
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ як мафҳуми муҳими иҷтимоиву сиёсӣ буда, маънои ҳамгироии қишрҳои гуногуни миллатро дар як ҷомеа ифода мекунад. Он ба ҳолате ишора мекунад, ки дар он мардум, новобаста аз миллат, нажод, забон, дин ва маҳалли зист, бо якдигар дар сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил зиндагӣ мекунанд ва барои рушди ҷомеа саҳм мегиранд.
Мафҳуми Ваҳдати миллӣ дар шароити Тоҷикистони муосир аҳаммияти махсус пайдо кардааст, зеро он асоси барқарорсозии сулҳ, субот ва пешрафти мамлакат пас аз давраи ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ваҳдати миллӣ на танҳо ҳамчун истилоҳи сиёсӣ, балки ҳамчун арзиш дар шуури шаҳрвандон нақши муҳиму калидӣ бозида, заминаи барои тақвияти давлатдорӣ, ягонагии забонӣ, ва рушди фарҳанг мебошад.
Ин мафҳум ҳамчунин бо принсипҳои баробарӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба гуногунандешӣ ва ягонагии ҳадафҳои миллӣ алоқаманд аст.
Ваҳдати миллӣ замина фароҳам меорад, ки намояндагони табақаҳои иҷтимоии гуногун, миллатҳо ва ақаллиятҳои миллӣ худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос намоянд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари амну осуда ва дар сатҳи байналмилалӣ ташаббускори масъалаҳои обу иқлим табдил дода шуд. Вазъи иқтисодӣ бошад, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда ба тадриҷ рӯ ба инкишоф ниҳода, бо қабул шудани стратегияҳои махсус аз ҷониби давлату ҳукумат ҳалли пурраи худро ёфта истодаанд.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузург ва беҳамто аст. Мо, ҳамагон шоҳид ҳастем, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, давлатҳои аз лиҳози сохтори сиёсӣ куллан мустақил ба вуҷуд омаданд, ки дар назди онҳо вазифаҳои ниҳоят муҳимму тақдирсоз, ҳамаҷониба мустаҳкам ва қавӣ гардонидани истиқлоли ба даст омада меистод.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ шахсоне ба майдони сиёсӣ ворид гардида, ба хотири ҳарчи зудтар ба даст овардани ҳокимият бо мадади душманони берунӣ ва дохилӣ, дар кишвари мо боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва гуреза гаштани даҳҳо ҳазор мардуми осоиштаи ҷумҳурӣ гардиданд. Аз соли 1992, вақте ки дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олӣ ин фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат по ба арсаи роҳбарии давлат ниҳоданд, чи гуна ин шахсияти таърихӣ барои аз вартаи ҳалокат баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсии кишвар, ба ҳам овардани гурӯҳҳои муқобил ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд. Маҳз ба шарофати ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишварамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ барқарор гардид ва берун аз хоки Ватан ҳеҷ як гурезае намонд. Аз ин рӯ, номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеаи мо пазируфта шуд ва ҳамчун шахсияти неруманди сиёсатмадор дар арсаи ҷаҳон шинохта шуд. Ба андешаи мо чеҳра ва симои Ҷаноби Олӣ воқеан беҳтарин намунаи чеҳраи сиёсӣ ва олитарин намунаи миллат аст. Сулҳу ваҳдати деринтизор маҳз ба тавассути ин марди далеру шуҷоъ дар сарзамини азияткашида ва қариб пора-пора гаштаи тоҷик қадам ранҷа намуда, оҳиста – оҳиста, зарра – зарра ба ҳам омаданд.
Бо шарофати сулҳу Ваҳдати миллӣ бо такя ба хиради азалӣ, бо дарки томи масъулияти ватандорию хештаншиносӣ мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари оқилу дурандеш ва муътабари хеш Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳон устувортар намуд. Бунёди шоҳроҳу пулҳои азим, эҳёи «Кохи нур» ва барафрохтани шуълаҳои умедбахш, коштани донаҳои умеду сарсабзу хуррамгардонии диёр, баҳравар сохтани насли наврас аз нури маърифат самараҳои неки ин дастоварди таърихии миллати тоҷик – Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.
Рушди ҷомеа, рӯзгори орому осуда ва умеду орзуи ҳар як шаҳрванд танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ метавонад, амалӣ шавад. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ба таври пайваста таъкид менамояд, ки: «Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи Истиқлоли озодӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ хело ҳам муҳим мебошад. Яъне, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад».
27 июни соли 1997 рӯйдоди муҳиме дар таърихи навини тоҷикон ба вуқуъ пайваст.
Роҳбари дурандеши соҳибхирад дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ва барои миллат тақдирсоз тамоми нерӯи тавони худро барои пас гардонидани муҳоҷиронн иҷборӣ, даъвати мухолифин барои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти амну осоишта равона намуд. Хушбахтона, бо мақсадҳои наҷиби хеш расид. Дар сарзамини тоҷикон сулҳу ваҳдати комил тинҷию амонӣ ҳукмрон гардид ва бунёдкориву созандагии ҷомеа оғоз гардид. Ин рӯзи тақдирсоз барои халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст.
Шоири зиндаёд, устод Лоиқ Шералӣ чунин нигошта аст:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ ба диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Фарзандони фарзонаи миллат, таҳти сарварии хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як фарди ватандӯст, худогоҳ, хештаншинос, хирадманду дурандеш, ҷасуру тавоно миллатро аз парокандагӣ, Ватанро аз хавфу хатар, халқро аз хорию залилӣ берун оварданд.
Бояд гуфт, ки таҷриба ва формулаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши кишварҳои мухталифи олам, хусусои, кишварҳое, ки дар онҳо низоъҳои дохилӣ ҷараён дорад, қарор гирифтааст. Дар ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналхалқӣ сулҳи тоҷикон намунаи ибрат дониста мешавад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид карда буданд, ки: «Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.
Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт».
Лозим ба тазаккур аст, ки меҳвари рушди ҳаёти мардум ва пешрафту тараққиётро сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, поянда ва устувору ҷовидона нигоҳ доштани сулҳу суботи сартосарӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини нозанинамон маҳсуб меёбад.
Ваҳдат раванди ногусастании ҳаёти ҷомеа аст ва таҳкими он ҳамеша саъю кӯшиши хастанопазири аъзои ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои расмию ва ғайрирасмиро тақозо менамояд. Дар раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ бахусус саҳми олимон басо ҳам назаррас аст.
Чун асарҳои илмии олимони кишварамон ба муҳимтарин мушкилоти таъмини амният, рушди иқтисод, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ нигаронида шудааст. Вобаста ба тақозои ҷомеа месазад, ки доираи биниши олимон тағйир пазирад. Яъне ғаразхоҳиву нодида гирифтани ҳаводис, васвасаҳои барҳам дарҳами бузургтарошии бебунёд даст шуста, аҳлонаву сарҷамъона баҳри густариши давлати соҳибистиқлоламон садоқатмандонаву ҷонсӯзона меҳнат намоем. Зеро мо метавонем. Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак, дустони азиз!
Ба ифодаи шоир:
Арҷмандӣ халқро аз ваҳдат аст,
Ваҳдатиин хонадон ояд ҳаме.
1.Эмомалӣ Раҳмон. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI. Дар кит. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат.Ҷилди сеюм. – Душанбе: «Ирфон», 2002, 512 с. – С.469.
2. Раҳмонов Э. (Эмомалӣ Раҳмон). Тоҷикон дар оинаи таърих. – Душанбе: Ирфон, 2001.
3. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе, 1997.
Саидзода Ҳалим Азиз - доктори илмҳои филология,
профессор, мудири кафедраи забонҳои
хориҷии назди Раёсати Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон
Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиӣрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноӣишаҳои дохилӣ ва муӣовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иӣтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.
Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва неруҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иӣтисодии давлати навакак ба истиӣлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуд. Дар натиҷа дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оварда шуд.
Баъди баргузории 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ бо намояндагони мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиӣрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 ҳуҷҷат имзо гузоштанд.
Дар бораи аҳамияти имзои ин санади муҳим Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар минтаӣа барӣарор гардонида, пояҳои Истиӣлолияти давлатии Тоҷикистонро ӣавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».
Имрӯз Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги худ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби омӯзиш дар Донишгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва Кения табдил ёфтааст. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳомез ва эҳтироми арзишҳои башарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтанд.
Тоҷикистон имрӯз бо зиёда бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барӣарор намуда, 192 давлат истиӣлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст. Дар заминаи моддаи 11 Конститутсияи мамлакат ба созмонҳои минтаӣавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ аъзо буда, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ менамояд, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодоти мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Дар кишвар стратегияҳои калидии рушди миллӣ — аз ҷумла, истиӣлолияти энергетикӣ, амнияти озуӣаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ — пайгирона амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин муваффаӣиятҳо меваи ширини Ваҳдати миллӣ аст.
Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиӣрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавӣулодаи худ бо Эъломияи истиӣлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиӣлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагию ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳию худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Истиӣлолият бошад ба мо имконият дод, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воӣеӣ ва ҷовидонаи миллат шуруъ намоем. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо истиӣлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар ӣадр кунем. Онҳоро чун муӣаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ва ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки пояи давлати мо мањз бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд.
Дар ин росто зарур мешуморем, ки дар бораи наӣши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва ниҳоди сарварӣ дар пойдор намудани ваҳдати миллӣ ӣайд намоем.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт, барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён иҷлосияи таърихӣ ва таӣдирсоз буд. Ин иҷлосия ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боӣӣ хоҳад монд.
Дунё бори дигар баъди ба даст овардани истиӣлол, сарзамини тоҷикро бо симо ва номи аслии худаш – Тоҷикистон, њамчун миллати бузурги соҳиби номаи худшиносӣ, Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ шинохт.
Зикр намудан зарур аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини амнияти миллии кишварро мустаҳкам намудан зарур аст.
Ҳоло инсоният бо хатару таҳдидҳои мутлаӣан нав дучор гардидааст, ки масъалаи ваҳдати миллиро боз муҳимтар ва мубрамтар намудааст.
Аз дидгоҳи он, ки минтаӣаи Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи бозиҳои геополитикӣ ва манифатхоҳии давлатҳои абарӣудрат ӣарор дорад, Тоҷикистон ҳамчун узви ин минтаӣа аз доираи таъсир берун буда наметавонад. Фазои минтаӣа таӣозо менамояд, ки муҳити идеологиву сиёсии кишвар боз ҳам пурӣувват карда шавад.
Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи ваҳдати миллиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгароии динӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро дар баъзе кишварҳо гурӯҳҳои ҷаҳолатпарасту мутаассибе паноњ гирифтанд, ки зери ниӣоби ислом метавонанд ҳар лаҳза амният ва суботро барҳам зананд.
Тавре ки профессор Ятимов С.С дар маӣолаи таҳлилии худ ӣайд менамояд, ки ҷаҳолату таассуб 13 давлатдории тоҷиконро барҳам задааст!
"Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад. Шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суӣути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод.
Давлатдории охирони мо низ метавонист ба вартаи нестӣ ва ин дафъа ба садсолаҳои номаълум ба фано равад. Миллати тоҷикро бори дигар ба ғуломӣ кашад. Онро ҳам сабаб ӣатъан ҷаҳолат мебуд.
Аммо бо талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин давлат барӣарор ва пойдор шуд. Акнун даҳсолаи чоруми он оғоз шуд.
Ҳамин тариӣ, мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воӣеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиӣи халӣамон муяссар гардид.
Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халӣамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиӣлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро бо сарварии Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ кардем.
Мо ин ҷашни муӣаддаси миллиро бояд чун гавҳараки чашм пос дорем, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз кунем. Ваҳдати миллӣ муӣаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Неъматов И - Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т., дотсент
АДАБИЁТ
1. Эмомалӣ Рањмон. Тољикон дар оинаи таърих – Душанбе, соли 2006.
2. Эмомалӣ Рањмон. Истиқлолияти Тољикистон ва эњёи миллат, иборат аз 10 љилд. – Душанбе (солњои 2000-2011).
3. Набиева Р.А., Зикриёв Ф.Б., Зикриёева М.Ф. Таърихи халқи тољик дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI - Душанбе. 2009 с.
4. Намоз Ҳотамов, Давлатхоља Довудӣ, Сайфулло Муллољонов, (Маъруф Исоматов) Таърихи халқи тољик «Эр- граф». Душанбе. 2015 с.
5. Луқмонов Т., Қурбонов Б. Таърихи халқи тоҷик. «Матбуот». Душанбе. 2015 с.
6. Яъқубов Ю. Тољикон- Душанбе. 1996 с.
7. Ятимов С.С. «Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ», маҷаллаи "Илм ва ҷомеа" № 2 соли 2019.
8. Зафар Сайидзода, Фаридун Саидов. Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Рањмон ва рушди устувори Тољикистон. – Душанбе – 2002 с.
9. Иброҳим Усмон. Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҳикистон. Душанбе, 2016 с.
Оилаи солим дар ваҳдатгароии ҷомеа мақоми арзишноке дорад ва танҳо ӯ метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳадди муътадил нигаҳ дорад. Аввал ин ки оилаи солим дар хонавода фазои солиму латиф осудагиву озодагӣ, меҳру муҳаббат, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм ин ки оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу бо одобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм ин ки оилаи солим поя ва ососи ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу суботи ваҳдатгароии ҷомеа кумак мекунад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандони худ беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хонаводагиро, аз қабили тарбия ва тамоми ҷанбаҳои он, омӯхтани забон ва рост гуфторию дурустрафторӣ, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодатро таълим медиҳад. Зеро ки то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кудакӣ ҳисси миллӣ ва меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннат ва худшиносӣ ҷо накунад, фарзанд аз тарбияи ҳувияти миллӣ бехабар мемонад. Ҳувияти миллӣ надоштан ин аз бешахсиятӣ, бенажодии инсон гувоҳӣ медиҳад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳо ва анъанаву маросимҳо, аз 24 майи соли 2007 махсусан таъкид намуда буданд, ки «вазифаи муқаддаси падару модар, пеш аз ҳама, тарбия намудани фарзанди баодоб, хушахлоқ ва ватандӯсту ватанпарвар мебошад».[1]
Аз ин фармудаҳои Президенти муҳтарамамон бармеояд, ки мақоми модар – зани тоҷик на танҳо дар оила, балки дар пешрафт ва ваҳдатгароии ҷомеа ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ ниҳоят бузург аст. Модарон бо як ҳисси баланди ватандӯстиву миллатдӯстӣ фарзандону хонаводаи худро муттаҳид сохта, барои ба даст овардани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ зидди ҳар гуна гуруҳҳои манфигароӣ, ки муқобили давлату кишвар буданд мубориза карда, бо талошҳои зиёде аз кишвари соҳибистиқлоли хеш ва ваҳдати он ҳифз намуданд.
Дар ҳақиқат дар байни занону модарон шахсиятҳое ҳастанд, ки барои беҳбудии оила ва тарбияи дурусти фарзандон ва ояндаи дурахшони онҳо заҳмат мекашанд. Модарон новобаста аз он ки мушкилот ва равандҳои гуногуни зиндагониро аз сар гузаронида бошанд ҳам фарзандонеро дар муҳити давлати ҳуқуқбунёд таълиму тарбия намудаанд, ки барои ваҳдату ба даст овардани истиқлолияти миллӣ дар замони муосир бо афкори илмӣ-фарҳангӣ ва нигоҳи наву кушиш баҳри расидан ба марому мақсади нек бо фарҳангу маърифати боло амал намоянд. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ имконият ва шароит муҳайё кард, ки мардуми кишвар нисбатан озод ва худшиносиву ҳувияти миллӣ дошта бошанд ва пайгири масъалаҳои муҳими рӯз гарданд ва бар зидди ҳар гуна унсурҳои зараррасони бегона ва ҷаҳлу гумроҳӣ, ки бар зидди пешрафти ҳаёт мебошанд, мубориза кунанд.
Дар худшиносии инсонҳо нақши ахлоқ ва фалсафаи он хеле муҳим аст. Фалсафаи ахлоқ шохае аз фалсафа буда, мавзӯи баҳси он афъоли хуб ё бад, дуруст ё нодуруст, аъмолҳои бояду набоядҳо, рафторҳои хайр ва ё шар(р) ва ҳамчунин ботини поку равшан ва ё торику тира ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Фалсафаи ахлоқ навъе аз адабшиносӣ, ва ё с хулқшиносӣ аст, ки асоси раванду равиши ахлоқ – ахлоқи ҳасана ва замимаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мутафаккирони шарқи асримиёнагии тоҷику форс дар атрофии ин мавзӯи муҳим баҳсу мунозираҳои зиёде намуда, бештар аз ҳикмати амалӣ сухан кардаанд, ки мавзӯи баҳси он худи инсон ва хулқу одоб ва одату афъолу кирдори ӯро дар мегирад.
Файзи Кошонӣ (асри 15-16) донишманд ва муаллими воломақоми ахлоқ дар китоби «Ахлоқи ҳасана»-и хеш доир ба ахлоқ ва тамоми категорияҳои он - ҳам ахлоқи ҳасана ва ҳам ахлоқи замима маълумоти васеъ дода, роҳҳои наҷот ёфтани инсонро аз ахлоқи замима ва ё разила, ба монанди ҳасад, бухл, кибру ғурур, такаббуру худхоҳӣ, хабаркашиву хабарчинӣ, забон ва оқибатҳои он, уҷбу худбинӣ, кинаву риё, шаҳватрониву нафспарастӣ, айбҷӯиву тамасхуркунӣ ва амсоли инҳо баррасӣ намудааст. Мутафаккир дар баробари ин категорияҳои ахлоқи нек, яъне ахлоқи ҳасанаро, ба монанди: сабр ва фазилатҳои он, шукр ва фазилати он, ризо, муҳаббат ва навъҳои он, хайру саодат, ростӣ ва дурустӣ ва ғайраҳоро низ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст, ки омӯзиши он барои тарбияи маънавии насли инсонӣ аз аҳамият холӣ нест. Аз ин ҷо, ба волидайн ёдрас менамоем, ки як бор ба оинаи вуҷудашон нигаранд, ки унсурҳои ахлоқи разила то кадом ҳад дар вуҷуди онҳо реша давондааст ва ҳамчунин оинаи қалби онҳо аз категорияҳои ахлоқи ҳасана дурахшиш дорад, ё не. Албатта, ин ҷои айб нест, балки ҷои ислоҳи он аст, то ки баъдан тавонанд фарзандони хешро дар рӯҳияи ахлоқи ҳасана ва ё ҳамида тарбия намоянд ва онҳоро аз аъмолҳои зишт барҳазар доранд ва оилаи солимро ҳифз намоянд.
Ҳадаф аз ҷумлаи поён ин аст, ки чашме, ки комилан аз одаме хушнуд аст, аз изҳори айбҳо оҷиз аст, аммо дидаи норозӣ ҳамаи корҳо ва рафторҳои бадро мебинад ва бе каму кост ба тарафи муқобили худ мегӯяд. Роҳи дигар ин аст, ки инсон ҳар чи аз назари онҳо нисбат ба айбҳои худ мешунавад, саъй намояд, ки он айбу эродҳои худро тарк кунад ва ҳарчи писандида аст омӯзиш намояд, чунки ба қавли Кошонӣ муъмин бародари муъмин аст, яъне айбҳои худро дар ӯ мебинад.[2]
Тарбияи инсон ва фарзандон агар саҳлу осон мешуд, бузургон ва устодони ахлоқ, ба монанди Муҳаммад Закариёи Розӣ («Тибби рӯҳонӣ»), Ҷалолуддини Давонӣ («Ахлоқи Давонӣ»), Ҳусайн Воизи Кошифӣ («Ахлоқи Муҳсинӣ»), Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ («Ахлоқи ҳасана»), Маҳдии Нароқӣ (Ҷомеъ-ус-саодот») ва бисёри дигар мутафаккирон китобҳо ва рисолаву маснавиҳои ахлоқиро барои инсонҳо наменавиштанд ва асрҳо ҳифз намешуданд.
Шояд натиҷаи тарбияи нодуруст аст, ки меҳру муҳаббати бисёр фарзандон фақат ба худхоҳиву пулу молу мошин ва манфиат аст. Он вақт куҷо ваҳдати милливу куҷо ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ мемонад. Аммо имрӯз аксар фарзандону ҷавонони мо аз хондану аз бар кардани илму дониш ва одобу ахлоқи хамида нисбатан дур шуда истодаанд, онгоҳ бо чунин раванди зиндагии беилмиву бедонишӣ ва бефазилатӣ онҳо чигуна аз ваҳдату истиқлолияти миллиамон ҳимоят мекунанд. Волидайни азиз малол нашаванд, лекин ҳанӯз вақт аст, ки ба тарбияи фарзандон бо таваҷҷӯҳ ба талаботҳои замони муосир машғул шавем ва ба кору рафтор ва аъмолу хулқи онҳо бо ҷиддият аҳамият диҳем бад нест. Чунки бояд ба арзишҳои ғамхориву заҳматҳои Пешвои миллатамон расем ва ба гуфтаҳои Он кас амал кунем, зеро ки Ваҳдату Истиқлолияти миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва ин кишвари ободу солим бо муҳаббат ва ишқ сохта шуда истодааст. Бигузор, зебоиҳои табиату сохторҳои онро мо бо ахлоқи писандидаву илму дониш ва маърифати худ боз ҳам зеботару равшантар гардонем.
Дар ҳаёт зану шавҳар шарики зиндагианд ва дар масири зиндагӣ якдигарро ёру ёваранд ва ҷавҳари асосии ваҳдати оилаанд, вале оила дар навбати худ ҷавҳари асосии ваҳдати миллии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҷомеа солим бошад пойдевори асосии давлат аст, бинобар ин оила ва фарзандони солеҳ ин калиди асосӣ ва устувории ояндаи давлат ҳисобида мешавад.
Мақсади тарбия тавсия ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кудак буда, он набояд маҷбурӣ ва тавассути зӯрию танбеҳ амалӣ шавад, балки чунонки гуфта шуд ба ҳолатҳои рӯҳу равони ӯ нигоҳ карда, амал кардан зарур меояд. Агар волидайн тарбияи кӯдакро масъалаи содда шуморанд ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кудак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи некро набояд интизор шаванд.
Тарбияи фарзанд дар асоси ҷаҳонбинӣ, тафаккуру дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, инъикосгари шахсияти падару модар дар тафаккури кудак мебошад. Тибқи ин баёнот волидайн бояд ба ду ҷиҳати масъала диққати худро бештар равона намояд: 1. Таваҷҷӯҳи волидайн ба фарзанд дар оила; 2. Робитаи ҷудонашаванда пайдо кардани волидайн бо мактаб ва муҳити зисти иҷтимоии кудак. Азбаски тавассути масъулияти оила тамоми фазилатҳо ва зебоиҳо ҳамчун гавҳар дар вуҷуди фарзанд кошта мешавад, мактаб ҳам ин равандро идома бахшида, дар рушду такомули фарзандон саҳм мегузорад. Пас, барои расидан ба ин марому мақсади ягона бояд байни муаллимон ва волидайн як иртиботи устувори ҳамдилию ҳамкорӣ ва ваҳдат вуҷуд дошта бошад, то ки фарзандони бошахсияту баномус ва бо ҳувияти ояндасоз ба камол расанд. Бо умеди ояндаи дурахшон ва сарсабзиҳо ҳамқадами замон хоҳем буд ва рӯзи Ваҳдати миллиро барои ҳамаи ҳамватанонамон табрик гуфта, ҳамдилию сарсабзиҳо орзу мекунам.
Муродова Тоҷинисо-номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
[1] Роҳнамо. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо. Душанбе. «Балоғат», 2017.-С.44
[2] Ҳамон ҷо.-С.27
“Бо дар назардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”. Эмомалӣ Раҳмон
Вахдат калимаест, ки бо маънию охангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онхо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст. Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрат ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулх аст, амонию баракат низ он ҷост.
Пас аз истиқлолият бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум кишвари мо парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Бояд қайд кард, ки тақдир ба сокинони Тоҷикистони азиз сарвареро дод ва ин фарзонафарзанди миллат дар ҳақиқат Пешво ва раҳнамои мардум гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада ва санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва инак 28 сол аст, ки бӯстони Ваҳдати миллӣ фазои Тоҷикистони азизро муаттар менамояд.
Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон ҳастии инсон дар хар замину замон аст.
Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Вахдати милли хамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашави қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳои бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургеро иҷро кард.
Расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ризоияту якдилӣ дар таърихи навини давлатдориамон дар баробари Истиқлолияти давлатӣ яке аз беҳтарин дастовардҳои бузург маҳсуб ёфта, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад ва якдигарро комил сохта, роҳи миллатро барои рушду тараққиёт ҳамвор месозанд.
Вобаста ба ин падидаи муҳими таърихи Президенти Ҷумҳурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон чунин таъкид кардаанд: “Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки Ваҳдати милли самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Точикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебахоро мисли гавҳараки чашм азизу гироми дорем ва хифзу нигаҳдори намоем”.
Бояд махсус қайд намоям, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва вахдату ягонаги мо тавонистем дар баробари эҳёи давлатдории точикон ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимои ва фарҳанги, нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилали ба сатхи баланд бардорем. Ваҳдати миллӣ ба василаи талошхои пайвастаи Ҳукумати мамлакатамон барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷи, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа низ таҳкурсии мустахкам ба вуҷуд овард.
Хулоса, Ваҳдати миллӣ на танҳо василаи сулҳу оромӣ, балки пояи асосии рушди устувори давлат маҳсуб мешавад. Танҳо дар шароити ваҳдату ягонагӣ метавон ба ҳадафҳои бузурги миллӣ — пешрафти илм, маориф, иқтисод ва фарҳанг — расид. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар нигаҳдорӣ ва тақвияти ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад. Таърих ва таҷрибаи талхи гузашта моро водор месозад, ки сулҳу суботро қадр кунем ва барои фардои дурахшони Ватани азизамон — Тоҷикистон, муттаҳидона кӯшиш намоем.
Назарова З.К. лаборанти калони ШҶБ-и Институти астрофизикаи АМИТ
«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
(Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Бешубҳа, мафҳуми «ваҳдати миллӣ» барои ҳар миллат ҳамчун арзиши олии маънавию сиёсӣ эътироф мегардад ва халқу миллатҳои ҷаҳон ба он аз тариқи равишҳои мухталиф ва дар пайи таъсири омилҳои гуногуни дохилию хориҷӣ мерасанд. Вале таҷриба ва воқеияти таърихӣ собит менамояд, ки ваҳдати ҳақиқӣ ва устувори миллӣ танҳо дар сурате дар ҷомеа ё давлат таъмин мегардад, ки дар ин раванд омилҳои дохилӣ мавқеи марказӣ дошта бошанд. Ин маънои онро дорад, ки аъзои ҷомеа ё сокинони кишвар ба зарурати таърихӣ ва аҳамияти стратегии ваҳдати миллӣ ба таври амиқ ва огоҳона дарк намуда, дар таҳким ва ҳифзи он бо дарназардошти манфиатҳои сарзамини аҷдодӣ саҳми фаъолу масъулона гузоранд.
Маънову моҳияти кӯтоҳи ваҳдат дар ҳамдилӣ ва иттифоқ, яъне дар ҷамъияти инсонӣ инсонвор зистан аст, ки онро фарҳанги ваҳдатофар меноманд. Ба ибораи дигар, ваҳдат зиндагии бохирадона аст ва он ба танҳоӣ ва бидуни корбурди ақл маъно надорад, балки бо дигарон, бо аҳли ҷомеа ба арзиши муқаддас табдил меёбад.
Барои ҷомеаи тоҷикистонӣ, ки дар тӯли таърих ба ҷабру ноадолатиҳои зиёд дучор гардонида шуда, дар оғози истиқлолияташ ба хатари нобудӣ ҳам расонида шуд, ваҳдат ба маънои аслии он, яъне дар атрофи мафкураи умумимардумӣ, умумимиллӣ ва манофеву марому орзуҳои миллӣ якдилу якмаром ва якпорча шудан дар як радиф бо муқаддасоти дигари миллӣ, ба мисли Ватан, модар, истиқлол мақом гирифтааст.
Дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккули ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, ба омилҳои дохилии ҷомеа, махсусан ба фарҳанги қадимаи сулҳофар ва хирадгароёнаи миллати тоҷик вобастагии амиқ дорад. Дар ин раванд дарки дурусти аҳамияти ваҳдати миллӣ, шинохти моҳият ва нақши стратегии он дар сарнавишти миллат ва давлати миллӣ ҳамчун хусусияти хоси ин кишвар ба назар мерасад.
Новобаста аз дахолатҳои пайваста ва монеаҳои зиёде, ки дар пешорӯи давлати ҷавон қарор доштанд, барои миллате, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва саҳми хоси худро гузоштааст, ягона роҳи расидан ба истиқлоли комил ва эҳёи давлатдории миллӣ ин муттаҳид сохтани тамоми миллат ва сокинони ин сарзамини куҳан дар атрофи Ватани аҷдодӣ ва масъалаҳои муҳими он буд, ки огоҳона ва ҳадафмандона интихоб гардид.
Дар кӯтоҳтарин муддат мардуми фарҳангсолор, сулҳдӯст ва созанда дарк намуд, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва пуррақобати имрӯза барои ҳифзи ҳастии миллату давлати худ ва барои бехатар ба наслҳои оянда расонидани онҳо ба ҷуз ваҳдати комилу саросарӣ роҳи дигаре вуҷуд надорад. Аммо вазъи воқеии кишвар дар оғози марҳилаи давлатсозии миллӣ барои сарҷамъ шудани мардум мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекард. Душманони миллат ва истиқлолияти давлатӣ, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ, бо садҳо роҳ, аз ҷумла муқовиматҳои мусаллаҳона, фишор, таҳдид, бадномкуниҳо ва истифодаи ҳилаҳои гуногун талош менамуданд, ки хиради мардумро рабуда, эҳсосоти онҳоро, бахусус эҳсосоту эътиқодоти динӣ ва мазҳабиро барангезанд ва бо ин роҳ миллатро боз ҳам парокандатару заифтар гардонанд.
Яке аз хусусиятҳои хоси Тоҷикистон он аст, ки мақоми пешвои воқеӣ ва мардумӣ дар ҷомеа ҳамеша аҳамияти калон доштааст. Бо ин вуҷуд, пайдо кардани нафаре, ки аз элитаи он замон иқдом ба роҳбарӣ кунад, амри саҳл набуд. Онҳое, ки дар умури давлатдорӣ ва сатҳи миллӣ то андозае шинохта мешуданд, аз ин масъулияти сангин даст мекашиданд. Дар чунин вазъияте, ки кишвари ҷавону осебпазир ба аҳди нав медаромад, Роҳбари ҷавони мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз тарафи аксари мардум якдилона пазируфта шуд, ин рисолати таърихиро бар дӯш гирифт. Таърихи кӯтоҳи давраи истиқлол нишон дод, ки ин шахсияти бузурги таърихї, новобаста ба мушкилот ва маҳдудиятҳо, вазифаашро ба таври барҷаста иҷро намуд. Аз рӯзҳои аввали давлатсозӣ ӯ таъмини ваҳдати миллиро дар мақоми аввалиндараҷа қарор дод. Бо ибтикору роҳнамоии бевоситаи роҳбари навинтихоби мамлакат, ҳаракати “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” бо ҷалби беш аз 35 созмонҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ ташкил шуд. Ин иқдоми хирадмандона дар солҳои аввали Истиқлол барои ҷомеае, ки пештар парешон буд ва кишвари аз нуқтаи назари иқтисодӣ хеле осебпазир, натиҷаҳои мусбӣ ба бор овард. Ниҳоят, пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ва бо имзои “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” санаи 27 июни 1997 Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, ки дар таърихи кишвар ва мардуми он саҳифаи нави созандагӣ боз намуд.
Яке аз дигар хусусиятҳои хоси ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки онро ҳамчун арзиши барҷаста эътироф мекунанд ва он ба як қатор омилҳои воқеӣ бастагӣ дорад. Аввалан, маҳз дар фазои ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист давлатдории худро, ки бар асари талошҳои бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ба вартаи нестӣ афтида буд, пас аз ҳазор сол дубора эҳё намояд. Ин иттиҳоди ҷомеа, ки мероси фарҳанги қадим мебошад, имконият дод, ки дар ҷаҳони бо суръат тағйирёбанда роҳи озмудашуда интихоб гардад ва кишвар ба сӯи созандагиву пешрафт раҳнамоӣ карда шавад.
Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки ҳукумати мардумӣ барқарор гардад, аркони давлатӣ ва низоми қонунии муосир устувор шаванд ва дар ниҳояти кор давлатдории мустақил, аммо ҳамоҳанг бо меъёрҳои ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ таҳким ёбад. Ин ваҳдат эҳсоси пайванди табиии мардуми кишвар бо хоку марзи аҷдодиро бедор намуд. Ба ибораи дигар, маҳз ваҳдат ва истиқлол ҳисси соҳибихтиёрӣ, бахусус муҳаббати Ватанро дар дилу ҷони ҳамаи тоҷикистониён - дар дохил ва берун аз он - эҳё ва зинда кард.
Ваҳдат барои таъмини рушду пешрафт дар тамоми гӯшаву канори Ватани аҷдодони бошарафи миллат имкониятҳоро муҳайё кард. Ҳамчунон интиқоли фарҳанги бостонии миллӣ, яъне созандагиву ободкориро дар тамоми минтақаҳо ва маҳалҳои худӣ, бо саҳми сокинони он амалан фароҳам сохт.
Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ барои эҳё ва сохтани давлати мустақили Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба як заминаи боэътимод мубаддал гардиданд. Ин мафҳуми муқаддас барои давлати навҷавон имконият фароҳам намуд, ки сиёсати сулҳдӯстона ва муносибати ҳамкории баробар бо тамоми ҷаҳон барқарор гардад, ҷойи сазовору эътибори хоси ин давлати хеле ҷавонро дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ва саҳмгирии он дар ҳаёти ҷаҳони беш аз пеш ба ҳам наздикшаванда таъмин намояд.
Ба шарофати ваҳдат Тоҷикистони озоду мустақил дар шароити душворпегӯишавандаи ҷаҳони мудерн ба хонаи умед ва ифтихори тоҷикони тамоми дунё табдил ёфт. Имрӯз новобаста аз таблиғотҳои муғризона, ҳасудона ва душманонаи иддаи кӯчаки ватанбохтаву ба миллат пушткарда, Тоҷикистони кӯҳсор, ки танҳо як фоизи сарзамину империяҳои бузурги замонҳоро ташкил медиҳад, барои ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанги бостонӣ, намунаи давлатдории модерни маданӣ, кишвари ҷавон, вале бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ маъруф, ҳамчун ягона хонаи умед барои тамоми тоҷикони дунё пазируфта шуда, чунин боқӣ хоҳад монд.
Ваҳдати тоҷикон барои эҳёи фарҳанги миллӣ, мардумӣ, аз ҷумла фарҳанги динӣ, озодии комил дар иҷрои фароизи динӣ, мазҳабӣ ва бовару эътиқодоти дигари аъзои ҷомеа ва дар умум фазои гуногунандеширо дар ҷомеа фароҳам кардааст, ки татбиқи амалии он фақат дар шароити таъмин будани ваҳдати сартосарӣ, амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар мебошанд.
Бо талоши шабонарӯзии роҳбарияти олии мамлакат, ба хусус Сарвари ҷавони он, аъзои Ҳукумати навтаъсис ва мардуми шарифу ватанпараст, Тоҷикистон тавонист танҳо дар 10 соли аввали замони истиқлол ҳам ба дастовардҳои қобили зикри иқтисодӣ расад. Дар ҳоле, ки тибқи назарияи илми иқтисод, барои ҳар гуна кишвари ба истиқлоли худ расида, барои рушду тавсеаи иқтисодӣ камтарин муҳлат 30 сол мебошад. Бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Қулма – Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, туннели Анзоб ва ғайра самараи даҳ соли аввали истиқлол ва ваҳдати миллӣ мебошанд, ки барои рушди баъдии кишвар заминаи мустаҳкам гузоштанд.
Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон моҳияти ваҳдатро хеле дақиқ шарҳ додаанд: “Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад. Танҳо кишваре ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда пурра риоя шаванд, волоияти қонун таъмин гардад ва дар он принсипҳои асосии демократияи воқеӣ ҷорӣ бошанд. Вазифаи муқаддаси мо дар ҷараёни барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва қабули чунин қонунҳоест, ки ҷомеаи моро бо олами мутамаддин пайванд диҳанд, маърифати сиёсии мардуми моро баланд бардоранд ва барои бархурдорӣ аз дастовардҳои кишварҳои пешрафта замина муҳайё намоянд”.
Бояд таъкид шавад, ки маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки кишвари дар нуқтаи нестӣ ва сокинони он дар парокандагӣ ва ноумедӣ қарордодашударо дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба сатҳи кишварҳои рӯ ба инкишоф расонад, ки бори дигар муқаддас будани онро барои ҷомеаи тоҷикистонӣ таъкид мекунад. Сирри ин муваффақият ҳам фазои ваҳдати миллӣ буд, ки барои таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва танзими низоми қонунии кишвари соҳибихтиёр мусоидат мекард.
Дар таърихи 26 июни соли 2000 дар Паёмашон ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем”.
Зарур ба ёдоварӣ аст, ки таҳдиди хатарноктар дар он солҳо барои Тоҷикистон ва тамоми сокинони он дар он буд, Конститутсия ва тамоми низоми қонунии мамлакат комилан поймол шуда буд, беқонунии мукаммал, гурӯҳҳои гуногунақидаи мухолифи давлатдории худӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ҳукмронӣ дошта, ба як рафтори муқаррарӣ ҳам табдил ёфта буд. Ба назар чунин мерасид, ки роҳи ягонаи пешгирии ин офатҳо фишору зӯрӣ аст. Ҳарчанд ҳукумати навтаъсис дар дохили ҷомеа тарафдорону қувваи кофӣ дошт, вале роҳбарияти олии он замони кишвар бо ин роҳ нарафт, зеро медонист, ки оқибати он ба нестии Тоҷикистон ҳамчун давлат ва миллат ҳамчун тоҷик хотима меёбад. Роҳбари давлат дар он замон равшан медид, ки чӣ тавр ҳар гуна нерӯҳои манфиатдор, ифротгароён ва ҳатто ҳасудон аз дуру наздик ба идомаи ҷанг ҳавасманданд. Иддае Тоҷикистонро мисли Афғонистони ҳамсоя пойгоҳи озмоиши қудратҳо медиданд, иддае онро як тарҳи бизнес барои қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа медид, иддаи дигар ҷомеаи бастаи мусулмонии асри миёнагӣ, иддае ҳам зери тасаллути яке аз кишварҳои абарқудрату ғайра, хуллас ҳар нерӯ аз диди худ ин кишвари кӯҳсори мисли тифли навзод осебпазирро аз диди худ ба таври “табартақсим” сохтанӣ буданд. Бинобар ин, ҳанӯз дар рафти Иҷлосияи таърихии шонздаҳум (ноябри с. 1992) тамоми талошу кӯшишҳои зиёди Сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ба сари мизи гуфтушунидҳо овардани тамоми тарафҳои даргир ва гурӯҳҳои мухталифназар равона шуда буд.
Воқеан, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон пас аз бартараф намудани монеаҳои фаровон ва вазнин ба даст омад. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ нерӯҳои сиёсии қудратталаб, ҳам пинҳонӣ ва ҳам ошкоро, бо дастгирии бозигарони хориҷӣ фаъол шуданд ва ин таҳаввулоти азим ба бӯҳронҳои сиёсӣ оварда расонд, ки дар пайи он монеаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии амиқ ба вуҷуд омаданд. Танҳо дар давоми як сол ду маротиба иваз шудани сарвари давлат, таъсиси панҷ ҳукумат ва фалаҷи босуръати сохторҳои ҳокимият дар ҳамаи сатҳҳо нишонаҳои ҷиддии ҳамин бӯҳрон буданд. Аммо таҳдиди аслӣ, ки ҷумҳурии комилан истиқлолёфта бо он рӯбарӯ гардид, ин нигоҳдории оташи низоъ аз ҷониби доираҳои муайяни хориҷӣ ва гурӯҳҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз роҳи демократӣ ва тамаддуни миллӣ ба натиҷаи созанда нарасад. Ин субъектҳо тарҳи тақсими ҷумҳуриро пешниҳод карда, ҳар гурӯҳ худашро пешвои ҳокимияти оянда мешумурд ва бо ташвиқи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мавқеи худро кафолат медод.
Бо дар назардошти ин воқеият, дар мавриди аҳамияти қонун дар мамлакати ҷавон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2000 дар таҷлили сеюмин солгарди ин ҷашни муқаддас чунин гуфтанд: “...осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, обрӯйи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад. Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчӯбаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо кишваре ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда пурра риоя шаванд, волоияти қонун таъмин гардад ва дар он принсипҳои асосии демократияи воқеӣ ҷорӣ бошанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем”. Роҳбари давлат дарк мекарданд, ки фазои ҷаҳони мудерн ва мутамаддин маҳз ҷаҳонест устувор бар пояи “ҳаққу ҳуқуқ” ва озодӣ, ки ба он дар тӯли солҳо гаштаву баргашта таъкидҳо мекарданд.
Мувофиқан ба ёддоштҳо, дар он давра ҳатто дар пойтахт низ тартибу қонун ҳукмфармо набуд ва зиндагии шаҳрвандон кафолатнопазир буд. Ин вазъ ташаккули иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро низ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ сохт. Гарчанде Раёсати Шӯрои Олӣ қарори баргузории иҷлосия дар ин ҷо қабул карда буд, ҳозиршавии ҳамаи вакилон имконпазир нашуд. Дар рӯзҳои 16-17 ноябри соли 1992 иҷлосия бе натиҷа анҷом ёфта, танҳо дар рӯзи сеюм кори он ба низоми корӣ даромада, рӯзномаи кори иҷлосия тасдиқ гардид.
Муҳимтарин вазифаи ин иҷлосияи таърихӣ мусолиҳакунӣ байни ҷонибҳои даргир буд. Дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари навтаъиншуда, пешниҳод намуд, ки фармондеҳони ҳарду тараф дар як толори маҷлис ҷамъ шаванд. Ин қадами аввалин барои фароҳамоварии фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаомез маҳсуб меёфт, зеро барои ҳамаи иштирокчиён возеҳ буд, ки бе тадбирҳои муассир ҷиҳати пешгирии хушунат миллату давлат ба хатари парокандагӣ ва суқути давлати ҷавони тоҷикон, ки мисли тифли нозук аз ҳар ҷиҳат осебпазир буд, рӯбарӯ хоҳад шуд.
Дар вазъияти бадтарин барои Тоҷикистон қисми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои таъмини оромӣ, ҳимояи қонун ва нигоҳдории тартибу низоми ҷамъиятӣ бетарафиро ба унвони хиёнати ошкорои касбӣ интихоб намуданд. Ҳатто баъзе ҳамсафони наздики роҳбари давлат бар зидди равандҳои сулҳ баромада, ба сиёсати пешгирифтаи ӯ бо назари шубҳа менигаристанд. Онҳо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ чанд маротиба ба табаддулоти ҳарбӣ-давлатӣ даст задаанд. Аз тарафи дигар, теъдоди назарраси муллоҳо ва ходимони дин аз доираи вазифаҳо ва салоҳиятҳои хеш берун рафта, дар байни аҳолӣ ва дар масоҷид ихтилофи назарҳоро барангехтанд. Фаъолияти тазоҳургарони майдонҳо шаҳодат медиҳад, ки онҳо тибқи нақшаҳои тарҳрезишудаи хориҷӣ амал мекунанд.
Илова бар ин, хатари гуруснагӣ дар қаламрави собиқ вилояти Кӯлоб, водии Вахш ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ густариш ёфта, дар натиҷа теъдоди зиёди аҳолӣ ба бемориҳои марбут ба гуруснагӣ гирифтор шуда, ҳатто ҷони худро аз даст доданд. Ҳамзамон, гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз вазъи нооромии ҷомеа истифода бурда, молу амвол ва таҷҳизоти як қатор корхонаҳои саноатиро ба таври ғайриқонунӣ аз қаламрави кишвар бароварданд. Дар он рӯзҳо муборизаҳои ошкор барои дигаргун сохтани низоми давлати дунявӣ ба сохти давлатдории динӣ ҳарчи бештар шиддат мегирфт. Душманону хоинони миллату давлат, баъди имзои Созишномаи сулҳ боз чанд соли дигар ба хиёнату ҷиноятҳои худ идома доданд. Бо вуҷуди кӯшишҳои душманона, хиёнатҳо ва ниятҳои нопоки гурӯҳҳо, Роҳбари давлат бо такя ба ваҳдати миллӣ ва иродаи қавии мардум муқобилат намуда, ниҳоятан ба пирӯзӣ ноил шуд. Ин дастоварди гароннарх, ки натиҷаи кӯшиш ва ҷонбозиҳои тамоми мардуми Тоҷикистон аст, бо арзиши бузург ба даст омадааст. Сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки душманони миллати тоҷик, бо пуштибонии хоинону зархаридони дохилӣ ва хориҷӣ, талош доштанд фарҳанг ва мазҳаби бегонаи сиёсӣ ва идеологиро ба мардуми Тоҷикистон таҳмил намуда, дар қаламрави он давлати исломиро бунёд кунанд ва тамоми нерӯи худро ба ин ҳадаф равона карда буданд.
Дар баробари таҷрибаҳову сахтиҳои бешуморе, ки ин миллат аз замонҳои қадим аз сар гузаронида буд, замона ба ӯ боз имконияти дигари таърихӣ ато намуд. Дар он давра ба яке аз шахсиятҳои сарсупурдаи ин сарзамини миллати куҳанбунёд – Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистонро ба Ваҳдати миллӣ расонад. Чун аз таърихи пуршукӯҳи фарҳангии тоҷикон огоҳӣ дошт ва медонист, ки ғояи ваҳдатро дар решаҳои амиқи таърих ва фарҳанги ин миллат бояд ҷуст. Маҳз ҳамин огоҳии ӯ даст зад, ки дар як муддати кӯтоҳ соҳиби эътироф ва эҳтироми тамоми тоҷикистониён ва хориҷ аз он гардад.
Баъди бисту як вохӯриву музокирот, ки қариб чор сол дар Москваю Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо ва дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, чил санади барои миллат муҳим ба имзо расиданд ва ниҳоят, баъд аз мухолифати мусаллаҳонаи зиёда аз панҷсола, санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ ба номи “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид ва таҳдиди воқеии аз харитаи ҷаҳон нест шудани кишваре ба номи Тоҷикистон аз байн бардодшта шуд.
Миллат ва Роҳбари тозаинтихоби давлат, дар андак замони Истиқлоли давлатӣ худро ҳамчун идомадиҳандаи фарҳанги гузаштагони пурифтихори худ нишон доданд ва дар таъмини ваҳдати миллӣ, эҳёи Ватани аҷдодӣ, фаъолияти созандагӣ, бо нангу номуси хоси миллӣ дар рушди сарзамини худ ва наслҳои баъдии худ саҳми босазо ва дилсӯзона гузоштанд. Дар ин маврид дар суханрониашон дар ноҳияи Рашт (с. 2006) Сарвари давлат бо самимияти хоси худашон махсус таъкид намуданд, ки “... сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизу қаҳрамони Тоҷикистон аст. ... Аз ин рӯ, бори дигар дар назди халқи шариф ва миллати сарбаланди тоҷик сари таъзим фуруд меорам”.
Инчунин таъкид бояд кард, ки бо гузашти вақт захмҳои ҷанг тадриҷан шифо меёбанд ва харобаҳо барқарор мешаванд, вале мардуми мо ҳанӯз дарсҳои сангину даҳшатбори он ҷангро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор нафар қурбон ва миллионҳо нафари дигар бехонумону паноҳанда гаштанд, фаромӯш намекунад.
Дар тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон Роҳбари давлат дар яке аз суханрониҳои худ (27.06.2013) зикр карданд: “Бо ёдоварӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ва вазнинию душвориҳои касношуниди расидан ба сулҳу созиш, аз ҷумла таъкид гардид, ки “мо ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ ва маънавӣ надорем, ки он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор фарзандони Ватан, бепадар мондани ҳазорон ҳазор кӯдакон, бефарзанду бесаробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишвари ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем. Сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эхтиёт намоем”.
Дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат боқӣ мемонад. Тоҷикистон солҳои зиёд ҳамчун минтақаи буферӣ дар сарҳади ҷанубии Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо, рӯ ба рӯйи хатари бузурге, ки метавонист амнияти минтақа ва ҷаҳонро барбод диҳад, қарор дошта, дар ҳамин шароити фавқулода таҷрибаҳои нав андӯхт. Афзоиши нуфузи ниҳоди террористии ба ном Давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқ, аз ҷониби ҷангҷӯёни он кӯшиши зери тасарруф гирифтани минтақаҳои нав ба нави ин кишварҳо, куштори бераҳмонаи ҳазорон нафар мардуми мусулмон ва аз байн бурдани мероси фарҳангӣ, инчунин вусъат гирифтани ғояҳои тундгароӣ дар баъзе давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон омилҳои асосӣ ва нигаронкунандаи вазъияти имрӯза ба ҳисоб мераванд.
Аз ҷониби дигар, фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазиртар гардад. Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад ва ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.
Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва соҳаву бахшҳои дигар устуворона дар роҳи тараққӣ қарор дорад. Сокинони саодатманди ҷомеаи тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар амалисозии ҳадафҳои созандаи худ пеш мераванд. Қабул гардидан ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгириву амалисозӣ қарор гирифтани ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон нишонаи возеҳи эътирофу эҳтироми кишвари мо ба шумор меравад. Ин ҳама натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, самараи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи халқи қаҳрамони Тоҷикистон ва албатта Сарвари сарсупурдаи он аст, ки мояи ифтихору сарфарозии хурду бузурги мамлакат мебошад.
Ваҳдати миллӣ неъматест, бе ниҳоят бузург, аммо ҳар неъмат худ ба худ ба даст намеояд, тақвият намеёбад, он муборизаву талошҳои доимӣ металабад. Ҳеҷ сокини кишвар набояд лаҳзае аз хотир фаромӯш кунад, ки барои таъмини саодат, шукуфоии бештар, зиндагии сазовортар барои худ ва барои наслҳояи ояндаи худ, дар паси сар кардани ҳар гуна мушкилии муваққатӣ ва ҳалшаванда аз ҳеҷ чиз наҳаросад, бо душманиҳои иддае, ки дар сари роҳи ваҳдати миллиамон монеасозӣ карданӣ мешаванд, мубориза барем, зеро ин муборизаи имрӯз барои фардои худи мост, барои ояндагони мост.
Дар шароити ҳассос ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, ки дар он рақобати кишварҳои қудратманд барои бозтақсим намудани манотиқи стратегӣ, фазои босуръати яроқикунонӣ, густариши беисти ҷангҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои фарҳангӣ-ғоявӣ ба мушоҳида мерасанд, зарурат пайдо мегардад, ки ҳамеша эҳтиёткориву зиракии сиёсӣ пеша гирем ва аз ҳар канорагириву бепарвоӣ дур бошем. Дар ҳамин замина, бо такя ба таҷрибаҳои талхи давраи ибтидоии истиқлолият ба моҳият, аҳамияту афзалияти таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ, яъне тарбияи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ бояд диққати зарурӣ дода шавад. Зеро танҳо тавассути худшиносиву ҳувияти миллӣ, воқеӣ ва дунявӣ, ки бар асоси таҳлилҳои воқеияти ҷаҳонӣ асос ёфтааст, кишвар аз ҳар гуна идеологияҳои таҳмиливу беруна эмин хоҳад монд. Аз ин ҳисоб, рушди тафаккури солими маънавӣ ва илмӣ-техникӣ, мутобиқ ба давра ва воқеияти ҷаҳонии имрӯза калиди ҳамаи масъалаҳои стратегии ояндасозии Ватан ба шумор меравад. Тавассути мафкураи кӯҳнаи чандасрӣ ҳифзи фарҳанги миллӣ, рушди устувори кишвар ва касби мавқеи муносиб дар арсаи байналмилалӣ хеле мушкил мегардад. Аз ҳамин рӯ, бояд роҳи паҳн гардидани афкори бегонапарастӣ ва ҷудоиандозӣ ба зеҳни мардум, ба хусус ҷавонон, пурра баста шавад.
Имрӯз равшан шудааст, ки ояндаи ободи Ватани азизамон аз сатҳи омӯхтани илмҳои замонавӣ, ба хусус илмҳои дақиқ ва техникӣ, забондонӣ, тафаккури солиму пешрафта, маърифати баланди ҳар фарди ҷомеа, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии наслҳои имрӯзу оянда, инчунин фарогирӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияҳои замонавӣ вобастагии бевосита дорад. Зеро дар ҷомеаи ҷаҳони муосир ташаккули тафаккури техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир робитаи моро бо ҷаҳон мустаҳкамтар карда, заминаи муҳими рушди иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеаи худиро таъмин мекунад. Барои амалӣ кардани он Ваҳдати миллӣ тамоми роҳҳоро боз кардааст, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳалаи тозаеро оғоз карда, барои таҳкими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳам монеаҳое вуҷуд надоранд. Ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонони мо, бояд донанд, ки бе донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун ва гузашта аз ин, бечуну чаро иҷро кардани онҳо, яъне таъмини волоияти қонун ҳеҷ вақт мушкилотеро, ки то ҳанӯз дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, ҳал карда наметавонем.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳти раҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат, муносибати неки давлат ба ҳама адёну мазоҳиб аз аввали истиқлолият вориди анъана шудааст, вале бо вуҷуди он вокунишҳо ва амалҳои ғайри мантиқии зидди ин муносибати некхоҳона ба назар мерасанд. Иддаи кӯчаки бохтагони ранҷида ва ба ватану миллати худ пушт карда, аз хориҷи кишвар ба эътиқоди аксари мардуми одӣ мутамарказ шуда, ба фарҳанги хоси ваҳдати ҷомеа зарба заданӣ мешаванд. Ба назар мерасад, ки дастовардҳои миллии мо дар кўтоҳтарин фурсати таърихӣ, ба хусус ваҳдати ба сатҳи комил расидаи ҷомеаи мо ҳасудонеро пайдо кардааст, ки дар паноҳи абарқудратони манфиатхоҳ бо стандартҳои ба ҳам зидду нақиз ба мамлакати мо бо чашми ҳасад нигоҳ мекунанд. Бояд қайд намуд, ки як қувваи норозӣ, мисли дарахти оташгирифтае, ки алангааш қатъ нашудааст, ҳанӯз низ нишонаҳои бӯйи дудро нигоҳ медорад ва тавассути ҳамлаҳои шифоӣ дар шаклҳои гуногуни «нуқсонҷӯӣ» ҳадаф дорад, ки эътимод ба давлати ҷавон ва роҳбарияти миллиро дар ҷомеа коста кунад.
Яке аз бузургтарин шоирону мутафаккирони таърихи адабиёти форс тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ваҳдатро аз афзалтарин неъматҳо шумурда, самараи якдиливу якпорчагӣ ва дӯстиву иттиҳодро аз беҳтарин ва лазизтарин неъмат баҳри ҳаёт донистааст ва таъкид низ намудааст, ки барои чашидани ин меваи лазиз, пеш аз ҳама, бояд ниҳоли дӯстиро шинонему парвариш диҳем:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Ба ”кашфи” сиёсатшиноси нуктасанҷи тоҷик, Абдуллоҳи Раҳнамо, Ҳофизи бузург мафҳуми аҷиберо дар мавриди ин ду мафҳуми ба ҳам мухолиф “дӯстӣ ” ва “душманӣ” ба кор бурдааст. Яъне дӯстиро ба дарахти бузурги комовар ташбеҳ додаву барои “душманӣ”, ки агар мисли ниҳолаке ҳам ҷое пайдо шавад, баркандани он воҷибу зарур аст, то ба дарахт табдил наёбад ва ҷомеаро ба ранҷҳои бешумор рӯ ба рӯ насозад.
Баъзан ҷавононе, ки дар замони оромиву субот ва кишвари дорои сохтори мукаммал ба воя мерасанд, дар масъалаи шинохти арзиш байни мафҳумҳои истиқлол, озодӣ, ваҳдат ва мақоми аввалтар ё бештари онҳо ба мушкил дучор меоянд. Дар ин маврид бояд гуфт, ки ин мафҳумҳо боҳаманд ва ҳама баробаранд. Зеро ҳамон истиқлолияти кишвар маҳз ба василаи таъмини ваҳдат дар сатҳи миллат ва ақлу заковати тамоми сокинони кишвар ба даст омад. Ба ибораи дигар Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду шаҳсутуни таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, яке дигареро такмил медиҳад, тақвият мебахшад ва ҳар дуи он марҳилаҳои навбатии рушди ҷомеа, таҳкими бештар ва устувории давлати худиро дар дохил ва ба хусус хориҷ аз он инъикос менамояд.
Дар замони сулҳу суботи васеъ ва ваҳдати комили миллӣ, вақте ки кишвар ба марҳилаи воқеан устувори рушд ворид шудааст, эҳё намудани хотираи давраҳои сангин бебунёд нест ва метавонад ҳамчун сарчашмаи асосӣ барои омӯзиш ва таҳкими оянда хизмат намояд. Зеро инсон танҳо бо ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳлили холисонаву оқилона роҳи пурнишебу фарози тайкардаи хеш метавонад рушд намояд ва дар раванди бархӯрди манфиатҳои глобалӣ бозичаи дасти дигарон нашавад.
Ваҳдат танҳо як маъракаи сиёсӣ нест, балки ғояи бунёдӣ ва идеологияи аслии давлатдории миллӣ усули воқеии ҳаёти фарҳангии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳои гуногунро дар бар мегирад. Аз ин ҷиҳат, ваҳдати миллӣ барои ҳар сокини кишвар мафҳуме болотар аз як ибораи сиёсӣ буда, натиҷаи таҷрибаи таърихӣ ва сабақҳои бархӯрди миллат бо ноадолатиҳои гузашта маҳсуб ёфта, барои ҳифзи сулҳу субот, амнияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа шарти муҳим мебошад. Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки пояи давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо ин бо заҳмати созанда пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшидан аст.
Ваҳдати миллии мо дар ҳеҷ сурат масъалаи сиёсии танҳо як гурӯҳ ё ҳизб набуда, балки он ифодагари талабот ва ниёзҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра мебошад. Ваҳдати миллӣ дар таърихи Тоҷикистони навин, ба хусус, барои насли ҷавон як мактаби хоси омӯзиши ибрати таърих аст. Мактабе, ки дониш дар он тавассути таҷрибаи амалӣ омӯхта мешавад, ки бо шарофти ин мактаби ваҳдат Тоҷикистон ба сатҳи кишварҳои дар масири тавсеа ва тараққӣ қарор гирифта расонда шуд. Вале муҳимтарин нукта он аст, ки ҷавонон аз ин мактаб бояд биомӯзанд, ки миллате, ки ваҳдати воқеӣ ва амалӣ дорад, шикастнопазир ва болотар аз он фанонопазир аст.
Ваҳдат инчунин мактабест барои ҳар шаҳрванди ин кишвар, ки дар баробари ояндаи ҷомеаи он эҳсоси масъулият ва вазифадорӣ дошта бошанд. Барои такрор нашудани рӯзҳои мудҳиши паси сар шуда, шаҳрвандон бояд масъул будани хешро пай бурда, ҳодисаву воқеаҳои кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро таҳлилу баррасӣ ва аз он хулосаву натиҷаҳои омӯзанда бардошта, барои ҳифзи марзу буми кишвар аз ҳар гуна хатароти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ омодагии ҳамешагӣ дошта бошанд.
Дарси дигаре, ки насли ҷавони мо аз ин мактаб меомӯзад, ин дарки зарурати мақоми ваҳдати миллӣ дар баробари воқеаву ҳодисоти хатарзои кишварҳои минтақа мебошад. Мутаассифона, дар ин нооромиҳои минтақа, ки дар асари мудохилаҳои абарқудратон ва ҷонибдорони онон ҷалб шудани теъдоде аз ҷавонони кишварамон ва бо мағзшӯиҳо ва ҷо кардани ақидаҳои экстремистиву зиддиинсонӣ дар мағзи онҳо ва пас кӯшиши зидди амнияту осоиштагии бадастовардаи миллатамон равона кардани онҳо ҷомеаро то ҳадде нигарон кардааст. Дар чунин шароит зарур аст, ки ҳар соҳибватан ҳушёрии сиёсии худро аз даст надиҳад, нагузорад, ки афкору ақидаи бегона, зарарнок ва тахрибкори беруна ба ҷомеаи солиму зебову ояндадори мо сироят кунад ва афкори ҷавонони ҳанӯз бетаҷрибаву ноогоҳ ва бехабар аз асли воқеаро тағйиру табдил намоянд.
Як воқеияти дигарро ҳам хотирнишон кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистони ҷавон соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии худро дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ ба даст овард. Ба ин сабаб, даҳ соли аввали ҳаёти кишвар ба масъалаҳои аз лиҳози муҳимият барои поягузорӣ ва бақои давлатдории худӣ дараҷаи аввал дошта, ба монанди қабули Конститутсия, таҳия ва танзими сохтори давлатдорӣ, поягузории мақомотҳои ҳокимият ва дигар масъалаҳои муҳими ташкилӣ сарфи назар шуданд, ки дар айни ҳол рушди бо суръаттари кишварро ҳам ба ақиб андохт. Ҳамчунон бояд таъкид шавад, ки таҷрибаи мусбати ваҳдати Тоҷикистон, яъне маҳз дар як фосилаи кӯтоҳ ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани ҷанги гражданӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи нодир ва омӯзанда буда, дар айни ҳол далели қавии миллати тамаддунофарин будани ин мардумони бостонӣ мебошад.
Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи 28 соли фазои Ваҳдати миллӣ паймуда аст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ ва ифтихор пайваста омӯзонда шавад. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки таҳти сарварии Сарвари сарсупурдаи миллат, Пешвои он Эмомалӣ Раҳмон роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маънавӣ ноил гардад. Аз ин рӯ, бо итминон метавон хулоса кард, ки ВАҲДАТИ МИЛЛАТ ва ПЕШВОИ МИЛЛАТ САРВАТИ БЕБАҲОИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАМОМИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОНАНД.
ИСТИҚБОЛИ МАРДУМИ КИШВАР АЗ ПАЁМИ СУЛҲОФАРИ “МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”-И ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта ва оғози солҳои навадум пояҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии давлати абарқудрати Шуравӣ рӯз аз рӯз суст шудан мегирифт. Паст гардидани сатҳи зиндагии мардум, ноёб шудани баъзе маводи рӯзгор, ба инобат нагирифтани арзишҳову манфиатҳои милллӣ ва вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳуриҳои ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ, махсусан кишварҳои Осиёи Миёна барои аз байн рафтани ин давлати бузург заминаҳо фароҳам месохт. Дар баробари ин боло рафтани худшиносии миллии мардумони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва андешаи доштани истиқлолияти давлатӣ низ дар ин кишварҳо рӯз то рӯз афзоиш меёфт. Дар чунин як айёми то андозае беназорат дар дохили ҷумҳуриҳо баъзе гурӯҳҳо дар ҳамкорӣ ва дастгирӣ бо ҳаммаслакони хориҷии худ барои аз байн бурдани ҳокимияти сиёсӣ ва ба даст овардани давлат пинҳонӣ фаъолият карда, як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳро ба доираҳои худ кашида, бо ҷалбу мағзшӯйии онҳо сафҳои худро зиёд мекарданд, ки чеҳраҳои асосии манфиатҷӯёнаи онҳо дар симои Ҳизби наҳзати ислом (ки дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ ва террористӣ эълон шудааст) ошкор гардид. Ин ҳизб ва ҷонибдоронаш мушкилоту бадбахтӣ ва рӯзҳои сахту сангинеро ба сари мардуми Тоҷикистон оварданд, ки онҳо дар таърихи нангину сангини миллати тоҷик сабт гаштаву дар хотираи таърихии миллат ҳифз гардидаанд. Афкору андешаи муғризонаи ин ҳизби мамнуъ ва террористӣ то имрӯз барои сарзамини мо хатарзо ва хавфовар боқӣ мемонад.
Соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо вуҷуди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳдиди парокандагӣ барои миллати тоҷик шуруъ шуд, зеро баъзе кишварҳои нотавонбин ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ мехостанд, ки номи ин сарзамину ин миллатро аз лавҳи таърихи ҷаҳон зудуда намоянд. Ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиќлолї нишон медод, ки ин манфиатҷӯён то андозае ба ғаразҳои нопок ва ҳадафҳои номатлубашон мерасанд. Гурӯҳе аз онҳо бо истифода аз дин, имону мазҳаб, эътиқоди мардум ва гурӯҳи дигаре бо баҳони бунёди давлати демократӣ мардумро мухолифи якдигар барангехтанд ва ин сарзамини биҳиштосоро оғуштаи хун карданд.
Ҳар як фарди соҳибхирад шоҳид аст, ки ягон сарвару раҳбар, вакилу вазир ва ё ягон пешвои динию мазҳабие дар ин солҳо пайдо нашуд, ки пеши роҳи ин ҳаводисро гирифта тавонад. Роҳбарони вақт, ки аксар дар руҳияи ҳизби коммунистӣ тарбия ёфта буданд, умед бар он доштанд, ки Ҳукумати Шуравӣ дубора барқарор мегардад ва барои ором сохтани мардуми ба шӯр омада, боз ба ҳамон ҳаммаслакони ҳизбии худ ба дигар кишварҳо муроҷиат мекарданд, бехабар аз он ки ҷаҳон дигар шудааст ва ҳар як роҳбар бояд миллату сарзаминашро худаш соҳибӣ кунад. Ахиран, низоми сиёсии бебунёд ва роҳбарияти раҳгумзадаи замон барои пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифтан коре карда натавонист.
Ниҳоят, ғорат гардидани сарватҳои дохилии кишвар, хароб гардидани шаҳру рустоҳо, гуреза гардидани як қисми аҳолӣ дар натиҷаи ҷангу муборизаҳо ва панаҳ бурдан ба кишварҳои дигар, қатл гардидану асир гирифтани бародар аз ҷониби бародар, садои оҳу шеван ва нолаи ҷонгудози модари тоҷик дили мардеро ба танг овард, ки дар сиришташ меҳру шафқати инсонӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба сарзамини аҷдодӣ нуҳуфта буд. Ин марди наҷиб, ки зодаи насли шарифи тоҷик буд, бо дуои тоҷиконаи модари шарафмандаш ҷон дар кафи даст вориди саҳнаи сиёсати Тоҷикистон баҳри њифзи сарзамини аҷдодӣ ва миллату меҳани азизи худ гардид. Яъне ин ҳаводиси шуми кишвар барои бартараф карданаш қаҳрамоне, ҷоннисоре, меҳрубоне, раҳнамое, раҳнаварде, меҳанпарваре, миллатдӯсте, мушкилнописанду дар аҳду паймони хеш устувору ҷасуреро тавлид кард, ки ҳамагӣ чиҳил сол дошт ва дар ҷаҳон бо номи накуяш – Эмомалӣ Раҳмон, машҳуру маъруф гашт, миллату кишвари куҳанбунёд ва чеҳраи фарҳангии ин мардуми соҳибтамаддунро ба аҳли олам муаррифӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон низ чун бузургону пешвоёни дигар дар рӯзи нахустини по бар арсаи сарварӣ ниҳодан дар иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои олии Тоҷикистон ба мардуми тоҷик қавл доданд, ки “МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”. Мардуме, ки аз парокандагии миллату сарзамин дар таҳлука афтода буд, бо шунидани ин паём дубора ба бузургии фарзандони хирадманду андешавари хеш бовар ҳосил кард ва шукргузорӣ аз он мекард, ки сарваре бо доштани рисолати аҷдодии рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек насиби ин миллат гардидааст. Ҷавоне бо амри хайр ва нияти нек баҳри ба ҳам овардани миллати саргашта ва кишвари пароканда вориди майдони сиёсат гардида бошад ҳам, баъзе нотавонбинону пастфитратон ба неруи тавоно ва аќлу заковати фитрию азалии ӯ бо чашми шубҳаву нобоварӣ назар мекарданд.
“МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ” гуфтани сарвари ҷавони кишвар паёми пурҳикмату бомаърифате буд. Зери ин паёми тақдирсоз тамоми хотираи таърихии миллати тоҷик – дирӯзу имрўз ва ояндаи дурахшони давлату миллат нуҳуфта буд. Бо ибрози ин паём раҳбари ҷавон андешаи хирадмандона ва дурандешонаро баён кард. Мардум бо дидаи умед сӯйи ӯ менигаристанд, дар ҳақаш дуои хайр мекарданд. Хушбахтона, дуои мардуми аз ҷангу хунрезӣ ба дод омада, мустаҷоб гардид. Ақли солим рӯйи кор омад, хиради азалии мардуми ориётабори инсондӯсту амниятпарвар ва ҷонибдори сулҳу осоиш дубора эҳё гардид, мардум дигар ба ҳазёну ваъдаҳои афроди ҷудоихоҳу манфиатҷӯ ва афкори иртиҷоии ашхоси мансабхоҳу ҷоҳталаб бовар накарда, танҳо ба паёми “МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”-и Пешвои дарёфтааш бовар мекард. Мардуми Тоҷикистон аз ин паёми меҳрбори Сарвари ҷавон истиқбол карданд, онро пазируфтанд ва барои орому осуда сохтани марзу буми аҷдодӣ ҷонибдори ӯ гардиданд. Иттиҳоди миллат ва сарзамини кишвар шуруъ шуд, хавфи парокандагӣ ва ҷудоиандозӣ оҳиста-оҳиста аз байн рафт.
Мардуми ҳамаи минтақаҳои кишвар дар атрофи афкору андеша, назари инсондӯстона ва ватанпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуданд. Муҳимтар аз ҳама, ба ӯ бовар карданд. Ҳамин боварӣ ва иттиҳоди мардум ба Пешвои мо руҳу тавон бахшид, неруи созанда ва бунёдкоронаи ӯро, ки азалӣ буд, боз ҳам қавитару нерумандтар гардонд.
Сарвари давлат низ тамоми дастоварду комёбиҳои сулҳу ваҳдати миллиро ба иродаи мардуми шарифу сарбаланди тоҷик, ки дар ин роҳи басо душвору хатарнок ӯро ҳамроҳӣ кардаву барояш неруву тавоноӣ ато карданд, марбут медонад. Қаҳрамони дастёбӣ ба сулҳу ваҳдат халқи Тоҷикистон аст – борҳо таъкид намудааст, Пешвои миллат.
Тамоми ҳадафҳову талошҳои Роҳбари давлат барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва истиқболи мардуми Тоҷикистон аз кору пайкори Сарвари ҷавону умедбахши миллат инъикоси худро дар ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи ФР ба вуқуъ пайваст, пайдо намуд. Имзои чунин санади муҳим боварии мардуми кишварро ба Роҳбари интихобкардааш боз ҳам бештар кард. Созишномаи тақдирсози миллат дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид ва барои рушди ояндаи дурахшони кишвар заминаҳои мусоид фароҳам овард. Ин амали хирадмандона ва Созишномаи тақдирсоз оғози бартараф кардани мушкилот ва анҷоми ҷангу муноқиша дар кишвари азизамон гардид.
Аз ҳамон замон то имрӯз вожаҳои СУЛҲ ва ВАҲДАТ дар забони мардуми тоҷик чун мафҳумҳои ҳаётан муҳимму тақдирсоз хеле фаъолу серистеъмол гардиданд. Аз ҳамон дам то имрӯз ҳамаи мардуми Тоҷикистон дар ҳама ҳамоишу конфронсҳо, маҳфилу чорабиниҳо, баргузории ҷашну маросим ва анъанаҳои мардумӣ аз сулҳу ваҳдат ва аз Пешвои муаззаму маҳбуби худ шукргузорӣ мекунанд, ки мардуми кишвар бо ҷаҳду талошҳо ва ҷоннисориҳои ӯ ба ин рӯзҳои нек расидааст. Мафҳуми сулҳу ваҳдат дар ин 28 сол моҳияти идеологияи миллӣ касб намуд. Вобаста ба рушду такомули сулҳу ваҳдат ва моҳияти мондагорӣ доштани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон таҳқиқот, пажуҳиш ва рисолаҳои зиёди илмӣ дар самтҳои гуногуни илми ҷомеашиносӣ таълифу нашр гардида бошанд ҳам, моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маънавии ин мафҳумҳои ҳаётан муҳим ҳанӯз ҳам ба пажуҳиши амиқ ниёз доранд.
Пас аз он ки вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар тавассути раҳбарии хирадмандонаву созанда ва илму маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон то андозае ба эътидол омад, таваҷҷуҳ ба илм ва маориф бештар гардида, рушди бонизоми онҳо низ вусъати тозае пайдо кард. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бунёди илму маорифи миллӣ низ чун дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ аз сифр оғоз гардид, зеро солҳои парокандагии мардум, нооромиву нобасомониҳои замон боиси харобу валангор гардидани баъзе муассисаҳои таълимию илмӣ дар маркази кишвар ва дар шаҳру ноҳияҳо гардида буд. Бо вуҷуди ин аҳли илми кишвар аз ҷумла, олимону пажуҳишгарони ватандӯст ба тамоми мушкилиҳои замон нигоҳ накарда, раванди таҳқиқу пажуҳишро таъмин намуда, насли навраси замони навро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба таҳсил фаро мегирифтанд ва аҳли илму маърифат бо пешниҳоди осори илмӣ барои таҳкими сулҳу ваҳдат назари олимонаи худро иброз медоштанд.
Маврид ба таъкид аст, ки сиёсати бунёдкоронаву созанда ва даъватҳои Сарвари ҷавони кишвари тозаистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли илм ва омӯзгорони охири солҳои 90-уми асри гузашта ва оғози солҳои 2000 мавриди истиқбол ва тарғибу ташвиқ дар ҷомеа қарор гирифт. Яъне сиёсатеро, ки дар роҳи эъмори кишвари ба тозагӣ сазовори ормонҳои ҳазорсолаи ин миллат гардида буд, олимону омӯзгорон дастгирӣ карда, моҳияти сулҳу салоҳ, оромию якпорчагӣ, амният ва суботи сиёсию иҷтимоиро дар байни мардум тарғибу ташвиқ мекарданд. Ҳамин аст, ки кишвари мо бо дастгирии олимону омӯзгорон аз мушкилиҳо раҳоӣ ёфт ва мардуми сарзамин дар атрофи сиёсати ватанпаваронаву инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардид.
Сарвари давлат ба ин корнамоиҳои олимону омӯзгорон арҷу эҳтироми хос доранд ва барои дастгириву баланд бардоштани мақоми онҳо пайваста ҷаҳду талош менамоянд.
Паёми сулҳофари Пешвои муаззами миллат дар замони нави давлатсозию давлатдории миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ мароми ҳар як шаҳрванди ин кишвар гардид, эътимоду бовариро ба фардои дурахшони миллат бештар гардонд, таваҷҷуҳи аҳли оламро ба ин сарзамини орому осуда ва боамну субот ба худ ҷалб кард.
Аҳли башар хуб дарк кардааст, ки тоҷикон бо Сарвари оқилу соҳибмаърифат ва инсондӯсту сулҳпарварашон роҳи ҳалли душвортарин даргириҳоро тавассути сулҳ, гуфтушуниди осоиштаи тарафҳо ва ҳифзи суботу амният тавсия менамоянд. Таҷрибаи талхи нооромию даргириҳои дохилии ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ба кишвари мо чунин сабақро омӯзонидааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон таъкидҳо ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами худро дар мавриди ҳифзи сулҳ, ваҳдат, амнияту оромӣ ва осоиштагии сарзамин ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, пайи иҷрои ин дастоварди бузург барои мондагории миллат тамоми неруи худро равона сохта, намегузорад, ки ба фазои орому осоиштаи кишвар халале ворид гардад.
Ба андешаи Соиби Табрезӣ:
Аз шабохуни ҳаводис лашкараш барҳам занад,
Ҳар ки, Соиб, дар мақоми сулҳ табли ҷанг зад.
Хидматҳо ва ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои рушди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар басо назаррасу мондагор аст. Тамоми роҳи тайнамудаи ин марди шариф аз оғоз то имрӯз дар самти давлатсозию бунёдкорӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷу эҳтиром гузоштан ба тамоми арзишҳои инсонӣ зиндагиомӯз буда, барои таълиму тарбияи насли бунёдкору ояндасози ин кишвари биҳиштосо ибратомӯз аст.
Бо сипарӣ гардидани 28 сол аз ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мақому манзалати кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро дар баробари кишвару орому осуда, ҷонибдори сулҳу ваҳдат, дорои суботу амният эътироф намудан, ҳамчунин, онро ба ҳайси яке аз кишварҳои ташаббускор эътироф менамояд, ки дар сархати ҳамаи ин иқдомҳову ибтикороти накуву созанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Албатта, таърих ва мардуми баору номуси Тоҷикистон шахсиятҳои фидокореро чун Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳифзи манфиатҳои миллату сарзамин барояш баробари ҷон азиз аст, ҳамеша эҳтиром мекунад ва ба корнамоиҳояш арҷ мегузорад.
Корнома, рӯзгор, кору пайкор ва фаъолияти бунёдкоронаву созандаи шахсияте чун Пешвои муаззаму маҳбуби мардуми кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинатафзойи саҳифаҳои таърихи имрӯзу ояндаи миллату сарзамини биҳиштосои мо хоҳад гашт.
Пояндаву ҷовид бод, сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию осоиштагӣ, суботу амният дар Тоҷикистони азиз бо Пешвои фархундапайу миллатдӯсту меҳанпарвару ободкораш!
Муҳаммаддовуд Саломиён Қаюм, доктори илмҳои филология, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ
Ваҳдати миллӣ ва истиклолияти иктисодий ду пояи асосии пойдории ҳар як давлат махсуб меёбанд. Точикистон дар се даҳсолаи охир бо талоши мардум зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ду рукнро ба унвони омили асосии рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон эътироф намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ваҳдати миллӣ ба пойдории ҷомеаи кунуни сахт алоқаманд аст, зеро ваҳдати милли дар Тоҷикистон натиҷаи раванди мураккаби сулҳофарӣ баъди ҷанги таҳмили шаҳрванди мебошад. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (27-уми июни соли 1997) пояи ташаккули давлати ягона ва субо ти сиёсиро гузошт. Таҳлили ичтимой нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ шароити мусоид барои барқарорсозии давлатдорӣ ва афзоиши сармояи иҷтимоиро ба вуҷуд овард. Шумораи мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ афзо иш ёфт, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар шуд. Барномаи давлатӣ оид ба коҳиши камбизоатӣ боиси коҳиши сатҳи камбизоатӣ гардид.
Ҳанӯз аз даврони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, роҳбарияти олии киш вар таҳти роҳнамой ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабул намуда ни ҳадафҳои стратегии кишвар сиёсати худро муайян кард. Маҳз чунин сиёсати оқилона им кон дод, ки Тоҷикистон мустақилона сиёсати иқтисодии худро амалӣ намояд.
Иқтисодиёти Тоҷикистон тадриҷан аз вобастагӣ ба маҳсулоти ашёи хом ба тара фи рушди энергетика, кишоварзӣ ва саноати сабук ҳаракат мекунад. Танҳо дар шароити суботи сиёсӣ кишвар тавонист сармоягузорӣ ҷалб намояд, инфрасохтори замонавӣ со-зад ва иқтисоди худро диверсификатсия ку-над. Дар навбати худ, рушди иқтисодиёт ва беҳтарнамоии шароити ичтимой омилҳои пой дории ваҳдати миллӣ гардида, барномаҳои давлатӣ ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди деҳот ва тақвияти ҳамгироии ичтимой мусоидат карданд..
Ваҳдати миллӣ шароити сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои рушди иқтисодӣ фароҳам меорад. Дар навбати худ, рушди иқтисодӣ ва тақсимоти одилонаи неъматҳо заминаи таҳкими ваҳдат ва суботи ичтимой мегардад. Мисолҳои рав-шан, сохтмони роҳҳо ва нақбҳо мебошанд, ки ҳам иқтисод ва ҳам ҳамбастагии иҷтимоиро тақвият додаанд.
Чомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро зарур аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба баъзе масъалаҳо, яъне диверсификатсияи иқтисодиёт ва коҳиши вобастагӣ аз пули муҳоҷирон, саноаткунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи стратегӣ ва ояндадори Ҷумҳурии Точикистон мебошад, майл намоянд. Зеро ибтикори мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, афзоиши содирот ва паст кардани вобастагӣ аз воридоти молу маҳсулот равона шудааст.
Хулоса, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли иқтисодӣ омили асосии рушди устувор ва некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон мебошанд. Барои таҳкими онҳо зарур аст, ки барномаҳои стратегӣ идома ёфта, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории фаъол бо ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш ёбад.
Фарҳод ҚОДИРЗОДА, мушовири президенти АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
«Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ мо кӯшиш кардем, ки дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд»
Эмомалӣ Раҳмон
Маънои аслии вожаи ҷашн (авестоӣ: ясна) ин парастишу ситоишу шодмонӣ ва ид кардан аст. Ниёгони мо аз замонҳои бостон тамоми корҳо ва рӯзҳои неки зиндагиро якҷо, дастаҷамъона бо шодиву сурур, яъне бо ҷашн анҷом медоданд. Ҷашн ин наздикии гурӯҳи одамон, ҷашн иттиҳоди неру, ҷашн дар якҷоягӣ бартараф намудани мушкилиҳо, ҷашн ба якдигар ёрӣ расонидан, ҷашн иттифоқ аст. Ҷашнҳоро тибқи гоҳшумории замони бостон ба воситаи гардиши хуршед дар раванди корҳои нек таҷлил менамуданд. Дар даврони бостон, тахминан 5-6 ҳазор сол пеш ниёгони мо дар чор фасли сол чор ҷашни муҳим доштанд. Дар баҳор – Наврӯз, дар тобистон – Тиргон, дар тирамоҳ – Меҳргон, дар зимистон – Сада.
Ҷашни Тиргон низ ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон вобаста ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён буда, то густариши мардуми ориёитабор вуҷуд дошт. Баъдан дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ниёгони мо ин ҷашнҳоро ба диду салиқаи нав устувортар намуда, онҳоро ба шодию нишот баргузор менамуданд.
Пас аз Наврӯз, зери таъсири фурӯғи хуршед ҳаво гармтар мешавад. Пас чанд моҳ, дар мои Тир ҷашни Тиргон меравад. Моҳи Тир (ё Тирмоҳ, баробари 21 июн - 21 июл) дар фасли гармо, дар Тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёде мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи ғаллакорон оғоз мешавад. Барои идомаи кишту кор дар ин айём об аҳамияти вижае дошт. Ба ин ҷиҳат дар пайвастагии гардиши офтоб, таҷлил ҷашни Тиргон муҳим буд. Аз тариқи он мардум бо иҷрои оинҳо ва шодиву нишот ва бо ниёиш аз Эзадони худ талаб менамуданд, ки кишварро аз хушксолӣ эмин нигоҳ доранд. Мувофиқи ҳамон суннати гоҳшумории ниёгон Тиргон дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир (Тирмоҳ) ҷашн гирифта мешуд, ки ин рӯз тибқи солшумории мелодӣ баробари 3-ум, гоҳе 4-уми июл мебошад.
Пас аз он ки оини зардуштӣ густариш пайдо намуд, ҷашни тиргон ба гиромидошти Эзади (Худои) Тиштар марбут гашт, ки дар «Авесто» аз он ёд шудааст. Дар фарҳанги суннатии мардуми ориёитабор Тиштар номи Эзад ва ситораи бороновар аст. Аз ҳамин назар ин ҷашн мувофиқи анъанаи ниёгон дар рӯзи тир, яъне рӯзи сездаҳуми тирмоҳ барпо мешуд. Дар бораи Эзади Тиштар дар яке аз яштҳои Авесто «Тир-яшт» низ бо муҳаббат ёд шудааст. Устураи машҳуртарини ин Яшт дар бораи Тиштар буда, он вобастаи борон аст. Тиштар ҳамеша дар миёни некӣ ва бадӣ қарор дошта, дар «Тир-яшт»-и Авесто бо некӣ ёд мегардад. Ин Эзади борон дар 10 рӯзи аввали моҳ чеҳраи ҷавони 15-соларо; дар 10 рӯзи дуюм чеҳраи говро бо шохҳои заррин; дар 10 рӯзи сеюм чеҳраи аспи сафеду зеборо бо гӯшҳои заррин мегирифт.
Ҳанӯз соли 2006 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» зимни пажӯҳиши хеш ба ин Эзад таваҷҷуҳ намудаанд. Дар байни мардум ба мисли дигар эзадҳо оид ба Тиштар низ ақидаҳое вуҷуд доштанд; рафтору амалҳои Тиштарро низ мувофиқи оинҳои бостонӣ аз насл ба насл ҳикоят менамуданд. Ҳар соле, ки ҷилави абрҳоро неруҳи аҳриманӣ мегирифтанд бо мадади Аҳурамаздо Эзади Тиштар ба ёрии онҳо мешитофт. Дар ин бора Пешвои миллат чунин ёдовар шудаанд:
«Дар тасаввури онҳо Тиштарйа – фариштаи раъду барқ, борон, фаровонҳосилӣ ва ризқу рӯзӣ дар паи ҷустуҷӯи нозу неъмати одамон бо деви Апауша, ки душмани инсон, фарвонӣ ва ҳабскунандаи борон мебошад, ҳамеша дар набард ва мубориза мебошад… Моҷарои набарду пирӯзии Тиштарйа бар Апауша – деви хушкӣ тамсиле аз фасли тобистон, хушкию камобии даштҳои беканори Осиёи Марказӣ ва кӯшишҳои асотирие, ки омехта бо эътиқодҳои оммавӣ ҷиҳати тавлиди борон мебошад.
Ориёиён чунин мепиндоштанд, ки Тиштарйа ситораи падидоварандаи боронҳои судманд дар тобистон ва бавуҷудоварандаи обҳои зинда мебошад. Мувофиқи ин устура, Апауша – деви палиди хушкӣ обҳоро зиндонӣ сохта, ба замин намедод ва аз ӯҳдаи раҳоию кушодани обҳо ғайр аз Тиштарйа каси дигар намебаромад…»
Тиштар ба Апауша пирӯз мешаваду обу борон ба киштзорҳо мерезанду зиндагии нав идома меёбад. Ин аст, ки пирӯзии Тиштар ба Апауша ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфти муҳаққиқон ҷашни Тиргон ҷашни ҳамин пирӯзӣ мебошад.
Ба монанди ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар бораи ҷашни Тиргон низ устура ва ривоятҳое ба вуҷуд омадааст, ки аз тариқи осори навишторӣ то имрӯз расидааст. Чанде аз онро ёдовар мешавем:
Тиргон ҷашни сулҳ. Манучеҳр шоҳи Эронзамин мехоҳад бо шоҳи Тӯронзамин Афросиёб сулҳ намояд. Ҳар ду шоҳ ба чунин натиҷа мерасанд, ки камонваре тире раҳо намояд ва он тир дар ҳар ҷое, ки афтад марзи Эрону Тӯрон таин шавад. Манучеҳр аз паҳлавони ватандӯсти номдор Ораши поку озодаву тандуруст хоҳиш менамояд, ки маҳорати худро нишон диҳад. Ба гуфти Берунӣ: «Ораши бараҳна ва бо қуввату неруи худованд камонро то баногӯш кашида раҳо кард. Худованд бодро амр кард, ки тири ӯро аз кӯҳи Рӯён ба марзи Хуросон, ки миёни Фарғона ва Табаристон аст, партоб кунад». Бо ёрии эзид фариштаи Бод тирро то канори рӯди Ҷайҳун мебарад. Тир ба танаи калонтарин дарахати чормағзе бармехӯрад. Марзи Эрон ва Тӯрон таин мешавад ва сулҳ барқарор мегардад. Ин рӯз, ки дар моҳи тир ва рӯзи тир буд ҷашн гирифта шуд ва онро Тиргон гуфтанд.
Тиргон ҳамномии моҳ ва рӯз. Дар замонҳои қадим номҳои моҳҳо 30 рӯз буда ҳар рӯз номе дошт. Бо гардиши офтобу солу моҳ, он рӯзе, ки бо номи ҳамон моҳ дар як рӯз баробар ояд, онро ҷашн мегирифтанд. Дар моҳи Тир рӯзи тир 13-ум (3 июл, гоҳе 4-ум) аст, ки ба ин муносибат дар тобистон ҷашни Тиргон баргузор мешуд.
Тиргон ҷашни борону об бар зидди хушксолӣ. Дар устураи дигаре омадааст, ки ситораи Тиштар, ки онро Эзаду фариштаи борон низ мегӯянд, дар қиёфаи аспи сафед ба дарё фурӯ меравад. Дар он ҷо бо деви хушксолӣ Апауш, ки ба қиёфаи аспи сиёҳ аст, чанд рӯз набард мекунаду шикаст мехӯрад. Дар набардҳои баъдӣ вай бо ёрии Аҳрумаздо бар он деви хушксолӣ пирӯз мешавад. Сипас обҳо ба киштзорҳо ҷорӣ мешаванд. Бод боронҳои зиндагибахшро бар ҳафт кишвар мерезад, он рӯз 13-уми моҳи тир буд. Ривоят мекунанд, ки ба умеди боридани борон мардум дар солҳои хушксолӣ, дар моҳи тир, дар рӯзи тир ҷашне баргузор намуда, дар боғу роғ, дашту даман, доманаи дараву кӯҳҳо шодиву сурур, рақсу бозӣ, обпошиву оббозӣ мекарданд. Номи ин ҷашнро Тиргон гуфтанд.
Тиргон оини обпошон. Шоҳи Эронзамин Кайхусрав дар чашмае танашро шуста, фариштаеро мебинаду беҳуш мешавад. Ба рӯяш об мепошанд. Ба ҳуш меояд. Барояш мегӯянд, ки «маяндеш», ҳамаш хуб аст. Баъд дар он ҷо деҳае сохта номи онро «Майяндеш» мегузоранд ва бо гузашти замон номи он деҳа «Андеш» мешавад. Ба гуфти Берунӣ ва Гардезӣ дар ин моҳ обпошӣ ва оббозӣ кардан ба ёди ҳамон чашмаю фаришта бар муқобили хушксолӣ чун оин боқӣ монд. Дар ин рӯзи Тиргон мардум ба шодиву сурур, ҷашни обпошон (обрезгон, саршурон)-ро баргузор намуда, аз Эзади борон мехостанд, ки боронро фаровон созаду хушксолӣ нашавад.
Тиргон ва ситораи Тиштар (Суҳайл). Дар қисми ҷануби осмон дар фасли тобистон ситораи дурахшоне пайдо мешавад, ки онро «Суҳайл», «Суҳайли Яман», «Суҳайли Ямонӣ» мегӯянд. Ин ҳамон ситораи Тиштар буда, маъмулан дар чиллаи тобистон намоён мешавад. Ҳанӯз ҳам, дар байни тоҷикон, дар рӯзҳои чиллаи Тобистон, гоҳе калонсолон дурахшиши ситораи Суҳайлро ба некӣ ба ёд меоранд ва хушнуд мешаванд. Дар баъзе ҷойҳо занҳои тоҷик ҳоло ҳам баробари дидани моҳи аввал ва ситораи дурахшони Суҳайл бо шодмонӣ ҳафт маротиба аз ҷои худ «боло-боло» ҷаҳида мегӯянд: «шодӣ, шодӣ, худо баракат диҳад, серию пурӣ шавад». Шояд ин яке аз нишонае аз ҷашни Тиргон аст, ки дар ёдҳо мондааст.
Тиргон ва пухтани меваю гандум. Ба гуфти Берунӣ пас аз он ки Афросиёб заминҳои Эронро ишғол карда, то тангие рафт, аҳволи мардум сахт шуд. Ватанро дифоъ карда, ҳатто барои орд кардани гандум ва пухтани нон фурсат намеёфтанд. Аз гуруснагӣ ва ночорӣ гандум ва меваҳои норсидаро мепухтанд. Пас аз сулҳу оромиш оини пухтани меваю ганду бо шодмонӣ ва ҷашну сурур дар рӯзи тири моҳи тир расм шуд.
Тиргон – ситораи нависандагон. Ниёгони мо дар канори фарҳанги гуфторӣ, ба осори навишторӣ низ эҳтиром доранд. Аз сарчашмаҳо мебинем, ки дар фарҳанги гузаштаи мо қадри адабиёт ва нависанда баланд аст. Ин аст, ки дар замонҳои пеш Тиргон рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст. Воқеа ва ҳодисаҳои дунёро нависандагону котибон дар китобҳо сабт менамоянд. Ба гуфти Берунӣ ҳифзи дунё, яъне «даҳуфазия», бо деҳқонию зироат ва китобат намудан бо ҳам наздик мебошанд: «Ва китобат дар пайравии он аз Ҳушанг содир шуд ва деҳқанатро бародари ӯ Вигард расм намуд. Номи ҳамон рӯз Тир аст, ки онро Уторид низ мегӯянд, ки он ситораи нависандагон аст… Деҳқанату китобат як чиз аст... Ва ин рӯзро аз роҳи ҷалолият ид карданд. Дар ин рӯз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипӯшанд. Ва деҳқононро низ бар ҳамин кор амр кард. Дар ин рӯз мулуку деҳқонону мӯбадон ва ғайри эшон ин либосро пӯшиданд… То рӯзгори Гуштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ монд». Ба ин ҷиҳат ҷашни Тиргон дар гузашта рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст.
Тиргони кӯчак ва Тиргони бузург. Ба мисли Наврӯзу Меҳргон ҷашни Тиргон низ хурду бузург доштааст. Берунӣ гуфтааст: «Рӯзи партоб кардани тир рӯзи тир мебошад, ки он тиргони кӯчак аст. Ва рӯзи чордаҳуми он ки шаш рӯз аст, тиргони бузург бошад. Дар ин рӯз хабар оварданд, ки тир ба куҷо афтодааст. Ва дар ин рӯз мардум олоти табҳу танӯрҳоро мешикананд, зеро дар ин рӯз буд, ки онҳо аз Афросиёб раҳоӣ ёфтанд. Ва ҳар як ба кори худ машғул шуданд».
Оинҳои тиргонӣ. Ҳамин тавр ҷашни Тиргон дар байни ниёгони мо шуҳрат доштаст, ки шодмониҳо ва баъзе аз нишонаҳои вобаста ба он то имрӯз дар ёди калонсолон мондааст. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз ҷуфтронони деҳқонон, ки «одатан дар шабҳои тобистон» будааст, ёд намуда гуфтаанд, ки «дар ин гуна вақтҳо ягона тасаллибахши он ҷуфтронон, ки бо маҷбурияти зиндагӣ хоби ширинро тарк карда дар шаби тор кор мекарданд, сурудхонӣ буд». Сурудхонии деҳқонон ҳамон нишонаи шодиву сурури тиргонӣ аз замонҳои бостон аст, ки то имрӯз расидааст.
То охири асри ХХ кишоварзони тоҷик ғалларо дар фасли тобистон дар шаб дарав мекарданд, ки онро «шабдарав» мегуфтанд. «Шабдарав» бо шодиву суруду тарона мегузашт, яъне кор ва ҷашн бо якҷо буд, ки ин нишоти тиргонӣ то солҳои наздик дар тамоми минтақаҳои кӯҳистони тоҷикнишини Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Дар тобистон, дар моҳи тир ҳангоми дарави ғалла кишоварзони тоҷик барои сабук намудани кори худ сурудҳои «Ман доғ», «Яккафарёд», «Анталҳо», «Ёзӣ», «Майдаё», «Ё аллоҳ» ва ғайраро месароиданд. Дар баъзе ҷойҳо оинҳои «Досбагардан» (Гардандосӣ), «Чошбаророн» бозии «Дарзапартояк» баргузор мешуд. Ҳамаи ин амалҳо нишоннаҳои ҷашни Тиргон буда, аз ҳамон рӯзгорони дур то имрӯз расидааст.
Нишонаҳои ҷашни Тиргонро дар пайвастагии оинҳои фасли тобистон дар байни тоҷикон ва ориёитаборонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки дар домани фарҳанги мардуми эронитабор парвариш ёфтаанд, метавон ҷуст. Аз ҷумла тавре ки дар байни тоҷикон калонсолон ёд мекунанд баромади ситораи Суҳайл (Тиштар) ба рӯзи чиллаи тобистон, мувофиқ аст. Аз намоён шудани он мардум шодмонӣ мекунанд ва хушҳол мешаванд, ки зиндагиашон бобаракат мешавад. Яъне баромади Суҳайл (Тиштар) ин ҳамон нишонаи ҷашни Тиргон аст.
Яке аз оинҳои ҷашни Тиргон ин «Фоли кӯза» аст, ки дар гузаштаҳо маъмул буд. Дар ин оин бештар духтарони болиғ иштирок менамоянд. Тарзи баргузории «Фоли кӯза» чунин аст: як рӯз пеш аз ҷашн аз байни духтарони дӯшиза якеро интихоб намуда, ба вай як кӯзаи сафоли сабзранги даҳонаш кушода медиҳанд. Духтар кӯзаро бо оби покиза пур намуда даҳони онро бо як рӯймоли сабзи абрешимӣ мепӯшонад. Сипас кӯзаро духтаре ба навбат ба назди духтароне мебарад, ки дар дил орзуе доранд. Ҳар нафари ширкаткунанда, чизеро ба дохили кӯза меандозанд. Мисол: гӯшвора, ангуштарӣ, сикка, гиреҳбанди мӯй ва ғайра. Баъди ин амал кӯзаро ба таги дарахти сабзе ба мисли арча ва ё сарв мегузоранд. Рӯзи дигар ҷашн оғоз мешавад. Мардум зимни шодмонӣ ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд. Ҳамон духтароне, ки ба оини «Фоли кӯза» ширкат кардан хоста ба кӯза чизе андохта буданд, ба маконе ҷамъ меоянд. Баъдан он духтаре, ки кӯзаро дар таги дарахт гузошта буд, онро меорад. Занҳо рафтори духтаронро тамошо мекунанд ва барояшон шеър мехонанд. Пас аз шеър дӯшизаи посбони кӯза дасташро бар даруни он андохта яке аз чизҳоро берун мебарорад ва шеъри хондашударо марбути вай медонанд. Занҳои калонсол мазумин шеърро шарҳ медиҳанд ва зимнан орзуву омоли он духтарро мепурсанд. Дар аксари маврид мазмуни шеър ба орзуву нияти соҳиби он чиз мувофиқ меояд. Ин оин дар Бухоро, баъзе минтақаҳои Эрон ва Афғонистон низ вуҷуд дошт.
Оини дигаре, ки вижаи ҷашни Тиргон аст, оини «Дастбанди тир ва бод» мебошад, ки ҳоло ҳам дар байни зардуштиёни Киромон маъмул аст. Мардуме, ки ба ҷашн ширкат доранд ҳама хурду калон дар аввали ҷашн пас аз хӯрдани шириниҳо бандеро, ки аз ҳафт тор риштаи ҳафтранги мисли тиру камон аст, ба дасти худ мебанданд. Номи ин бандро «Тир ва бод» низ мегӯянд. Ин риштаи ҳафтранги дар банди даст бастаро то 9-10 рӯз, яъне то рӯзи бод, нигоҳ медоранд. Баъди гузаштани 10 рӯз, гӯё рӯзи бод мерасад. Дар рӯзи бод мардум гурӯҳ-гурӯҳ, ё чанднафарӣ ба баландие мебароянд, ки маъмулан дар он ҷо вазиши бод аст. Маслан, ба тепа, тал, болои бом, кӯҳ баромада он бандро аз банди дастони худ кушода ба бод, ба ҳаво, сар медиҳанд. Дар ин амал чанд эътиқоде нуҳуфта аст: яке ҳар орзуе, ки дар дил доранд аз эзид таманно мекунанд, ки иҷро шавад; дигаре он аст, ки бо ёрии эзиди бод аз ҳаво гузаштани тири Орашро ба ёд меоранд. Ҳанӯз ҳам дар байни мардуми Язду Кирмон ҳангоми ба бод супоридани дастбанди ҳафтранг хурдсолон ва наврасон таронаи зеринро месароянд, ки нависандаи ин сатрҳо онро шунида, дар ҳамин шакл аз зардуштиёни Язд сабт намудааст:
Тир буру бод биё,
Ғам буру шод биё,
Меҳнат буру рӯзӣ биё,
Хӯшаи марворӣ биё.
Дар ин порчаи манзуми хурди содаю самимӣ, ки пажӯҳандагони дигар ҳам сабт кардаанд, аз як тараф тиру камони Ораши Камогир ёд шуда, аз равиши тир омадани боди форам, аз рафтани ғам, омадани шодмонӣ ёд гардад; аз тарафи дигар заҳмати кишоварзон пас аз меҳнати ба даст овардани ризқу рӯзӣ, ки он дар дарав намудани ғаллаи гандум, яъне «хӯшаи марворӣ» аст, ёдоварӣ гардидааст. Ин оинҳо дар моҳи Тир (21 июн - 21 июл) рух дода, идомаи ҳамон гоҳшумории ниёгонамон аст. Яъне ҷашни Тиргон ҷашни расиши гандуми заррини кишоварзон низ аст, ки ризқу рӯзии инсон дар тамоми сол ба он пайваста мебошад.
Ҳоло ҷашни Тиргон ҳар сол дар байни мардуми Дамованд, дар Омул ва ҳамчунин дар миёни зардуштиёни Язд, Кирмон, Караҷ, Теҳрон, Ардакон, Бам, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар байни зардуштиёни Аврупо, Канада, Амрико, Ҳиндустон, Австралия таҷлил мешавад. Маъмулан ҷашни Тиргон дар баъзе ҷойҳо аввали моҳи Тир (21 июн), дар баъзе ҷойҳо 10-уми Тир, дар баъзе ҷойҳо 13 Тир барпо мегардад. Гоҳе чунин мешавад, ки дӯстдорони ҷашни Тиргон онро дар наздиктарин рӯз таътили моҳи Тир (бештар нимаи аввали июл) барпо менамоянд.
Чи нек аст, ки Пешвои азизи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ин ҷашни ниёгон дар Тоҷикистон талош доранд. Инак, ҷашни Тиргон – ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни Ораши сулҳофари Ватанро посбон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни нависандагон, ҷашни тобистон, ҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон, ки эҳёгари он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба тамоми мардуми шарифи тоҷик, форсизабони ҷаҳон ва ориёитаборон муборак бошад!
Равшан Раҳмонӣ - доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
