Skip to main content

АСОСӢ

Particles Fade-In
  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Ба ақидаи олимони Ғарб фанни химияро олимони шарқ (тоҷикон) ба мақоми илмии мукаммал овардаанд. Дар аввал чизҳои марбут ба химия ба таври пурасрор, ба монанди ҷодугарӣ гузаронида мешуданд. Олимони шарқ (тоҷикон) исбот карданд, ки он фанест, ки мавриди озмоиши илмӣ қарор мегирад.

Муҳаммад ибни Аҳмад Ал-Хоразмӣ, ки дар соли 846-и милодӣ аз олам гузаштааст, дар китоби «Мафатиҳул улум» номгӯйи бисёре аз моддаҳои дар озмоишҳои химиявӣ истифодашударо зикр кардааст. Ҷобир ибни Ҳайён (падари химияи таҷрибавӣ), яке аз аввалин олимони шарқӣ-тоҷикест, ки илми химияро дарк кардааст.

Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, яке аз бузургтарин донишмандони асри миёна буда, бо саҳми беназираш дар рушди илми кимиё ва тиб дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Нақши муҳим ва таъсири доимии ӯ дар рушди илм, махсусан дар кимиёи тиббӣ, саноати дорусозӣ ва методологияи илмӣ бесобиқа аст. Таърихи илми ҷаҳонӣ саршор аз нобиғагонест, ки бо кашфиёт ва андешаи худ ба таҳаввули тамаддун мусоидат кардаанд.

Зиёда аз ҳазор сол аст, ки мероси илмию адабии ҳакими бузург, табиби ҳозиқ, олими номвар ва шоири дақиқназару амиқназар, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино зимнан таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи илмро ба худ ҷалб кардааст. Дар тӯли ин муддат роҷеъ ба афкори илмию фалсафии ӯ дар Машриқу Мағриб садҳо тадқиқот, инчунин рисолаю китобҳои алоҳида ва ниҳоят бешумор таълиф шуда, нақши алломаи Машриқзамин ва фарзанди барӯманди миллати тоҷики тоҷдор Абуалӣ ибни Сино дар тараққӣ ва рушду такомули тамаддуну фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ басо ҳам бориз аст.

Мавсуф беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 18 истифода бурда шудаанд.

Абуалии Сино, "Ал-қонун"-ро тахминан соли 1020 таълиф намудааст. Аз лиҳози шаклу мазмун "Ал-қонун" дар таърихи тиб ҳамто надорад. Ин асари фарҳангии нодир гуё пулест, ки тиббӣ муосир ва антиқаро бо ҳам мепайвандад,"Ал-қонун" дар асоси омӯзиш ва ҷамъбасти тибби Юнони Қадим, Рими Қадим, тибби Ҳинду Форс, таҳқиқу хулосаҳои худи ӯ навишта шудааст. Дар асри XII Герард Креманский «Ал-қонун»-ро ба забони лотинӣ тарҷума кард. Ин яке аз китобҳои аввалине буд, ки соли 1473 дар Венец ба забони лотинӣ чоп шудааст. Соли 1573 дар Рим онро ба забони арабӣ чоп карданд. Сабаби асосии дар давоми солҳои сол ҳамчун дастур "Ал-қонун"-ро истифода бурдани донишҷӯён ва табибон он буд, ки дар ин асар донишҳои тиббӣ хеле возеҳу ба тартиб шарҳ ёфтаанд. Дере нагузашта «Ал-қонун» машҳури чаҳон шуд ва онро ба бисёр забонҳои аврупои тарҷума карданд. Дар тӯли чандин аср (то аввали асри XVIII) «Ал-қонун» дар кишварҳои Аврупо ва Шарқ дастури ҳатмии донишҷӯён ва духтурон буд. Дар баъзе мамлакатҳои Шарқ то ҳол онро дар табобати беморон истифода мебаранд. Китобхонаҳои замони мо бо "Ал-қонун" баъди бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ дар Тошканд (солҳои 1954-1961 ва 1980-1981) пурра нашр шудани он ошно гардиданд.

«Ал-қонун» соли 1473 дар Милан, ҳамон сол дар олам 15 маротиба, соли 1593 матни арабиаш дар Рим, садаи XV дар шаҳрҳои гуногуни олам 16 маротиба, садаи XVI 20 маротиба ба забони бисёр халқҳо интишор гардидааст.

«Ал-қонун» аз панҷ китоб иборат аст:

1. Китоби якум — ба фанни тиб, вазифаҳои он, сабаби ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун, табобати ин касалиҳо, воситаҳои нигаҳдории тандурустӣ бахшида шудааст.

2. Китоби дуввум — ба олами набототи шифобахш бахшида шуда, дар он 810 намуди дорувориҳо, хусусият ва тарзи истифода бурдани онҳо сухан меравад.

Ӯ дар он ба доруҳои одди ҳамчун духтури аммали баҳо медиҳад. Ин қисми "Ал-қонун" пайдоиш ва тарзи истифодаи кариб 785 номгуи доруро дар бар мегирад. Сино дар муолиҷаи беморон фузулоти вазнин ва пайвастаҳои он, маводи адвиёти буё ва катрониро хеле фаровон истифодамебарад.

3. Китоби севвум — оид дар баъзеи аъзои организми одам пайдо шудани касалиҳо, муайян кардан ва табобати ин касалиҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад.

4. Китоби чаҳорум — дар хусуси касалиҳои умумӣ, таб, шуш, табобати ин ҷароҳот ва ғайра ривоят мекунад.

5. Китоби панҷӯм — дар хусуси тайёр кардани доруҳои мураккаб маълумот медиҳад.

Мо дар ин ҷо танҳо нисбати корҳои химиявии ин нобиға таваққуф менамоем, ки дар китоби панҷуми «Алқонун» Сино инкишофи илми химия ва маълумоти дар он замон мавҷудбударо ҷамъбаст карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён кардааст.

Дар масъалаи асосии алхимия Абӯалӣ ибни Сино чун Закариёи Розӣ мавқеи комилан дуруст ишғол намуда, имконияти ба тилло табдилшавии металлхои дигарро бо бурҳони илмӣ рад кардааст.

Хизмати асосии Сино дар илми химия истифодаи маводи химиявӣ дар сохтани маводи доруворӣ мебошад.

Абӯалӣ ибни Сино ба химия аз мавқеи тиб наздик шудааст. Синоро кашшофи карболен (хосияти адсорбсионии ангишт) ҳисоб кардан мумкин аст, зеро ӯ дар асарҳояш хосияти ҷаббандагӣ доштани ангишти чӯбро нишон дода буд.
Китоби панҷуми «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино дар баёни доруҳои мураккаб буда, одатан ин бахши тибро «Қарободин» (Фармакопея) меноманд ва бинобар он ин китоб бо номи «Қарободин»-и Ал-Қонун низ маъруф аст. Китоби панҷум асосан аз се кисм иборат аст. Дар қисми якум назарияи умумӣ оид ба доруҳои мураккаб, дар кисми дуввум доруҳои мураккаб аз рӯи тақсимоти навъй, таркибу тариқаи сохтан ва тарзи истифодабарии онҳо ва дар қисми севвум доруҳои мураккаби санҷидашуда аз рӯйи тақсимоти функционалӣ, яъне ба ҳасби ҳар як андоми тан ва бемориҳои онҳо оварда шудаанд. Дар охир анвоъи ченакҳои вазнии дар дорусозии он замон маъмул ва муодилоти онҳо пешниҳод шудааст.

Дар қисми панҷуми «Ал-қонун» тарзи сохтани доруҳои мураккаб хеле мукаммалу муфассал акс гардидааст. Ӯ дар соҳаи дорушиноси хеле корҳои бузӯргро анҷом додааст. Ду кисмати «Ал-қонун» (иборат аз панҷ қисм) ба ин соҳа оиданд.

Дар муддати қарнҳо ин китоб ҳамчун дастури ҳатмии рохнамои табибони Аврупо (то асри XVIII) ва Шарқ (то асри XX) хизмат карда, ба забонҳои лотинӣ, яхудӣ, англисӣ, олмонӣ, русӣ, ӯзбекӣ тарҷима гардидааст.

Пуррагию пурмазмунии қисматҳои ба доруҳо бахшидаи «Ал-қонун» аз он шаҳодат медиҳад, ки Абуалии Сино илми химияро низ хеле хуб дониста, ҳамчун ҳаким ба химия ё худ моддаҳои химиявӣ аз мавқеи тиб наздик шудааст. Бидуни шубҳа илми химия дар рушди соҳаи тиб ёрии калон мерасонад.

Дастовардҳои барҷастаи илмии Абуалии Сино дар тиб ва фармакология бо дониши амиқ ва васеи табиати химиявии пайвастаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ, инчунин роҳҳои асосии таъсири байниҳамдигарии онҳо алоқаманд аст. Ин ба ӯ имкон дод, ки сирри тайёр кардани доруҳои зиёдеро аз худ кунад.

Сино ба обҳои минералӣ диққати махсус додааст. Масалан ӯ зикр мекунад, ки агар дар обҳои минералӣ миқдори муайяни тилло ва нуқра ҳал шуда бошад, чунин обҳо ба организм таъсири хуб мерасонанд.

Инчунин вай дар бораи оби муқаттар, (дистилатсионӣ) яъне оби бо усули буғронӣ тозакардашуда, ки хосияти хуби ҳалкунандагӣ дорад, маълумот додааст. Абуалӣ ибни Сино ҳангоми тайёр кардани доруҳо аз оби муқаттар истифода мебурд. Вай дар бораи тарзи тайёр кардани оби муқаттар, фарқи он аз оби муқаррарӣ ва хосиятҳои он маълумоти муфид додааст.

Абуалӣ ибни Сино намакҳои баъзе металлҳои вазнинро ҳамчун дорувор тавсия менамуд. Ӯ усулҳои тайёр кардани намаки ош (хлориди натрий) ва сулема (хлориди симоб)-ро ошкор сохтааст. Вай вобаста ба тасаввуроти ҳамонвақта дар бораи дигар металлҳо аз он ҷумла: оҳан, мис, қурғошим, қалъагӣ ва нуқра маълумот медиҳад. Сино мис ва пайвастҳои онро барои тайёр кардани марҳамҳо ба мақсади муолиҷаи бемориҳои чашм ва пуст истифода мебурд. Ӯ қайд мкунад, ки агар оҳани зангзадаро дар сирко ҳал карда ҷӯшонед, ва маҳсули онро полоида гиред барои бемории шуш даво аст. Яъне, Сино атсетати оҳанро ҳамчун маводи доруворӣ тавсия намудааст. Аз нуқтаи назари вай нуқра хосияти хушккунӣ дошта агар нуқраро бо дигар доруҳо омехта карда ба ҷароҳат бандем, дар ҷои ҷароҳат фасод ҷамъ намешавад. Дар бораи симоб , бухоршавии симоб, заҳрнокии симоб ва тарзи истифодаи он барои муолиҷаи бемориҳои гуногуни пуст маслиҳатҳои муфид додааст. Доир ба пайвастшавии сулфур бо дигар металлҳо, истифодаи пайвастҳои сулфур ҳамчун доруворӣ маълумот пешниҳод кардааст. Олим бештар ба хосиятҳо, ҳосил кардан ва истифодаи ҳафт металли (тилло, нуқра , мис, оҳан, симоб, қурғошим ва қалъагӣ) дар ҳамон замон машҳургашта бештар аҳамият дода, тиллоро дар ҷойи аввал мегузошт. Умуман инкишофи илми химия дар асри миёна ба номи файласуф, табиатшинос, табиб ва адиби бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино марбут буда дар китоби “Ал-қонун” вай инкишофи илми химия ва ҳамаи маълумотҳои замони худро ҷамъбаст карда фикру мулоҳизаҳои хешро баён сохтааст.

Аз асри XI сар карда, асарҳои алхимикони араб дар тарҷумаҳои лотинӣ дар кишварҳои гуногуни аврупо паҳн шуданд ва аввалин дастурҳо барои омӯзиши химия аз ҷониби аврупоиҳо буданд. Дар халифаи исломӣ забони илм арабӣ буд, аз ин рӯ, рисолаҳои табиатшиносӣ бо ин забон навишта мешуданд. Тарҷума ба забони лотинӣ бо тағйири муаллифон ба забони лотинӣ ҳамроҳ шуд, Ҷабир ибни Ҳайян "Гебер", Муҳаммад Закария ар-Рази "Разес" ва Абу Али ибни Сино "Авиценна"шуд.

Танҳо бо шарофати таҳқиқоти олимони фаронсавӣ ва олмонӣ дар миенаи асри XX бисёр далелҳои давраи эҳёи асрҳои миёнаи Шарқи Қадим маълум шуданд.

Ятрохимия яке аз самтҳои наздики тиб аст, ки бо химия алоқаманд аст. Дар акси ҳол, ятрохимия (греч. iatrochimeia, аз iatros - духтур ва химия - химия) химияи тиббӣ вуҷуд дорад. Ин самти илм дар асоси пайдоиш ва рушди алхимия ва табобат, инчунин таъсири мутақобилаи онҳо пайдо шудааст. Минбаъд пешрафт танҳо ба шарофати таъсири ҳамаҷониба ва дастгирии химия, инчунин тиб ба амал омад. Воситаҳои асосии табобат инҳо буданд: доруворӣ, обтабобат, машқҳои гимнастикӣ, истифодаи гипноз ё экстаз, яъне ворид кардани ҳолати "хоби сунъӣ".

Абуалии Сино дар асарҳои бахшида ба химия, ташаккули минералҳои гуногун, металлҳо, заҳрҳо, рангҳо, пигментҳо ва ғайраро дар табиат ба таври кофӣ ошкор мекунад. Олим инчунин ба таркиби ҳаво, об ва гилҳои гуногун диққати махсус медиҳад. Дар асарҳои худ ӯ робитаи тозагии об ва саломатӣ, пайдоиши бемориҳои гуногун аз таъсири ҷузъҳои зарарноки ҳаворо шарҳ медиҳад, сабабҳои пайдоиши оби пастсифат ва ташаккули ҳавои ифлосро меорад.

Дар баробари ин, Абуалии Сино чораҳои бартараф кардани ин ифлосшавӣ ва беҳтар кардани муҳити зисти инсон ва ҳайвонотро пешниҳод мекунад. Дар асари машҳури "Канони илми тиб" усулҳо ва дорухатҳои гуногуни тайёр кардани воситаҳои оддӣ ва мураккаби дорусозӣ, инчунин асосҳои назариявӣ ва амалии ҳалли ин мушкилоти барои инсоният муҳим ошкор карда мешаванд.

Дар соҳаи химия Ибни Сино раванди буғронии равғанҳои эфириро кашф кард. Ӯ қобилияти истихроҷи кислотаи хлорид, сулфат ва нитрат, гидроксидҳои калий ва натрийро дошт.

Дастовардҳои барҷастаи илмии Абуалии Сино дар тиб, фармакология бо дониши амиқ ва васеи табиати химиявии пайвастаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ алоқаманд аст. Инчунин, роҳҳои асосии табдил додани онҳо, ки ба ӯ имкон дод, ки сирри тайер кардани доруҳои сершуморро аз худ кунад. Дар байни шумораи зиёди доруҳо, ки дар "Канон" (беш аз 750) тасвир шудаанд, бисёр моддаҳои минералӣ (металлҳо, оксидҳо ва намакҳои онҳо, инчунин кислотаҳо ва ишқорҳо), асосан моддаҳои гуногуни органикӣ (растангӣ ва ҳайвонӣ) мавҷуданд.

Абӯалӣ ибни Сино бо маъруфтарин асараш “Ал-қонун”ҳамчун олим, химик, табиб, файласуф шӯҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард. Ӯ дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузошта, ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Таъқид менамоем, ки насли навраси замони истиқлолият ҳарчи бештар ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ рӯ оранд то, ки комёбию дастовардҳои донишмандон ва мутафаккирони тоҷику форс, ки аз худ ба ҷаҳониён мероси гаронбаҳое боқӣ мондаанд, такрор намуда, бори дигар муаррифгари миллат ва давлати нави тоҷикон гарданд.

Дар асрҳои миёна тохту този туркон ва муғулон ба пешравии беназири аҷдодони мо монеъ шуд. Пас аз ин, таназзули илмҳои табиӣ дар сарзамини мо ба вуҷуд омад. Қариб то ибтидои асри ХХ ниёгони мо шароити мусоиди на танҳо инкишоф додани дастовардҳои илмии аҷдодони худро надоштанд, балки ин дастовардҳоро ҳатто маҳфуз дошта натавонистанд. Вале заҳматҳои ниёгони мо барабас нарафтанд. Асарҳои онҳо ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, барои инкишофи ояндаи илми химия замина гардиданд.

Раҳмонов Раҳмон Охонович – доктори илмҳои кимиё,

муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ

123213Истиқлолият орзуи абадии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ буда, таконбахшандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, муарифгари он ҳамчун миллати соҳибдавлат ва соҳиби марзу буми мустақили худ баромад намуда, имконияти таърихиро баҳри рушди бонизому мустақилонаи он фароҳам меоварад. Ба воситаи соҳибистиқлолӣ милатҳо имкон пайдо мекунанд, ки фарҳангу тамаддуни худро тақвият бахшида, нақши босазои худро дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ гузоранд. Ин аст, ки таърих борҳо шоҳиди муборизаҳои хунин баҳри ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби милатҳои гуногун гаштааст. Барои ба даст овардани истиқлолият миллатҳо ба шадидтарин бархурдҳо ва вазнинтарин шикастҳо рӯ ба рӯ гаштаанд. Вале ин ҳама дар назди истиқлолияти комил рӯйдоде беш нест, зеро он ба миллатҳо имконияти мустақилона муаррифӣ намудани худ, тақдирсози зиндагии худ шудан ва соҳибватаниро фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри таҳкими он талош варзида, дар ҳассостарин лаҳзаҳо аз он бо арзиши ҷони худ дифоъ намоем.

Ҷомеаи навини Тоҷикистон бештар аз ҳама арзиши сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро эҳсос менамояд, зеро таҷрибаи талхи таърихии на он қадар дури мо собит намуд, ки раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳаргиз раванди орому босубот нест. Омилҳои гуногуни дохилию хориҷие мавҷуданд, ки метавонанд дар ҳар як лаҳза рушди бонизомро халалдор намуда дар ин роҳ монеаҳои зиёде бунёд намоянд.Ин монеҳо метавонанд монеаҳое бошанд, ки мавҷудияти минбаъдаи давлатро зери хатар гузоранд.Аз ин нуқтаи назар, доимо бояд дар назар дошт. Ки таъмини ҳамбастагӣ ва робитаи зичу ногустании байни ҳокимият ва мардум метавонад садди бузург дар пеши роҳи ҳама гуна амалҳои ғаразноку манфиатхоҳона гарданд.

Чун имрӯз ба раванди соҳибистиқлолии давлат назар меафканем , мебинем, ки он маҷарои пурталотумеро дар як баҳри бекарони истиқлолхоҳӣ мемонад. Дар баҳри бекарон, ки пайдоиши таҳдидҳо дар ҳар лаҳза имконпазир аст, роҳбарии сиёсатмадоре тақозо мегардад, ки қудрати идоракунӣ, масъулият, нотарсӣ ва ҷасорат дошта бошад. Фаромуш набояд кард, ки рӯҳияи баланди сарвари сиёсӣ қодир аст ба рӯҳияи ҷомеа таъсири қавӣ расонида, онро барои ба дастовардани мақсадҳои гузошта раҳнамо бошад. Рӯҳияи лидерӣ ҳамон рӯҳияест, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо шикаста намешавад, баръакс, метавонад дар умқи ҷомеа боварию эътимодро баҳри пирӯзиҳо ҷой намояд. Халқи тоҷик ҳанӯз фаромуш накардааст, ки дар кадом вазъ Президенти мамлакт роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт. Ин як ҳолате буд, ки ноумедӣ тамоми ҷомеаро фаро гирифта, мардум фақат барои имрӯз мезистанд, зеро намедонистанд, ки фардо онҳоро чӣ интизор аст. Вазъе буд, ки тарси ҷон мардумро сарсону саргардон ба кишварҳои гуногун карда буд. Дар чунин вазъият фақат бо кору пайкори амалӣ, сарсупурдагӣ, азхудгузарӣ, ҷасорат ва далерӣ сарвари сиёсӣ метавонист рӯҳияи ҷомеаро баланд, иродаашро қавӣ ва умедашро ба фардо устувор гардонад. Имрӯз бошад бо гузашти муддати муайян мо бо ифтихор ва эътимоду қаноатмандӣ аз сарварии Президенти кишвар гуфта метавонем, ки Ӯ тавонист!

Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон имрӯз яке аз падидаҳои пазируфта буда, ҷаҳониён онро ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф кардаанд, ки дар тарҳрезӣ ва ташаккулу татбиқи ин таҷриба нақши сарвари давлат бениҳоят калон аст.

Қаҳрамони меҳнат шоири машҳури доғистони Расул Ғамзат дар васфи Пезиденти кишвари мо бисёр хуб мегуяд: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”

Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск мегӯяд: “ Дар ҳақиқат мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи доштани чунин Сарваранд” бале ба монанди ин гуфтаҳо дар васфи Пезиденти маҳбуби мо сиёсатмадорони ҷаҳон бисёр амиқу дуруст дарч кардаанд, ки воқеанҳам арзандаи ҳамагуна тафсирҳо мебошад. Беҳуда файласуфи бузурги юнонӣ Демокрит нагуфтааст, ки “Мардонагӣ зарбаҳои тақдирро ночиз мегардонад”. Маҳз мардонагии сарвари давлат буд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон як рӯҳияи некбинона ба оянда ташаккул ёфта, ҳидоятгари он баҳри пирӯзиҳои тоза гардид.Бо ин рафтори худ собит сохт, ки музаффарияти комил насиби оне намешавад, ки ӯ зӯртар аст, балки насиби онест, ки ҳаргиз таслим намешавад. Милати сарбаланди тоҷик бо роҳбарии Президенти мамлакат дар назди ягон мушкили сари таслим фурӯ наовард, балки бо ақлу заковат ва неруи хиради худ ҳамаи онҳоро то имрӯз паси сар карда омадаистодааст. Ин бошад нишони беҳтарин камолоти инсонист.

Чун бо заҳмату ҷонфидоиҳо Сарвари давлат неъмати истиқлолиро ба мо мардум ҳадя намудан кори саҳлу осон набуд.

Воқъан вақте ин неъмати бузург ба хони мардуми тоҷик омад баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Албатта, даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд. Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 34- сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолдияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давалатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Пас аз эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба доранд. Бо ташаббуси Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, таърихи Истиқлолияти давлатии мо чаҳоряк аср бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Имрӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34- сол пур мегардад ва дар ин муддати наонқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯйи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид.

Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид. Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот, амалӣ намуд.

Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро бо чанд ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлолметавон шарҳу эзоҳ дод.Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт.

Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ- ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкимиистиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.

Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён овард. Дар қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз қабули Конститутсияи нав пешбинӣ гардид.

Ин санади таърихӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан,сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як ҷомеа ва миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту сарҷамъ ва ором ҳис мекунад, ки дар Ватан фазои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ побарҷо бошад.

Бигузор Ваҳдату Истиқлоли давлатии Тоҷиикистони азиз бегазанд ва дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садои ширини тифлакон, фазои сулҳу субот ва амнияту осоиштагии сартосарӣ пойбарҷо бошад.

Фазилатпочои Махмадюсуф докторанти PhD курси 2

институти фалсафа сиёсатшиноси ва хукуки ба номи А Баховаддинови АМИТ

“Мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд. Бовар дорам, ки Шумо-олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам - бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Оре, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат ва шахсияти маърифатпарвару илмдӯсти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ва доимо зимни мулоқот бо зиёиён ва инчунин ҳангоми суханрониҳои пурмуҳтавои худ бо аҳли ҷамоатчигии кишварамон таъкид менамоянд, ки бо вуҷуди дастгириҳои пайваставу таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои марбути илмӣ дар замони муосир ва дар ҷараёни бархурди тамаддунҳо ба талаботи давр посухгӯй нест.

Бар замми ин Роҳбари давлатамон изҳори нигаронӣ намуда, ҳамзамон бо таассуф зикр карда буданд, ки саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман гирем қонеъкунанда нест.

Аз ин рӯ, Ҳукумати кишварамон муваззаф гардид, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро аз масъулини соҳавӣ талаб намояд ва илова бар ин барои ба ҳадафи асосӣ расидан ислоҳоти ҷиддӣ дар ин сохтор гузаронад.

Чунки дар замони муосир ва дунёи пурҳаводис барномарезиҳои оқилонаву одилонаи Пешвои муаззами миллатамон дар тавсеаи фазои демократӣ ҷиҳати бартараф кардани костагиҳо ва рушду такомули неруи зеҳнӣ нақши меҳвариву калидӣ хоҳанд гузошт. Аз ҷониби дигар бо мақсади ба таври мунтазам амалигардии ҳадафҳои олии инсонӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом бо дарназардошти дарёфти таносубу тавозун дар ҳама ҷабҳаҳою ҷодаҳои фаъолият кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо ҳусни таваҷҷуҳ ба вазъи идроку тафаккури ҷомеа иқдоми наҷибе намоянд.

Бинобар ин, таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди диловару арсаи давлатдорию сиёсати бузург, Роҳбарияти олии Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро бошад захираи бузурги зеҳнии ҷомеа ҳисобида, бо мақсади боз ҳам пешрафти ҳамаҷонибаи он ва ҳамзамон беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи мазкур зимнан тамоми имкониятҳои зарурии мавҷударо муҳайё намудааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки айни замон таҳаввули бунёдӣ дар фазои сиёсӣ, идеологияи миллӣ, фарҳанги ҳамзистӣ ва тафаккури бомаданияти ҷомеаи муосир бо корномаи Пешвои муаззами миллат, ки маҳз бо идроки сиёсӣ, маънавияти ахлоқӣ ва инчунин хирадсолории хеш ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд, ки як иртиботи қавии ба худ хос ва инчунин ногусастании хешро доранд.

Ба пиндори мо Роҳбари давлати тоҷикон маҳз бар ин андешаанд, ки рушди илму маърифат дар замони муосир ва инчунин рушди иқтисоду тақвият бахшидани рақобатнокии он будуни саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Зеро рушду нумӯи миллат хоҳ нохоҳ ин пеш аз ҳама бо хусусият, анъана, урфу одат, ҷаҳонбинии миллӣ ва дигар омилҳои асосӣ вобастагии зиёду ногусастании худро дорад.

Айни замон, азбаски зеҳни сунъӣ алъон зеҳни сунъӣ имрӯз на танҳо ба ҳайси як технология, балки як падидаи тамаддунофар аст, ки дар таносуб бо рушди технологияҳои рақамӣ ва иттилоотӣ ҳадди навбатии таҳаввули зеҳнӣ ва иҷтимоии инсонро ҳамаҷониба таъмин мекунад. Чунки дар аксар давлатҳои муқтадир ва рӯ ба инкишоф зеҳни сунъӣ ба унвони муҳаррики асосии иқтисоди рақамӣ ва ҳамчун тавлиди арзиш шинохта шудааст.

Дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва инчунин дар раванди бархурди тамаддунҳо зеҳни сунъӣ дар хидмати инсоният, махсусан дар соҳаҳои илм, маърифат, маориф, тандурустӣ ва соҳаҳои мухталифи хидматрасонӣ ва ҳоказои дигар қарор дорад.

Аз ҷониби дигар метавон қайд кард, ки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ айни замо ба заминаи муносибе ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мубаддал гардидаанд, ки ин омил натиҷаи хуб маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат низ зимни суханронии худ бо аҳли зиёи кишвар, хусусан бо олимону зиёиён таъкид карда буданд, ки тибқи манофеи миллӣ ва ҳамзамон бо риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву тадқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад.

Алишер РАҲИМЗОДА

(Таассурот аз иштирок дар суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳ мон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон)

123123Соли ҷорӣ 30-август Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷашни Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Сарвари давлат дар донишгоҳи мазкур як қатор биноҳову иншоотҳои навро ифтитоҳ намуданд ва бо сифату шароити хуби фароҳамоварда шинос шуда, донишҷӯёнро бо сиёсати маорифпарварона ва ғамхоронаи хеш ба роҳи илму донишомӯзӣ, саводу маърифат, фазлу хирад ҳидоят намуданд.

Пас, суханронии роҳбари хирадманд ва дурандеши кишвар оиди сулҳ ва дониш бо аҳли нишаст доир гардид. Чуноне ки Пешвои миллат қайд намуданд: «Сулҳ омили муҳимтарини рушди маърифати инсон ва пешрафти ҷомеа аст. Сулҳ муҳити мусоид фароҳам меоварад, ки наслҳои нав ба ҷойи тарс аз ҷангу ноамнӣ босаводу донишманд, хушахлоқу худшинос ва содиқ ба Ватан ба камол расанд».

Ҳамасола дар мамлакати мо муассисахои нави таълимӣ барои таҳсилкунандагони томактабӣ ва миёнаи умумӣ бунёд намуда ва ба истифода дода мешаванд. Ҳамаи ин ободиву пешравиҳо бо нигоҳдории сулҳу осоиш, соҳибихтиёрӣ ва суботи сиёсӣ ба халқи меҳнаткаш ва сулҳхоҳ муяссар гардидааст. Муассисаҳои томактабӣ дар таълиму тарбияи кӯдакон қадамҳову фаҳмишҳои аввалинро мегузоранд. Барои фаро гирифтани кӯдакон бо саводу маърифати сатҳи баланд, зарур аст, ки мураббияҳо ва омӯзгорони ин зинаи таҳсил соҳибмаълумот ва боистеъдод бошанд.

Пойдевори асосӣ дар тафаккури кудакон дар таҳсилоти мактабу литсей ва гимназияҳо гузошта мешавад. Омӯзгорон ва устодони бомаърифат бо заҳмати беандоза, меҳру муҳаббати хоса, малаки баланди инсондаркнамоӣ насли ҷавонро ба роҳи фазлу хирад, хулқу одоби ҳамида, заковат, истеъдод, ҳаёти рости инсондӯстона ҳидоят менамоянд.

Чӣ тавре ки дар суханронии роҳбари давлат қайд гардид: «Яке аз масъалаҳои муҳими зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар умум соҳаи маориф таълифи китобҳои дарсии насли нав мебошад. Китоби дарсӣ бояд хонандаро на фақат ба дараҷаи шинохти илм расонад, балки андешаи ӯро бедор созад, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳад».

Пешвои миллат ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супориш доданд, ки бо ҷалб намудани олимони соҳибтаҷриба Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат амр намуданд, ки китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаронида шаванд.

Зеро, маҳз китоб манбаи асосии ба даст овардани илму дониш, саводу маърифат, хираду заковат барои хонандагон мебошад. Китоб ганҷест бебаҳо, ки инсонро ба роҳи рост ва нек роҳнамо намуда, хонандаро соҳиби фазлу хиради воло мегардонад. Шахси китобдӯст бо мутолиаи китобҳои муҳим ва шавқовар донишу саводашро сайқал дода, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад.

Чуноне ки дар панди асогузори адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ омадааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Роҳи донишро бо ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Шахси донишманд ва соҳибмаърифат дар ҳама давру замон, дар ҳар макон соҳиби обрӯву нуфуз мегардад. Ояндаи миллат, пешравии давлат аз таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар донишомӯзии ҳамешагӣ вобаста аст.

Ба даст овардани дастоварди пурарзиш – сулҳу осоиш, тинҷиву якдигарфаҳмӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва хусусан сарвари шуҷоатманд ва фидокори давлат хеле серзаҳмат ва пурталош буд. Бинобар ҳамин, ҷавонону наврасон, ки умеду ояндаи диёри номдорамон мебошанд, бояд ба қадри дастовардҳои миллӣ бирасанд ва онро софдилона ҳифз намоянд. Наслҳои имрӯзу фардоро мебояд дар қалби худ садоқат ба Ватан, ҳуввияти миллат, сулҳхоҳиву ободкорӣ парвариш намуд.

Оғози боз як соли таҳсили навро ба хонандагон ва донишҷӯён, устодон ва омӯзгорон табрику таҳният намуда, дар роҳи аз худ намудани саводу маърифати нав муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.

Аюбӣ Фируза – номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Рузи дониш падидаи хотирмонест барои ҳазорон дуструяконе, ки по ба арсаи мактабу маориф гузоштаанд ва донишҷуёне, ки касбу кори худро бо роҳи интихоби донишгоҳу муассисаи таълимии олӣ муайян намудаанд. Дар ин рузи хотирмон анъанаи хубест, ки Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баргузории Дарси сулҳ, бо мактабиёну донишҷуён ва аҳли маорифи кишвар вохурда ба онҳо дуои хайре дар оғози соли нави таҳсил диҳанд.

Басе рамзист, ки дар аввалин дарси оғози соли таҳсил дар тамоми кишвари ҷононҷон ва сулҳпарварамон, Тоҷикистони азиз дарси сулҳ баргузор мегардад. Он намоёнгари фитрати миллати тоҷик буда тараннуми ҳамгироии ҷомеа, ҳамдигарфаҳмиву парвариши амну осоиш ба шумор меравад. Дар дарси сулҳ мо бо фарҳанги сулҳ ва таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои миллат ба таври густарда ошно шуда онро бо дилу ҷон пайванд ва ба ояндаҳо интиқол медиҳем.

Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки Пешвои миллат бо чӣ талошҳои пайваста дар татбиқи қавли ба миллат дар Иҷлосияи таърихии ХУ1ми Шурои олӣ дар соли 1992 додаашон пайгирӣ намуда асосу заминаҳои ҳаёти осоиштаи имтузаи Тоҷикистонро тайину ташкил намудаанд. Барои насли наврас ҳамеша ва такрору ба такрор арзиши олитарин будани сулҳу осоиштагӣ амну мадороро талқин намудан, фарзандонро дар роҳи истиқрори ҳаёти босафову саодатманд тарбия намудан хеле муфид ва мубрам мебошад.

Дар замони пуршуру шарри муосир, ки дар они мижа задан гушае гирифтору тӯъмаи оташи ҷангу ҷидол мегардад, ҳамаҷониба интишор ва устувор намудани фарҳанги сулҳ хеле аҳамиятнок аст. Бинобар ин Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як фурсат истифода бурда дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ фарҳанги сулҳро таблиғу тарвиҷ намуда асосҳои онро ба таври назариявӣ ва амалӣ мустаҳкам карда истодаанд. Ташаббусҳои олии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ки дар баробари матраҳ намудани масоили экологиву амниятӣ, иқлимиву иқтисодӣ Тоҷикистонро ба таври вижа дар пештозии татбиқу тарвиҷи масоили сулҳу амнияти ҷаҳон қарор додааст, бешак, аз ҷониби аҳли олам дастгирӣ пайдо карда, намунаи беҳтарини ҳаёти байни давлату кишварҳоро таҷассум менамояд. Инаст, ки “Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон” аз ҷониби Созмони милали муттаҳид чун яке аз роҳкорҳои байналмилалии олӣ баҳогузорӣ гардида, мақому мартабаи намунаи ба ифоқа овардани ҷомеаи даргирро ба худ гирифта аст.

Дарси сулҳ, ки ҳамасола онро Пешвои миллат шахсан баргузор намуда дар он, зимни нақшагирии рушди мактабу маориф, аз арзишҳои сулҳу амлият, ҳаёти осоишта ва саодатмандии ҷомеаи тоҷик суҳбат менамояд, аз он роҳкору дастурамалҳои пурфайзу баракати сулҳу мадоро ба ҳисоб меравад, ки натанҳо дар ҳар муассисаи таълимии ватани маҳбубамон бояд мавриди корбурд қарор гирад, балки аз ҷониби ҷомеаи пешқадами олам омузиш ва истифода шавад. Дар байни кишварҳои узви Созмони милали муттаҳид махсус таъкид шудани таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон ва чун таблиғгари фарҳанги сулҳ ёдоварӣ шудани он шаҳодати интихоби роҳи дурусту умедбахши он дар арсаи байналмилалӣ аст.

Имсол низ иштироку суханрониҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат Дарси сулҳро ба маъракаи пур аз ҳикмату хирад ва пурфайзу бобаракат табдил дода, дар пойгоҳҳои таълимии Донишгоҳи байналмилалии соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон сурат гирифтани он – нишонаи заминагузории ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ-иҷтимоӣ табил дода шудани соҳаи сайёҳӣ, тарбияи кадрҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ гардидани ин муассисаи олии кишвар мебошад.

Пешвои миллат дар суханронии худ зимни таъкид аз дастовардҳои барҷастаи умедбахши соҳаи маорифу таълим, роҳнамоӣ аз донишҷуёну толибилмон дар пешруи оғози соли нави таҳсил, чанд самти мансуб ба инкишофро муқаррар карданд, ки ҳадафи фаъолияти мутахассисони соҳа дар соли оянда ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки аҳамияти махсус ба рушду нумуи сохторҳои соҳаи томактабии таҳсил дода шавад, то ин ки кудакон дар шароити хуб ба мактаб омода шуда бо имкониятҳои беҳтар ба таҳсил шуруъ кунанд. Махсусан ривоҷу равнақ додани кудакистону боғчаҳои бачагона дар гушаву канори ҷумҳурӣ ва ноҳияву минтақаҳои дурдаст таъкид карда шуд. Таъкид гардид, ки маҳз омодагии хуби кудакон ба мактаб аз овони кудакистон сар мешавад.

Ҳар як вохурӣ ва суханрониҳои Пешвои миллат дарси таҷрибаандузиҳои судманданд, ки дар таҳриру такмили нақшаҳои таълиму тарбия нақши калидӣ доранд. Пешвои миллат дар чунин вохуриҳо бо аҳли мактабу маориф ва зиёиёни кишвар ба масъалаҳои доғи ҷомеа ва соҳа назарҳои фароху мушикофона намуда онҳоро бо пешниҳоди роҳҳалҳои мушаххас таҳлил менамоянд. Аз чумлаи ин гуна масоил супориши бо кор таъмин кардани омузгорон ва бо омузгорони хуб таъмин намудани мактабҳоро яке аз мубрамтарин ҳисоб карда ба он дода шудани аҳамияти махсус талаб карда шуд, то ки дар давоми соли ҷорӣ тамоми макотиби миёнаи кишвар бо омузгорони фанҳои гуногун таъмин карда шаванд.

Сиҳатии ҷомеа ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ низ доиман дар сатҳи аввали таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад.

Аҳамияти махсуси Пешвои миллат ба соҳаи тиб ва сиҳати мардум бо таҳлили вазъи имруза ва ҷалби таваҷҷуҳи вижаи мутахассисон ба масъулиятшиносии худ ва касбу кори худ тазйин ёфта ҳидоят карда шуд, ки сатҳи донишу малакаҳои хешро афзун намуда барои боз ҳам баланд намудани сифату анвои хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои фаврии амалӣ андешида шаванд.

Пешвои миллат ба мутахассисон супориш доданд, ки таъмини сиҳати шаҳрвандон, пешгирӣ аз фавти модару кудак, расонидани хизматрасониҳои соҳавии касбии муосир самти афзатиятнок ҳисобида шуда чораҳои оҷил барои дар дохили кишвар таъмин кардани сатҳи баланди табобат, ва бо ин кор - татбиқи шакли хеле даромадноки сайёҳӣ- саёҳати тиббӣ-табобатӣ шароиту корҳои муашаххас андешида шуда дар муҳлатҳои кутоҳтарин ин навъи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

Муҳиба Маҳмадҷонова- сарходими илмии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Шеъри "Илм афзал" аз Дониёр Сангинӣ, ки дар он афзалияти илму дониш бар молу давлат ва арзишҳои моддӣ таъкид мешавад, ҳамчун намунаи адабиёти ҳикматӣ дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ин шеър бо ҳикматҳои фалсафӣ ва ахлоқӣ, ки аз анъанаҳои шарқӣ илҳом гирифтааст, дунёро ҳамчун чизи муваққатӣ тасвир мекунад ва илмро ҳамчун мероси пойдор муаррифӣ менамояд. Дар ин мақола, таҳлили илмиро аз ду ҷиҳат – фалсафӣ ва таърихӣ – баррасӣ мекунем ва андешаҳои олимони Осиё (аз ҷумла Чин, Ҳинд ва Осиёи Марказӣ) ва Аврупоро илова менамоем. Таҳлил бар асоси матни шеър, тадқиқотҳои адабиётшиносӣ ва манбаъҳои фалсафӣ-таърихӣ сурат мегирад.

Бо шарафҳо зистан бошад мароми ҷони мо,

Шаъни илму фазли мо андар вуҷуди шони мо.

Ин байт мароми ҳаётро бо шаъну шараф ва илм муайян мекунад, ки илмро ҳамчун ҷузъи вуҷуди инсонӣ муаррифӣ менамояд. Аз нигоҳи фалсафӣ, ин ба консепсияи "ҳикмати амалӣ" дахл дорад, ки илмро ҳамчун асоси зиндагии арзишманд медонад. Конфутсий, фалсафаи чинии қадим, донишро ҳамчун роҳи ба даст овардани ахлоқи олӣ ва шаъну шараф медонист, ва мегуфт, ки сарват бе роҳи дуруст беарзиш аст. Аристотел, дар Аврупо, илмро ҳамчун омили саодат (eudaimonia) тасвир карда, онро болотар аз арзишҳои моддӣ медонист. Дар асри миёна, Томас Аквинский (Thomas Aquinas, асри XIII) илмро ҳамчун чароғи рӯҳӣ ва роҳи шинохти Худо медонист, ки болотар аз моддиёт аст, ва Аристотелро бо масеҳият мутобиқ карда, таъкид мекард, ки илм ахлоқро комил мегардонад. Дар замони муосир, Карл Поппер (Karl Popper) илмро ҳамчун раванди шинохтӣ ва ҳақиқатҷӯӣ медонад, ки материализмро танқид мекунад ва донишро болотар аз арзишҳои моддӣ муаррифӣ менамояд.

Дар давраи Сомониён (асрҳои IX-X), дар Осиёи Марказӣ, илм ҳамчун асоси шаъну шарафи давлатӣ буд, ва олимоне чун Ибни Сино дар мадрасаҳо таълим медоданд. Дар Аврупои миёнаасрҳо, монастирҳо ҳамчун марказҳои илмӣ илмро ҳамчун роҳи шинохти Худо медонистанд.

Молу давлатро рабояд, нек бингар, рӯзи бад,

Ғурбати дунё физояд, нек бингар, рӯзи бад.

Байт ҳушдор медиҳад, ки молу давлат нопойдор аст ва дунё ғурбат аст. Ин ба фалсафаи стоицизм монанд аст, ки моддиётро муваққатӣ медонад. Лао-тсӣ, дар даоизм, сарватро ҳамчун чизи нопойдор тасвир карда, таъкид мекунад, ки ҳақиқат дар содагӣ аст. Диоген, фалсафаи киноникӣ дар Аврупо, моддиётро рад карда, дар содагӣ зиндагӣ мекард ва озодиро дар дониш медонист. Дар асри миёна, Ал-Ғазолӣ (Al-Ghazali, асри XI-XII) дар "Иҳёи улум ад-дин" моддиётро ҳамчун ҳубоб ва илмро ҳамчун роҳи озодӣ аз дунёӣ таъкид кардааст. Муосирон чун Дэвид Чалмерс (David Chalmers) материализмро танқид карда, илмро ҳамчун шинохти ғайримоддӣ (дуализм) медонанд.

Дар давраи Тимуриён (асрҳои XIV-XV), дар Осиёи Марказӣ, илм ҳамчун асоси пешрафт буд, аммо ҷангҳо нопойдории сарватро нишон доданд. Дар Ренессанси Аврупо (асрҳои XIV-XVII), олимоне чун Леонардо да Винчӣ илмро бар моддиёт афзал донистанд.

Лек, гар панди бузургонро ту зебо биншавӣ,

Сарнавишти некро аз қалби маъно бишнавӣ.

Даъват ба шунидани панди бузургон ва маънои қалбӣ, ки ин ба эпистемологияи интуитивӣ дахл дорад. Ибни Сино (Авиценна) илмро ҳамчун чароғи рӯҳ медонист ва онро болотар аз моддиёт муаррифӣ кардааст. Платон, дар "Ҷумҳурӣ", илмро ҳамчун роҳи ҳақиқат медонист ва молро паст ҳисоб мекард. Дар асри миёна, Ибни Рушд (Averroes, асри XII) илмро ҳамчун мероси Аристотел медонист ва моддиётро ҳамчун монеа барои шинохт танқид кардааст. Муосирон чун Юрген Ҳабермас (Jürgen Habermas) илмро ҳамчун раванди коммуникативӣ ва болотар аз материализм медонанд.

Дар Самарқанд ва Бухорои давраи Сомониён, мадрасаҳо панди бузургонро таълим медоданд. Дар миёнаасрҳои Аврупо, университетҳо чун Оксфорд (асри XII) илмро ҳамчун мероси бузургон ҳифз мекарданд.

Илми моро гар амал бошад, ба дунё хуш бувад,

Неши дунёро асал бошад, ба дунё, хуш бувад.

Илм мушкилотро (неш) ба ширинӣ (асал) табдил медиҳад, ки ин ҳикмати оптимистӣ аст. Будда, дар фалсафаи ҳиндӣ, хирад (prajna)-ро ҳамчун роҳи озодӣ аз азобҳо медонист, ки аз вобастагиҳо сар мезанад. Аристотел илмро ҳамчун воситаи саодат медонист. Дар асри миёна, Ал-Ғазолӣ илмро ҳамчун асоси ахлоқӣ ва болотар аз дунёӣ таъкид кардааст. Муосирон чун Франк Ҷексон (Frank Jackson) дар "Knowledge Argument" илмро ҳамчун шинохти ғайриматериалӣ танқид мекунад.

Дар давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон (асрҳои XX), таълим ҳамчун омили пешрафт ҳатмӣ буд. Дар Ренессанс, таълим барои ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ истифода мешуд.

Гар ту мероси падар аз симу зар дорӣ, чӣ суд,

Симу зарро нест поёни накӯ бо анкабут.

Мероси моддӣ (симу зар) нопойдор аст, мисли тори анкабут. Лао-тсӣ моддиётро нопойдор тасвир кардааст. Диоген содагиро ҳамчун роҳи озодӣ таъкид мекард. Дар асри миёна, Томас Аквинский моддиётро ҳамчун монеа барои саодати рӯҳӣ медонист. Муосирон чун Ҷей Ричардс (Jay Richards) материализмро ҳамчун нокомӣ дар фаҳмиши ҳаёт танқид мекунанд.

Дар пас аз истиқлоли Тоҷикистон (пас аз 1991), арзишҳои миллӣ ба илм баргаштанд. Дар миёнаасрҳои Аврупо, монастирҳо моддиётро рад мекарданд.

Ҳукми дунё тори дори анкабут бошад бидон,

Илму дониш дар ду олам аз бузургонат бихон.

Дунё мисли тори анкабут аст, ва илм абадӣ. Ибни Сино илмро абадӣ медонист. Платон илмро болотар аз мол медонист. Дар асри миёна, Ибни Рушд илмро ҳамчун мероси абадӣ таъкид кардааст. Муосирон чун Карл Поппер илмро ҳамчун раванди ҳақиқатҷӯӣ медонанд.

Дар Тимуриён, илм ҳамчун мероси бузургон ҳифз мешуд. Дар Ренессанс, илм ҳамчун мероси қадимӣ эҳё шуд.

Аз фаросат, аз хирад эъҷози бепаҳно бигир,

Дар радифи амри қисмат давлати ҳамто бигир.

Хирад эъҷози беҳад медиҳад ва давлатро ҳамтои қисмат мегардонад. Конфутсий донишро ҳамчун асоси ҳукмронии одилона медонист. Руссо таълимро ҳамчун роҳи бар зидди ҷомеаи моддӣ медонист. Дар асри миёна, Ал-Ғазолӣ хирадро ҳамчун эъҷози илоҳӣ медонист. Муосирон чун Ҳабермас илмро ҳамчун асоси демократия медонанд.

Дар Сомониён, илмҳои дунявӣ тараққӣ карданд. Дар Реформатсияи Аврупо, таълим барои имони шахсӣ истифода шуд.

Баҳри фарзандон накӯтар дон донишро ҳамин,

Зери арши зиндагӣ зебо бувад фазли қарин.

Дониш беҳтарин мерос барои фарзандон аст. Будда хирадро ҳамчун озодӣ аз азобҳо медонист. Руссо дар "Эмил" таълимро ҳамчун асоси ҷомеаи беҳтар тасвир кардааст. Дар асри миёна, Томас Аквинский донишро ҳамчун мероси рӯҳӣ барои наслҳо таъкид кардааст. Муосирон чун Ричард Докинз илмро ҳамчун асоси пешрафт медонанд, аммо танқидҳо аз материализм вуҷуд доранд.

Пас аз истиқлоли Тоҷикистон, таълим ҳамчун сиёсати давлатӣ аст. Дар Ренессанс, таълим барои наслҳои оянда тараққӣ кард.

Таҳлили шеъри "Илм афзал" ҳикматҳои умумибашариро аз фалсафаҳои шарқӣ ва ғарбӣ илҳом гирифтааст, бо иловаи андешаҳои олимони асри миёна ва муосир. Аз нигоҳи таърихӣ, он бо анъанаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо пайванд аст ва дар замони муосир ҳамчун даъват ба илмпарварӣ аҳамият дорад.

ҚУРБОНОВА ШИРИН, сарходими илмии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих.

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як давлат маънии соҳибихтиёрии комил дар ҳукуматронӣ ва идора кардани корҳои дохилӣ ва хориҷии хешро дорад. Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушд ва эътимоди миллӣ қарор дошт, 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард, ки оғози марҳалаи муҳим барои давлат, миллат ва халқ аст. Ҳоло, пас аз 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бо назардошти натиҷаҳои ба даст овардааш дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, ба таври муназзам рушд мекунад.

Пас аз эълони истиқлолияти давлатӣ дар санаи 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии рӯбарӯ гардид. Баъд аз барқарор кардани амнияти комили кишвар, Тоҷикистон тадриҷан ба таҳкими сохтори давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт ва беҳбудии иҷтимоии аҳолӣ даст ёфт. Дар зарфи 34 соли соҳибихтиёрӣ, Тоҷикистон ба дастовардҳо ва пешрафтҳои назаррас ноил шуд. Равандҳои таҳаввулот дар бахшҳои мухталиф хеле зиёданд, вале ба таври умумӣ, як қатор дастовардҳои калидӣ ҳосил шуданд.

1. Барқарор кардани сулҳ ва амният

Пас аз ҷанги шаҳрвандии 1992-1997, Тоҷикистон ба як марҳилаи нави сулҳ ва суботу устуворӣ ворид шуд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва имзо шуд, ба барқарор намудани амният ва муттаҳид кардани ҷумҳурӣ кӯмак кард. Ин сулҳ ва оромиш имкон дод, ки кишвар ба рушд ва таҳкими сохторҳои давлатӣ шурӯъ кунад.

- Роҳандозии механизми сулҳ ва созишҳо: Истиқрори сулҳ дар соли 1997 натиҷаи музокираҳои мусбат бо кӯмакҳои дипломатии байналмилалӣ буд.

- Ҳал кардани низоъҳои дохилӣ: Муносибатҳои сиёсӣ ва фарҳангии мухталиф, ки пештар ҳамчун хатар буданд, ба як сатҳи ҳамгироии миллӣ ва баробарӣ расиданд.

2. Рушди иқтисодиёт

Гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ: Пас аз истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, Тоҷикистон аз иқтисодиёти нақшавӣ ба иқтисоди бозаргонӣ гузашт. Ин ба ташаккули иқтисодиёти бозаргонӣ, рушди сармоягузорӣ ва таҳкими бахши хусусӣ кӯмак кард. Ҳарчанд дар муқобили чунин таҷриба бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ шуд, кишвар тадриҷан ба иқтисоди мустақил шурӯъ кард.

Рушди бахши кишоварзӣ: Дар давоми 34 соли истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан пахтакорӣ, меваҷоту сабзавот ва ғайраҳо, муваффақиятҳои назаррас ба даст овард. Мақсади асосии кишоварзӣ - таъмини хӯроки маҳаллӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулот буд.

Энергетика: Тоҷикистон бо истифода аз захираҳои энергияи гидроэлектрии худ ба як шохаи иқтисодиёташ такя мекунад. Хати нерӯгоҳҳои обии бузург, ба монанди НБО Роғун, яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои энергетикии кишвар мебошад.

Саноат ва технологӣ: Пешрафт дар саноат ва тавсеаи бунёди корхонаҳо ва фабрикаҳо низ нақши қалидӣ дар рушди иқтисод дошт. Иҷрои ислоҳоти саноатӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ва хом асосан ҳадафи боло бурдани истеҳсолот ва равнақи истеҳсолот буд.

3. Инфрасохтор ва нақлиёт

Инфрасохтори роҳ: Тоҷикистон ба бунёди инфрасохтори роҳҳои оҳан, шоҳроҳҳои автомобильӣ ва сохтмони роҳҳои калон диққати махсус дод. Бунёди роҳҳо ва хати нақлиётии байналмилалӣ як марҳилаи муҳим дар таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя мебошад.

Роғун ва нерӯгоҳи барқи обӣ: Нерӯгоҳи Роғун яке аз самтҳои асосии инфрасохтор дар бахши энергетикаи кишвар мебошад, ки метавонад ба таъмини нерӯи барқ ва бозори минтақавӣ кӯмак кунад.

4. Таҳсилот ва илм

Системаи таълимӣ: Дар соҳаи маориф, дар муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон таълимоти асосӣ ва миёна бо стандарти ҷаҳонӣ инкишоф ёфт. Бунёди мактабҳои нав, донишгоҳҳо ва марказҳои илмию таҳқиқотии миллӣ имконияти таҳсилот ва ба даст овардани маълумоти муосирро фароҳам овард.

Барномаҳои илмӣ ва таҳқиқоти муҳими илмӣ: Тоҷикистон дар соҳаи илм таҳқиқоти назаррас дар бахшҳои техникӣ, аграрӣ ва тиббӣ анҷом дод, ки натиҷаҳои онҳо ба рушди кишвар кӯмак карданд.

5. Саломатӣ ва фароғат

Тавсеаи беморхонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ: Тоҷикистон дар давоми 34 сол кӯшиш кард, ки беҳбудиҳои зарурӣ барои таъмин кардани саломатии аҳолии худ бо бунёди беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ таъмин кунад.

Пешрафтҳои тиббӣ: Таҳкими системаҳои тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба мутахассисон, таҷҳизотҳои замонавӣ ва маводи тиббӣ заминаи беҳтари хидматрасониро фароҳам овард.

Варзиш: Тоҷикистон дар варзиш низ пешрафтҳои назаррас дошт, бахусус дар майдонҳои байналмилалӣ, ки бо гирифтани медалҳо ва ҷойҳои олӣ дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, ба он шӯҳрат ёфтааст.

6. Таъсири ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳо

Ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ: Тоҷикистон дар ду даҳаи ахир барои таҳкими муносибатҳояш бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ кӯшиш кард. Ба таври вижа, ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди СММ, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки рушди Исломӣ ва IMF, ба рушди иқтисодиёт мусоидат намуд.

Пайвастшавӣ ба созмонҳои байналмилалӣ: Тоҷикистон пас аз истиқлолият ба даст овардан ба созмонҳои байналмилалӣ шомил шуд, ки дар беҳбуди муносибатҳо ва рушди иқтисодӣ, сиёсии ва дипломатии кишвар нақш гузошт.

7. Сулҳ ва барқарор кардани ҳамгироии миллӣ

Қудрати якпорчагии миллӣ: Ба туфайли саъю кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсӣ, кишварро ба як ёдоварии равшан ва ватандӯстӣ бурд, ки боиси эҳёи пайвастагии халқ ва бозсозии муҳити сулҳ гардид.

Дастовардҳои назарраси таърихию фарҳангӣ: Дастовардҳои фарҳангӣ ва таъсис ёфтани як тамаддуни нав дар назди ҷомеа ҳамчунин дар давраи истиқлолият ҳиссаи назаррас дошт.

Хулоса

Пас аз 34 соли истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун дастовардҳои назаррас ва пешрафтҳои муҳиме ба даст овард. Бо вуҷуди мушкилот ва таҳдидҳои ҷиддӣ, кишвар ба як давраи нав ворид шуд ва барои рушд ва беҳбудии таълиму тарбия, илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, саломатӣ ва ҳуқуқи инсон саъй ва кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Меҳвари асосии ҳамаи ин дастовардҳо на танҳо барқарор кардани сулҳ ва амният, балки таҳкими сохтори давлати демократӣ, бунёди инфрасохтори муосир ва таваҷҷӯҳ ба манфиатҳои миллӣ мебошад.

Шокиров Имомалӣ Назарович, ходими илмии МД Маркази таҳқиқоти

технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Истиқлолият падидаи муҳими конститутсионӣ-ҳуқуқӣ буда, маҳз ба туфайли он соҳибихтиёрии миллӣ эълон гашта, шакли идораи давлатӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ муайян карда мешавад.

Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 онро ба даст овард, давраи нави ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории миллро асос бахшид. Ин давраи сифатан нави инкишофи қонунгузории ватанӣ буда, аз ҷумла, бо пойдор намудани падидаҳои нави судии кишвар, ки дар заминаи ҳокимияти судӣ адолатварзиро касб кардаанд, тобиши фарқкунанда дорад.

Дар бораи сифати давлатдории муосир андеша ронда, набояд фаромуш кард, ки он бо ҳокимияти судӣ дар робитаи мустаҳками ташкилӣ ва функсионалӣ қарор дорад. Қонунҳои давлатиро қабул намуда, мақомоти қонунгузор тартиботи ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар субъектонро ҷорӣ менамояд. Мақомоти иҷроия баҳри иҷроиши қонунҳо воқеан онҳоро амалӣ менамояд. Ҳокимияти судӣ вазифаи ҳифз намудани ин ҳуқуқҳоро тавассути назорат бурдан, ҷорӣ намудани қонуният, ҳал намудани баҳсҳо ва баровардани адолати судӣ иҷро менамояд. Дар натиҷа ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамеша барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат кушиш ба харҷ медиҳанд.

Маълум мегардад, ки ҳокимияти судӣ дар таъмин намудани адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад. Инро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали соҳибистиқлол гаштанаш рӯй ба такмили низоми судии кишвар оварда, то имрӯз алакай чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии кишварро қабул ва амалӣ гардонида истодааст.

Аҳамияти ин Барномаҳо дар он аст, ки барои такмил додани низоми судӣ ва ҷорӣ намудани падидаҳои нави он заминаҳои моддӣ, мурофиавӣ ва воқеъиро пойдор менамоянд. Масалан тибқи Нақшаи амалигардонии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2011, дар сохтори судҳои умумии ВМКБ, вилоятҳо, суди ш.Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани мушовараҳои судии махсусгардонидашудаи маъмурӣ ва оилавӣ дар назар дошта шуда буд ва он тибқи Нақшаи номбурда бо Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳо» соли 2010 амалӣ гардонида шуд. Ҳамин тариқ дар Тоҷикистон падидаҳои нави судӣ, яъне судҳои маъмурӣ ва судҳои оилавӣ ташкил карда шуд, ки ин низоми судии кишварро такмил дод.

Мақсад ва мароми таъсис додани падидаҳои номбурдаи судӣ аз такмил ва тақвият додани ҳокимияти судӣ, махсусгардонии онҳо ба намуд ва шакли мурофиавии пешбурди парвандаҳои ҳамном ва ба онҳо мувофиқ гардонидани баровардани адолати судиро дар назар дорад. Мутаассифона баррасии парвандаҳо дар судҳо аз асосҳои илмию назариявии амалияи эътирофшудаи қонунгузорӣ чанде дур рафтааст. Масалан, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маъмурии судҳои ВМКБ, судҳои вилоятӣ, ва ш.Душанбе бо баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаи дуюми судӣ, гузаронидани ҷамъбастиҳои судӣ бо чунин парвандаҳо машғул мебошад, ки ба таъиноти консептуалии судҳои маъмурӣ мувофиқ нест. Зеро аз ҷиҳати илмӣ бо тариқи докториналӣ асоснок карда шудааст, ки воҳидҳои судии махсусгардонидашуда, аз ҷумла судҳои маъмурӣ бояд парвандаҳоеро баррасӣ намоянд, ки баҳсҳо вобаста ба онҳо зимни муносибатҳои ҳуқуқи оммавӣ ба вуҷуд омадаанд. Баҳсҳои ҳуқуқи оммавӣ ин баҳсҳое мебошад, ки дар мавриди шикоят овардан аз санад, амал (беамалӣ)-и мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахси мансабдор ва хизматчии давлатӣ ба миён омада ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро вайрон ё маҳдуд намудаанд. Асоси моддии ин намуди баҳсҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» (1996с), мод. 13 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шудааст. Тартиби мурофиавии баррасии ин парвандаҳо, хусусиятҳои мурофиавии хос доштани онҳо дар меъёрҳои зерфасли 3, бобҳои 22-23 КМГ ҶТ, фасли 3 боби 23 КМИ ҶТ ва дар боби 6-и КРМ ҶТ ҷой доранд.

Ногуфта намонад, ки дар давлатҳои Аврупо (Фаронса, Олмон ва ғ.) ва инчунин дар Қазоқистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун зерфасли ҳуқуқи ҷиноӣ (ҷазоӣ) баррасӣ карда мешавад ва ба тартиби баррасии баҳсҳои оммавӣ-ҳуқуқӣ ягон алоқамандие надорад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои ин намуди мурофиаи судӣ Кодекси махсуси рафтори ношоистаи маъмурӣ (административные проступки) қабул карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли 2013 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия ва қабул карда шудааст. Лекин ин кодекс тавассути қолаби замони шуравӣ тарҳрезӣ шуда, саҳван баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бештар ба мурофиаи гражданӣ шабоҳат додааст, ки ин ба андешаи мо начандон дуруст аст. Зеро мӯҳтавои ин қонун аз ҷазо додан (новобаста аз намудаи ҷазо: ҷарима ё ҳабси маъмурӣ) иборат мебошад, аз ҳамин лиҳоз вай бинобар хусусияти ҷазоӣ доштанаш бо тартиби пушбурди мурофиавии гражданӣ ҳеҷ алоқамандие надорад.

Падидаи тозабунёди судии замони истиқлолият адлияи ювеналӣ мебошад, ки бо ташаббусӣ Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд то соли 2017 дар кишварамон таъсис дода шавад.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо фармони Президенти кишвар аз 5 январи соли 2015 таҳти рақами №32 тасдиқ гардидааст, қайд карада шудааст, ки дар асоси тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин банди 13 Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2015 таъсиси судҳои ювеналӣ пешбинӣ карда шудааст. Пайваста ба ин банди 11-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия ва Вазорати корҳои дохилии кишварро вазифадор намудааст, ки то соли 2017 масъалаҳои ташкил ва таъсиси судҳои ювеналиро мавриди омӯзиш қарор дода, дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

Аз ҷиҳати фаҳмиши умумибашарӣ дар зери мафҳуми адлияи ювеналӣ системаи муассиса ва ташкилотҳо фаҳмида мешаванд, ки барои пиёда намудани адолати судӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ҳиссагузоранд. Яъне ин ташкилоту муассисаҳо судӣ ва ғайрисудӣ-квазисудӣ шуда метавонанд, ки ба зиммаи онҳо тибқи қонун пешгири кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии ноболиғон, омода намудани парвандаҳои маъмурӣ,баррасии ин парвандаҳо, иҷроиши санад ва қарорҳо оидба ин парвандаҳо, ислоҳ намудан ва аз нав тарбия кардани ноболиғон гузошта шудааст.

Аз ҷиҳати луғавӣ адлияи ювеналӣ аз калимаи лотинӣ гирифта шуда juvenālis-наврасона, нболиғонаjūstitia-баровардани адолати судро ифода менамояд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ мафҳуми “адлияи ювеналӣ” ҳам бо мазмуни васеъ ва ҳам бо мазмуни маҳдуд пешниҳод карда мешавад. Масалан, тибқи ақидаи И.И.Мартинович адлияи ювеналиро дар замони муосир низоми муассисаҳо ва ташкилотҳои судӣ, полис (милитсия), прокуратура, адвокатураи ювеналӣ, айбдоркунандагони ҷамъиятӣ, хизмати равоншиносони касбӣ ва низоми муассисаҳои ислоҳӣ бояд ташкил диҳанд, ки бо ноболиғони ҳуқуқ-вайроннамуда ё ҷиноят содир карда дар асоси қонунгузориҳо, аз ҷумла қонунгузориҳои мурофиавӣ бо фаъолияти тарбиявию ислоҳкунӣ машғуланд.

Муаллифони лоиҳаи қонун “Дар бораи судҳои ювеналии Федератсияи Руссия” Э.Б.Мелникова ва Г.Н. Ветрова бар он ақида мебошанд, ки системаи адлияи ювеналӣ аз низоми мақомотҳои давлатӣ иборат мебошад, ки ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғонро таъмин менамоянд.

Гурӯҳи муаллифон бо сарварии В.Д.Ермаков, ки соли 1999 лоиҳаи қонун “Дар бораи асосҳои қонунгузории адлияи ювеналӣ дар Федератсияи Руссия”-ро таҳия намуда буданд, тасдиқ менамоянд, ки адлияи ювеналӣ аз маҷмӯи механизмҳои ҳуқуқии тиббӣ-иҷтимоӣ, равоншиносӣ-педогогӣ, ислоҳкунандагӣ (реабилитатсионӣ) ва дигар расмиётҳо ва барномаҳое, ки барои пурра таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон, инчунин шахсоне, ки ба тарбияи ноболиғ масъуланд ва тавассути мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ амалӣ менамоянд, иборат мебошанд.

Дар лоиҳаи номбурда ба падидаи адлияи ювеналӣ ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, судҳои ювеналӣ бо сохторҳои ёрирасон (маслиҳатхонаҳои ҳуқуқи кӯдак – адвокатҳо бо корҳои ноболиғон, таҳқиқ ва тафтишоти ювеналӣ), кормандони ҳифзи иҷтимоӣ (комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти васӣ ва парасторӣ, телефонҳои боварӣ, оилаҳои кӯдакро қабул намуда, муассисаҳои ҳуқуқҳимоякунии ҷамъиятӣ ва дигарҳо) ворид карда шудаанд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки мавқеи марказиро дар низоми муасисаҳои ювеналӣ судҳои ювеналӣ ташкил медиҳанд, онҳо дар доираи салоҳиятҳояшон парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва гражданиро, ки яке аз тарафҳои онро ноболиғон ташкил медиҳанд, баррасӣ менамоянд. Вазифаҳои асосии ин муассиса ва ташкилотҳо, аз ҷумла суди ювеналӣ, аз ҳимоя намудани ҳуқуқи наврасон, ноболиғон ва ислоҳ намудани онҳо иборат мебошад.

Бояд тазакур дод, ки дар қонунгузории имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми адлияи ювеналӣ дода нашудааст, ҳамчунин қонуни махсус дар бораи адлияи ювенали коркард ва қабул нагаштааст. Иқдоми аввалин дар кори таъсис додани адлияи ювеналӣ дар Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқии дар боло номбурда оварада шудаст.Муҳимияти адлияи ювеналиро ба назар гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кори таъсиси ин падидаи ҳуқуқӣ нисбат ба дигар давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, чанд қадам пеш гузошт ва бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсисдода шавад.

Асосҳои ташкилию-ҳуқуқии адлияи ювеналӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузориҳои дигар, аз ҷумла дар Кодекси оилаи ҶТ, Кодекси ҷиноятии ҶТ, Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶТ, Кодекси иҷрои ҷазои ҶТ, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи сисёсати ҷавонон”, “Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, “Дар бораи ҳуқуқи кӯдак” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзими худро ёфтаанд.

Дар моддаи 2 и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” аз 18 марти соли 2015, №1196 қайд карда шудааст, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати таъмин ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои кӯдаконро пеш гирифта, аз ҷумла баҳри таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон чораҳои роҳ надодан ба поймолкуниионҳо, таҳкими кафолатҳои асосии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, барқарор кардани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳоро андешида, ташаккули асосҳои ҳуқуқии манфиатҳои қонунии кӯдаконро кафолат медиҳад.(м.3)

Баҳри амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак самтҳои афзалиятнок муқарар карда шудааст, ки аз ҷумла инҳо мебошанд: муқаррар намудани ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; дастгирии давлатии оила бо мақсади тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдак, ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ, омода намудани кӯдакба зиндагии шоиста дар ҷомеа; эътирофи афзалияти ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, бо мақсади таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо; роҳ надодан ба табъизи кӯдакон, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, динӣ, забонӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва молумулкӣ, вазъи саломатӣ ва дигар аломатҳо; дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдаконро ҳифз менамоянд.

Барномаи ислоҳоти судӣ ҳуқуқии кишвар барои солҳои 2015-2017 дар Тоҷикистон таъсис додани судҳои ювеналиро ба нақша гирифтааст, ҳамзамон дар ин раванд, бо мақсади таъмини адолат нисбати ноболиғон, ҳаматарафа таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, дар рафти таҳқиқ ва тафтишфароҳам овардани муҳити солим ба ноболиғон, инчунин баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар суд, муайян намудани судяҳои баррасикунандаи парвандаҳо оид ба хуқуқвайронкунии ноболиғон дар ҳайати судҳои амалкунанда ва такмили қонунгузорӣ, аз ҷумла такмил додани қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад ҳисобида шудааст.

Доир ба ин иқдоми нек ибрози назар намуда, дар он андешаем, ки баҳри таъсис додани системаи мустақили адлияи ювеналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, хусусан аз натиҷаҳои таҷрибаи вилоятҳои Ростов, Саратов, Маскав, Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия истифода намуда, ба сифати намуна дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ судҳои ноболиғон таъсис дода вобаста аз натиҷаҳои ба даст овардаи фаъолияти дусолаи ин судҳо дар кори ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таъсиси системаи мустақили судҳои ноболиғон ё дар сохтори судҳои умумӣ таъсисдодани воҳидҳои судӣ оид ба корҳои ноболиғон ба мақсад мувофиқтар аст. Ҳамчунин баҳри ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқ намудани шакл ва сифати судҳои ноболиғон омӯхтани таҷрибаи давлатҳои Украина, Гурҷистон, Қазоқистон, Эрон ва Туркия барои аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани ин падида аз манфиат холӣ намебошад.

Иброҳимов С.И. – сарходими илмии шуъбаи Ҳуқуқи давлатии

ИФСҲ АМИТ, доктори илмоҳи ҳуқуқшиносӣ, профессор

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм