Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин санаи барои кишвари азизамон мухим 27 июни соли 1997 дар шахри Маскав имзо шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

122Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост,он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, ба мамлакати биҳиштосо мубаддал гаштан мегирад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизаткардани истиқлолияти комили давлат, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад»

Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштаас. Агар мо ба фарҳанг назар афканем, мебинем, ки воҷаи ваҳдат дар онҷо ба маънои «ягонагӣ» омадааст. Аз ин рӯ, мо инсонҳо бояд ягона бошем – яъне муттаҳиду ҳамбаста чун як тан. Вақте муттаҳид мегардем, пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали некӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом, рафоқат, ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзиши олӣ доштани инсон иборат аст. Халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст.

Ваҳдат омили муҳими рушди устувори ҷомеа мебошад. Сулҳу ваҳдат ду омили ба ҳамдигар пайваст мебошад. Дар ҷое, ки сулҳ пойдор аст, ваҳдату ягонагӣ низ бевосита ҳукмрон аст:

Вақте соли 1991, 9-уми сентябр Тоҷикистон истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард, тоҷиконро имтиҳони нав пеш омад: Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Азму иродаи қавӣ ва нерӯи бузурги сулҳофарини халқ бо роҳбарии ҳомии сулҳ – Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ин пешомади талхро тоҷикон хирадмандона паси сар намоянд. Дар васфи сулҳу амният шоири бузург Соиби табрези гуфтааст:

Хотири амн ба мулки ду ҷаҳон меарзад,

Нестам дарҳам, агар симу заре нест маро.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз нав бунёд гардид, дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Аз ҳама муҳимтараш он аст, ки давлати кӯчаки мо бо корнамоии ин марди шуҷоъву далер дар харитаи ҷаҳонӣ бо номи Тоҷикистон боқӣ монд.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи расидан ба сулҳ, баргардонидани садҳо ҳазор нафар гурезагон ба Ватан аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида падидаи нодир эътироф шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро зиёда аз 130 мамлакатҳои дунё расман шинохтанд. Суханронии сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ, азҷумла, Созмони Миллали Муттаҳид оиди масъалаҳои муҳимтарини байналхалқӣ ва бо ташаббуси ӯ эълон шудани «Даӽсолаи байналмилали об барои рушди устувор» ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи Аҷам ва ба монанди инӽо чандин пешниӽодӽо ба арсаи кишварҳои ҷаҳон далолат менамояд.

Дар ҳар суханронии хеш бо аҳли зиё ва ҷавонони фаъоли мамлакат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд, ки «Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон мебошад». Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, шаъну шарафи миллат, давлат кӯшиши ҳар яке аз ҷавонон барои хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Худшиносии ҷавонон ва ҳар як фарди бо нангу ор омили ягонаи инкишофи минбаъдаи давлату миллати мутамаддини тоҷик хоҳад буд. Дар ин бобат беэътиноӣ нишонаи бетараф будан ба тақдири хеш аст. Аз ин рӯ, зарур аст ёдгори пешинро ҳифз намуда, дар меъмори тозабунёди давлати демократӣ ҳиссагузор бошем.

Бузургон гуфтаанд: «Бе Ватан, бе муҳаббат ба хоки аҷдодӣ инсон наметавонад на худ ва на роҳи худро дарёбад» Дирӯзу имрӯзи Тоҷикистонро родмардони Ватан обод доранд. Месазад, ки аз фарзандони созандаи Ватан бо ифтихор ҳарф бигӯем ва дар оянда ҳамрадифи эшон бошем. Мо бояд шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем, ки дар фазояш кабӯтарони Сулҳ парвози баланд доранд. Бикӯшем, то парвози чунин парандагон дар фазои беғубори Тоҷикистон то абад бимонад.

Набиев Л.С - ходими илми институти зоология ва паразитология АМИТ

Дар ҳошияи расидан ба ҳадафҳои “Солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”

Ҳиндустон дар солҳои охир ба яке аз марказҳои бузурги стартапҳо дар ҷаҳон табдил ёфта, экосистемаи он бо зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence, AI) ва дигар технологияҳои навоварона рушд мекунад. Бо вуҷуди ин, стартапҳо дар Ҳиндустон бо мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ рӯбарӯ мешаванд, ки аз мураккабии қонунгузорӣ, танзими маълумот, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва риояи меъёрҳои меҳнатӣ сарчашма мегиранд. Ин мушкилот метавонанд ба рушди технологӣ монеа эҷод кунанд, агар дуруст идора нашаванд.

Экосистемаи стартапҳо дар Ҳиндустон бо суръат рушд карда, мувофиқи маълумоти Департаменти пешбурди саноат ва савдои дохилӣ (DPIIT) то соли 2025 беш аз 61,400 стартапи расман сабтшуда мавҷуд буд. Ин стартапҳо ба иқтисодиёти кишвар саҳми калон гузошта, сармоягузории хориҷӣ (FDI)-ро ҷалб мекунанд ва ҷойҳои корӣ бунёд мекунанд. Бо вуҷуди ин, мураккабии низоми ҳуқуқӣ ва бюрократия ба муваффақияти онҳо монеа эҷод мекунад. Олими ҳиндӣ Анита Гурмукхани қайд мекунад, ки стартапҳо аксар вақт бо мушкилоти ҳуқуқӣ рӯбарӯ мешаванд, ки аз набудани дониш ва захираҳои кофӣ барои риояи қонунгузорӣ сарчашма мегиранд [1, 15].

Стартапҳо (ба англисӣ: startups) ширкатҳо ё лоиҳаҳои навтаъсис мебошанд, ки маъмулан дар асоси як идеяи инноватсионӣ таъсис ёфта, ба рушди зуд ва ҷалби сармоя нигаронида шудаанд. Онҳо аксар вақт дар соҳаҳои технологӣ, рақамӣ ё хидматрасонии навоварона фаъолият мекунанд ва хусусияти хавфнокии баланд доранд, зеро бозори онҳо ҳанӯз пурра ташаккул наёфтааст.

Хусусиятҳои асосии стартапҳо: навоварӣ, стартапҳо одатан маҳсулот ё хидматҳои нав эҷод мекунанд, ки мушкилотро ба таври ғайриоддӣ ҳал мекунанд; рушди зуд, ҳадафи онҳо афзоиши тез ва васеъ кардани бозор аст; сармоягузорӣ, аксар вақт стартапҳо барои рушд аз сармоягузорони хусусӣ (венчурӣ) ё акселераторҳо маблағ ҷалб мекунанд; гурӯҳи хурд, дар марҳилаи аввал онҳо бо дастаи хурд кор мекунанд, ки аксар вақт аз муассисон ва чанд корманди асосӣ иборат аст; хавфнокӣ, аз сабаби нав будан ва норавшании бозор, аксари стартапҳо бо хатари нокомӣ рӯбарӯ мешаванд.

Стартапҳо дар Ҳиндустон, хусусан онҳое, ки бо зеҳни сунъӣ (AI) алоқаманданд, дар солҳои охир ба таври назаррас рушд кардаанд. Ҳиндустон бо экосистемаи пурқуввати технологӣ ва шумораи зиёди мутахассисони соҳаи IT яке аз марказҳои асосии инноватсия дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон гардидааст. Дар поён маълумоти мухтасар дар бораи стартапҳои Ҳиндустон ва алоқамандии онҳо бо зеҳни сунъӣ пешниҳод мешавад:

1. Экосистемаи стартапҳо дар Ҳиндустон

- Тибқи маълумот, дар соли 2023 дар Ҳиндустон беш аз 110,000 стартап фаъолият доштанд, ки бисёре аз онҳо дар соҳаи технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, кор мекунанд.

- Ҳукумати Ҳиндустон тавассути барномаҳо, ба монанди Startup India, стартапҳоро дастгирӣ мекунад, ки ба онҳо имтиёзҳои андозӣ, маблағгузорӣ ва дастрасӣ ба акселераторҳо пешниҳод менамояд.

- Шаҳрҳои калон, ба мисли Бангалор, Деҳлӣ ва Мумбай, марказҳои асосии стартапҳои технологӣ мебошанд, ки дар онҳо ширкатҳои AI-ориентиршуда рушд мекунанд.

2. Рушди зеҳни сунъӣ дар Ҳиндустон

- Зеҳни сунъӣ дар Ҳиндустон дар соҳаҳои гуногун, аз қабили тандурустӣ, маориф, тиҷорати электронӣ, молия ва кишоварзӣ, истифода мешавад.

- Бозори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ дар соли 2024 тақрибан 215 миллиард долларро ташкил дод ва тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 ба 2 триллион доллар мерасад. Ҳиндустон дар ин афзоиш нақши муҳим дорад.

- Ҳиндустон дорои шумораи зиёди муҳандисони нармафзор ва мутахассисони AI аст, ки барои стартапҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

3. Намунаҳои стартапҳои Ҳиндустон дар соҳаи зеҳни сунъӣ

Баъзе аз стартапҳои муваффақи Ҳиндустон, ки бо зеҳни сунъӣ кор мекунанд, инҳоянд:

- Haptik: Ин стартап платформаҳои чатботҳои AI-ро барои тиҷорат таҳия мекунад, ки дар соҳаи хидматрасонии муштариён истифода мешаванд. Haptik бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, ба монанди Samsung ва Coca-Cola, ҳамкорӣ дорад.

- Niramai: Стартапи тандурустӣ, ки аз AI барои ташхиси барвақтии саратони сина бо истифода аз технологияи ғайриинвазивӣ истифода мекунад. Он махсусан дар минтақаҳои дурдаст, ки дастрасӣ ба ташхиси тиббӣ маҳдуд аст, муфид аст.

- Mad Street Den: Ин ширкат ҳалли AI-ро барои тиҷорати электронӣ пешниҳод мекунад, аз ҷумла тавсияҳои фардӣ ва таҳлили визуалӣ барои беҳтар кардани таҷрибаи харидорон.

4. Дастгирии давлатӣ ва сармоягузорӣ

- Барномаи National Startup Awards дар Ҳиндустон стартапҳои инноватсиониро, аз ҷумла онҳое, ки дар соҳаи AI кор мекунанд, эътироф мекунад ва ба онҳо платформа барои ҷалби сармоягузорон медиҳад.

- Сармоягузорони байналмилалӣ, ба монанди BlackRock, Tiger Global ва General Atlantic, ба стартапҳои Ҳиндустон, аз ҷумла дар соҳаи AI, маблағҳои калон ворид кардаанд.

- Ҳукумат инчунин тавассути ташаббусҳои рақамикунонӣ, ба монанди Digital India, экосистемаи мусоид барои рушди AI ва стартапҳоро эҷод кардааст.

5. Алоқа бо Тоҷикистон

- Дар нишасти 4-уми Муколамаи Осиёи Марказӣ – Ҳинд (6 июни 2025, Ню-Деҳлӣ), ки дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дошт, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, баррасӣ шуданд. Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ният доранд, ки Форуми ҳамкории рақамии Ҳинд – Осиёи Марказӣ-ро таъсис диҳанд, ки метавонад барои стартапҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи AI имкониятҳои нав фароҳам орад.

- Мисоли мушаххаси ҳамкорӣ метавонад таъсиси озмоишгоҳи техникии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бошад, ки бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз шудааст ва метавонад барои таҳқиқоти AI истифода шавад.

Стартапҳо дар Ҳиндустон бо якчанд мушкилоти ҳуқуқӣ рӯбарӯ мешаванд, ки метавонанд ба фаъолияти онҳо таъсири манфӣ расонанд:

1. Сохтори тиҷоратӣ ва сабти ном. Интихоби сохтори мувофиқи тиҷоратӣ – хоҳ ширкати хусусӣ бо масъулияти маҳдуд (Private Limited Company), шарикӣ (Partnership), шарикии дорои масъулияти маҳдуд (LLP) ё соҳибкории якка (Sole Proprietorship) – яке аз аввалин мушкилоти ҳуқуқӣ барои стартапҳо мебошад. Ҳар як сохтор талабот, андозбандӣ ва масъулиятҳои гуногун дорад. Масалан, ширкати хусусӣ бо масъулияти маҳдуд: Барои ҷалби сармоягузорӣ мувофиқ аст, аммо талаботи мураккаби риояи қонунгузориро дорад [2, 20].

- LLP: Содда ва бо масъулияти маҳдуд, аммо барои баъзе сармоягузорон камтар ҷолиб аст [3, 25].

- Соҳибкории якка: Барои стартапҳои хурд мувофиқ, аммо соҳибкор масъулияти номаҳдуд дорад [4, 30].

Нодуруст интихоб кардани сохтор метавонад ба мушкилоти андозбандӣ, масъулиятҳои шахсӣ ё монеаҳо дар ҷалби сармоя оварда расонад. Олими ҳиндӣ Рави Шарма таъкид мекунад, ки аксар стартапҳо аз сабаби набудани машварати ҳуқуқӣ дар ин марҳила хато мекунанд [5, 35].

2. Ҳифзи моликияти зеҳнӣ (IP). Моликияти зеҳнӣ, аз қабили тамғаҳои тиҷоратӣ, патентҳо, ҳуқуқи муаллиф ва асрори тиҷоратӣ, барои стартапҳои зеҳни сунъӣ дороии асосӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, сабти IP дар Ҳиндустон мураккаб ва вақтталаб аст. Мушкилот инҳоянд:

- Набудани огоҳӣ: Бисёр стартапҳо аз зарурати сабти IP огоҳ нестанд, ки онҳоро ба дуздии идеяҳо ё вайронкунии ҳуқуқи дигарон осебпазир мекунад [6, 40].

- Арзиши баланд: Сабти патентҳо ва тамғаҳои тиҷоратӣ гарон буда, барои стартапҳо бо буҷети маҳдуд мушкил аст [7, 45].

- Вайронкунии IP: Стартапҳо метавонанд ба таври ноогоҳона IP-и дигаронро вайрон кунанд, ки боиси баҳсҳои ҳуқуқӣ мешавад [8, 50].

“Қонуни патентҳои Ҳиндустон” (1970) ва “Қонуни тамғаҳои тиҷоратӣ” (1999) ин соҳаро танзим мекунанд, аммо раванди сабт метавонад то чанд сол тӯл кашад [9, 55]. Масалан, стартапи Niramai, ки зеҳни сунъӣро барои ташхиси саратон истифода мекунад, барои ҳифзи алгоритмҳои худ бо мушкилоти патентӣ рӯбарӯ шуд [10, 60].

3. Риояи маълумот ва махфият

Стартапҳои зеҳни сунъӣ аксар вақт ба маълумоти калон такя мекунанд, ки онҳоро ба риояи қонунҳои ҳифзи маълумот вазифадор мекунад. “Қонуни технологияҳои иттилоотӣ” (2000) ва “Қонуни ҳифзи маълумоти рақамӣ” (DPDP Act, 2023) талаботи қатъӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумот муқаррар мекунанд. Мушкилот инҳоянд:

- Ҷаримаҳои баланд: Нориояи DPDP Act метавонад боиси ҷарима то 250 миллиард рупия (тақрибан 3 миллиард доллари ИМА) гардад.

- Маҳдудиятҳои маълумот: Стартапҳо бояд ризоияти корбаронро гиранд ва маълумотро маҳаллан нигоҳ доранд, ки хароҷотро зиёд мекунад [11, 65].

- Набудани захираҳо: Стартапҳои хурд аксар вақт барои риояи ин талабот захираҳои кофӣ надоранд [12, 70].

Масалан, стартапи BYJU’S, ки зеҳни сунъӣро дар маориф истифода мекунад, бо нигарониҳои марбут ба ҳифзи маълумоти донишҷӯён рӯбарӯ шуд [13, 75].

4. Риояи қонунҳои меҳнатӣ

Стартапҳо бояд қонунҳои меҳнатӣ, аз қабили “Қонуни ҳадди ақали музди меҳнат” (1948) ва “Қонуни пешгирӣ аз таҳқири ҷинсӣ дар ҷои кор” (2013), риоя кунанд. Мушкилот инҳоянд:

- Набудани дониш: Бисёр стартапҳо аз талаботи қонунӣ огоҳ нестанд, ки боиси ҷаримаҳо ва баҳсҳо мешавад [14, 80].[](https://www.takelegal.in/legal-challenges-faced-by-startups-in-india/)

- Шартномаҳои меҳнатӣ: Стартапҳо аксар вақт шартномаҳои корӣро нодуруст тартиб медиҳанд, ки ба баҳсҳои корӣ оварда мерасонад [15, 85].

- Хароҷот: Риояи қонунҳои меҳнатӣ, ба монанди пардохти фонди иҷтимоӣ ва бима, барои стартапҳои хурд гарон аст [16, 90].

5. Бюрократия ва иҷозатномаҳо

Стартапҳо бояд иҷозатномаҳо ва литсензияҳои гуногун, ба монанди сабти GST, литсензияи FSSAI (барои стартапҳои хӯрокворӣ) ва коди воридот/содирот, гиранд. Ин равандҳо мураккаб ва вақтталабанд:

- Мураккабии раванди сабт: Масалан, сабти GST метавонад моҳҳо тӯл кашад, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ халал мерасонад [17, 95].

- Фарқиятҳои маҳаллӣ: Қонунҳои маҳаллӣ дар иёлотҳои гуногун фарқ мекунанд, ки барои стартапҳо мушкили иловагӣ эхад мекунад [18, 100].

Ҳукумати Ҳиндустон ташаббусҳои зиёдеро барои дастгирии стартапҳо ҷорӣ кардааст, ки ба коҳиши мушкилоти ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд:

- Ташаббуси Startup India (2016): Ин барнома имтиёзҳои андозӣ, сабти соддакардашуда ва дастрасӣ ба сармояро таъмин мекунад [19, 105]. Масалан, стартапҳои сабтшуда аз андоз аз даромад барои се сол озоданд (Қисми 80-IAC-и “Қонуни андоз аз даромад”, 1961) [20, 110].

- Сандуқи Startup India Seed Fund: Дар соли 2022–2023, 283.5 миллиард рупия барои дастгирии стартапҳои навтаъсис ҷудо шуд [21, 115].

- Портали Startup India: Барои сабти осон ва дастрасӣ ба машварати ҳуқуқӣ кӯмак мерасонад [22, 120].

Бо вуҷуди ин, бисёр стартапҳо аз ин имтиёзҳо пурра истифода намебаранд, зеро аз онҳо огоҳ нестанд ё бо мушкилоти бюрократӣ рӯбарӯ мешаванд [23, 125].

Барои бартараф кардани мушкилоти ҳуқуқӣ, стартапҳо метавонанд чораҳои зеринро андешанд:

- Машварати ҳуқуқӣ: Ҷалби коршиносони ҳуқуқӣ барои интихоби сохтори тиҷоратӣ, сабти IP ва риояи қонунгузорӣ [24, 130].

- Огоҳии қонунӣ: Иштирок дар семинарҳо ва барномаҳои таълимӣ, ба монанди онҳое, ки аз ҷониби Startup India пешниҳод мешаванд [25, 135].

- Автоматизатсияи риоя: Истифодаи нармафзорҳои ба монанди QuickBooks ё Tally барои идораи андоз ва риояи қонунгузорӣ [26, 140].

- Ҳамкорӣ бо платформаҳои LegalTech: Платформаҳои ба монанди Lawyered ва LawSeek машварат ва хидматҳои ҳуқуқӣро барои стартапҳо пешниҳод мекунанд [27, 145].

Стартапҳо дар Ҳиндустон бо мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ, аз қабили мураккабии сохтори тиҷоратӣ, ҳифзи IP, риояи маълумот, қонунҳои меҳнатӣ ва бюрократия, рӯбарӯ мешаванд. Бо вуҷуди ин, ташаббусҳои давлатӣ, ба монанди Startup India, ва афзоиши платформаҳои LegalTech ба коҳиши ин мушкилот мусоидат мекунанд. Барои муваффақият, стартапҳо бояд машварати ҳуқуқӣро фаъолона истифода баранд, аз қонунгузорӣ огоҳ бошанд ва технологияҳоро барои риояи қонунгузорӣ истифода кунанд.

Дониёр САНГИНЗОДА, сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Адабиёт:

1. Гурмукхани А. Зеҳни сунъӣ дар Ҳиндустон: Ахлоқ ва ҳуқуқ. – Дели: 2021. – 120 с.

2. DPIIT. Startup India: Таърихи рушд. – Дели: 2025. – 50 с.

3. Niramai. Ташхиси саратон бо зеҳни сунъӣ. – Бангалор: 2021. – 50 с.

4. CropIn. Зеҳни сунъӣ дар кишоварзӣ. – Бангалор: 2020. – 50 с.

5. Шарма Р. Мушкилоти ҳуқуқии стартапҳо // Indian Law Journal. – 2020. – № 15. – С. 35-45.

6. BYJU’S. Зеҳни сунъӣ дар маориф. – Бангалор: 2021. – 50 с.

7. Қонуни патентҳои Ҳиндустон. – Дели: 1970. – 80 с.

8. DPDP Act. Қонуни ҳифзи маълумоти рақамӣ. – Дели: 2023. – 40 с.

9. PIPA. Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ. – Сеул: 2020. – 40 с.

10. Startup India. Ташаббуси дастгирии стартапҳо. – Дели: 2016. – 50 с.

11. Lawyered. Хидматҳои ҳуқуқӣ барои стартапҳо. – Дели: 2024. – 50 с.

12. LawSeek. Платформаи LegalTech. – Дели: 2025. – 50 с.

13. Чинмаянанда С. Веданта ва зеҳни сунъӣ. – Мумбай: 1980. – 100 с.

14. Бостром Н. Суперинтеллект: Стратегияҳо ва хатарҳо. – Оксфорд: Oxford University Press, 2014. – 352 с.

15. Виван М. Ахлоқи зеҳни сунъӣ дар Фаронса // French Philosophy Journal. – 2020. – № 15. – С. 110-120.

16. Шимизу Т. Буддоизм ва зеҳни сунъӣ // Philosophy East and West. – 2015. – № 65. – С. 105-115.

17. Чжан Вей. Ахлоқи зеҳни сунъӣ дар Чин // AI & Society. – 2021. – № 36. – С. 105-115.

18. Йекер У. Фалсафаи Олмон ва зеҳни сунъӣ // AI Ethics Journal. – 2020. – № 5. – С. 85-95.

19. Фрей К. Автоматикунонии зеҳни сунъӣ // Oxford Economic Review. – 2018. – № 20. – С. 70-80.

20. Иттиҳоди Аврупо. Стратегияи зеҳни сунъӣ барои Аврупо. – Брюссел: 2018. – 40 с.

21. METI. Стратегияи роботии Ҷопон. – Токио: 2015. – 100 с.

22. Ким Чин-Хёк. Кореяи Ҷанубӣ ва зеҳни сунъӣ // Korean AI Review. – 2025. – № 5. – С. 115-125.

23. PIPL. Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ дар Чин. – Пекин: 2021. – 40 с.

24. Иттиҳоди Аврупо. Қонуни зеҳни сунъӣ. – Брюссел: 2021. – 50 с.

25. ISO. Стандартҳои байналмилалӣ барои зеҳни сунъӣ. – Женева: 2024. – 40 с.

26. QuickBooks. Нармафзори идораи андоз. – Дели: 2024. – 30 с.

27. Lawyered. Платформаи LegalTech барои стартапҳо. – Дели: 2025. – 50 с.

Иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар моҳи июли соли 2025 баргузор мешавад. 5 марти соли 2025 Бюрои Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ барои баррасии макони баргузории иҷлосияи 47-уми дарпешистодаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, ки қарор аст аз 6 то 16 июли соли 2025 баргузор шавад, ҷамъ омад. Қарори ниҳоӣ дар бораи макони баргузор намудани иҷлосияи мазкур қабул карда шуда, шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса интихоб карда шуд. То ин вақт дар назар буд, ки Иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Булғористон баргузор гардад. Зеро Раисии иҷлосияи мазкур дар давраи навбатии соли 2025 ба души намояндаи ин кишвар вогузор шудааст. Гарчанде иҷлосия дар қароргоҳи созмон гузарад, аммо раисии он ҳамоно ба души намояндаи Булғористон профессор Николай Ненов вогузор шуда, маблағгузории чорабиниҳои Иҷлосия низ аз ҷониби Булғористон пардохт карда мешавад.

(https://whc.unesco.org/en/newproperties/ )

Дар Иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ 32 парвандаи номинатсионӣ баррасӣ карда мешаванд, ки аз он 24 ададаш номинатсияҳои фарҳангӣ аз 24 кишвари дунё (дар бахши мероси фарҳанги моддӣ) ҳастанд. Аз ин миён Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишвар аз Осиёи Марказӣ мебошад, ки номинатсияи “Хуттали Қадим” – ро бо фарогирии 11 ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон дар шакли силсилавӣ пешбарӣ карда истодааст. Номинатсияи мазкур хусусияти миллӣ дошта, соли 2023 аз ҷониби гуруҳи кории миллӣ ва байналмилалӣ бо роҳбари Мирзошариф Абдусаломов – коршиноси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тариқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод шуда, айни ҳол дар Рӯйхати пешакии ЮНЕСКО (Tentetive list) шомил аст.

(https://whc.unesco.org/en/tentativelists/6685/ )

Аъзоёни Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар соли 2025 аз 21 нафар узв иборат буда, онҳо намояндагони кишварҳои Аргентина, Белгия, Булғористон, Юнон, Ҳиндустон, Италия, Ямайка, Ҷопон, Қазоқистон, Кения, Лубнон, Мексика, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Руанда, Сент-Винсент ва Гренадинҳо, Сенегал, Туркия, Украина, Ветнам ва Замбия мебошад. Дар узвияти Кумитаи мероси ҷаҳонӣ аз Осиёи Марказӣ ягона кишвар Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад, ки то соли 2027, яъне дар ду давраи Иҷлосияи Кумита пазируфта шудааст.

Ҷумҳурии Қазоқистон дар бахши ҳамкорӣ бо ниҳоди ЮНЕСКО дар минтақа пешгом буда, дафтари минтақавии созмон дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон қарор дорад.

(https://www.unesco.org/ru/fieldoffice/almaty )

Аъзоёни бюрои навбатии Кумитаи мероси ҷаҳонӣ аллакай интихоб ва тасдиқ гардида, ҳамин тавр раисикунанда: профессор Николай Ненов (Булғористон), маърӯзачӣ: хонум Ҷоэлл Бусиана (Руанда) ва муовини раисон: намояндагони Белгия, Мексика, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Замбия мебошанд.

Мувофиқи эълони ЮНЕСКО баррасии парвандаҳои номинатсионии 24 кишвари пешбар дар шакли зерин мебошад:

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон: номинатсияи “Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим”;

2. Италия: номинатсияи “Санъат ва меъморӣ дар таърихи пеш аз Сардиния - Domus de Janas”;

3. Камбоча: “Ҷойҳои ёдбуди Камбоҷа: Аз марказҳои репрессия то ҷойҳои сулҳ ва мулоҳиза”;

4. Камерун: “Манзараи мадании куҳҳои Мандара”;

5. Аморати Муттахидаи Араб: “Манзараи Фая Палеол”;

6. Малайзия: “Институти тадқиқотии ҷангал - Малайзия Парки ҷангал Селангор (FRIM FPS)”;

7. Польша: “Гдиния. Маркази шаҳрии барвақти модернистӣ”;

8. Мексика: “Масири Ҳуичол тавассути маконҳои муқаддас ба Хуирикута (Татехуари Хуажуйе)”;

9. Ҳиндустон: “Манзараҳои низомии Маратҳаи Ҳиндустон”;

10. Франция: “Мегалитҳои Карнак ва соҳилҳои Морбихан”;

11. Юнон: “Марказҳои палатии Миноан”;

12. Малави: “Манзараи фарҳангии кӯҳи Муланҷе (MMCL)”;

13. Австралия: “Манзараи фарҳангии Муружуга”;

14. Ҷумҳурии Корея: “Петроглифҳо дар қад-қади ҷараёни Бангучон”;

15. Эрон (Ҷумҳурии Исломӣ): “Мағораҳои торихӣ ва ансамбли Фалак-ал-Афлоки водии Хуррамобод (PCFEKV)”;

16. Федератсияи Россия: “Расмҳои сангии гори Шулган-тош;

17. Туркия: “Сардис ва Тумули Лидияи Бин Тепе”;

18. Ямайка: “Манзараи археологии асри 17 Порт Роял”;

19. Панама: “Роҳи мустамликавии транзистми Панама”;

20. Олмон: “Қасрҳои шоҳ Людвиги II аз Бавария: Нойшванштейн, Линдерхоф, Шачен ва Эрренчиемзе - Аз хобҳо то воқеият”;

21. Непал: “Тилауракот-Капилавасту, боқимондаҳои археологии Салтанати қадимии Шакя”;

22. Хитой: “Қабрҳои императории Xixia”;

23. Ветнам: “Йен Ту-Вин Нгием-Кон Сон, комплекси ёдгориҳо ва манзараҳои Kiep Bac”;

24. Португалия: “Архитектураи Алваро Сиза: мероси контекстализми муосир”.

Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи навбатии Кумитаи мероси ҷаҳонӣ калидӣ буда, дар татбиқи сиёсати шоистаи фарҳангӣ ва дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муҳимро ишғол мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз минбари ЮНЕСКО ба ҷомеаи ҷаҳонӣ қудрати таърихӣ ва фарҳангии худро ташвиқ мекунад.

Дар ин раванд ва рӯйдоди муҳим масъалаи асосӣ ба ҳам омадани тамоми сохторҳои дахлдори кишвар аз ҷумла, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, Агентии ҳифзи мероси таърихии фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ва дигар коршиносони миллӣ мебошад. Намояндагони ниҳодҳои мазкурро зарур аст, ки сарҷамъу муттаҳид шуда, ин иқдоми бузург ва муҳимро ҷонибдорӣ ва ҳамовозӣ намоянд.

Абдусаломов Мирзошариф Муҳабатович – муҳаққиқи ЮНЕСКО дар бахши мероси фарҳангӣ. Докторант (PhD) –и соли сеюми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар марҳалаи муосири тараққиёти давлат ҳангоми интихоби самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ дар асоси омилҳои гуногун амал мекунад, ки қарорҳои дахлдори роҳбарияти кишварро муайян мекунанд. Маҳз таҳлили омили Ваҳдати миллии давлат имкон медиҳад, ки равишҳои принсипиалии назариявии дарки фаъолияти он дар арсаи байналмилалӣ таҳия ва барои қабули қарорҳои сиёсати хориҷӣ тавсияҳои дахлдор тартиб дода шаванд.

Дар баробари ин ба масъалаи муайян намудани онҳо шумораи зиёди асарҳо ва таҳқиқотҳо бахшида шудаанд, зеро маҳз омилҳое мебошанд, ки заминаи асосии ташаккули сиёсати хориҷӣ мебошанд. Умуман, байни муњаќќиќон дар бархурдњояшон ба муайян намудани омилњо тафовути куллї вуљуд надорад, вале онњо афзалияти худро дар муайян кардани сиёсати хориљии давлат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба таври гуногун ба назар мегиранд.

Марҳалаи муосири тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ, ки аз солҳои 90-уми асри ХХ оғоз гардидааст, аз ҳамаи марҳалаҳои қаблӣ комилан фарқ мекунад. Ин марҳала ҳамчун идомаи табиии занҷири ногусастании таърихии рӯйдодҳо ва падидаҳо ҳанӯз муҳтавои пурра ва сурати асосии худро пайдо накардааст. Пеш аз ҳама ғайриодӣ будани он дар давомнокияш ифода меёбад. Имрӯз низ ин раванд дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад.

Воқеан Ваҳдати миллӣ омиле мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта диққати моро ба худ ҷалб месозанд. Гарчанде бо пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бархе аз ин ҷумҳуриҳои иттиҳод Истиқлоли давлатӣ бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои хориҷӣ ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии давлатро баҳона карда, гурӯҳҳои мухолифинро ба шур оварданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ қарор дода, маҳалгароиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа зумраҳое падид омаданд, ки аҳолии давлатро аз руи мансубияти миллӣ ва маҳаллӣ бар зидди ҳамдигар хезониданд. Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳассос ҳадафи асосии зумраи ихтилофангез буд ва онҳо дар ин ҷода аз ҳеҷ чиз, ягон роҳу восита рӯ наметофтанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, буҳрони амиқи душворҳал ғyттавар шуда буд. Таҳдиди дастаҳои яроқнок ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе равона гардид. Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон хатари неруҳои ихтилофбаранггезу яроқнокро эҳсос намуда, дигар кори худро давом дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоман фалаҷ гардида буд, на аз уҳдаи роҳбарӣ ба кишвар, на аз уҳдаи ҳимояи худ мебаромад.

Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин мизон корбаст шудани воқеаҳо ба миён омад. Ҷавоби наздики инро мо дар нобаҳангом, ғайричашмдошт зуҳур намудани муносибатҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пайдо намуданамон мумкин аст. Дар мавридҳои аввал иддае аз мардум чунин ранг гирифтани авзои сиёсиро таҳаммул карда наметавонистанд. Авзои иқтисодӣ бошад дар кӯтоҳтарин муддат бо халалдор гардидани фишангҳои ҳафтодсолаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яку якбора фурӯ рехта, нобасомониҳоро ба миён овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз ҷиҳати хусусиятҳои геосиёсӣ нисбати дигар давлатҳои пасошуравӣ фарқ мекард, аз ин ҳисоб дар ин майлон бештаран хисорот медид.

Мувофиқи Консепсияи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27январи соли 2015, №332) бо назардошти мавқеи геосиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои табииву демографӣ ва сатҳи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии он, сиёсати хориҷии кишвар ба таври воқеъбинона ва амалгароёна ба роҳ монда мешавад. Он бо эҳтиёҷоти иқтисодии давлат робитаи узвӣ пайдо намуда, таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми робитаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва дастгирии сиёсию дипломатии манфиатҳои иқтисодии онро ҳадафи худ қарор медиҳад.

Дар таърихи башарият дар бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст ин Ваҳдати миллӣ аст. Ваҳдати миллӣ дар назар як вожаи оддӣ намояд ҳам, аммо дар асл як ибораи созанда, офарандаи шодию тараб, пайвангари инсонҳо ва васлкунандаи таърих дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва махсусан, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки роҳи бозсозӣ ва ободонии Ватанро дилпурона пеш баранд. Дар ин самт дар ҷумҳурӣ як силсила қарору қонунҳои зарурӣ, ки ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамуданд, қабул ва ба тасвиб расонда шуданд. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 – уми июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд:

¾ ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад;

¾ ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд;

¾ низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад;

¾ ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард;

¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо робитаҳои судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ шинохта шавад.

Дар марҳалаи муосир принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шудааст. Ваҳдати миллӣ ҳамчунин ба мо имкон дод, ки ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати “дарҳои кушода” – ро эълон ва пайгирӣ намуда, барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ муносибатҳои баробар ва мутақобилан судмандро ба роҳ монда, онҳоро барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва ташвиқ намоем. Сиёсати “дарҳои кушода” ва бисёрсамтӣ афзалияти худашро нишон дод, ки дар натиҷа сармоягузорони зиёде ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ оварданд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушода”, сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш диҳад.

Моҳи сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 52 – юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, дар ҳузури намояндагони беш аз 180 кишвари олам ва созмонҳои зиёди байналмилалӣ оид ба натиҷаҳои фараҳбахши истиқрори сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба омўзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва татбиқи он дар минтақаҳои доғи дунё даъват намуда буданд. Воқеан, раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Аз ин рў, коршиносон ва аҳли илми кишварҳои гунонгун таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омўхтанду меомўзанд ва ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ баҳои баланд медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш нуфуз ва мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ медорад. Бо назардошти вусъати рӯзафзуни равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодии бисёрҷониба ва гуногунсатҳ дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ равона шудааст, то бад-ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот ва ҳамкориву муколамаи созандаи байналмилалӣ саҳм гузорад ва имкониятҳои созмонҳои мазкурро барои рушди устувори кишвар ҷалб намояд.

¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст;

¾ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлат расман эътироф кардаанд;

¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амният ва дигар самтҳо фаро мегиранд;

¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дорад;

¾ Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 май аз тарафи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол муқаррар карда шуд;

¾ Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гашт.

¾ Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо амалӣ гардид;

¾ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла, соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;

¾ Соли 2010 шаҳраки қадимаи “Саразм” ба феҳристи мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардид;

¾ Соли 2018 ЮНЕСКО “Чакан” – ро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид намуд.

Ваҳдати миллӣ дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих низ таъсири бузурги худро расонид. Дар ин давра олимону муҳаққиқон ба пажӯҳиши баъзе аз саҳифаҳои норавшани он рӯ оварда асару мақолаҳои бунёдӣ офариданд. Хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши таърихро қарзи фарзандию роҳбарии худ дониста як силисала асарҳои бузургҳаҷм аз ҷумла, “Аз Ороиён то Сомониён”, Нигоҳе ба таърихи тамаддуни Ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” “Забон ҳастии миллат” ва даҳҳо асари таърихии дигар офариданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои баланмазмуни худ исбот намуданд, ки тоҷикон як миллати бузурги таърихӣ буда, нақши онҳо дар тараққиёти тамаддуни башарият ва ташаккули низоми муносибатҳои байналмилалӣ беназир аст.

Имрӯз бо шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз давлатҳои амнтарин дар дунё шинохта шуда, мардуми онро мардуми сулҳдӯсту инсонпарвар мешиносанд. Маҳз ваҳдатсолорию ваҳдатдорӣ ойини мо тоҷикон аст, ки аз тамоми дунё имрӯз сайёҳону ҷаҳонгардон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

РАҲМОНЗОДА Азимҷон, ходими калони илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих

РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1. Консепсияи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27январи соли 2015, №332).

2. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди 1. – Душанбе: “Фасл-4” 2021. – 392 с.

3. Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: Контраст, 2018. – 422 с.

4. Раҳмонзода А.Ш. Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир. Монография. Душанбе: «Дониш», 2022. – 172 с.

5. Раҳмонзода А.Ш. Нақши Пешвои миллат дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Осиё ва Аврупо №1(3), 2020. – С. 24–28.

6. Раҳмонзода А.Ш. Ваҳдати миллӣ – омили созанда дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ. Маводи семинари илмӣ-назаривии ҷумҳуриявӣ зери унвони “Мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон ва аҳаммияти он”– Душанбе, - 2024. – 111 с. – С. 39 – 52.

7. Раҳмонзода А.Ш. Сиёсати муваффақ ва ташаббусҳои ояндасози Пешвои миллат омили пайвандгари Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир // Паёми ДМТ №11, 2023. –С. 307-314.

8. Раҳмонзода А.Ш. Хусусиятҳои муносибатҳои байналмилалии муосир ва раванди тағйирёбӣ // Паёми ДМТ №11, 2023. Қисми 2. – С. 68-76.

9. Раҳмонзода А.Ш. Омилҳои таҳаввули низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ // Паёми ДМТ №6, Қ.1. 2024. – С. 292-297.

10. Раҳмонзода А.Ш. Сиёсати хориҷии давлат дар марҳилаи муосир: Омилҳои объективӣ ва субъективӣ // Паёми ДМТ №7, 2024. – С. 274-279.

11. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон URL:https://www.mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/ (Санаи муроҷиат: 10.06.2025).

“Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз нахустин дастовардҳои таърихӣ ва арзиши муқаддаси оғози даврони истиқлол мебошад, ки танҳо бо майлу хоҳиши мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгарои тоҷик муяссар гардид, яъне ин дастоварди таърихӣ, пеш аз ҳама, хизмати бузурги халқи тоҷик мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

123123Бино бар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 27 - уми июн ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди расмии давлатӣ маҳсуб меёбад. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд. 27-уми июн, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқаррар шудааст. Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ буда, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору хатарбори даврони истиқлоли кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Қобили зикри хос аст, ки рӯзи ваҳдати миллӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад. 27-уми июни соли 1997 санади сарнавиштсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - ба имзо расид, ки ба шарофати он дар кишвар заминаи сиёсию ҳуқуқии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ гузошта шуд.

Мусаллам аст, ки сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз намуданд: “Мо дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ омӯхтан ва омӯзонидан, инчунин таблиғи арзишҳо ва анъанаҳои неки таърихиву фарҳангиро ба сатҳи давлатӣ бардоштем. Ва чунонки имрӯз мебинем, мафҳумҳои истиқлолият ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд”.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаи душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба зарбаи даҳшатноку фоҷиабори таърих - мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ - рӯ ба рӯ гардид. Дар як муддати кӯтоҳ шиддати ҷанги дохилӣ ба дараҷае расид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик метавонист ба воқеияти даҳшатбори рӯз табдил ёбад. Ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз боло то поён аз фаъолият боз монда, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фалаҷ гардида буданд. Дар ҳамин замина зикр намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси фарзандони огоҳу ватандӯст даъват гардидану баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва интихоби роҳбарияти нави сиёсии мамлакат дар он шароити бениҳоят вазнин роҳи ягона ва дурусти қатъи хунрезӣ, истиқрори сулҳу оромӣ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик, бартараф намудани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит барои рушди устувори Тоҷикистон буд. Бино бар ин, роҳи расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва густариш додани раванди ваҳдати миллӣ масири бисёр вазнину пурпечутоб буд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мардуми кишвар ва, хусусан насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу субот ба воя мерасанд, донистану дарк кардани арзишу қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад.

Дарвоқеъ, имрӯз ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст.

Ҳамин тавр, ваҳдати миллӣ дар ташаккулу таҳкими давлатдории миллӣ, поягузори субот ва шукуфоии давлат нақши созанда дорад. Маҳз ваҳдати миллӣ имкон дод, ки кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус дар арсаҳои маорифу фарҳанг, саноату энергетика, кишоварзӣ ва коммуникатсия, рӯз то рӯз истиқлоли хешро тавсеа бахшад, пойдору устувор гардад ва бо роҳи бунёдкорӣ ва навоварӣ пеш равад. Ҳамин аст, ки ваҳдати миллӣ асоси амну суботи давлатию ҷамъиятии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон маҳсуб ёфта, дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшангари роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеаи мо гардидааст.

Хулоса, ваҳдат калиди бунёди ҷомеаи пешрафтаву солим буда, дар ҳаёти он нақши муҳим дорад. Бино бар ин, таҳкими иқтидори ваҳдати миллӣ барои дурнамои ободи кишвар, эъмори ҷомеаи одилу демократӣ ва мутамаддин яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи тараққиёти миллӣ ва омили ҳалкунандаи муваффақиятҳо ва устувории ҷомеаи дунявиву мардумсолор мебошад.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои

«Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд».

Эмомалӣ РАҲМОН

3123123Тавре, ки аз тариқи расонаҳо хуб огоҳӣ дорем, зимни суханронии пурмуҳтавои худ дар рафти баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масъалаи ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 Сарвари давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 9-уми июни соли 2015 аз он ҷумла, иброз дошта буданд, ки мушоҳидаҳои 60 соли охир гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвар ба андозаи 0,5 то 1 дараҷа баланд шудааст. Дар натиҷаи ин падида дар мавзеъҳои баландкӯҳи кишвар пиряхҳо ва боришоти сахти атмосферӣ босуръат об шуда, ҳамзамон боиси нест шудани зиёда аз ҳазор пирях гардидааст.

Тибқи арзёбии коршиносон, чунин раванди номатлуб ва инчунин хавфнок дар дурнамои миёна ва дарозмӯҳлат метавонад, ки ба кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо боис гардад, ки ин раванд на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа хоҳ - нохоҳ пайомадҳои ногувору хатарноки худро дорад.

Агар ҳар кадоми мо аз нигоҳи илмӣ ифода намоем, айни замон дар ҳудуди кишварамон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуданд, ки масоҳаташон ба 11 146 км² баробар аст ва ин нишондиҳанда 8%-и ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Тавре медонем пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва ҳудуди кӯҳҳои Ҳисору Олой дар баландиҳои 3000 -3500 то баландиҳои 3500 - 5300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд.

Ҳамин тавр, захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845км³ баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 км² танҳо 20%-и шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85%-и ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 км³ об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км³ об медиҳанд.

Тибқи мавқеи орографӣ (кӯҳшиносӣ) ва омилҳои иқлимӣ назар афканем Ҷумҳурии То­ҷи­кистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз бузург­та­рин мин­тақаҳои яхбандии замони муосир ба ҳисоб меравад. Зеро пиряхҳои ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин манбаи обҳои нӯшо­кии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд.

Ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи экологӣ, балки масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Азбаски пиряхҳо нишонаи возеҳи тағйирёбии иқлим мебошанд, ҳифзи онҳо маънои мубориза бурдан бар зидди ифлосшавии муҳити зист, кам кардани партовҳои карбон ва нигоҳдории мувозинати табиии сайёраро дорад. Аз ин рӯ, дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо ибтикори Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи муҳити зист ва муҳофизати пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардид.

Бар замми ин гуфтаҳо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки роҳандозӣ гардиданд, аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ ҳам бо ҷонибдории зиёде қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Чунки пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди оби тоза чандин сол боз дар кишварҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки дар ҳифзи табиат, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити сайёра саҳми беандоза муҳимро мебозанд. Зеро ҳар як қатраи обе, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешавад, барои зиндагии миллионҳо нафар инсонҳо, ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва устувории экосистемаҳо аҳаммияти бузурги худро дорад.

Тавре маълум аст, нахустин маротиба масъалаи омӯзиши пиряхҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷи­кистон бо номи олимону сайёҳони маъруфи рус А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин, И. В. Мушкетов ва дигарон иртибот дорад. Таҳқиқоти васеъ ва доманадори пиряхҳо ва тамоми сар­ватҳои табиии ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи экспедитсияи То­ҷику Помир (солҳои 1928 - 1932) бевосита пайваст мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо асосан дар баландкӯҳҳои Помир ва кӯҳистони Ҳисор воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000- то 5300 метр аз сатҳ баҳр ҷой гирифтаанд. Захираи обии пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб обро ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об ҷорӣ мешавад. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Аму, Сир, Панҷ, Зарафшон ва ғайраҳо) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд: Муғсу - 1004 адад пирях, Бартанг- 269 адад пирях, Сурхоб - 280 адад пирях, Ғунд - 1349 адад пирях, Мурғоб - 879 адад пирях, Зарафшон - 1227 адад пирях дар ҳавзаи дарёи Хингоб - 756 адад пирях мавҷуданд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеи кӯҳҳои баланд, дар он ҷойҳое, ки ҳарорати ҳаво доимо аз 0° паст аст, пайдо шудаанд. Аз сабаби он, ки 93%-и ҳудуди То­ҷи­­кистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва қариб 50%-и онҳо зиё­да аз 3 000 метр аз сатҳи баҳр баландӣ доранд, кӯҳҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷи­кистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ мебошанд. Ҳоло масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 1 7000–1 8000 км² буда, 60%-и он (зиёда аз 10 ҳазор пирях) ба Тоҷи­кис­тон рост меоянд. Марказҳои асосии яхбандии ҳудуди То­ҷи­кистон – силсилакӯҳ­ҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркис­тону Зарафшон мебошанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки пиряхҳо ⅓ ҳиссаи оби солона ва қариб 50%-и ғизои то­бис­тонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, ҳаҷми захираи ях ва масоҳати онҳо доимӣ набуда, вобас­та ба тағйир ёфтани иқлим ҳаҷман кам ва инчунин масо­ҳаташон маҳдуд мешавад.

Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо ташкил карда шуд. Вазифаҳои асосии ин муассисаи илмӣ омода сохтани Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистон, омода кардани кадрҳои глятсиологӣ дар соҳаи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва соҳаи метеорология мебошад.

Саидҷаъфар ШОҲЗОДА - ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 аз ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ёдовар шуда, ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд, ки аҳамияти онро барои ҳувияти миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ таъкид мекунад.

123123123Эъломияи Куруши Кабир, ки соли 539 то мелод қабул гардида, дар Силиндри Куруш сабт шудааст ва соли 1879 дар Бобул аз ҷониби бостоншиноси бритониёӣ Хормуз Расам кашф гардид, ки ҳамчун нахустин ҳуҷҷати таърихӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон эътироф мешавад. Ин осори бостонӣ аз 39 модда иборат буда, бо хати мехӣ ба забони аккадӣ навишта шудааст, сиёсати инсондӯстонаи Куруши II, ҳокими империяи Ҳахоманишиёнро инъикос мекунад, ки пас аз фатҳи Бобул роҳи таҳаммулпазириро ба ҷои зулми анъанавӣ интихоб кард.

Воқеан Эъломияи Куруши Кабир нахустин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар», ки нақши онро дар фарҳанги ҳуқуқии миллӣ тасдиқ мекунад, чунон ки сеяки Конститутсия ба ҳуқуқи инсон бахшида шудааст ва соли 2009 мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт. Аз ҷиҳати таърихӣ Эъломия дар асри VI то мелод, дар давраи шукуфоии империяи Ҳахоманишиён пайдо шуд, вақте ки Куруш, пас аз шикасти мидиён, лидиён ва бобулиён, давлатеро аз Ҳинд то Миср муттаҳид кард ва ба ҷои худкомагӣ инсондӯстиро интихоб намуд, ки бо кӯчонидани ошӯриён фарқ мекунад ва дар матн омадааст: «Ман ба сокинон зарар нарасондам».

Матн аз озодӣ аз зулм («Ман ғорат ва зулмро манъ кардам» — моддаи 12), озодии дин («Ман ба мардумон худоёнашонро баргардондам» — моддаи 19) ва бозгашти муҳоҷирони маҷбурӣ («Ман муҳоҷиронро ба заминҳояшон баргардондам» — моддаи 20) муқарраротро фаро гирифтааст. Дар фарқият аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дар Париж ҳамчун посух ба даҳшатҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ қабул шуд, ҳуқуқ ба баробарӣ («Ҳама одамон озод ва баробар таваллуд мешаванд» — моддаи 1), манъи ғуломӣ («Ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ нигоҳ дошта шавад» — моддаи 4), ҳаракат («Ҳар кас ҳақ дорад озодона ҳаракат кунад» — моддаи 13), озодии дин («Ҳар кас ҳақ дорад ба озодии дин» — моддаи 18)-ро муқаррар мекунад.

Баҳси авлавияти меъёрҳои ҳуқуқӣ то ҳол идома дорад. Аз нигоҳи таърихӣ, ин санад пас аз суқути империяи Бобул дар соли 539 то мелод пайдо шуд, вақте ки Куруш пас аз шикасти подшоҳ Набонид, фармонеро содир кард, ки дар Манифест инъикос ёфтааст: «Ман бо сулҳ ворид шудам, бидуни зарар расондан». Ин амал бо бозгашти яҳудиён ба Ерусалим ва барқарорсозии Маъбад ҳамроҳ буд, ки дар Китоби Ездро омадааст: «Куруш фармон дод, ки хонаи Худоро бисозанд» ва тафсилоти амалҳои Бобул дар бораи бозгашти худоёни Аккад аз ноябри 539 то марти 538 то мелод шаҳодат медиҳад.

Муҳокима дар бораи таъсири Эъломияи Куруш ба анъанаҳои ҳуқуқӣ аз сабаби гум шудани он то асри XIX душвор аст, ки пайванди мустақим бо Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро истисно мекунад. Бо вуҷуди ин олимон дар авлавияти он иттифоқи назар доранд. Реза Шабани мегӯяд, ки «ниёгони тоҷикон 2550 сол пеш асосҳои меъёрҳои конститутсионӣ гузоштанд» (Шабани, 2005, с. 48), дар сиёсати таҳаммулпазирии Куруш решаҳои меъёрҳои ҳуқуқиро мебинад, ки барои Тоҷикистон, ки Конститутсияаш давлати дунявӣ (моддаи 1) ва ҳуқуқи инсон (боби 2)-ро муқаррар мекунад, муҳим аст. Ҷек Доннелли Эъломияро «оғози ҳуқуқҳои умумибашарӣ» медонад (Доннелли, 2013, с. 75), навоварӣ дар давраи худкомагиро таъкид мекунад, ки онро пешгузаштаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар месозад. Алексей Малашенко онро «қадами аввал ба сӯи ҳуқуқи тобеъон» меномад (Малашенко, 2020, с. 112), инсондӯстии Курушро ҳамчун асоси идоракунӣ фарқ мекунад, ки бо кӯчонидани ошӯриён муқоиса мешавад. Бобоҷон Ғафуров таҳаммулпазирии Курушро қайд мекунад: «Ҳахоманишиён маъбадҳои Бобул ва Яҳудистонро барқарор карданд» (Ғафуров, 1989, с. 157), ки бо сиёсати фарҳангии Манифест ҳамоҳанг аст. Майкл Харт Курушро дар ҷои 87-уми шахсиятҳои бонуфуз мегузорад ва ӯро ҳамчун инсондӯсте, ки идоракунии империяро тағйир дод, мебинад (Харт, 1978, с. 287). Хирад Абтахи «деспотизми Шарқ»-ро рад мекунад ва Манифестро пешгузаштаи моддаи 18-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар бораи озодии дин медонад (Абтахи, 2024), онро намунаи «нерӯи нарм» мешуморад. Э.Д. Кабутов ва У.Э. Бобозода пешниҳод мекунанд, ки принсипҳои Эъломия барои ҳифзи муҳоҷирон ва ақаллиятҳо истифода шаванд ва онро воситаи ҳуқуқи гуманитарӣ мебинанд (Кабутов, Бобозода, 2025). Н. Шарипов онро «манбаи аввалини ҳуқуқи инсон» номида, бо анъанаи тоҷикӣ, ки дар «Шоҳнома» реша дорад, мепайвандад (Шарипов, 2025). Зиёда аз 50 ғояи Куруш, аз ҷумла дипломатия («На ҷанг, балки дипломатия дар авлавият аст»), манъи кори маҷбурӣ («Ҳеҷ касро бе музд кор фармуда намешавад») ва баробарии ҷазо («Фақат гунаҳкор ҷавобгар аст») ба ҳуқуқи қадим ва меъёрҳои муосир, аз ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон (Конститутсияи ҶТ, 1994) ва Қонуни «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23 июли 2016 (моддаи 31) таъсир расонданд, ки ҳуқуқи муроҷиатро инъикос мекунанд.

Аҳамияти муосири Эъломияи Куруш бо муҳиммияти он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва миллӣ тасдиқ мешавад. Намоишгоҳи соли 2010 дар Теҳрон, ки 500 ҳазор тамошобинро ҷалб кард, Рӯзи Куруш 29 октябр нақши онро дар мубориза бо «ғарбмарказӣ» ва таҳкими ҳувияти тоҷикӣ тасдиқ мекунад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ёдовар шуда, ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд, ки эътирофи байналмилалӣ ва саҳми тоҷиконро дар таърихи ҳуқуқи инсон тақвият медиҳад.

Эъломияи Куруш асосҳои ҳуқуқи инсон — озодӣ, баробарӣ, манъи ғуломиро гузошт, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ифода ёфтанд ва саҳми онро дар меъёрҳои ҷаҳонӣ исбот мекунад ва барои нигоҳдории мерос илҳом мебахшад. Сарфи назар аз фосилаи таърихӣ он замина ба асосҳои ҳуқуқи инсон гузошт, ки дар меъёрҳои муосир. Аҳамияти он барои Тоҷикистон бо ташаббуси ЮНЕСКО тасдиқ мешавад, ки саҳми мардуми тоҷикро дар фарҳанги ҳуқуқии ҷаҳон нишон медиҳад.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Ҷавонон, ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши бузург доранд. Онҳо рушдёбандаи ояндаи кишвар мебошанд ва бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияташон метавонанд асоси суботи иҷтимоӣ ва пешрафти давлатро таъмин намоянд.

Аввалан, ҷавонон пайвандгари наслҳои гузашта ва оянда мебошанд. Бо гиромидошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллӣ, онҳо метавонанд Ваҳдати миллиро дар ҷомеа мустаҳкам созанд.

Дуюм, ҷавонон дар рушди илмиву техникӣ ва инноватсионӣ саҳми арзанда доранд, ки ин бо баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат мекунад.

Сеюм, тавассути иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва муҳити иҷтимоӣ, онҳо метавонанд ҳамбастагӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар дили дигарон бедор созанд.

Чорум, ҷавонон бояд пешсафи мубориза бар зидди экстремизм ва ҷудоихоҳӣ бошанд, зеро танҳо дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ давлат рушд мекунад.

Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти кишвар ба ҳисоб меравад. Ба муваффақият расонидани Ваҳдат, танҳо вазифаи як гурӯҳ ё ниҳод нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон ва олимони ҷавони соҳаҳои мухталиф мебошад.

Яке аз ин қишрҳо — олимони ҷавон дар соҳаи химия буда, нақши онҳо дар таҳкими Ваҳдати миллӣ бениҳоят бузург аст, ки имрӯз бо корҳои илмию таҳқиқотии худ на танҳо ба рушди илм ва истеҳсолот саҳм мегузоранд, балки воситаҳои ҳифзи муҳити зист, таҳияи доруҳои нав ва маводи безараргардонандаро месозанд, ки бевосита ба беҳбудии ҳаёти ҷомеа равона шудааст.

Яке аз вижагиҳои олимони ҷавони дар он аст, ки онҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ ва донишҳои муосирро фаро гирифта, метавонанд дар назди ҷомеа намунаи ватандустӣ, масъулиятшиносӣ ва ахлоқи нек бошанд. Бо иштироки фаъол дар конфронсҳои байналмилалӣ, барномаҳои мубодилаи дониш ва лоиҳаҳои илмии бисёрмиллатӣ, онҳо барои муаррифии Тоҷикистону дастовардҳои он миёни кишварҳои дигар саҳми муҳим мегузоранд.

Ғайр аз ин, онҳо метавонанд барномаҳои донишгоҳӣ ва мактабиро бой гардонида, донишҷӯёну хонандагони зиёдро ба илм ҷалб намоянд ва дар шукӯҳи илми Ватан саҳм гузоранд. Ҳамин тариқ, олимони ҷавон на танҳо ҳамчун мутахассиси соҳаи худ, балки ҳамчун ҳимоятгар ва паҳнкунандаи арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва дӯстии байни миллатҳо хизмат мекунанд.

Қиссаҳои муваффақият ва ҳамкориҳои олимони ҷавон дар лоиҳаҳои илмие, ки гуногунмиллатонро муттаҳид сохтааст, дар амал исбот мекунанд, ки илм ва ҷавонон метавонанд як ҷо ҷамъ оянд ва барои амнияти илмӣ, тараққиёти иқтисодӣ ва сулҳу суботи оромии ҷомеа хидмат намоянд.

Хулоса: Олимони ҷавони бо фаъолияти эҷодӣ, афкори ҷадид ва муносибати ватандӯстона метавонанд дар пойдории Ваҳдати миллӣ нақши муассир дошта бошанд. Ҷавонон василаи муҳими таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошанд. Онҳо бояд дар рӯҳияи дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба ҳама ақидаву миллатҳо тарбия ёбанд, то Ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда бошад.

Аминова Нигора Аминовна н.и.т, мудири озмоишгоҳи “Маводшиносӣ”, МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм