Skip to main content

Тоҷикистонам гулафшон аз баҳори Ваҳдат аст,

Дар нигоҳи офтоби ӯ шарори Ваҳдат аст.

(Шаҳрияи АҲТАМЗОД)

Бояд гуфт, ки боре зимни мутолиа дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ чашмам ба нигоштаи адиби оламшумули доғистонӣ, барандаи Ҷоизаи ленинӣ ва инчунин Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Расул Ғамзатов афтод, ки мавсуф дар сифоти Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин гуфтааст: ”Фақат ҷанг набошад шуд, он гаҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.

Оре, басо ҳам дуруст қайд кардааст ин нависандаи маъруф, чунки ҳаёт собит намудааст, ки хоҳ - нохоҳ пас аз рух додани воқеаҳои муҳимми сиёсӣ дар ҳар як кишвар шахсони таърихиро рӯйи саҳнаи сиёсат меоранд ва ҳамзамон ин нафарони диловару шуҷоъ дар сарнавишти миллату давлати худ бо мурури айём ва раванди рӯзгор нақши боризи худро мегузоранд.

Яке аз ин гуна ашхоси машҳури рӯйи олам - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки дар як давраи ниҳоят пурхавфу хатар ва дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор доштани кишвар ва дар мавриди фалаҷ гаштани пояҳои давлату давлатдорӣ бо як ҷуръату далерии рустамона зимоми давлату давлатдориро ба уҳдаи худ гирифта, давлати тоҷиконро аз фаноёбӣ ва миллатро аз вартаи фалокат наҷот доданд. Илова бар ин мардуми парокандаву ба кишварҳои хориҷӣ ба таври иҷборӣ ҳиҷрат кардаро аз хоки Афғонистону дигар мамолики рӯйи олам ба Ватани аҷдодиашон бозгардониданд.

Баъди бозгашти фирориён барои таъмини сулҳу суботи сартосарӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагонӣ ба таври пайваста ғамхориҳо зоҳир карданд. Тири онҳое, ки мехостанд ҷумҳурии нав ба Истиқлол расидаи тоҷиконро дар вартаи ҳалокату фалокат қарор диҳанду саропо ва ғарқа дар нифоқу низоъ ва ҷудоиандозиҳову парокандагиҳо бубинанд, ниҳоятан хок хӯрд.

Ҳамин тариқ, пеш гирифтани роҳи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳисси баланди масъулият зоҳир карданҳо, талошу ҷонбозиҳо, муроду номуродиҳо, шинохти ҳувияти миллӣ, расидан ба сулҳу суботи доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҷоннисорона бархостану зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтан, наҷоти кишвари харобу валангоргардида аз вартаи фалокату ҳалокат, эҳёи суннату анъанаҳои аҷдодӣ, ташкили оши оштӣ, гуфтушунидҳои ҳамешагӣ ва талошу муборизаҳои ватандӯстона, ҳифзи марзу бум ва таъмини амният дар маркази пойтахти мамлакат ва иҷрои дигар амалҳои накӯю судбахш боис бар он гаштанд, ки дар натиҷа мардуми паҳну парешон ва дар гирдоби номуродиҳо афтодаро раҳнамо гардаду ҳамаи онҳоро дар атрофаш мутаҳид намуда, дар қалби ҳар кадомашон ахтару шуълаи умедро ба рӯзгори орому осуда афрӯхта, ниҳоятан давлатро аз фаноёбӣ наҷот бахшад. Тавре шоира Адибаи Хуҷандӣ хуб гуфтааст:

Хати батлон кашидӣ, ҷангу вайрониву бадхоҳӣ,

Китоби сулҳу ваҳдат ҳарф - ҳарф эҷод кардӣ ту.

Зи ҷангу тирагӣ халқат гурезону парешон буд,

Биёвардӣ ба Меҳан, хонааш обод кардӣ ту.

Ту авфи муҷримон кардӣ, гунаҳшонро бубахшидӣ,

Адолат кардаву инсоф, оре, дод кардӣ ту.

Ватан вайрона аз ағёр шуд, обод кардӣ ту,

Ватанро хонаи хуршед кардӣ, шод кардӣ ту.

Оре, воқеан ҳам мо ба масири сиёсати сулҳу ваҳдатофарии Пешвою раҳнамои кишварамон аз замони ба сулҳу суботи комил расидан як назари иҷмолӣ андозем, пас маълум мегардад, ки бо дурандешӣ ва талошҳои хастанопазиронаи ӯ давлату давлатдории тоҷикон аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфт. Муҳаққиқ ва сиёсатшиноси варзида Абдуллоҳи Раҳнамо чунин гуфтааст: ”Аввалан бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст.

Ӯ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Дастовард ё қадами устувори чаҳоруми Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба Ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.

Маҳз барқарори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ наҷот ёбад ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳо шаванд. Бинобар ин, масъалаи сулҳу ваҳдат барои давлату миллати мо на танҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштиву ҳамзистӣ, балки масъалаи наҷоти миллӣ буд. Ва ин тарҳи наҷоти таърихии миллӣ маҳз бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Худи ҳамин хидмати беназир кофист, ки ӯ ҳамчун шахси муттаҳидкунандаи миллат ва пешвои воқеии миллӣ эътироф ва пазируфта шавад.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад”.

Бобозода Бақохоҷа - директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании А