шароити мусоид фароҳам меорад. Ин ташкили технопаркҳо, ҳавасмандгардонии шарикии давлатӣ ва хусусӣ дар таҳқиқоти илмӣ ва инноватсия, инчунин ҷорӣ кардани Қонун дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникиро дар бар мегирад.

Ба рушди олимони ҷавон ва ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ диққати махсус дода мешавад. Таъсиси стипендияҳо, грантҳо ва ҷоизаҳо барои олимони ҷавон ба ҷалби онҳо ба фаъолияти илмӣ мусоидат мекунад ва рушди тадқиқоти навро ҳавасманд мекунад. Инчунин фароҳам овардани шароит барои рушди касбӣ ва рушди касбии олимони ҷавон тавассути таъмини дастрасӣ ба лабораторияҳо ва таҷҳизоти муосири илмӣ муҳим аст.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки сарфи назар аз дастгирии давлат, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ на ҳамеша ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Саҳми илм дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1% - ро ташкил медиҳад, ки талаботи давлатро қонеъ намекунад. Барои ҳалли ин масъала ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтори муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ва беҳтар кардани сифати тайер кардани кадрҳои илмӣ зарур аст.

Ҳамкории байни муассисаҳои илмӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ низ бояд тақвият дода шавад. Таъсиси лоиҳаҳои муштарак, ки ба ҷорӣ намудани таҳияҳои илмӣ дар истеҳсолот нигаронида шудаанд, метавонад ба баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд. Давлат бояд чунин ташаббусҳоро фаъолона дастгирӣ намуда, барои татбиқи онҳо шароити мусоид фароҳам оварад.

Бояд ба ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода шавад. Ин соҳаи асосии Тоҷикистон буда, амнияти озуқаворӣ ва шуғли қисми зиеди аҳолиро таъмин менамояд. Истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ, таҳияи навъҳои нави зироатҳо ва усулҳои мубориза бо ҳашароти зараррасон ва касалиҳои растанӣ метавонад ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулоти кишоварзиро ба таври назаррас баланд бардорад.

Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи оберӣ ва идоракунии захираҳои об низ нақши муҳим мебозад. Дар шароити тағиребии иқлим ва норасоии захираҳои об, идоракунии самараноки захираҳои об муҳим мегардад. Таҳия ва татбиқи усулҳои инноватсионии оберӣ, истифодаи оқилонаи об ва беҳтар кардани инфрасохтори обтаъминкунӣ ба рушди устувори кишоварзӣ мусоидат мекунад.

Татбиқи дастовардҳои илмӣ ба саноат ва энергетика ба рушди ин соҳаҳо мусоидат намуда, истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин менамояд. Сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ, рушди манбаъҳои алтернативии энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии равандҳои истеҳсолӣ ҳама равиши илмӣ ва ҳалли инноватсиониро талаб мекунанд. Инчунин рушди таҳқиқоти энергетикӣ, ки ба таҳияи технологияҳо ва маводҳои нав нигаронида шудаанд, ки метавонанд дар бахши энергетика истифода шаванд, муҳим аст.

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илму технология дар Рушди Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Мубодилаи таҷриба, таҳқиқоти муштарак ва иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ ба олимони тоҷик имкон медиҳад, ки ба донишу технологияҳои пешрафта дастрасӣ пайдо кунанд. Инчунин рушди шарикӣ бо марказҳои пешрафтаи илмӣ ва донишгоҳҳои ҷаҳон, ки ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилот ва илм дар кишвар мусоидат мекунанд, муҳим аст.

Истифодаи дастовардҳои илмӣ дар амал ва истеҳсолот қисми ҷудонашавандаи стратегияи Рушди Тоҷикистон мебошад. Дар шароити рақобати ҷаҳонӣ ва пешрафти босуръати технологӣ, кишвар бояд таҳияҳои илмиро дар соҳаҳои гуногуни ҳает фаъолона ҷорӣ намояд, то рушди устувор ва сифати баланди зиндагии шаҳрвандони худро таъмин намояд. Ҷалби ҷавонон ба илм, дастгирии инноватсия ва истифодаи самараноки захираҳои илмӣ вазифаҳои калидӣ барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо мебошанд.

Тоҷикистон бояд сармоягузорӣ ба илму технологияро идома дода, олимони ҷавонро дастгирӣ намуда, барои фаъолияти инноватсионӣ шароит фароҳам оварад. Танҳо бо ин роҳ кишвар метавонад ояндаи худро таъмин намояд ва ба рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва шукуфоии миллат ноил гардад.

Саидзода Ҳалим Азиз – Мудири Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Имом Мираҳмади Шарофиддин-Сармутахассиси Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти АМИТ

Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – Мутахассиси пешбари Шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

27 июни соли 2024 халқи барўманду куҳанбунёд ва дар кӯраи таърих обутобёфтаи тоҷик бо ифтихору сарафрозӣ ва бовар ба фардои неку хуррам зери осмони софу беғубор 27-умин солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ваҳдатеро ки халқҳои Тоҷикистон муттаҳид сохт, пояи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро асос гузошт ва ба некуаҳволии рўзафзуни мардум шароитҳо фароҳам овард. Ваҳдате, ки намоди барҷастаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад!

Вожаи ваҳдат барои миллати мо вазну арзиши хос дорад. Ин вожа дар радифи истилоҳоти муқаддасе чун “Истиқлол” ва “Сулҳ” шукуҳу азамат ва хирадмандии миллати моро таҷаллӣ медиҳад. Пойдор намудани Ваҳдати миллӣ омили тавлиди дигарбораи миллат, эҳёи шуур ва ғояи ягонаи миллӣ ва амалишавии ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон гардид.

Дар ваҳдат зистан барои бани башар аз замони пайдоиш ва шаклгирии ҷомеа шарти муҳим ва ҳадафи ягона буду ҳаст. Ҳама адёну мазоҳиби башарӣ низ талқингари ғояи ҳамзистӣ дар ваҳдату салоҳ мебошанд. Ин аст, ки бузургон низ шарти аслии наҷоти оламу одамро дар ҳамгироӣ ва ваҳдат медонанд. Дар илми сиёсат низ ин фикр исбот шудааст, ки усули расидан ба аҳдофи бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ маҳз ваҳдати миллӣ ва муносибати ҳасана бо ҳамсоягон аст. Аммо ба назар чунин менамояд, ки сабақи таърих барои инсоният бетаъсир шудаст. Сиёсатҳои нодурусти ҳамсоякишварҳо дар қиболи ҳамдигар ки ба қавле бар манофеи миллияшон равона шудаанд, сабабгори ҷангу муноқиша миёни ҳам мегардад. Муноқишаҳои Фаластину Исроил, Покистону Ҳиндустон ва даргирии туркҳо бо курдҳо намунаҳои рушане аз ин нифоқ ва бенизомии башар аст.

Гуфтори маъруфи таърихие нисбат ба тоҷикон пайваста аз забони олимону донишмандон садо медиҳад: “Тоҷикон дар тӯли таърих ба ҳеҷ давлате ҳуҷум накарданд. Тоҷикон бо ягон миллат ба ҷанг барнахостаанд. Тоҷикон омили муноқиша бо ягон давалати ҳамсоя набудаанд”. Ин далели таърихӣ исботи он аст, ки тоҷик аз азал миллати ваҳдатпараст ва сулҳофар аст. Ҷанги дохилие, ки солҳои 90-уми қарни гузашта давлати моро домангир шуд, зарбаи гароне ба сари худи миллат буд. Ба сари кишвари хурде, ки тоза ба Истиқлоли давлатӣ даст ёфта буд ва иқтидори иқтисодӣ ҳам надошт ҷанги дохилие таҳмил гардид, ки оқибати фалокатбореро барои миллат овард.

Хисороти ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон як мамлакати беиқтисод ва миллати парешону гуреза буд. Миллате, ки умеде барои ояндаи дурахшон надошт ва оромонҳои ҳазорсолаи давлатдории худро ба руъё бадал мекард. Аммо бо азму иродаи шикастнопазири фарзанди оқилаш ин руъёҳо ба ҳақиқат бадал шуданд. Тоҷикон дубора азамати таърихии худро, ки аз таъриху адабиёти ғанӣ маншаъ мегирад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд. Дар амалисозии ин ҳама нақши роҳбари миллатпарасту сулҳпарасти мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умда аст.

Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд. Дар ин гуфтушунид нахустин Эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Баъдан ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад мулоқот гузарониданд. Ҷустуҷӯйи роҳу усулҳои расидан ба сулҳу субот барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Табиист, ки дар ин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд ва қонеъ кардани ҷонибҳо кори мушкил буд. Билохира 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, дар даври ҳаштуми музокирот “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имзо шуд. Пас аз ин ҳодисаи таърихӣ Президенти мамлакат ба ҳамватанон муроҷиат намуда, таъкид кард: “Бо назардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”.

Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш кашиданд.

Миллатеро аз вартаи фано наҷот додан кори саҳл нест. Барои анҷоми ин амал нерӯи бузурги зеҳнӣ, ҷасорату матонат ва садоқату таҳаммулпазирӣ мебояд. Ин ҳама дар шахсияти кордон ва муборизе, чун Эмомалӣ Раҳмон ки ҳастии худро фидои ин Ватан ва пойдории сулҳу ваҳдат кардааст, таҷассум ёфтааст. Баргардонидани ҳазорҳо гуреза ба Ватан, дар дили пиру барно коштани тухми умед, ба лабони кӯдакон овардани хандаву нишот ва садҳо амали хайру бесобиқаеро метавон номбар кард, ки Пешвои миллат дар роҳи ҳифзи ин миллат анҷом додааст.

Бо роҳи осоишта ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муваффақияти миллӣ ва сиёсии давлатмардони мо аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ то кунун мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиш қарор дорад. Ниҳодҳои гуногуни тадқиқотии ҷаҳон, муноқишашиносон, сиёсатмадорони варзида, коршиносони сиёсӣ ва созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ формулаи сулҳи тоҷиконро муваффақтарин роҳи расидан ба сулҳ медонанд. Ин нуктаро Президенти кишвар низ ҳамеша барои кишварҳои дар ҳоли ҷанг қарордошта аз минбарҳои ҷаҳонӣ таъкид мекунад.

Хеле осон аст, ки барои худ моҳияти Ваҳдати миллиро кашф кунем. Танҳо мебояд ба чеҳраҳои хандони кӯдакони перостаи ин диёр нигарем, ба чеҳраҳои пурнишот ва лабрез аз ҳарфи шукронаи пирони ин мамлакат нигарем, ба дастҳои якҷои ду ошиқ, ба лолаҳои рангоранги хиёбон, ба фаввораҳои рангин ва билохира ба осмони беғуборе, ки шамими осоиштагӣ дорад.

Имрӯз ҳар фарди тоҷик бояд таърихи истиқлолу ваҳдат, суботу созандагиҳои кишварро хуб донаду арҷ гузорад. Мо ҳеҷ гоҳ набояд ба хатое, ки сабабгори муноқишаву мухолифати гурӯҳиву нажодӣ мегардад, роҳ диҳем. Аз қаҳрамониҳои бемисли Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқиф бошад ва ин шоистагиро ба наслҳои баъдӣ талқин созад.

Имрӯз раванди нави таърих бар дӯши мардуми шарафманди Тоҷикистон вазифаҳои басо мураккабро гузоштааст. Моро месазад, бо дарки амиқи худшиносиву ватандорӣ дар бунёди ҷомеаи мутамаддин ҳиссагузор бошем ва сулҳу шукуфоиро, ки бо заҳматҳои гарон ба даст омадаанд, ба наслҳои оянда беолоиш ба ёдгор гузорем. Бо донишу заковат, ҳисси баланди хештаншиносиву меҳандӯстӣ ва билохира хиради волои азалии худ ояндаи меҳани биҳиштосову ҷононҷони худро равшан намоем.

Қодирова Малика - лаборант калони шӯъбаи бостоншиносӣ. Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.

1Солҳои ҳаштодуми асри гузашта аввалин нишонаҳо аз мавҷи озодихоҳӣ ва ҳаракатҳои равшанфикрӣ дар байни ақвоми мухталифи тобеи давлати Иттиҳоди Шӯравӣ аён гардиданд. Амвоҷи эътирозу истиқлолхоҳиҳо махсусан ба иллати адами озодиҳои фардиву сиёсӣ дар байни мардуме, ки таъриху тамаддуни ҳазорсола доштанд, зиёдтар ба чашм мерасид. Чун сиёсати давлатдории шӯравиён аҳдофи миллии тоҷиконро ҳимоя намекард ва давраи шӯравии рушди давлатдории тоҷикон бар асоси сиёсати умумииттиҳодӣ, ки дар он фарҳанги милливу суннати маҳаллӣ арзиш надоштанд, ташаккул меёфт, бо ба вуҷуд омадани фурсати муносиб тоҷикон ба бузургтарин ҳадафи худ – ташкил намудани давлати алоҳидаи миллӣ мушарраф гардиданд.

Сентябри соли 1991 Тоҷикистон байрақи Истиқлоли худро бардошта, дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати алоҳида муаррифӣ гардид. Аммо умеди садсолаҳои мардум, ки иборат аз ба даст овардани истиқлолият буд, носипосиҳои зиёдеро ҳам дар бар дошт. Ба қадри ин ҳадяи бебаҳои таърихӣ расидан ҳанӯз мардум омода набуданд. Дар бораи вазъияти он солҳо таърихнигорону сиёсатмадорони бумиву хориҷӣ мақолаҳои бешумору асарҳои зиёде таълиф намуданд. Аммо суханони пурдарду ҳасрати Пешвои миллат таъсири дигаре доранд. Мавсуф он рӯзҳои шуму соатҳои номуборакро ёдовар шуда, дар чанд ҷумлаи кӯтоҳ баҳона ва сабаби он нооромиҳо, саркардагону таҳмилгарони ҷанги шаҳрвандӣ, иллати парокандагии миллату заифии иқтисоди давлатро одилонаву олимона баршумурданд: “Тундбоди воқеаҳо, ки онҳоро бозсозӣ ба ҳаракат дароварда буд, боиси хархаша ва моҷароҳои зиёди сангину нангин дар Тоҷикистон шуданд. Ҷоҳталабону қудратталабон, рӯҳониёне, ки солиёни зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, бо пуштибонии қувваҳои хориҷие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро намехоҳанд, якбора ба мубориза ошкоро бархостанд. Ҳисси носолими маҳалгароӣ, хешутаборпарастӣ тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Ҷумҳурӣ ба вартаи касодии иқтисодӣ ва сиёсӣ гирифтор шуд. Рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ боздошт шуданд. Сатҳи зиндагӣ поин рафт. Ахлоқи ҷомеа тағйир ёфт. Умеду орзуҳои неки мардум нимкора монд”.

Ҷанги таҳмилии бародаркушӣ душманонро шоду умеди меҳандӯстонро, ки Истиқлолиятро заминаи озодиву ободӣ пиндоштанд, барбод дод. Нафридану накӯҳидан овози дилҳои мардум гашту ғазабу ғараз пардаи чашмҳоро пӯшида буд. Аз ҳама бад дӯстро аз душман фарқ кардан дар он рӯзҳо муҳол буд. Бародар бар хуни бародар аҳд баст. Ана ҳамин буд самара аз ҳафтод сола давлати шӯравие, ки аз он мефахридему менозидем. Мардуми тоҷик, ки таърихан фарҳангдӯст буду сулҳхоҳ ҳаргиз бояд ба ҳамдигаркушӣ роҳ намедод. Аммо чун аз аҳли ҳувиятбарбоддодагон будем, дар ин давраи гузариш, ки рукнҳои ҳувияти миллӣ аз хотирҳо маҳв гашта буданд, имону виҷдону шукру сабр дигар коргар наяфтоданд. Ба илова, “таҷрибаи даврони шӯравӣ собит сохт, ки нобаробар тараққӣ кардани минтақаҳои гуногун метавонад омили норизоӣ, ноиттифоқӣ ва заиф гардидани ҳамбастагии дохилии ҷомеа гардад”. Зарари моддӣ аз натиҷаи ҷанг агар беш аз ҳафт миллиард доллари амрикоиро ташкил дода бошад, зарари ҷонӣ ҳадду ҳисобе надошт. Чаро ки он чӣ тороҷ гашту ба яғмо рафту валангор шуд, дар солҳои минбаъда барқарор гардид, аммо шамъи он ҷонҳое, ки хомӯш гардид, ба қавли Пешвои миллат “ба шарафу нангу номуси халқу миллат ва саҳифаҳои таърихи чандинасраи безаволаш доғи нанг гузошт”.

Хушбахтона, ба қавле «к-аз хато дур туро зеҳну закои ту кунад», халқ бо такя ба заковату фаросати таърихии худ ба қасди фиребофаринон пай бурда, сарчашмаи эҳсосро хушку лаҷоми ақлро ба даст гирифта, дар фикри ба ҳам овардани миллату ташкили давлату ҳукумат гардид. Ноябри соли 1992 мардуми сулҳхоҳи Хуҷанди бостон бо оғӯши боз намояндагони Иҷлосияи XVI Шурои Олиро истиқбол карданд. Маҳз 19 ноябри соли 1992 бо раъйи баста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори давлат интихоб мегардад. Раиси навинтихоби Ҷумҳурии ҷадидтаъсиси Тоҷикистон аз рӯзи ба раёсати Шурои Олӣ расидан ба ҳалли муҳимтарин вазифа – поён додани ҷанги дохилӣ дар кишвар даст мезанад. Барои ин манзур ӯ музокирот бо мухолифинро оғоз мекунад. Бо вуҷуди чаҳор соли музокира талошҳое барои дастёбӣ ба тавофуқ сурат гирифт. Мулоқот бо мухолифон 18 маротиба, дар шаҳрҳои Маскав, Эрон, Ашқобод, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор мегардад. Барои бастани шартномаи ризоияти миллӣ монеаҳо ниҳоят зиёд буданд. Ҳарчанд дар давоми ду соли ташкили Ҳукумат зиёд масъалаҳо, аз ҷумла ташкил кардани вазорату кумитаҳо, ҷоннок кардани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, таҳия шудани қонунҳои тақдирсоз, қабул шудани рамзҳои давлатӣ, ба ватан баргардонида шудани қисмати зиёди гурезагон ва амсоли инҳо ҳаллу фасл шуда бошанд ҳам, ҳанӯз номувофақативу мухолафат дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ва дур аз ихлосу мухоласат будани гурӯҳе аз мансабдорон дар ба эътидол овардани вазъият халалҳои ҷонгазой мерасонданд. Агарчи вазъият дар бархе аз нуқоти ҷумҳурӣ бад буда, мухолифин ҳамчунон мусаллаҳ буданд, Сарвари давлат мисли ҳарвақта умеди ваҳдатро дар ҷон нашикастанд ва он низоъҳоро носозии байни бародарон бишмурданд ва умедашон буд, ки “оқибат ақлу хиради солим пирӯз меояд ва мо дар рӯзи саодат ба рӯйи бародарону хоҳарон – ба рӯий якдигар оғӯши гарм мекушоем”.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун рӯйдоди бузурги сиёсӣ мақоми хоса дорад. Маҳз ҳамин маъракаи сиёсӣ кишвари моро аз вартаи харобиву нестшавӣ наҷот дода, пояҳои давлати навтаъсиси тоҷиконро мустаҳкам намуд. Кулли дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи тақдирсози таърихӣ робитаи мустаҳкам доранд.

Фарорасии ин ҷашни миллиамонро ба кулли мардуми шарафманду саодатманди тоҷик муборакбод гуфта, муваффақияту хушрӯзиҳои бештарро ба ин халқи фарҳангофар хоҳонем.

Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм