Skip to main content

«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Вақте ки мо ба оинаи таърихи навини Тоҷикистон назар меандозем, мебинем, ки сулҳу суботи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Воқеан, аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта то ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар он рӯзҳо бенизомиву бетартибӣ ҳукмфармо, меъёрҳои қонунҳои давлат зери по шуда, бесарусомониву ҷинояткорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ шакли муташаккилонаро гирифта буд. Дар ин марҳила, бисёре аз фарди Тоҷикистон Ватанро тарк карда, ба дигар кишварҳо фирор намудаанд.

Аз ҷумла, ман даъватнома доштам ба Донишгоҳи Ҳумболди Олмон, шавҳарам даъватнома доштанд ба Донишгоҳи Михаил Ломоносови шаҳри Маскав. Мо ба ҳеҷ куҷо нарафтем, гуреза ҳам нашудем, бо тамоми мардуми Тоҷикистон азият кашидем. Илова бар ин, дар ин раванди фазои ҷангӣ дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе 30 нафар қумандонҳои ниқоби сиёҳ пушида, моро бо тиру туфанг таъқиб намуданд. Дар натиҷа моро аз нақлиёти “камаз” фароварданд. Пас аз он шавҳарам гуфтанд, ки ман Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тоҳиров Фозил Тоҳирович ҳастам. Баъдан яке аз қумандонҳо ӯро шинохта, чунин иброз кард: “Ту мужик будаӣ ку”. Дар охир моро раҳо кард, ки то ҳанӯз ин лаҳзаҳои мудҳиш аз ёдам намеравад.

Ба маврид медонам таъкид намоям, ки он замон ман арӯси нав будам, қумандонҳо чунин суол карданд, ки ин духтари ҷавон ва зеборо куҷо мебарӣ? Пас, Муаллим ҷавоб доданд, ки ин хонум оилаи ман аст. Баъдан қумандон посух дод, ки “кори ту омад кардааст”, дар сурати баръакс моро нобуд мекарданд.

Он вақт ман бо оилаам дар хиёбони Айнӣ зиндагӣ мекардам. Баъди кор дар хонаамон тирҳоро дарёфт мекардем. Оинаамон мисли ғалбер шуда буд. Дар хиёбон садои тиру туфанг хело даҳшатноку шадид буд. Бинобар ин пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин кори осон набуд.

Дар ҷанги шаҳрвандӣ зиёда 150 ҳазор инсонҳо ҷони худро аз даст додаанд. Кӯдакон бе сарпараст монданд. Дар лаҳзаҳои ҳассос ва мушкил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахти тоҷикон шахсияти адолатпарвар, меъмори сулҳу субот, шахсияти оқилу доно тоҷиконро ҳифз карда тавонистанд.

Пеш аз он ки мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ кунем, чи қадар гуфтушунидҳо ва созишномаҳо бо мухолифин бо роҳбарии Саид Абдулло Нурӣ дар Қазоқистон, Теҳрон, Маскав шуда гузаштаанд, ки билохира 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд. Ин санади муҳими таърихӣ ва фаромушношуданӣ дар кишвари маҳбуби мо моро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод.Воқеан ҳам ин ҳуҷҷат, сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро, дар ин рўзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият пайваст, яъне дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ миёни фарзандони миллат хотима гузошта шуд ва сулҳи бебозгаштро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овард.

Ногуфта намонад, ки воқеаи муҳими таърихӣ ин аст, ки дар сарҷамъ кардани миллат ва иттиҳоду ягонагӣ муҳтарам Пешвои миллат нақши мондагор ва пурарзиш гузоштанд. Саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезагон ниҳоят назаррас ва тақдирсоз мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати тоҷик дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд, тавонистанд, ки оташи ҷангро дар кишвари тоҷикон афрӯзанд, мухолифати шадиди мусаллаҳона ба вуҷуд омад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои ҷорӣ поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд, ки ман худ шоҳиди ин рӯзҳои сангин будам.

Дар ин муддат бештар аз бист вохӯри расмӣ байни ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони мухолифини тоҷик баргузор гардид.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар ҳафт вохӯрӣ бевосита иштирок намуда, бо роҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик масъалаҳои мухталифи вобаста ба Созишномаи сулҳро муҳокима намудаанд.

Вобаста ба ин Ҷумҳурии соҳибистиқлоли азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.

Вале дар хусуси нақши як санади муҳими ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсус бояд қайд кард.

Маҳз дар асоси Қонуни зикршуда иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардида, парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар маводи таъқибӣ доир ба онҳо қатъ карда шуданд.

Дигар ин, ки бо назардошти аҳамиятти масъалаҳои ҳуқуқӣ дар музокироти байни тоҷикон дар сохтори Комиссияи оштии миллӣ бахши махсус – зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он таҳияи механизмҳои амалӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқии Созишномаи умумӣ буд.

Тағйироту иловаҳо, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешуданд, таҳия ва мувофиқа гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, тавассути Парламенти кишвар ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуданд.

Дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, ҳамзамон бо ин интихоботи Президенти мамлакат дар шароити сифатан нав баргузор гардид. Сипас, мувофиқи низоми муосири интихобот, моҳи феврали соли 2000 Парламенти нави касбӣ интихоб гардид ва ба фаъолият пардохт.

Омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ

низ дорад, зеро он яке аз мавзӯъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшинос ва умуман сиёсатмадорону ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад.

Ва чунон, ки эътироф шудааст, таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад.

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем.

Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, тамоми дастоварди Тоҷикистонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста медонем.

Имрўзҳо фурсате расидааст, ки барои дар замири ҳар фарди кишвар, новобаста аз миллату нажод, эътиқоди диниву мазҳабӣ ҷой додани эҳтиром ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои Ваҳдати миллӣ корҳои воқеиву доимиро дар сатҳи арзишманд ба роҳ монда шаванд ва набояд, ки ин амал характери маъракавӣ касб намуда, танҳо дар рӯзҳои таҷлили Ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад.

Хулоса, Сулҳи ба дастомада бояд ҳамеша дастури амал барои зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ бошад.

Маҳз аз баракати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвари тозаистиқлол падидаҳои навро фароҳам овард.

Имрӯз шукргузор аз он ҳастем, Тоҷикистон бо зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд, ки ин бозгӯи татбиқи сиёсати “Дарҳои кушода” мебошад.

Махсусан Стратегияи дастгирии самти илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир ва саривақтӣ аст. Дар ин росто иқдомҳои наҷибу муҳим дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон пеш гирифта шудаанд.

Дар ҳақиқат, сарбаландона иброз медорем: Тоҷикистон ба пеш!

Санавбарбону Воҳидова - доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи Аврупо